Хабари вафоти ҳунарпешаи номдори тоҷик, ҳунарманди нотакрор Аловиддин Абдуллоев он рӯзи наҳс, натанҳо Тоҷикистон, балки куҷое як тоҷик ва як форсизабон буд, мотам гирифт. Оре, марги Аловиддин Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, маҳбубтарин ҳунарманду ситораи осмони ҳунарии Тоҷикистони азиз, он рӯзи шум бо иборае мардуми азизашро ғофилгир кард. Ин ҳунарманди хушзавқу хушном дар айёми камолоти эҷодӣ, саҳнаи ҳунар ва ҳаётро ногаҳон барои абад тарк карду рафт. Он рӯз касе ба фикрам дар Тоҷикистон ва берун аз он бовар намекард, ки дигар Аловиддини хушлаҳҷа ва хушзавқ, ки бо истеъдоди волои ҳунарии худ солҳо мардумро механдонид ва ба дилҳо фараҳи тоза мебахшид, дигар бо мо нест. Аслан ҳеч кас ба ин хабари наҳс то дер гоҳ бовар кардан низ намехост. Он саҳарӣ дар кабинети кориям машғули кор будам, ки ҳамкорон ин хабари шумро ба ман расониданд. Аз ин хабар сахт ҳайратзада шудам. Ҳеч дилам бовар кардан намехост, ки Аловиддин, ин қаҳрамони ҳамешагии саҳнаҳои театрӣ,телевизионию синамои тоҷик дигар бо мо несту ҷаҳонро абадан тарк гуфтааст. Бо андешаи вазнин ба ба назди ҳамкорон меравам ва ҳама ин хабари шумро тасдиқ мекунанд. Оре , Аловиддин вафот кардааст. Аловиддин дигар нест! Ба зудӣ бо як гурӯҳи ҳамкорон ба сӯи хонаи ин ҳунарманди ҷавонмарги тоҷик, ки аз ҷои корамон он қадар дур ҳам нест, роҳ пеш мегирем. Онҷо аллакай мардуми зиёде аз шаҳри Бохтар ва гирду атрофи он ҷамъ гаштаанд. Мадуми аз дигар шаҳру ноҳияҳои дур оид ба ин ҳодиса дарак ёфта, аллакай дар роҳ ба сӯи шаҳри Бохтар буданд. Аз Дарвоз, аҳли байтам занг мезананд ва бо истироб оид ба ин хабари шум ва ҳақиқат доштани он мепурсанд. Оре, ҷавоб медиҳам ман. Баъди чанде тағоям, кампири холаам аз Душанбе занг мезананд ва ман дурустии хабари шунидаашонро тасдиқ мекунам. Бовар намекунанд! Баъди чанде шиносҳо ва хешу табор аз ноҳияҳои Рашту Сангвор,  Русия, Олмон,Чин ва Таиланди дурдаст занг мезананду занг мезананд. Ман боз бори чандум ҳаст, ки фавти ин ҳунарпешаи номдори тоҷикро тасдиқ мекунам!

Зангҳо он пагоҳирӯзии барвақт, пайваста садо медиҳанд ва мардуми гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистону берун аз он аз Аловиддин мепурсанд ва камина ба ҳама ҷавоб медиҳам, ки ин ситораи дурахшони самои ҳунарии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш ғуруб кардааст! Оре, дар ҳақиқат дар ин ҷо зери силсилазангҳои беисти шиносу хешутаборҳо аз гӯшаҳои гуногуни диёр ва дигар кишварҳои олам як фалсафаи бузурге низ нуҳуфтааст.Зери ҷавҳари ин ҳикмату фалсафа як чиз ниҳон ҳаст: Обрӯ, қадру манзалати ин ҳунарпешаи асил, ҳунарманди воқеъан мардумӣ Аловиддини азиз байни оммаи халқи азизаш чӣ вазиру кабиру сағир, чӣ халқи одӣ воқеъан, ба таври ногуфтани хело баланд будааст. Халқи фарҳангии тоҷик медонист, ки вафоти нобаҳангоми ин ситораи дурахшони санъати Тоҷикистони азиз як фоҷиаи азими то андозае миллӣ барои ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонист. Оре, мардум он рӯз хуб дарк намуда  буд, ки марги ин ҳунарманди сохибдилу соҳибмактаб, як дарди носур, шифоноёбандае дар қалби фарзандони ин миллати азияткашида хоҳад буд. Ба гуфтаи  шоир: Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст…

Ҷойгоҳи чунин ҳунармандони боистеъдод ва завқи табиӣ дошта, чун ҷойгоҳи ҳунармадони бузургу тавонманде мисли устодон, Аҳмад Зоҳир, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҷӯрабек Назрӣ, шояд барои як умр холӣ хоҳад монд! Маросими ҷаноза ва издиҳоми тӯлонии ҷамоъаи ҷамъгаштаи мардум, ки барои хайрбод бо Аловиддини азиз омада буданд, аз бузургию қадру манзалату маҳбубияташ дар байни мардум гувоҳӣ медод. Мардум, миллат ба ин фарзанди номдори худ арҷ мегузошт ва ӯ шоёни чунин арҷгузорӣ низ буд. Дар бораи истеъдоди ҳунарии Аловиддин Абдуллозода хело гуфтаанд ва навиштаанд ва ояда низ аминам, ки зиёд гӯянд ва хоҳанд навишт. Дар ин росто, ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки ин ҳунарманди соҳибистеъдод ба ғайр аз нақшофариву коргардони беҳтарини саҳнаи ҳунар буданаш, дигар нишонаҳои беҳтарини одамгариро низ дошт. Шахсияти ҳалиму хоксор, як инсони табиию заминӣ буданд. Шахси ростқавл, шикастанафс, бе кибру ғуруру такаббур ва софдиле низ буданд. Аловиддине, ки ман мешинохтам, як шахсияти хело босавод низ буд. Инсони сермутолиа буд ва аз адабиёту фарҳанги тоҷику хориҷа низ баҳраи комил дошт. Дар бораи ҳунармандону коргардонони бузурги тоҷику рус ва ҷаҳон бисёр хуб медонисту ба онҳо арҷ мегузошт. Аз кору пайкори онҳо ибрат низ мегирифту дар таҷрибаи худ истифода мебурд. Ин як сири муваффақияти ӯ буд. Шахсан ман бар он назарам, ки ҳунарпеша дар кадом намуди фаъолияти хунарӣ, хоҳ фоҷиа ва ё хоҳ мазҳакае баромад накунад, бояд донишу ҷаҳонбинии васеъе дошта бошад то ба дарки мазмуну моҳияти ҳамон асар расида тавонад, дар акси ҳол агар саводу ҷаҳонбинӣ камтар бошад, нақшофарӣ аз дилхоҳ асари машҳури ҷаҳонӣ, ҳатто аз осори Шекспири бузург низ ба дили тамошобин роҳ нахоҳад ёфт. Хушбахтона, Аловиддини азиз аз камтарин ҳунармандони мо буд, ки зиёд мехонду зиёд медонист. Ба ёдам санаи 19.05.соли 2018 рӯзи видоъ бо устод Мӯъмин Қаноат меояд. Аловиддин, ки дар сар тоқии тоҷикӣ дошт, бисёр маъюс ва ғамгин ба назар мерасид. Ҳис мешуд, ки ин ҳунарманди тавонои мо аз ин фоҷиаи ба сари миллати мо омада, аз даст додани шоири сатҳи ҷаҳонии миллати тоҷик дар зарфи пеш аз чиҳил соли охир, аллома Мӯъмин Қаноат сахт ғам мехӯрад ва хело афсурда низ ҳаст. Хуб медонистам, ки шоҳасарҳои эҷодкардаи устод Қаноатро ӯ ба ҷон дӯст медошт. Одамгарии дӯстам Аловиддин он қадар баланд буд, ки тирамоҳи соли 2020, ки камина гирифтори бемории Ковид-19 гашта, қариб 3 моҳ маро аз пой афтонида ва сахт харобу ранҷур намуда буд, пайваста занг зада бо суханҳои дилхушкунанда ба дили ман дар мубориза бо ин бемории лаънатӣ қуввати бештаре мебахшид. Он замон маҳз суханҳои ин бародари ҷон ба мани рӯҳан рӯз аз рӯз шикастагашта, рӯҳи тоза ва умеди зинда монданро зиёд карда, нерӯ мебахшиданд(дар омади гап бояд гуфт, ки он давра бархе аз ҳамкорону шогирдон аз чӣ бошад, ки ҳамарӯза ба ман занг зада оид ба вафоти полковнику генералҳо хабар медоданд, ман низ, ки ба гуфте рутбаи полковникӣ дорам, қуввату ғайрати худро бо шунидани чунин хабарҳои шум аз даст медодам ва гумон мекардам, ки пагоҳаш навбати ман хоҳад буд ва рӯз аз рӯз аҳволам таббоҳу пажмурдатар мешуд)!

Маротибаи охирин бо дӯстам Аловиддин дар ҷашни Садаи сатҳи вилоятӣ, ки дар шаҳри Бохтар доир гашт вохӯрдам. Ӯ чун сардори раёсати фарҳанги вилоят масъули баргузории ин чорабинӣ буд ва аз дидани ман бисёр шод гашта, моро хайру мақдам гуфт. Ӯ он рӯз бисёр хушҳол менамуд ва изҳор дошт, ки мақолаи бандаро бо номи «Аҳмад Зоҳир ва Сергей Есенин» бо пуррагӣ хондааст ва ба ҳамроҳонаш бо шавқу рағбат оид ба ин мақолаи банда қисса мекард. Пай бурдам, ки ин мақола ба Аловиддин бисёр маъқул афтодааст. Аловиддин иброз дошт, ки дар бораи ин мақолаи аҷиб ва мақолаи дигаратон бо номи «Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо» ягон рӯз ба фурҷа истода, сӯҳбати мондагоре хоҳем кард. Ман сар ҷунбонидам. Он вақт ман намедонистам, ки ин охирин дидор бо ин дӯсти гаронмоя будааст! Бисёр афсӯз мехӯрам, ки бар асари серкорӣ баъдан натавонистем, ки вохӯрӣ намоем ва оид ба Аҳмад Зоҳир, Сергей Есенин ва шоирабонуҳои порсигӯ, ки аз ашъори онҳо Аҳмад Зоҳир хондааст ва умуман оиди фарҳанг як сӯҳбати бисёр хуби орифонаеро анҷом диҳем.

Хонандагони азиз, бояд қайд намоям, ки аз дасти Аловиддини азиз бароям як нишона ба ёдгорӣ мондааст, ки ҳоло онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорам. Воқеъа чунин афтод, ки чанде пештар дар ҷалласе манро Аловиддин бо либоси хизматӣ дида, ба нишону мукофотҳои камина иброз дошт: «Ако, охир нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дигар шудааст. Шакли хело зебо дорад, ин нишони шумо аз нишонаҳои шакли кӯҳнаю бесифати замони шӯравист. Ман аз Вазорати фарҳанги кишвар ҳатман нишонаи навро барои шумо дастрас менамоям”. Баъди як ҳафта ин бародари накуном ба ман нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки дар ҳақиқат сифаташ хело баланд буд, тақдим кард. Акнун ин нишон сари синаи манро оро медиҳад ва чун нишонае аз дӯсти қадрдонам Аловиддини ҷавонмарг барои ман ба ёдгор мондааст.

Аловиддин дар зиндагӣ танҳо тухми накӯӣ кишт ва дили мардумро муҳаббатгоҳи фарҳангу тамаддун, адабу меҳру муҳаббати инсонӣ намуда буд.

Ба қавли шоир:

«Ҳарчи мақсуди одамизод аст,

Номи нек асту дигар бод аст!»…

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь