Насли севуми шеър пас аз истиқлол такя бар чеҳраҳое чун Озар Салим, Гулноз Тоҳириён, Абдуҷҷаббор Суруш, Сиёвуши Ҷунайдӣ, Ворис Калон, Беҳрӯзи Забеҳулло, Адибаи Хуҷандӣ ва дигарон дорад. Насли дувум ва севуми шеъри пас аз истиқлол, дар ҳақиқат, шеъри тоҷикро аз якнавохтӣ берун оварданд ва роҳҳои тозаеро паймуданд, ки баъдҳо сармашқи ҷавонон қарор хоҳад гирифт ва дер нест, ки онҳоро насли рақобат ва талош биномем.

Бархе аз тангназарон ба ин боваранд, ки такя бар шеъри классикии форсӣ (тоҷикӣ) нишонаҳое аз ақибгардии шоир ва фаромӯшии вай аз ҷаҳони берун ва падидаҳои нави зиндагӣ аст. Бар хилофи ин гуфта, ба ин боварам, ки такя задан ба пуштвонаи беш аз ҳазор соли шеъри форсӣ вомгире аз вежагиҳои сувари хаёлӣ ва забони фаҳмо ва тасовири куҳани пешиниён навъе посдорӣ ва арзишдиҳӣ ба бузургони шеър ва адаби форсӣ буда метавонад. Ин гуфта ба ин маъно таъбир нашавад, ки гӯё ман мухолифи нигоҳи тоза ба ҷаҳони ҳастӣ ҳастам, балки дар шеъри муосири тоҷик ҳастанд чеҳраҳое, ки ба сурати куллӣ бо баёни тоза ва нигоҳи имрӯзӣ ва ба коргирии вожагони рӯз ва тасовири навозишкунанда ҳастанд, ки дар ин ҷо маҷол ва тавони баҳс дар онро намебинам. Шеъри Ворис Калон ба такя бар шоироне чун Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва дигарон ранг ва бӯи забон, тасвир, нигоҳ ва мафҳумҳои мустаъмалро медиҳад. Ворис ғазале дар сӯги Муҳаммадалии Аҷамӣ дорад, ки ниҳоят ҳузноганда ва дардмандона аст ва реша дар гуфтаи пешиниён дорад:

Авроқи дил зи ашки қалам нам гирифтааст,

Лайлои шеъри мо ҳама мотам гирифтааст.

Шабҳои пур зи атри Хуросон дареғу дард,

Аз нолаҳои зори қалам ғам гирифтааст.

Маҷнуни кӯчаҳои муҳаббат ба ҳақ расид,

“Ё ҳу» кашид,уё ҳуи мо  ҳам гирифтааст…

Ман шеърҳои мавзуни (бавежа ғазали) Ворисро бештар қувватманд ва бо рӯйкарди имрӯзитар мебинам, то шеърҳои озод. Ӯ дар ғазал бештарин тавоноиро ба харҷ медиҳад ва бо нигоҳи тозаву баёне имрӯзитар қад мекашад ва ин бад-он маъност, ки ӯ шеъри муосири форсиро хуб мешиносад ва фаро гирифтааст.

Шеъри ривоятӣ, ки баёнгари мафҳумҳои зиндагии як фарди ночор бошад ва аз сахтиҳову мусибат сухан зада бошад, аз ҷаззобият ва гироии хубе бархӯрдор хоҳад шуд. Агар шоир ба меҳвари зиндагӣ ва моҳавли худ нигоҳи равшанфикрона надошта бошад, шеъри ӯ ба шиор монанд ва аз музоядаи ҳақиқатмеҳварӣ ба дур. Шеър бояд фарёдҳои дар гулу хуфта бошад ва чун хун дар рагҳои инсоният фаввора намояд ва чунин шеър ҳаққо, ки равшангарона ва бедорона қаламдод мешавад. Ворис ғазале дорад, ки ҳам рӯйкарди имрӯзӣ дорад ва ҳам бо баёни вежае нигошта шудааст ва ҳам фазои кулли шеър ҳикоят аз дарди воқеӣ ва «ман» – и иҷтимоии шоир ва соири афроди ҷомеа менамояд ва, дар ҳақиқат, шеъри иҷтимоии ошиқона аст, ки бо иҷтимои сиёсӣ оғоз ва бо ошиқона анҷом меёбад:

Ман аз он дашт чӣ гӯям, ватани гургон аст,

 Ташнаю хаста фақат мунтазири борон аст.

 Кулбае ҳаст дар он дашту яке нахчире

 Ва дарахте, ки дар он замзамаи мурғон аст.

 Чашмае хушкида, чу лаби парсинбаста,

 Оташи ташнагӣ дар дашт варо бар ҷон аст.

 Санге афканда ба як пуштаи беишқу ҳавас

 Чун дил афтода ба раҳ сӯхтаю бирён аст.

 Духтаре бар дари он кулба ғами танҳояш

 Мисли сангест, ки дар синаи ӯ пинҳон аст

 Интизор аст саворе бирасад аз роҳе

 Бахти духтар ба куҷо рафтаю саргардон аст?

Дашт дар ғазали боло метавонад намоди як кишваре бошад, ки ҳеч умеде бар зиндагӣ дар он нест ва дар назари шоир ва соири афроди ҷомеа ба як дашт мемонад. Шояд дашт Афғонистон бошад (!?) ва дашт ватани одамҳои некусират ва синасоф шуда наметавонд, аз ин ҷиҳат аст, ки шоир онро ватани гургон медонад ва гург низ истиора аст аз одамнамоҳое, ки дар зоҳир ба инсон мемонанд ва дар ботин кам аз шайтон нестанд ва Иблисро дар рӯзи равшан даст аз пушт бастаанд. Дашт ба лиҳози рӯсохти маъноӣ дар ин ғазал танҳо чизе, ки ниёз дорад, борон аст. Борон метавонад рустаниҳоро дар дашт бирӯёнад ва аз хушкидани замин ҷилавгирӣ намояд ва фариштае мешавад барои наҷот. Яке аз самтҳои суханороӣ, ки қуввати беназир ба шеър мебахшад, ороя ё санъати «ҷондорангорӣ»-ест ва ба он гоҳо «шахсиятбахшӣ» низ, гуфта мешавад. Ва он ба гунае ҳаст, ки барои падидаҳои беҷон ва сокин, сифатҳо ва хусусиёти инсониро бидиҳанд. Ворис ба гунае ҳунармандона дар ин ғазал барои дашт, сифати ташна ва хаста буданро қайд кардааст, ки шеърашро аз мазияти хосе бархӯрдор сохта. Тасвирпардозиҳои Ворис дар ағлаб маврид аз ашё ва падидаҳои навозишкунанда ва зинда аст ва бештар рӯ дорад ба айниятгароӣ то зеҳният. Вуҷуди як кулбаи фақирона ва сайдгоҳе дар он дашт ва дарахте пир, ки аз он замзамаи парандаҳо шунида мешавад, ҳама даст ба дасти ҳам додаанд, то тасвири айниро ба мухотаб бидиҳанд ва макони мушаххасиро рақам бизананд, ки ин худ аз вежагиҳои шеъри муосири форсии тоҷикист. Байтҳои дигари ин ғазал ба хубӣ офтобвор равшан ва намоён аст, ки духтаре бо оташи ишқе, ки дар сина дорад, интизори саворест, то бирасад ва ӯро ба хонаи бахт бибарад…

Шоирони ростин бар забон тасаллут доранд. Вожа дар шеър аз арзише баҳравар аст, ки ранг дар наққошӣ ва санг дар пайкаратарошӣ. Шоир аз як сӯ аз биниши амиқи шоирона бархӯрдор аст ва аз сӯи дигар аз гузашта ва ҳоли забони хеш огоҳӣ дорад, ба ин хотир, метавонад вожаҳоро аз ниҳонхонаи зеҳни хеш бигзаронад ва ҳар кадомро, ки барои баёни андешаи худ расотар ёбад, баргузинад. Беҷо нест, ки гуфтаанд: шоири хуб, чун доруфурӯши озмудае аст, ки ҷаъбаҳои дорухонаи худро ягон – ягон мешиносад ва медонад кадом қурс дар кадом ҷаъба қарор дорад ва бидуни диранг онро аз ҷои муайянаш мегирад ва ба харидор месупорад. Гузашта аз ин, он гуна, ки пештар гуфтем, ҳеҷ шоири навовар, аз ҷазби мероси адабии гузашта ва огоҳӣ аз суннатҳои шеърӣ бениёз буда наметавонд, рӯйи ин мулоҳиза, дар кулл, ин ғазал як шеъри хуб ва нисбатан боланда дар миёни ғазали имрӯзи Тоҷикистон буда метавонад. Боз беҳтар аст бигӯям: аз пайвастагии маъноӣ бархӯрдор аст ва забонаш низ аз вожагони берабту изофие чун: «кӣ, то, бар, гар, зӣ, ҳамчун, ба сони…» шуста ва растатар аст.

Агар шеърҳои Ворисро бо нигоҳи сатҳӣ, зудгузар ва шитобзада ба баррасӣ бигирем, рост он аст, ки ҳаққи қалам ӯро адо накардаем, зеро пардохтану воковии шеърҳои Ворис ба фурсати бештар ва нигоҳи жарфтаре ниёзманд аст. Ин нимнигоҳе, ки ба он пардохтаам, ба ҳеч ваҷҳ кулли озмоишу санҷиш нест ва қуввати шеъри ӯро бозтоб дода наметавонд. Фақат пешзаминае хоҳад шуд барои баҳсҳо, нигаришҳо ва таҳлилҳои баъдӣ.

Исмоил ЛАШКАРӢ,

 устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Афғонистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь