Ба ёди ҳофизи мумтоз Маъруфхӯҷа Баҳодуров…

Он замон дар боғҳои Хуҷанди куҳан насимҳои баҳорӣ гардиш мекарданд…

Шаҳри зебои моломоли хубӣ, гул кардани зардолуҳоро дида, дилҳо аз ин неъматҳои илоҳӣ бо навоҳои аҷоиб пур мешуданд.

Ин айём хусусан ба соҳили рости Сирдарёи ба мисли гесуи тобони духтари Шарқ ҷорӣ шудаистода гузашта шаҳрро тамошо намоед, аз мӯъҷизаи нотакрор ба ҳайрат меоед!!!

Дар яке аз чунин рӯзҳои баҳор вақти дар маркази Хуҷанд бо ҳофизи машҳур Маъруфхӯҷа Баҳодуров фараҳманд шуда сӯҳбат намуда нишастанам вопасин будани ин вохӯриро ҳатто ба хаёлам наоварда будам. Сӯҳбати аввалинам бо санъаткори калон буд.

Инсони хаёлан тасавурнамудаи ман дар бӯстони санъат зинаҳои зиёдро тайнамуда Маъруфхӯҷа-ота инсони ниҳоят хоксор, одамдӯст будаанд. Шояд табиати ҳофиз чунин бошад ё худ куҳансолӣ, ки бисёр ғӯтавари фикру андешаҳо мешуд. Пас аз хеле давом намудани сӯҳбатамон ҳофиз ба ман:-Як камакак иҷозат пурсида, ба долон баромада биёям,-гуфт. Аз фурсат истифода бурда, ман ҳикояҳои нақлнамудаи ҳофизро ба тартиб оварда навишта гирифтам. Пас аз чанд лаҳза:-Як ба ин тараф биёед-да,-гуфта маро ҳам таклиф намуданд. Ба ана он мӯъҷиза нигаред, гуфта, ба турнаҳои дар зери абрҳои сап-сафеди осмон, дар болои шаҳри каб-кабуд «қуре-қуре» карда, қатор шуда парвоз намудаистода ишора намуданд. «Бинед, ҳамаи ҷонзот ҳам аламу суруди худашро дорад».

Ба чеҳраи ҳофиз маъюсӣ давид. Дар назди Офаридгор бандаҳояш чӣ қадар оҷизанд-а. Канӣ акнун Худо чунин хислат ато намояду суруди ҳамин ҷонваронро фаҳмӣ». Ин суханҳои ҳофиз маро ҳам ба оғӯши хаёлҳои маҳзун ғӯтавар намуд.

Пас аз ин боз сӯҳбатамон давом намуд. Ҳофиз ба назди ман якчанд газета ва маҷаллаҳо оварда монд. Онҳоро якояк аз назар гузаронида, дар ҳақиқат ба дар бораи санъаткори мумтоз дар матбуот нашр шудани мақола ва очеркҳои хеле зиёд бовар ҳосил намудам. Аз онҳо хусусан мақолаи олими санъатшинос, профессор Шароф Юсупов «Ҳофизи ду халқ» дар саҳифаҳои моҳномаи «Совет Ӯзбекистони санъати» («Санъати Ӯзбекистони советӣ») нашршуда диққати маро ба худаш ҷалб намуд…

Маъруфхӯҷа писари Баҳодурхӯҷа соли 1920 дар қишлоқи Рӯмони ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуд. Ӯ солҳои дури кӯдакиашро ба ёд оварда, дар давраи падараш Баҳодурхӯҷа ва дӯстони наздиктарини онҳо бузург шуданаш ва ҳамчун пешоҳанги бузурги мақом ба воя расиданаш даъват намудани ҳамин муҳити эҷодиро ба ёд меорад. Ба ростӣ истеъдоди нотакрори Аллоҳ атонамудаи Маъруфхӯҷа дар миёни халқ сайқал ёфт. Бобояш Олимхӯҷа таҳти садои дойра суруд мехонд, наберааш-писараки хурдсол Маъруфхӯҷаро ҳам ба ҷамъомадҳо, тӯю маъракаҳои калон бо худ мебурд.

-Падарам Баҳодурхӯҷа (Аллоҳ он касро раҳмат намояд) «Овозат ба овози падарам монанд аст», мегуфтанд. Соли 1938 ба радиои вилоят бурданд. Дар он ҷо бо роҳбарии устодам, сарояндаи хушовози конибодомӣ Солиҷон қорӣ ҷустуҷӯҳои эҷодӣ намудам. Соли 1939 ба театри ҷавонони вилоят таклиф шудам. Соли 1940 дар Москва рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҳамин сафари эҷодӣ будан дар қатори якчанд пешоҳангони забардасти санъатамон ба камина ҳам насиб намуд. Ҳамон сол ба пойтахти кишаварамон Душанбе рафтам. Дар он ҷо аз устодони табаррук Акашариф Ҷӯраев, Саидҷон Тӯхтаев чуқур омӯхтани сири эҷодро оғоз намудам,- ҳикоя менамояд худи ҳофиз.

Эҷод… Ҷараёни ин меҳнати пурмашаққат воқеан душвор мегузарад. Дар ибтидо он ҷустуҷӯҳои хеле заҳматталабро тақозо намояд, дар интиҳо шаъну шараф, мукаммалӣ, ба абадият дахлдор маҳфуз аст.

Ҷустуҷӯҳои пайвастаи эҷодӣ, заҳматҳои беохири Маъруфхӯҷа Баходуров зое нарафтанд. Бо таъбири санъатшиноси бузург Шариф Юсупов гӯем, ҳофиз «Баёт», «Ушшоқ», «Чоргоҳ», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Шаҳноз», «Гулёр», «Ироқ» барин роҳҳои мақомро, ки аз сароянда маҳорати бузург, овоз, заҳматро талаб менамоянд, ба дараҷаи баланд иҷро намуд.

Соли 1945 барои ӯ соли аҷоиби муваффақиятҳо буд, гӯем муболиға нахоҳад шуд. Санъаткори бо суруду оҳангҳои дилпазири худ халқро хушнуднамуда бо унвони баланди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Китобҳои дар ҷевон бо тартиб гузоштаи ӯро тамошо менамоям. Хӯҷа Ҳофиз, Камоли хӯҷандӣ, Лутфӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Фузулӣ, Машраб, Огаҳӣ, Муқимӣ, Фурқат, Асирӣ…

Эҷоди ин зотҳои шарифи табаррук маънавияти тамоми башариятро бо дурру ҷавоҳир зеб бахшидаанд. Дар дунё харитаи ниҳоят бузург, ниҳоят бебаҳо ин камолоти маънавӣ аст. Бо таъбири шоир гӯем, дар интиҳои ҳамагуна ҷомеаи сутунҳояш лиққонак шуда ҷарии бетаг ҳаст. Хазинаи бебаҳои ҳар як сатраш бо ҳикматҳои бузурги исломӣ пури ин зотҳо ба устоди санъаткор Маъруфхӯҷа Баҳодуров илҳоми хеле зиёд бахшид.

Ҳофиз фақат дар хусуси санъати тоҷик ё фақат дар хусуси санъати ӯзбек сухан намегуфт, дар бораи паҳлӯҳои онҳоро бо риштаҳои муштарак, ба чашм ноаён мустаҳкам пайваст намудаистода сухан мегуфт. Чунки бузургон миллатро ҷудо наменамоянд, онҳо дар бораи ғояҳои умумибашарӣ фикр менамоянд. Одам ба чӣ қадар ҳақиқат будани ин ҳикмат дар чунин вақтҳо бовар менамояд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ҳофиз гоҳ аз дӯстони дар водии Фарғона будааш, гоҳ аз муҳити эҷодӣ дар Душанбе, гоҳ аз инсонҳои дилкаши Хуҷанд сухан мегуфт.

-Ба водӣ зуд-зуд рафта меистед?-гуфта мепурсам.

-Чизашро мегӯед. Як моҳ ба кӯча набароям, дӯстонамон зуд суроғ намуда меоянд.

-Устод, дар бораи ин ду халқ чиҳо гуфта метавонед?

-Чӣ ҳам мегуфтам. Яке аз фарзандони халқи тоҷик худам бошам, худамро бе бародарони ӯзбекамон тасаввур намуда наметавонам. Бисёри умрам дар Тошканд, дар Душанбе гузашт. Ба назарам ин ду халқро аз ҳамдигар ҷудо  тасаввур намудан номумкин барин. Мана боз давраи пириро дар Хуҷанди худамон гузаронда истодаам. Дар Хуҷанд ба ҳузури Маматпано-бобо, Ҳоҷихон Болтаев, дар Фарғона Болтабой ҳофиз, Эрка қорӣ, Ҳамроқул қорӣ, Мамат-бобо, дар Намангон Муҳаммадҷон Дӯстмуҳаммедов, дар Андиҷон Беркинбой Файзиев, Абдулло Тароқ барин бисёр рафиқонам зуд-зуд мешитобам. Ҳама гап дар эътиқод, дар имон аст. Чунки модоме имон, эътиқод, саҷдагоҳамон як аст, чӣ ҳам метавон гуфт. Ба наздикӣ дар Намангон дар айёми зодрӯзи ҳазрати Шоҳ Машраб иштирок намуда баргаштам. Шодиҳои он ҷоро бо сухан ифода намуда намешавад.

Соли 1947 як қатор истеъдодҳои Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳофизи халқӣ сарфароз гардонида шуданд. Хушбахтона дар миёни санъаткорони шинохта Акашариф Ҷӯраев, Аҳмадулло Абдуллоев, Абдумаҷид Ҳомидов, Мирзобобо Аҳмадов, Нериё Аминов, Фазлиддин Шаҳобовҳо номи Маъруфхӯҷа Баҳодуров ҳам буд.

Ҳофиз зуд-зуд ба Тошканд ҳам омада, ба воситаи эфир бо мухлисонаш вохӯрӣ менамояд. Бобати интихоб намудани шеър ӯ хеле соҳибтаҷриба мебошад. То ҳоло саҳв нанамудааст. Сири сурудҳои дили шунавандаҳоро забт менамудагӣ ҳам эҳтимол дар ҳамин бошад. «Фидои туям» («Сенга фидоман») (Бедил), «Бо ахлоқу одобаш» («Ахлоқу одоби билан») (Собир Абдулло), «Дар ҷавлонат аст» («Жавлонингдадир») (Хонӣ), «Тасаддуқ («Тасаддуқ») (Машраб), «Нахоҳад мурд» («Ӯлмағай»), «Қадрат намедонад» («Қадринг билмас») (Чустӣ) барин бисёр сурудҳояш аллакай аз қатори сурудҳои дурдонаи халқи ӯзбек ҷой гирифтаанд.

-Дар бораи шогирдонатон сухан мегуфтед, гуфта рӯ меорам боз ба ҳофиз…

-Даъвои устодӣ надорам, аммо вақти устод гуфта истиқбол гирифтани артистони шинохта Орифхон Ҳотамову Камолиддин Раҳимовҳо сарам ба осмонҳо мерасад,-мегӯяд ҳофиз бо фурӯтанӣ.-Як дафъа вақти ба Тошканд рафтанам Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, оҳангсози аҷоиб укоям Абдуҳошим Исмоилов:-Дар чеҳраи  шумо ҳамаи устодонро мебинем,-гуфт, аз чашмонам беихтиёр ашк баромад.

Соли 1984 хизматҳои бузурги Маъруфхӯҷа Баҳодуров бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамон вақт дар як рӯзи аҷоиби баҳор мо бо ҳофиз дуру дароз сӯҳбат намудем. Хусусан дар бораи илоҳиёт ва мусиқӣ устоди санъаткор хеле сухан гуфтанд.

Мутаассифона, вохӯрии ниҳоят вопасин будани дар хонаи дар маркази Хӯҷанд воқеъбудаи ҳофизи машҳур Маъруфхӯҷа Баҳодуров сӯҳбати шавқовар намуда нишастаи мо ба хаёлам ҳам наомада буд.

Хато нанамоям, ҳофизро баъдан боз ба воситаи барномаи телевизионии «Ассалом Ӯзбекистон» дидам.

Муддати зиёд нагузашта аз хабар дар бораи ин дунёро тарк намудани ҳофиз бисёр ғусса хӯрдам.

Дар ҳақиқат Маъруфхӯҷа Баҳодуров арбоби бузурги санъати ду халқ ном қуллаи бузургро фатҳ намуд. Ҳар дафъа вақти дар мавҷҳои ҳаво садо додани сурудҳои ӯ аз чӣ сабаб бошад, назди чашмонам чеҳраи муниси хандида истодаи ҳофиз намоён шудан мегирад. Дар зери гӯшҳоям сурудҳои шодони ҳамон турнаҳои шинос садо медиҳанд.

Ёқубҷон АБДУМАННОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь