Бузургворе гуфта, ки ман ҳамеша аз хомӯшиям роҳат ёфтаам ва аз сухан гуфтанам зиён… Тақрибан бо ҳамин мазмун. Ҳоло барои андешаеро баён кардан, ҳарчанд росту дуруст бошад ҳам, хеле фикр кардан лозим меояд. Махсусан агар сухан аз боби ҷудо кардани ҳақ аз ботил бошад. Афлотун мегуфт, ки барои сухан гуфтан аз ин ё он мавзуъ сараввал моҳияти онро донистан лозим. Маҳз донистану дуруст дарк кардани моҳияти ашё сухани касро устувор мекунад, дар акси ҳол, ҳубоби болои мавҷро мемонад. Арасту баёни дурусти суханро қобилият медонист, қобилияти дарёфти воситаҳои имконпазири бовар кунонидани шунаванда… Дар “Риторика” ё “Балоғат ва суханварӣ” ном асари бунёдиаш ин навъи қобилият шарҳи комил дода шудааст ва ҳамчунин манфиату зиёни суханварӣ. Ҳусайн Воизи Кошифӣ мефармоянд, ки “сухани нек ҳамонест, ки нафъаш ба ҷомеа бирасад ва баръаксаш сухани бад аст”…
Горатсий, шоир ва мутафаккири Рими бостон, ба аҳли қалам ва сухан панде дода буд: нӯҳ бор бинавису сипас нашр кун… Шодравон Асозода, ки солҳои сол ҳам кафедра адабиёти муосирро мудирият мекарду ҳам адабиётро дарс медод, мегуфт, ки “то сад китоб аз назарияи ин ё он мавзуъ нахонӣ, ҳаққи навиштани рисолаи илмӣ надорӣ”… Дар охири ҳаёташ дид, ки чӣ гуна бе хондани ҳадди ақал як китоби назарӣ ҳам олим шудан мумкин будааст… Инҳо ҳама гувоҳи он аст, ки як буҳрони ҷиддие дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар рӯ задааст ва бояд аз он пешгирӣ кард. Дар маҳфиле ба банда сухан доданд, ки сухан аз мавзуи наҷоти ҳамин илму фарҳангу ҳунар буд. Беибо гуфтам, ки решаи бисёр муаммоҳо ҳамин аст, ки китобнохондаҳо ба китобхондаҳо мудирият мекунанд… Ин решаи буҳрон аст, махсусан дар соҳоти илму фарҳангу ҳунар… Беҳудагӯйиҳо ҳам нишонаи ҳамин вазъи буҳронист, зиёдагӯйиҳо ҳам… Дар миёна будан хуб аст, ба шарте аз марзи воқеият ва ҳақиқат убур накарда бошӣ… Агар ин шарт риоят нашавад, дар миёна будан ҳам зиён дорад…
Чизе, ки инсонро барои иброз намудани мавқеи худаш дар ин ё он масъала, ин ё он мавзуъ ва ғоя водор мекунад ва таҳрик мебахшад, андеша аст. Аз табиат ва моҳияти инсон вобаста аст, ки ӯ чӣ навъ меандешад ва оё ҳамон андешааш моҳият ва табиати инсонии ӯро ифода мекунад ё хайр. Новобаста аз таҳаввулоти биолоҷӣ ва раванди таърихӣ табиати инсон асрҳост, ки тағйир накардааст ва хосияту вижагиҳое дорад, ки гӯиё ҳамеша буданду ҳастанд. Ба фарзи мисол, ҳамин доштани ақл ва бариловаи таҷрибаи ҳаёт ва фазлу дониш табдил ёфтани он ба хирад. Ҳамин хислат ё хосияти одамӣ, яъне ақлу хирадаш буд, ки тӯли сад ва ҳазорсолаҳо шаклҳои гуногуни зиндагии иҷтимоиро пайдо кард ва ҷаҳони гуногунранги фарҳангҳоро сохт.
Аммо тасдиқи ин сухан, ки таҳаввулоти биолоҷии инсон хотима ёфтааст, бад-ин маъно нест, ки одамӣ тӯли садсолаҳо куллан ва комилан тағйир накардааст. Ин таҳаввулот 2,5 миллион солро фаро мегирад ва табиист, ки миёни аҷдоди хеле дури мо ва насле, ки таърихи панҷ-шаш ҳазорсола дорад, тафовут хеле азим аст. Аз миёни улуми инсоншиносӣ танҳо равоншиносист, ки далелҳои муътамад надорад: аз насл ба насл оё ҳофизаву тахайюл ва тафаккури одам дигар шудааст ё не, оё шаклҳои нави ҳаёти ҳиссии одам пайдо шудаанд ё хайр…
Бисёре аз ҳакимони аврупоӣ ба инсон ҳамчун фарзанди табиат муносибат кардаанд ва сифату хислатҳои асосии ӯро бо ҳамин зодаи табиат буданаш пайванд кардаанд. Мухолифони ин нуқтаи назар зиёданд. Хирадмандӣ, маънавият ва масъулияти ахлоқии инсон такя ба моҳияти таърихии одам доранд, ё ба иборате дигар, ба марҳалаҳои таърихи ҳастии ӯ алоқадоранд. Инсон ҳамеша аз гузашта ибрат мегирад ва худро тағйир медиҳад. Омили асосие, ки ба рушди ҳастии инсонии ӯ сабаб мешавад, бешак, ҳаводиси рӯзгор ва равандҳои иҷтимоист. Бузургтарин хидмате, ки ҳакимони дунёи антиқа – юнониҳои бостон карданд, ҳамин буд, ки тавонистанд одам ва фардро аз субстансияи умумӣ, яъне кайҳон ҷудо кунанд ва талқин кунанд, ки инсон шахсият аст. Суқротро барои ҳамин бунёдгузори фалсафаи инсон меҳисобанд, ки рӯ ба асрори инсон овард ва худшиносии одамиро ҳадафи ягонаи фалсафа эълон кард.
Аммо худшиносии инсонро наметавон бидуни мушаххас кардани сатҳу сифат ва дарунмояи андеша ва тафаккури ӯ ба таҳқиқ гирифт, зеро ҳастаи одамият ва асли инсон будани ӯ ҳамин тафаккури ӯст. “Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ”- гуфтани Мавлонои Балхӣ низ ишора ба ҳамин ҳаста ё асли одам будан аст. Адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ чун садҳо адабиёти милали дигари олам саропо тасдиқи ҳамин фаразия аст, ки ҳар нақсу иллате дар ҷомеаи башарист, натиҷаи носуфтагии тафаккур аст ва ҳар пешрафте дар муомилоти иҷтимоист, натиҷаи маҷрои дуруст доштани дарёи андешаи одамист.
Гумонам, масъалаи тафаккур аввалтар аз ҳама ба фалсафа (чун моҳияти ин илм муносибати тафаккур ба ҳастист) ва баъдан ба кулли илмҳои дигари гуманитарӣ дахли бевосита дорад. Сухан на фақат аз фикр кардан, балки дурусту мантиқӣ ва дар пояи хирад андеша кардан меравад. Ҳоло дар ҷомеа зиёд аз он сухан меравад, ки масалан, барои бархе тахассусҳои техникиву технологӣ ва биолоҷиву зистшиносӣ омӯзиши адабиёту фалсафа чӣ ҳоҷат дорад… Дар замонаш физики машҳур Келвин посухи аҷибе ба ҷонибдорони омӯзиши равияи маҳдуди ихтисосҳо дода буд: “Аз надонистани хатти ҳаракат (навигатсия) киштиҳои зиёде ғарқ шуданд, аммо аз онҳо бештар киштиҳо барои он ғарқ шудаанд, ки нохудоёнашон (сарварони киштиҳо) илми мантиқро сарфи назар мекарданд, ё намедонистанд…”.
Хуллас, ягон навъи фаъолияте нест, ки дар он тафаккур ба кор наояд. Аз назарияи фалсафа пайдост, ки тафаккури одамӣ ба зоти худ дар сатҳи идеаливу равоншиносӣ се шакли фаълият – маърифатӣ, бадеиву варзишӣ ва идоракуниву тағйирдиҳиро муттаҳид мекунад. Ҳоло миёни файласуфон ақидаи ягона дар бораи бартарӣ доштани шакли маърифатии тафаккур нест. Воситаҳои асосии фикриро метавон ба ду қисм ҷудо кард: аввалан, қобилияти тафаккур (яъне ҳушу ақлу хирад ва афкори эҳтимолӣ) ва баъдан, категорияҳои тафаккур, ки сохтори оламро инъикос мекунанд ва иртиботи тафаккурро бо ҳама чизе, ки онро иҳота кардааст, ифода мекунанд…
Ғайр аз ин, тафаккур ҳамчун шакли фаъолият ҳастаи меъёрие дорад, ки онро андешаи солим, сиҳҳати андеша, озодфикриву озодандешӣ низ мегӯянд.
Дарҳол бояд гуфт, ки озодандешӣ ё тафаккури солим (ки ҳарду, ба андешаи мо, муродифи ҳамдигаранд) арзиши бузурги фикрӣ ҳастанд. Агар тандурустӣ сифати вазъи умумии буния ё организми одам бошад, пас, фикри солим ё озодандешӣ ҳолати муътадили тафаккури инсонист. Агар фикр ё тафаккурро сифати солим ё сиҳҳат дода бошем, пас, чизе муқобили он ҳам бояд бошад, яъне тафаккури носолим, мариз ва ё патологӣ. Фикри солим бояд ба тасаввури умумии мо дар бораи тандурустиву зиндагӣ ҳам дар сатҳи “ман”-и алоҳида ва ҳам “ман”-и коллектив, дар ҳама сатҳу дараҷаҳо – оила, коллектив, миллат, башарият мувофиқат кунад. Инсон метавонад бошуурона ба худкушӣ даст занад, аммо ин рафторро аз нигоҳи фикри солим дуруст шумурдан ҳеҷ имкон надорад… Ҳамин тавр, такя кардан ба фикри солим маънои ҷилави ҳиссиёт, тахайюл ва иродаро дар даст доштан ва аз сӯи дигар, ҷараёни андешаро ба самти дуруст равона карданро дорад.
Чизи ниҳоят муҳим дар ташаккули фикри солим – меъёр ё ҳадду андоза аст: осемасар нашудан дар гуфтани хулосаҳо, аз тарафи дигар, тӯл надодани он, ба андозае эҳтиёт кардан ва ба ҳадде ҷуръат доштан, ба андозае бовар кардан ва низ бовар надоштан, шак кардану шак надоштан…
Сифати дигари тафаккури солим – назари ҳушёрона ба олами ашё, ба ҳаёт, на романтикии масту махмуркунанда ва на андуҳовару пессимистона аст. Барои тафаккури солим таноқуз ё парадоксҳои фикрӣ қобили қабул нест, балки андешаи мантиқӣ хос аст. Аммо сад дар сад гуфтору пиндори мантиқӣ ҳам аломати тафаккури солим нест, ин ҷо бояд нақши фаросат ё интуитсия, тахайюл ва парвози фикрро ҳам бояд ба эътибор гирифт.
Вазъи умумии солимфикрӣ ва андешаи солимро муносибаташ ба объектҳои гуногун тасдиқ мекунад. Агар солимандешӣ арзиши меъёрии бевоситаи низоми тафаккур бошад, пас, тафаккури солим ё андешаи солим арзиши ғайримустақим аст, ин ҷо андеша аз он ҷиҳат баҳо дода мешавад, ки инсон чӣ мегӯяд ва чӣ кор мекунад… Яъне андешаи солимро мо на дар худи тафаккур, балки сухан ва рафтори шахс ҷӯё мешавем: мисли арзишдовариҳое, аз қабили “дар он чизе, ки ин одам мегӯяд, фикри солим ҳаст”, ё баҳои дигар – “гуфтору пиндори ин одам ба фикри солим ё ақли солим такя мекунад”, ё “ин одам аз мавқеи фикри солим баромад мекунад” ва ғайра…
Агар таърихи ин мафҳумро ҷӯё шавем, пас дар дарозои таърих решаи он ба Арастуи ҳаким мерасад. Ин мутафаккири дунёи қадим ақида дошт, ки ғайр аз панҷ унсури маҳсуса – биноиву шунавоиву ломисаву чашоиву буёӣ боз чизи дигаре ҳаст, ки онро файласуф “ҳисси умумӣ” меномад. Ба андешаи Арасту, чизҳое ҳастанд, ки барои дарки онҳо панҷ узви маҳсуса на дар алоҳидагӣ, балки дар якҷоягӣ онҳоро мепазирад, масалан, ҳаракат, оромиш, миқдору андоза… Ба шарофати ин ҳисси умумӣ мо на ҷузъиёти ин он ашё, балки онро яклухт мепазирем… Ҳисси умумӣ таассуроти он панҷ ҳисро байни ҳам мувофиқ кунонида, сипас қабул мекунад. Ҳамин тавр, мувофиқат ва мувозинати маърифати ашё тавассути ҳисси умумӣ таъмин мешавад ва одам аз сӯистифодаи яке аз узвҳои маҳсуса эмин мемонад…
Аммо то Арасту бархе назарияҳои дигар дар ин маврид буданд, ки яке аз онҳо ба Гекатон, муаллифи рисолаи “Дар бораи накукорӣ”, мансуб аст. Ба ақидаи ӯ, тандурустии умумӣ ҳамеша реша дар фикри солим дорад, мисли гунбаде, ки таҳкурсии устувор дорад…
Дар замони нав файласуфи маъруфи англис Ҷон Локк солимфикриро ба тахайюли беидора, хурофоту мавҳумот, расму ойинҳои динии бемантиқ ва таассуб зид мегузошт. Ӯ миёни хирад ва фикри солим аслан сарҳад намегузошт ва онҳоро як чиз медонист…
Девид Юм низ фикри солимро ҳамчун сипар аз мулоҳизоти ирратсионалӣ фаҳму дарк мекард. Фридрих Энгелс дар “Анти-дюринг” солимандеширо бо падидаи метафизикӣ махлут дониста, ба таъбири худаш макони онро “чор девори расму суннатҳои хонаводагӣ” гуфтааст, ки чандон ҳам дуруст нест. Он макону замони муайян надорад, дар ҳама ҳолоти зиндагӣ ба кор меравад. Як мисол: Руал Амундсен аввалин шуда то Қутби ҷануб расид ва намурд. Роберт Скотт дувумин шуда ин қутбро фатҳ кард, аммо дар бозгашт аз олам даргузашт. Чаро? Чунки дар амалиёти аввалӣ фикри солим роҳбар буд, дар дувумӣ як риск ё таваккали одӣ, бидуни андешаи солим. Амундсен бо истифода аз таҷрибаи мардумони шимол аз сагҳо истифода кард, аммо Скотт “пони” ном зоти аспҳои кӯтоҳқоматро таҷриба кардан хост, аммо муваффақ нашуд…
Бисёре аз файласуфон ба чизҳои камаҳаммият нисбат ба баррасиҳои жарфи фалсафӣ баҳои бештар медиҳанд ва ҳатто ба таноқуз ё парадоксҳои фикриашон аҳаммият надода, иштибоҳи хонандаро ба вуҷуд меоранд… Аммо аз сӯи дигар, онҳо камобеш ҳақ ҳам ҳастанд: тафаккури солим мисли организми солим аст, ки барои пешбурди зиндагии фаъол замина мегузорад. Яъне тандурустӣ худ аз худ зиндагии ҳамаҷониба дурустро кафолат намедиҳад, вай фақат шарт ё таҳкурсии ин гуна ҳаёт аст… Агар, фаразан, инсон хоксорона рафтор кунад, “аз осмон ситора талаб накунад”, (омили субъективӣ) ва дар гирудори ҳолатҳои муташанниҷи зиндагӣ худро ба даст бигирад (омили объективӣ), пас ҳамчу як мавҷуди хеле фаъол ва эҷодкор худро ба ҷомеа муаррифӣ хоҳад кард. Солимандешӣ ҳам ҳамин аст. Вай фақат заминаест барои тафаккури эҷодӣ ва парвози баланди фикр…
Шабеҳ донистани солимандешӣ бо тандурустии физикии одам дар ин ҷо мувофиқтар аст: ончунон ки тани инсон ба таври идеалӣ сиҳҳат буда наметавонад, ҳамин гуна солимандешӣ низ ормонӣ ё идеалӣ нест. Формулаи “чӣ тавре ки фикр мекунем, ҳамон гуна зиндагӣ мекунем” – асос ё бунёди солимандешист. Ҳаёти мо аз равиши тафаккури мо ва сифати андешаи мо бастагӣ дорад.
Беҳтарин меъёри ин равишу ин сифат ҳамоно мувозинати фаросату мантиқ дар андеша аст… Меъёри дувум дуруст идора кардани маҷрои фикр аст. Солимандешӣ ба ҳадди муайян бовар кардан ба касеву чизе, таълимот ва назарияе ва ҳам шак овардан ба онҳост…
Дар соҳаи фалсафа чизҳое, ки ба солимандешӣ мухолифанд, хурофоту таассуб ва дигар падидаҳоеро мисол меоранд, ки асосан аз вуҷуди дин бармехезанд. Масалан, Иммануил Кант дар соҳаи табиат ва мантиқ динро сарфи назар мекард, аммо онро барои соҳаи ахлоқ зарур меҳисобид…
Солимандешӣ ҳамеша бо мушаххасбаёнӣ ифода мешавад, ки яке аз воситаҳои дарёфти ҳақиқат аст. Сухани Гегелро ба ёд орем, ки мегуфт: ҳақиқати муҷаррад (абстрактӣ) вуҷуд надорад, вай ҳамеша мушаххас аст. Агар ҳақиқат абстрактӣ бошад, пас вай ҳақиқат нест. Хиради солими инсонӣ ҳамеша ба чизҳои мушаххас майл дорад. Чизе, ки дар муқобили солимфикрист, мутлақгардонии сабабият аст.
Боре ҳангоми дар бойгонӣ кадом санадеро кофтанам бо навиштаи А. Михайловский ном нависандае бо унвони “Маъбади мардона” шинос шудам (“Одесский вестник”, аз 28-уми марти соли 1996). Ин адиб яке аз сабабҳои пирӯзии ИҶШС-ро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар он мебинад, ки рӯҳониёну роҳибони масеҳӣ (православӣ) соли 1943 ба фронт мерафтагӣ шуданд ва ба сару тану рӯйи аскарон “оби муқаддас” мепошиданд. “Ин гуна рафтори рӯҳониён рӯҳияи ҷанговаронро баланду воло мекард ва оқибат гардиши куллӣ дар тамоми рафти ҷанг ба нафъи Иттиҳоди Шуравӣ анҷом шуд”, – хулоса мекунад нависанда… Ақли солим ё тафаккури сиҳҳат ҳеҷ қабул намекунад, ки гӯё бо як амали рӯҳониёни рус тамоми ҷараёни таърихи ин ҷанги мудҳиш тағйир ёфта бошад. Ин як намунаи ошкорои таассуб аст, ки билкулл ба хиради солим дар тазод аст.
Мисоли дигар. Соли 2005 қариб дар ҳама каналҳои телевизионии русӣ филми мустанади “Лаънати Темури ланг” (“Проклятие Темирлана”)-ро ба намоиш бароварданд. Мазмуни ин филм ҳамин аст, ки соли 1941 гӯри ин сарлашкари хунхорро як гурӯҳ олимон кушоданд ва боқимондаи ҷасадашро ба Маскав барои таҳқиқ бурданд. Баъди ин кор Ҳитлери олмонӣ ба ИҶШС ҳуҷум кард ва паёпай ғалаба ба даст овард. Вазъият вақте тағйир ёфт, ки ҷасади Темурро дубора ба ҷояш баргардонданд ва танҳо баъд аз ин неруҳои ҳарбии шуравӣ дар Курск (июл-августи соли 1943) ба ҳуҷум гузаштанд… Муаллифи филм Алёна Жеровская ба ин ақида аст, ки кушодани қабри Темур, ки аз шахсиятҳои мармуз ва ниҳоят пурасрор дар таърихи башарият аст, гӯё яке аз авомили ҷанги дувуми ҷаҳонӣ будааст.
Дар муқобили солимандешӣ ончунон тазодҳои мафкуравӣ ва афкори таассубиву хурофотӣ зиёданд, ки гӯё ҳисоб надоранд. Инҳо дар ҳар сари қадам бо инсони ҳушманд дучор мешаванд. Якеашро банда кӯтоҳ меорам.
…Ёдам меояд, ки дар синфи даҳуми мактаб мехондам ва муаллима навиштани иншои озодро дар мавзуи он замон басо маъмулӣ – “Адиби дӯстдоштаи ман” фармуда буданд. Он вақт навакак “Пирамард ва дарё”-ро хонда, мурғи хаёлам дар ҳавои манзараҳои тасвирнамудаи Эрнест Ҳемингуэй парвоз мекард. Муаллима баъди санҷиши варақаҳо ба банда рӯ оварда, аз чӣ бошад, ки суоломез гуфтанд: ягон адиби худамонро наёфтӣ, ки аз “бегонаҳо” навиштӣ. Инро фаҳмида мон, ки аз адибони худамон дида бузургтараш нест…
Шояд муаллима осонии корро дар назар дошт, ё худашон ин асари ҷовидонаи нависандаи амрикоиро нахонда буданд, ё фикре дигар, дақиқан намедонам. Аммо баъди чандин солҳо, ҳамин шабу рӯзҳо, ҳар куҷое, ки менишинему суҳбат аз бузургони сухан меравад, ғофилону ноогоҳони адабу фалсафа он тараф истад, ҳатто аз бархе зиёиёни баландрутба мешунавем, ки “аз бузургони худамон гап зан, инҳо беҳтаранд”, ё “чаро ба ғарбиён ин қадар таваҷҷуҳ мекунӣ, о, худамон магар бузург надорем…” Ва ба ҳамин минвол назарҳои танг…
Масалан, чанде қабл дар баҳсе сухан аз “қоидаи тиллоии маънавият” – “ба каси дигар раво мадор он чизеро, ки ба худат раво намедорӣ” мерафт. Дар омади гап гуфтам, ки ин дурдонакаломро Конфутсий (соли 551-и қабл аз милод) пеш аз дигарон гуфтааст. Баъдан Арасту ба ёдам омад, ки вақте мепурсандаш: “Бо дӯстон чӣ гуна муомила кунем”, посух медиҳад, ки “ончунон ки мехоҳед бо шумо муносибат дошта бошанд”. Ҳамин мазмун дар “Инҷил” низ сабт шуда: «Наздики худро чунон дӯст дор, ки худатро дӯст медорӣ». Унсуралмаолии Кайковус дар “Қобуснома” низ мегӯяд: «Он чӣ ки ба худ написандӣ, ба дигарон низ маписанд»…
Касе дар ин миёна гуфт, аз ҳама онҳое, ки ин суханро гуфтаанд, гуфтори пайғамбари худамон беҳтар аст, зеро аз худамон аст… Дигараш лозим ҳам нест. Ҳис кардам, ки аввал, тибқи хронология, аз дигарон иқтибос кардани банда ба баъзе касон, мулоим карда гӯем, хуш наомад. Барои рафъи ин “нороҳатӣ” каме аз таърихи пайдоиши ин панд – аз “Маҳабҳарата”, Фалес, Ҳеродот, Ҳомер ва анқариб дар ҳама адёни ҷаҳонӣ зикр шудани ин андарз ба ин ё он шакли баён мухтасар гуфтам. Аммо боз шунидам, ки “модом пайғамбарамон гуфт, дигарон аҳаммияте надоранд”…
Чунин қатъият ва пофишорӣ, ки модом ки аз мо ҳаст, аз дигарон мисол овардан чӣ лозим, яқинан ҳосили тангназариву таассуб аст, на аз муҳаббат. Солшуморӣ ё хронология гуфтанӣ истилоҳе ҳаст, ин ё он падидаву зуҳурот, ё ақида аввал дар куҷо пайдо шуд, баъдан дар куҷо… Фаразан, панди машҳури Саъдӣ “Бани одам аъзои як пайкаранд…” ба ҳама ошност, ҳатто дар яке аз биноҳои СММ сабт шудааст. Аммо ҳанӯз дар қарни панҷуми пеш аз милод ин маъниро дар гуфтори Горгий ном файласуф ва суханвари юнонӣ мебинем. Ин гуна мушобеҳот хеле ва хеле зиёд аст ва ҳар яке таърихи пайдоиши худро дорад.
Як шеваи тангназарӣ ҳамин аст, ки бархе, аз як мухлиси одии адабу фарҳанг то уламои соҳибкитоб, илму ҳикмат ва бисёре аз ҳақиқатҳои маънавиро ба худиву бегона ҷудо мекунанд: шарқиву ғарбӣ, тоҷикиву ғайритоҷикӣ ва ғайра. Аз Симонид сухане бигӯӣ, мегӯянд, ки Ғазолӣ инро гуфта, аз Волтер бигӯӣ, гӯянд Бедил ва баъдан Аҳмади Дониш гуфта… Ҳол он ки фарқи замонӣ миёни Симониду Ғазолӣ каму беш ҳазору ҳаштсад сол аст… Чанд муддат пеш миёни бандаву яке аз тоҷикони муқими Аврупо баҳсе дар мавриди назари Честертон ба Хайём бархоста буд ва яке аз нукоти интиқоди шадидаш ҳамин буд, ки чаро назари ғарбиёнро қиблаи хеш медонем ва аз бузургмардоне чун Ибни Синову Насираддини Тӯсӣ ва дигарон сухан ба миён намеорем… Дар мавриди баёни матлабе ҳар муҳаққиқеро ихтиёр аст, ки аз кадомин манобеъ истифода кунад, шарт нест, ки яксара аввал назари “худиҳоро” биёраду баъдан “бегонаҳоро”. Ҳамин амал агар тангназарӣ нест, пас чист?
Аҷиб аст, ки замоне Аллома Иқбол ҷиҳати интиқоди ашъори Ҳофиз, танқиди рӯҳбоният дар ислом ва ишқу алоқааш бо фалсафаи Ғарб мавриди ҳуҷуми бисёре аз сӯфиёни давр, билхоса Хоҷа Ҳасани Низомӣ гардида буд. Ҷойе дар посух ба он Хоҷа Муҳаммад Иқбол сароҳатан маълум кард, ки “ман кай мусалмононро ташвиқ кардаам, ки ақоиду афкори худро иваз намоянд? Ман фақат онҳоро иршод менамоям, ки дар ривоёти фалсафӣ таҷдиди назар кунанд. Ба назари ман, таърихи фикрии Аврупо субути қатъии садоқати ислом аст. Ба мусалмонон дастур дода шудааст, ки дар илм, ҳатто дар Чин ҳам бошад, онро таҳсил намоянд. Агар чизи муфиде дар адабиёти ғарбӣ бибинем, аз он истифода накардан сахт тангназарӣ аст”.
Гоҳо тангназарӣ дар шакле зоҳир мешавад, ки касе интизораш нест. Ҳуҷуми ноҳақ ба хатти ниёкон ва тамаддуни гузашта, саросар инкор кардани ҳама фазилатҳои омӯзишу низоми таълими пешиниён низ гувоҳи таассубу тангназарист. Касе дар пайи он нест, ки он низоми таълим ва расмулхатро дарҳол аз нав эҳё кунад, аммо дар масъалаи он ки инҳо рисолати бузургашонро дар таърихи миллат анҷом додаанд, бояд ҷойи чуну чаро набошад. Магар бузургтарин адабиёт дар таърихи башар (14 ҳазор шоирони соҳибдевон, садҳо кутуби панду ахлоқӣ, ҳазорҳо рисолаҳои илмӣ дар соҳоти гуногуни таҳқиқ…) натиҷаи ҳамон низому ҳамон расмулхат набуд?
Кор то ҳадде расида, ки бархе зиёиёни кишвар яксара ба ҷудо кардани шахсиятҳои таърихӣ ба “хоин”-у “ватандӯст” машғул шуда, саҳми ин ё он шахсиятро на дар фаъолияти комили ӯ, балки ҷудо-ҷудо, тибқи фаҳму дарки худашон, бо меъёрҳои худашон баҳо медиҳанд, ки нодуруст ва нишонаи заъфи ҷаҳонбиниашон аст. Масалан, мегӯянд, ки “аз Фитрат ном мабаред, ки хоину миллатфурӯш аст…” Ба пантуркист будани ин мутафаккиру адиб шакке нест, аммо хидмати ӯро ба адабу фарҳанги тоҷик дар оғози садаи бистум нодида гирифтан низ мумкин нест.
Ӯро худи устод Айнӣ аз саромадони насри нави форсии тоҷикӣ медонад. “Раҳбари наҷот”-ашро қомуси зиндагии ҳар фарди Бухоро гуфтаанд, ки комилан дуруст аст. “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ”, “Мунозара” ва “Оила ё худ вазоифи хонадорӣ” магар дар бедории фикрии мардум, дар кори ислоҳи ҷомеа саҳм надоранд? Шодравон Соҳиб Табаров, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, пуркортарин муҳаққиқи солҳои 50-90-уми асри пешин, осори Фитратро “сароғози насри нави реалистии маорифпарварӣ ва демократӣ” номида, тамоми осори ӯро дар ду ҷилд бо унвони “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат” шарҳу тафсир кардааст, магар аз зиёновар будани ному осори ин адиб огаҳ набуд? (Табаров С.Ш. Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат. Ҷилди 1. – Душанбе: Дониш, 2008. – 715 с.; Ҷилди 2. – Душанбе: Дониш, 2009. – 502 с.). Ҳам равоншод Табаров ва ҳам муҳаррири китоб, узви вобастаи АМИТ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Х. Асозода, А. Маҳмадаминов ва чанде дигар муҳаққиқон воқеан ба ин назаранд, ки Фитрат як муддат ба пантуркизм гаравид ва ба “бисёр хатоҳои сиёсӣ ва миллӣ” роҳ дод. Аммо қавли устод Айнӣ аст, ки маҳз “ӯ беҳтарин ва муассиртарин асарҳои манзум ва мансури раслистии тоҷикро эҷод намуд ва бо ҳамин дар бедории шуури миллӣ, худшиносӣ ва эҳсоси ватанхоҳиву озодандешии халқи тоҷик ҳиссаи арзанда ва муносиб гузошт”. (Иқтибос аз ҷилди якуми китоби С. Табаров, саҳ. 4). Сухан ин ҷост, ки адабиётро бо сиёсат ва сиёсатро бо адабиёт яксара махлут кардан натиҷаи наку надорад ва адиберо бо сабаби як ҷурми ҳаёташ аз таҳқиқу мутолиа манъ кардан нишонаи ҳамон тангназариву навъе аз сабукандешагист.
Абдуррауфи Фитрат дар дар боби “Вазоифи навъия”-и китобаш бо унвони “Раҳбари наҷот” менависад: “Одамиён аз ҳазорҳо сол то ба ин тараф гоҳо бо тақозои эҳтиросоти ҳайвония ва гоҳо ба шумии ғалати муҳокимот робитаи умумияро бурида, бинои ухуввати башарияро вайрон намудаанд, дарё-дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд, ҷаҳон-ҷаҳон хонаи ҳамҷинсони худро вайрон менамоянд. Ва ҳанӯз ҳам чунончи бояд, пушаймон нагардидааанд, балки ҳар рӯз аз барои тахриби хонумони якдигар асбоби тозае ихтироъ намуда, башариятро ба сӯи як таҳлукаи сахте мекашонанд. Сабаби ин ду чиз аст: ҳирс ва ғалати муҳокимот…”.
Оё аз рӯи инсоф аст, ки ҳамроҳ бо номаш ин осори баландмуҳтаворо ҳам хатти бутлон бикашем? Ба ин назар ҳастам, ки ҳамин “ғалати муҳокимот”-е, ки Фитрат мегӯяд, аз тангназарӣ маншаъ мегирад.
Дар таърихи навтар мо қиссаи талхи аз барномаҳои омӯзиши адабиёт маҳрум кардани осори Сотим Улуғзодаро дар ёд дорем, ки бо сабаби фирори писараш Азиз аз ИҶШС ба Британияи кабир ба вуқуъ омада буд. Аммо дар ниҳоят солимандешӣ ё тафаккури солим пирӯз шуд ва дигар аз он рӯзҳои талху шӯр ҳамчун афсонаи таассубӣ ёд мекунем.
Эрнест Ҳемингуэй тангназариро аз ҷумлаи таассуб мепиндорад ва мегӯяд, ки инҳо нафратангезтарин, фалокатбортарин ва нанговартарин иллатҳои инсонианд. “Таассуб падидаест, ки инсон доиман дар ақидаи худ сарсахт ва устувор мемонад. Касе, ки аз рӯи одат аз ҳама интиқод мекунад, моҳиятан ҳангомасоз (обструктсионист) аст. Муносибати эҷодкорона ва ҷиддӣ ба кор ва масъалаи дигар барои ӯ бегона мебошад. Файсалаи инфиродӣ ба афкораш ғолиб омада, худписандии аз ҳад беш мураббиаш ба шумор меравад. Барои соҳибони чунин фаҳмиши нодуруст нуқтаи назари шахсиашон баробар ба ҳақиқати мутлақ аст. Манбаъи ҳамаи ин иллатҳо шуҳратпарастист. Он зояндаи риё, барангезандаи ҳасуд, ривоҷдиҳандаи дурӯғ мебошад”. Ба гумонам, чизе афзудан ба ин нуқтаи назар зиёдатист…
Омили дигари солимфикрӣ – таваҷҷуҳи пайваста ба маърифати олами ашё, ба ҳама чизҳоест, ки ба одам дахл доранд… Аз Эйнштейн мепурсанд, ки чӣ гуна кашфиёти илмиашро анҷом дод. Посухи олим чунин будааст: “Ман дар рушди хеш қафо мондаам. Тифлон одатан ба ҳама чизҳо таваҷҷуҳ мекунанд: замон чист, фазо чист, арзу тӯл чист ва ғайра… Калонсолон дар ин хусус умуман фикр намекунанд. Онҳо дар кӯдакӣ аллакай ба ин суолҳо посух гирифтаанд. Ман бошам, сари ин саволҳо дар бузургсолӣ низ андешаро идома медодам”…
Замони рушди технологияҳои нави иртиботӣ, бешак, ба пайдоиши равияҳо ва ҷараёнҳои ҷадиди ҳунарӣ боис мешавад, ки зоҳиран гӯё аз анвои нави ҳунаранд, аммо ботинан зиёни бисёр баде ба тафаккури солим мерасонанд. Инҳо зоҳиран падидаҳои фарҳангӣ ҳастанд, аммо амалан, зидди ақли солим ва фарҳанги асил мебошанд. Фаразан, осори бадеӣ, ки муҳтавояшон даҳшатпароканист, ё намоиши филмҳое, ки дар онҳо аз бими инсон дар рӯёрӯйи фоҷиаҳои саросарӣ, фаъолияти гурӯҳи авбошону тороҷгарон, маводи мухаддир ва ғайра сухан меравад. Ё намоиши психопатологияи инсон, зуҳури дардноки равони одамӣ, беэътиноӣ ба фарҳанги пешиниён, навоварӣ дар ҳунар ба хотири бештар ҷалб кардани хонанда ё тамошобин… Ҳамаи инҳо монеаҳое ҳастанд, ки рушди тафаккури солимро бозмедоранд.
Дар ниҳояти матлаб ба ду омили тафаккури солим бояд ишора кард. Аввал ин ки солимандешии инсон аз сатҳи озодии ӯ бастагӣ дорад, ин шарти асосист. Баъдан чизи муҳимме, ки натиҷаи солимфикрист, хирадмандист ва он дар се поя устувор аст: ҳақиқат, некӣ ва зебоӣ…Ҳамон инсонеро метавон соҳиби тафаккури солим ё андешаи озод номид, ки ба дарки комили ҳақиқатҳои зиндагӣ, некӣ ва зебоӣ бирасад.
Маҳз таҷриба ва машаққати доимии фикрӣ касро ба ин сатҳ мерасонад…
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос ва публитсист,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон