Асосгузори Давлати Шӯравӣ Владимир Илич Ленин нигошта буд, ки «аз ҳама санъатҳо барои мо муҳимтаринаш кино мебошад». Дар баробари ин, генералсимус Иосиф Сталин дар рафти муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оид ба синамо гуфта буд: «Кино – ин яроқи бузурги маънавии маҳвсозӣ бар зидди истилогарони фашистӣ буда, агитатсия ва пропагандаи фронт мебошад». Пешвои маҳбуби мо низ барои баланд бардоштани сатҳи соҳаи синамо ва тараққӣ додани он амру фармонҳои зиёде ба тасвиб расонида, дар бунёди кохҳои замонавии синамо саҳми босазо гузоштаанд.
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон синамочиён барои фазои кушодаи синамо гомҳои мутмаин гузошта истодаанд. Дастгоҳи таблиғотӣ ва паҳнсозиву намоишии соҳаи синамо баъди фалаҷгардӣ аз нав эҳё шуда истодааст. Аммо, мутаассифона, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, МИҲД-и ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ дидаю дониста синамои тоҷикро бӯғӣ карда истодаанд. Шарҳу баёни ин қазия чунин аст, ки баъди таҷдиди охирин кохи синамо маъруф бо номи «Гулистон», соҳибмулкони асосӣ кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-ро аз хонаи худашон берун сохтаанд.
Мужда ва мотам
Кино падари санъатҳост ва аз бомбаи атомӣ дида нерӯи бузург дорад. Дар бадали 70 соли ҳукмронии шӯравӣ, 29 соли Истиқлолияти кишвар ва 135-солагии тавлиди синамо шаҳри фарҳангии Кӯлоб натавонист бо тими роҳбарияти шаҳрдорияш аҳроми синаморо побарҷо бимонад. Устод Раҳмон Носир – собиқ директори «Тоҷикфилм» ният дошт, ки дар базаи кохи «Гулистон» нахустин студияи филмофарӣ ташкил намояд. Оид ба ғайриқонунӣ ғасб шудани моликияти «Тоҷикфилм» ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Мухторов Абдуғанӣ иброз намуда буд, ки «мутобиқи қонун, кохҳои синамо моликияти муассисаи мо буда, моликияти ҷумҳурӣ ҳисоб мешаванд. Дар натиҷаи солҳои суқути синамо ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо кохҳоро ба соҳибкорон ва муассисаҳои дигари фарҳангӣ ба тарзи иҷоравӣ додаанд. Кохи «Гулистон» яке аз чунин иншоот мебошад. Ҳукуматдорони шаҳри Кӯлоб бар хилофи қонун ва амру фармони Пешвои муаззам амал намуда, кохи мазкурро ғайриқонунӣ ба дигар ташкилоти ғайрисоҳавӣ инъом намудаанд. Аҷиб ин аст, ки МИҲД-и шаҳри Кӯлоб салоти ҷанозаи соҳаи синаморо хондааст. Салоти ҷанозаи кохҳои «Комсомол», «Спутник», «Восеъ», «Ҷавонон» аз ҷониби бехирадон хонда шуда буд. Инак, ахиран кохи «Гулистон» низ туъмаи «гургони санъаткуш» шуда истодааст. Намедонам муллои ҷанозахони пешнамоз МИҲД-и шаҳр аст ё бахши ҷавонон. Дар ҳар сурат, молики кох Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аст. Вопас гирифтани он аз бахши ҷавонон ва варзиш ҳатмӣ аст. Пас муждаву мотами синамои тоҷикро МИҲД-и шаҳр чи гуна дар вокуниш шарҳ медиҳад? Мутаассифона, тими Раҳмон Носир натавонист ягон амали хайре намояд. Директори кунунии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён оид ба ин қазия хомӯширо авло донистааст. Мутаассифона, дар ҳудуди фақат шаҳри Кӯлоб 5 кохи синамо вуҷуд дошт – се болопӯшида ва ду мавсимии тобистона. Се нуқтаи паҳнафзоии кинофилмҳо бо се кох муҷаҳҳаз буданд. Дар ҳудуди ноҳияи Кӯлоб 57 нуқтаи намоиши кохи хурду бузурги колхозӣ ва 22 синамои дастгоҳи сайёрӣ амал менамуд. Дар мавриди ҳозира бошад, кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳуҷраи кории иҷоравӣ нишастаанд. Роҳбари минтақавии он Худоёри Бозор иброз намуд, ки «бо тармим гаштани кохи «Гулистон» моро нагузоштанд ба утоқи тангу тори кории пештараамон гузарем. Кормандони бахши ҷавонон моро дохили бинои хеш даромадан намемонанд. Суоли матраҳ дорем ба мутасаддиён, ки кай Маркази ҷавонон ба кинотеатри «Гулистон» табдил меёбад?».
Бозиҳои пасипардагӣ
Азбаски 30-сола фаъолияти корӣ дар соҳаи синамо доштам, пас аз кор сабукдӯш шудани Раҳмон Носир хостам баҳри ташкили «Кӯлоб-синамо» ва бардоштани нахустин филм саҳми хешро бигзорам. Бо дарёфти саҳмгузорон ва маблағи як филми бадеӣ бо муовини аввали «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев ҳамсуҳбат шудам. Дар аввал ӯ иддао намуд, ки «бе иҷозати мо ва сенария аз Шӯрои бадеӣ нагузашта, филмофарӣ мумкин нест». Ваъда дод, ки сенария мефиристаду иҷозатномаи «Кӯлоб-синамо»-ро низ. Мутаассифона, 6 моҳ мо ҷавоби Толиб Раҳматуллоевро нигарон шудем. Дар ин марҳила чанд бор хостем бо директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳамсуҳбат шавем, аммо Раҳматуллоев изҳор намуд, ки ин кор марбут ба вай аст. Продюсери мо ноилоҷ ба Амрико рафту Толиб Раҳматуллоев «Уррраа, дар Кӯлоб «Кӯлоб-синамо» намешавад, аз боло иҷозатнома намедиҳанд» гуфта, мужда расонд.
Гуфтаам ва боз мегӯям, ки то дар Кӯлобу Восеъ маркази филмофарӣ таъсис надиҳанд, ҳеҷ гоҳ синамои тоҷик ба мисли филми «Рустам ва Суҳроб» офаридае наметавонад дошта бошад. Пас, хонанда, қазоват намо, «Тоҷикфилм» дар бадали зиёда аз шаш моҳ як сенария ба мо ирсол нанамуд. Дар ҳоле, ки мо пардохти ҳақи муаллиф ва ҳам филмро ба зимма гирифта будем.
Хафа нашаветон, Кӣ ва Ким-и «Тоҷикфилм» оқибат сари синамои тоҷикро мехӯрад. Сабаби сархӯрӣ – ин аз кор бе сабаб ихроҷ намудани мутахассисон аст. Ҳоло дар «Тоҷикфилм» наворгири тӯйгард ё савдогари бозор аз собиқадори дипломдори соҳаи синамо болост. Мутахассисони соҳавӣ пойбанди бесаводони ин соҳа гаштаанд. Вазъи ногувор дар тамоми ноҳияҳо дида мешавад ва кадрҳои ихтисосманд умуман ба кор ҷалб карда намешаванд.
«Старики – разбойники»
Дар нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» устод Маҳмадсаид Шоҳиён баъди дарки соҳа иброз намуд, ки дар муассиса асосан фазои филмнависӣ холист. Мо эҳтиёҷ ба филмноманависон дорем.
Ба «надорем» гуфтан кор буд намешавад. Барои ҷалби филмноманависон кӯшиш намудан лозим. Кӣ гуфт, ки мо филмноманавис надорем? Фазои насри мо пурра ва пештоз аз ҳамзабонҳоямон аст. Барои ин бо нависандагон ҳамкорӣ намудан лозим. Маблағ ёфта, ҷалби ҷавононро бештар намудан лозим. Иттифоқи нависандагон бошад, долони мӯйсафедон аст. Нависандагони ҷавон дар ду даҳсолаи охир дар ин долон роҳ намеёбанд. Сабаби асосии роҳ наёфтани чеҳраҳои маонӣ «Старики – разбойники» мебошад.
Раҳмон Носир тамоми мутахассисонро аз кор бе сабаб ронд ва ба ҷои онҳо кадрҳои белаёқатро вогузошт. Маҳмадсаид Шоҳиён натавонист кадрҳоро муттаҳид созад.
Ҳангоми суҳбат бо ҳамқаламон маълум гашт, ки онҳо бинобар сабаби надоштани равобит бо синамо ва ҷалб нашуданашон аз тарафи синамочиён даст ба филмноманависӣ намезананд. «Тоҷикфилм» аробааш ё ба иборае «тағорааш»-ро худ мекашад. Ҳамкорӣ бо мо накардааст ва боре ҳам даъват нашудаем.
Хушбахтона, асарҳои ҷолиби синамоии таърихӣ – «Масъуди сипаҳсолор» (Саид Раҳмон), «Катан», «Спитамен», «Куруши Кабир» (Аҳмади Иброҳим) рӯи чоп омадаанд. Марҳамат, филм офаред. Суоли матраҳ боз ба мутасаддиён: Чаро турксинамо филмҳои бисёрсериягӣ мебарораду шумо не? Тафовут дар чист? Ё сенария «бор иш ёқ» ё «иш бор сенария ёқ»?
Аз буҳрони маънавӣ халосӣ ҳаст?
«Тоҷикфилм» нақшаи аз буҳрони маънавӣ баромаданро надорад. Барзамми паҳн гаштани унсурҳои кӯчагие амсоли Реп, Лезгинка, Шоп, Ужас (даҳшат, ваҳшоният) тарҷумаи Гоблин (ҳақорат, дашном) дар мадди аввал бозори гарми фиттафурӯшон аст. Ҳофизони дайду, лақиҳои кӯча аз бесоҳибии ин муассиса истифода бурда, зери тамғаи «Тоҷикфилм» наворҳои умуман бемазмуну мантиқ ва бе матлау бе мақдаъ истеҳсол менамоянд. Дар интернет аблаҳон «лайк» монда, обрӯи бе ин ҳам костаи «Тоҷикфилм»-ро шармандавор паст менамоянд. Амсоли навори «Мӯсафеди хира», «Овора» ва ғайра, ки Дӯстмурод Шарипов ва Мугамбои тоқидарида қаҳрамонанд. Хайрият, ки ниҳодҳои қудратӣ барчинии фиттаҳои мазмунан тарғиби динӣ дошта ва фаҳшу порнографиро сари вақт назорат менамоянд. Филмҳои туркӣ чун «ассалому алейкум» пешдӯконҳои фиттафурӯшонро оро медиҳанд. Номгӯи онҳо рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Тарҷумаҳои силсилафилмҳои туркӣ ба забони дарӣ, форсӣ, афғонӣ, русӣ ва тоҷикӣ синамои тоҷикро ба маҳвшавӣ расонида истодааст. Аз дилхоҳ бозор дидан намоӣ, мегӯӣ, ки гӯё дар Туркия ҳастӣ. Ба ҷои мусиқии ҷаззоби тоҷикӣ садои дилбазани силсилафилми туркӣ меояд.
Замоне дар мактаб як рӯзи забони русӣ буд, ки мо – хонандагон бо ин забон бо ҳам муошират менамудем. Усули шӯравиҳо оид ба ёд гирифтани забон буд. Барои он, ки мо «Тоҷикфилм»-ро фаромӯш накунем, як рӯзи кинои тоҷик бо савти модарӣ бояд ҷорӣ намоем.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода ба ҷои тармиму таҷдиди кинотеатри «Ситора» амсоли ҳамтоёни кӯлобиаш даст ба таракаи он задааст. Ҳангоми суҳбат бо намояндаи раёсати «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон Лутфия Роибова маълум гашт, ки дар ҳақиқат раиси ноҳия аз ваколатҳои худ берун баромада, моликияти «Тоҷикфилм»-ро, ки амволи ҷумҳурӣ аст, худсарона ғасб намуда, дари онро шикаста ва намояндаи «Тоҷикфилм»-ро аз дар берун намудааст. Барои раиси ноҳия мағоза беҳ аз санъати синамо будааст. Лутфиябону иброз намуд, ки «мо ба таври хаттӣ мактуб ирсол намуда бошем ҳам, раиси ноҳия ба инобат намегирад».
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, аз фориғболӣ дар тобистон кинотеатр бо сабабҳои номаълум оташ гирифт ва то кунун МИҲД-и ноҳия оид ба рафъи хисороти он чорае намеандешад.
Ниҳоят, ҳаминро хотирмон сохтаниам, ки касе санъати синаморо ба нестӣ меоварад, ӯ бе шубҳа душмани миллату Ватан аст.
Идатон муборак, ҳамкорони собиқ, бародарони гиромии ман!
Араби ДӮСТМУРОД, собиқадори соҳаи синамо