Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
Шеъри васфи ватан як фасли дурахшони назми тоҷик аст, ки дар гузашта ва имрӯз арзиши бебаҳо дорад, зеро маҳз тавассути он ғояҳои ватандӯстӣ, сидқу вафо, вафодорӣ, ифтихори миллӣ, муттаҳидӣ ва оромии ҷомеа тасвир меёбад.
Маҳз дар шароити Истиқлоли миллӣ мавзӯи ватансароӣ ба тафаккури миллӣ, тарбияи худогоҳиву худшиносӣ мусоидат менамояд ва баҳри устувор гардидани арзишҳои миллӣ, заминаҳои ваҳдату ҳамбастагӣ, дарки дурусти манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ омили муҳими рушд ва инкишофи давлату давлатдорӣ мегардад. Алалхусус ифтихори миллӣ заминаи муҳими барандаи арзишҳои умумиинсонӣ аст, ки муҳаббат ба Ватан таҷассум меёбад, зеро амалия ва назарияи “ифтихори миллӣ” бо истилоҳи ватандӯстӣ ҳаммаъно аст.
Дар шеъри баландғояву баландпояи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ватандӯстӣ – ин меҳру муҳаббат ба Ватан дар заминаи ифтихормандӣ аз марзу буми Тоҷикистон аст. Дар қолабҳои суннатии назми ӯ ватандӯстӣ зуҳуроти фарҳангии эҷодиёти Мирзо Турсунзода аст, ки ҳамзамон пайвандгарӣ, ғурури миллии ӯ ба ин сарзамини аҷдодӣ ифода меёбад. Ифтихори миллии Мирзо Турсунзода миллатгароӣ набуд, ҳол он ки ӯро ҳангоми дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вазифаи ходим ва котиби масъул кор карданаш, соли 1933 ба миллатгароӣ айбдор ва аз вазифа сабукдӯш карданд. Шеъри дар васфи Ватани Мирзо Турсунзода ҳамоно дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аст, ки бо арзишҳои умумиинсонӣ мувофиқ аст. Шеъри васфи Ватани Мирзо Турсунзода барои иттиҳоди миллат ва пойдории Истиқлол таъсир дорад, зеро дар мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва эҳёи илму адаби он нақши калидӣ дорад.
Мирзо Турсунзода чун шоири равшанзамир ва бедордил бо шеъри Ватан миллати тоҷикро бо ишқи саршори ватанхоҳӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, зеро ба қавли Лоиқ “Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест”.
Мирзо Турсунзода аз шоирони машҳури асри XX аст, ки Ватанро пурмаънитарин каломи рӯи замин медонист. Меҳру муҳаббат ба Ватан – ин меҳру шафқат ба миллат аст, ки бо асли Истиқлоли кишвар тавъам аст, зеро барои ҳар миллате, ки дар ҳар ватане, ки агар зиндагии тавъам бо Истиқлол надошта бошад, таърихи ҳам Миллат ва ҳам Ватан арзиш ҳам надорад. Дӯст доштани Ватан на дар хок ва дар одоб, дӯст доштани Ватан дар дил аст. Ватан танҳо хоке нест, ки мо имрӯз рӯи он зиндагӣ мекунем, Ватан мероси арзишҳои маънавии гузашта аст, ки аз ниёгон ба мо расидааст, яъне ҳам адабиёт ва ҳам ҳунар ва хулоса манзумаи арзишҳое аст, ки симои ҳақиқии миллат ва шахсияти барҷастаи маънавиро месозад.
Маҳз Истиқлоли миллӣ (озодӣ ва адолати иҷтимоӣ) хайри азими Ватан аст ва хушбахт он миллате аст, ки Истиқлоли Ватан дорад.
Тайи сӣ соли Истиқлолият ва Ваҳдату ҳамбастагӣ миллати боору номуси тоҷик ғурури саршори миллӣ, таърих, илм ва адаби хешро густариш дод, дар ҷодаи давлатдорӣ бо заҳмат ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамирмояи илму адаби безаволи миллиро тақвият бахшид. Аз нигоҳи дарки худшиносии миллӣ вожаи Ватан, ки таърихи пешина дорад, вожаи таҳаввули зеҳнӣ ва фикрӣ гардид. Амвоҷи мумтози ватану ватандорӣ тадриҷан ривоҷ ёфт, парастиши Ватан дар мояи соҳибихтиёрии миллӣ нуфуз гирифт. Маҳз тавассути Истиқлол ва сулҳу субот шахсиятҳои барҷастаи миллӣ дубора дар партави шинохти миллӣ муаррифӣ гардиданд. Истиқлоли миллӣ таблое гардид, ки таблиғи Ватанро дар мадди аввали мояи эътиқоду боварӣ гузошт.
Маҳз Истиқлол ва Ваҳдату ҳамбастагӣ имкон дод, ки шоири тавонои тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки аз чеҳраҳои муҳими илму адаб аст ва Ватанро дар ашъори безаволаш бо меҳр ва ҷаззобияти беандоза васф кардааст, ҷашн гирифта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббати поки Мирзо Турсунзодаро ба ин сарзамини аҷдодӣ, ба обу хоки Ватан, барои насли имрӯз намунаи олии ибрат медонад, шеъри ӯро шеъри инсоният шарҳ медиҳад ва таъкид менамояд, ки тамоми зиндагии Мирзо Турсунзода намунаи хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватан аст. Пешвои миллат ишора менамояд, ки «дар пайравӣ бо Мирзо Турсунзода бояд ғояи олии ватанпарастӣ дар дилу шуури наслҳо ҷой дода шавад». Дар ашъори Мирзо Турсунзода, дар воқеъ, мавзӯи Ватан шуҳрат дорад ва дар он камоли бадеият дар васфи Ватан мавқеи арзанда дорад. Бо ин маънӣ, васфи Ватан сурури ӯ аст, ки ӯро ба завқ меорад ва «Ин диёри пурсафои пурхурӯш» ӯро ҳамнавози он месозад. «Замини сабзу хуррам, обҳои зарафшон»-аш, ки шаҳодати абадият ва ҷовидонагии Ватан аст, ӯро илҳоми суруди Ватан мебахшад. Мирзо Турсунзода аз гулзори ҳамин сарзамин ва сабзаву баҳори ин Ватан масрур аст. «Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард» – ин табиати зебои Тоҷикистон аст, ки ӯро ба ваҷд меорад ва ҳамнавози Ватан месозад. Тоҷикистон дар шеъри Мирзо Турсунзода мисли гулдаста аст, ки қомати сабзаш монанди гулест, ки бӯи мушк ва хокаш меҳр дорад, ҳавои форамаш, оҳанги рӯдаш аз дурҳо, аз миёни авҷи баҳрҳо шунида мешавад, ки барои Мирзо Турсунзода ҳамеша оҳанги суруди Ватан аст. Аз дуриҳо аз Ватан, рангу бӯи беназири Ватан, ки илҳоми ӯ аст, шавқи суруди ватанхоҳияш меафзояд. Ватан ҳар куҷо хонаи умед, такягоҳи илҳоми шоир аст, қуллаҳои сарбаландаш, дашту саҳрои дилрабояш, сарзамини беназири дилкашаш «Хубият дилро мекушояд …». Маҳз дар оғӯши гарми Ватан дили ӯ шоду хуррам аст ва онро мисли «сад китоб» васф мекунад. «Ин диёри пурсафои хубрӯён», ки мисли чаман ҳамеша сабзу хуррам ва боғҳояш мисли гулшан тароватбахш аст, зиннати рӯи замин аст, зиннату зебоиест, ки тасвири беандоза дорад. Мирзо Турсунзода ҳар куҷо аз меҳри Ватан сарафрозӣ мекунад, ки имрӯз «суруди Истиқлол» ба «суруди Ватан»-и ӯ оҳанги нав ва таровати беандоза мебахшад.
Мирзо Турсунзода ин диёри пурсафои хубрӯро, ки «Боми дунё» аст ва домани он ҳамеша сабзу хуррам, танаш лолапӯш, боғу гулшанаш ҳаловатбахш, шукуфтаву хушранг аст, васф мекунад, ки «Товус он ҷо хирман мегирад, Булбул дар фазои фараҳбахшаш месарояд». Ин Ватан беинтиҳо ҳамеша гул мекунад, бахтро равшан месозад, шодиву сурурро меофарад.
Дар шеъри Мирзо Турсунзода Ватан ранги армуғонӣ дорад, фазояш ҳамеша беғубор аст ва замину боғҳои пурсафои лолазор дорад ва аз ин рӯ ӯ «Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам»-ро замзама мекунад. Дар манзумаҳои бешумори шоир васфи Ватан бо «садҳо достон» суруда шудааст, ки он Тоҷикистон, кишвари фатҳу зафар, умеди авлоди имрӯз аст ва маҳз бо сокинонаш мисли гулистону чаман гул мекунад. Кӯҳсораш, қуллаҳои сарбаландаш ҳамеша чун ганҷинаи бебаҳо оғӯши сабзу хуррам ва обҳои босафояш ба ҳусни табиаташ тароват мебахшад. Ин Ватан – Тоҷикистон, ки мисли моҳи гардун аст, бо ҳусну зебоиаш, дар суҷуди сокинонаш, дар фазои аҳду паймони халқу Ватанаш сарафрозӣ мекунад. Дар суҷудаш ҳамнишинони ӯ домони ишқу муҳаббат мегиранд ва аз насимаш ғизои рӯҳ меҷӯянд. «Замини Тоҷикистон ҳамеша хуррам» аст, зеро дилро пурҷӯш ва рӯҳро нурбор месозад. Тоҷикистон рӯдест, ки «… хушкидан надорад ва шӯху беқарор аст» ва модарест, ки «… кӯҳ дорад дар мақоми устувор».
Шеъри Мирзо Турсунзода суруди куҳсори Тоҷикистон аст ва шоир бо меҳр, дар «Суруди кӯҳистон» худро зодаи кӯҳистон мешуморад. Мирзо Турсунзода дар шеъри «Фарзанди кӯҳ» зодаи кӯҳистонро мисли кӯҳҳояш бовиқору сарбаланд ва кушодадил васф мекунад – «Тангдил ҳаргиз набудӣ дар ҷаҳон фарзанди кӯҳ, Доштӣ дар санг гарчанде макон, фарзанди кӯҳ».
Оре, имрӯз Тоҷикистон мисли кӯҳи сарсабзу хуррам, боғест, ки насими форам дорад, ки боғбонаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марди закӣ ва карим аст. Ин боғ, ин Ватан ва ин кӯҳсорон ҳамеша пурборанд, зеро соҳиби боғ аз боғ ҳамеша огоҳӣ дорад.
Мирзо Турсунзода дар саросари ашъораш ёди кӯҳсори Ватан мекунад, дар шеъри «Илоҷам чист?» ин диёрро чун гулу бӯстон ва мавсими баҳор тасвир менамояд ва аз Ватан ғуруру ифтихор дорад ва «Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям» барои ӯ манзилу маҳфил ва бистари хоб аст. Кӯҳсори Ватан, ки офтоби саҳарӣ дар он мисли «Қатраи шабнами наврехта дар чеҳраи гул» аст, шоирро дар суруди Ватан «пайрави хуршед» месозад. Табиати зебои Ватан монанди гилеми сабз, ки чашми шоир аз он серӣ надорад, ӯро ба завқ меорад ва шоир мехоҳад, ки навбаҳорони бешумори Ватан ва шукуфтаҳои зебои онро ҳамеша дар «дафтари байту ғазал»-аш васф намояд.
Дар «дафтари байту ғазал»-и Мирзо Турсунзода Тоҷикистон ватани офтоб аст, ки мисли лаъларӯс сабзидану шукуфтани гулҳоро ба бор меорад, фазои он бӯи гули кӯҳиро ба машом мерасонад ва ишқу ҳаваси дидани ин манзараи зеборо меафзояд – «Субҳдам чун офтоб ояд бурун», Ҳусни зебои Ватан гардад фузун». Дар шеъри Мирзо Турсунзода фарёди рӯди Ватан дар барги гулҳо ба назм кашида шудааст, ки боми хушҳавояш бо маҳ ҳамоғӯшӣ дорад ва монанди хандаи гул умед дар дил ва нур дар чашм меорад. Дилкушодан ба сӯи Ватан, ба сӯи диёри пурсафои пурхуруш, муждаи ишқи тозаи меҳр аст. Ҳар баҳори Ватан ба ҳусни табиат ҳусн зам мекунад, зафармандиву сарбаландиро ба бор меорад. Мирзо Турсунзода дар манзумаи «Кишвари тоҷик» қуллаҳои пурсафои кӯҳҳои баафлокрафта, обҳои босафои чашмаҳои дилписанди Ватанро бо завқи хос тасвир менамояд. Барои шоир баҳори ишқ ба Ватан ҳамин боғу чаман, ҳамин рӯдҳои шӯх аст, ки ба он меҳри беандоза дорад. Дар ишқи Ватан байту ғазал месарояд, зеро шеъри ӯ фазлу ҳунари сози Ватан дорад. Ватан барои ӯ боғи пурсамар ва дарёи пургуҳар аст, ки дар оғӯши он дилаш ба васфаш ҷӯш мезанад.
Мирзо Турсунзода қасидасарои Ватан аст, ки онро мепарварад, аз меҳраш даст намегирад. Ӯ Тоҷикистонро ганҷинаи оҳангҳо ва чун қасри гулгун тасвир менамояд. Дар манзумаи «Ганҷинаи сурудҳо» сокинони сарбаланди ин диёрро бо фарҳанги бебаҳояш, меҳмоннавозиаш, бо ҳикматаш тавъам медонад. Ин диёрро, ки дар он Рӯдакӣ руд навохтааст, Фирдавсӣ забони назм бикшодааст, Ибни Сино илоҷи дарди одам ҷустааст ва «Хулоса, з-ин касон бисёр буданд, Ҳама хушфикру хушгуфтор буданд», машҳур месозад, ки имрӯз ин дабистони бузурги тоҷик – Тоҷикистон аст. Имрӯз Тоҷикистон, дар воқеъ, ки сароғози суруду достонҳои соҳибихтиёрӣ гардидааст, ганҷинаҳои илму адабашро, дуру дурдонаи шеърашро мисли нури дида нигаҳдорӣ мекунад. Маҳз Истиқлол ва хушиносии миллӣ ба дасти миллати тоҷик ҳуҷҷати пояндагӣ дод, баҳори нав овард ва тухми номварӣ кишт кард. Акнун бо шарофати талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сарзамин камол ёфт, лолаҳои нави умед ва созанда кошта шуданд. Ба қавли Мирзо Турсунзода «Осмон ошиқи замин гардид» ва кашфиёти сулҳу ваҳдати миллӣ бо ибтикори Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ҳаёти миллат абадӣ сабт гардид. Шаби торику биму мавҷу гирдоб хотима ёфт. Дар канори ин рӯди азиз – Тоҷикистон меҳри дигар, роҳи нав, садои овози хуш ва чароғи маърифат афрохта шуд, бори дигар «Суруди Ватан»-и шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода камоли диёр гардид.
Истиқлол бешак беҳтарин усули гиромӣ доштани чеҳраҳои илму адаби тоҷик аст. Маҳз Истиқлолият имкон дод, ки дурдонаҳои илму адаб ба боқувваттарин аслиҳаи фарҳангӣ табдил дода шаванд ва барои ин миллат ва ин сарзамин, барои худшиносӣ такягоҳи маънавӣ гарданд. Ёдоварии шеъри васфи Ватани Мирзо Турсунзода, бешак илму адаби миллиро ба зиндагӣ тавъам намудан аст, зеро мафҳуми Истиқлол ҳам дар ҷодаи миллатхоҳӣ ва ҳам дар ҷодаи тараннуми Ватан рукни пайваста дорад. Мирзо Турсунзода замини Тоҷикистонро ҳамеша хуррам тасвир менамояд, зеро он дилро пурҷӯш ва рӯҳро нурбор месозад. Ин «Рӯд хушкидан надорад, ҳаст шӯху беқарор, Модаре чун кӯҳ дорад дар мақоми устувор».
Солҳост, ки бо шарофати Истиқлолият ва давлатдории миллӣ вожаи Ватан бино ба таъсири амалаш ҳамнишини диёр гардидааст ва ватандорони ин сарзамин ба маънои ин вожа яқин ошноӣ доранд. Бо дурустӣ метавон гуфт, ки ба ин гуна ромишгари созу навои Ватан, чун Мирзо Турсунзода рӯ овардан, асли таваҷҷӯҳи сокинони ин диёрро ба ватану ватандорӣ ҷалб кардан аст. Мирзо Турсунзода маъвои вожаи Ватан ва фалсафаи онро дарёфта буд, зеро онро бо шавқу завқи бадеӣ сурудааст.
Мирзо Турсунзода виҷдони бедор ва зеҳни равшан дошт, бад-ин ҷиҳат тавонист, Ватанро бо зебоиаш ва бо ҷаззобияташ ба инсоният баҳри талоши роҳи озодӣ васф намояд. Ӯ инсониятро ба озодихоҳӣ даъват намуд. Мирзо Турсунзода дар марҳилаи нахустини эҷодаш масъалаи сиёсии инсониятро дар мадди аввал гузошт ва мазмуни шеърашро бо паҳлуи сиёсӣ ҳамоҳанг сохт. Ӯ хуб огоҳ буд, ки солимсозии муҳити зиндагӣ барои тавоноии дарки Истиқлоли инсоният шарти лозим аст – “Фарқ боқӣ монд, байни бандаю мухтор монд, Фарқ танҳо байни истиқлолу истеъмор монд”. Танҳо Истиқлол тавоноиро тақозо дорад ва ин тавоноӣ бастагии комил ба муҳити зиндагӣ ва тарбияи инсон алоқаманд аст. Аз ин нуқтаи назар, Истиқлол фаҳмиши сиёсӣ дорад, ки вуҷуди инсонро ба баландиҳои маънавиёт ҳамтан месозад.
Мирзо Турсунзода вазифа дошт, то саъй намояд дар ашъораш шароитҳои завқу шавқи зиндагии инсонро ба шӯълаҳои ормонхоҳӣ табдил диҳад ва истеъдоди нуҳуфтаи ононро дар равонашон бипарварад, яъне ҳам муҳитро солеҳ созад ва ҳам тавоноии арзишҳоро бипазирад. Дар сояи навҳи хос Мирзо Турсунзода инсониятро дар пояи озодиву истиқлол сайқал дод. Ӯ хуб огоҳ буд, ки бештари миллатҳои Осиё ва Африқо барои дифои худ аз ҳама бунёдҳои зишт бархостанд, Истиқлол ёфтанд, аммо бо ҳамбастагии худ аз фарҳангҳои дигар илҳом гирифтанд, фаҳмиданд, ки бо ин ҳама Истиқлол ҳанӯз ҳам дар заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҷое нарасида ва аз усули асосии худ бурида монданд. Иллати ин масъала дар нуқси таълиму тарбия нест, чун дар кишварҳое, ки рушди фикрӣ нест, онҳоро дастаҷамъӣ аз ин сӯ ба он сӯ мекашанд ва дар натиҷа, онҳо асири низомҳои сиёсии замона мегарданд. Иллат ҳам дар фақри молӣ нест, фақр гузаранда аст, ҳол он ки иллати беқобилиятии миллат аст. Қобилияти миллат низ танҳо аз доноӣ имкон надорад ва миллат ҳаргиз доно намешавад, агарчи афроди донишманд ва болаёқати фаровон дошта бошад.
Ба ақидаи нигаранда таълим ва тарбия ҳам, дар гузашта на чандон беҳтар аз имрӯз буд. Ҳангоми тарбияи мо падаронамон, ки аз лиҳози сиёсӣ, аз дурандешӣ ва биниши бештар бархӯрдор буданд, ҳадафашон фақат аз худ намудани маводи таълимӣ набуд, таваҷҷӯҳи бештар ба кайфияти таълим ва тарбия доштан буд. Дар ин ҳолат, аз худ намудани маводи таълимӣ ва сатҳи огоҳии сиёсӣ, ҷанбаҳои бо ҳам вобастаанд, зеро миллат ҳамон вақт миллат аст, ки дар заминаи таъриху забон ва одату одоб яксон бошад. Миллати тамаддунофар ҳамон миллате аст, ки ҳамеша дар иттиҳоду ҳамбастагӣ дар такмили саноат ва илм кӯшиш менамояд, аз байнашон ашхоси олим ва саноатпеша ва ғайра зуҳур мекунад.
Бо ин таъбир, вақти он расидааст, ки илму адаби ибратбахши тоҷик, аз ҷумла ашъори васфи Ватани Мирзо Турсунзода, ки аз фарҳанги миллӣ мояи ақлӣ ва мантиқӣ дорад, бомасъулиятона, дар густариши Истиқлол мавриди созандагӣ истифода қарор дода шавад, зеро дар Истиқлол ақл ва мантиқ пурқувваттарин аслиҳа аст ва касоне, ки ба он такяи комил доранд, барои таъсир ба дигарон, ба иттилооти нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй намеоваранд ва ниҳодҳои ин расонаҳоро намегӯянд, зеро онҳо орзуи қудрат ба маънои тасаллият ба хоҷагон ҳастанд, зеро қудрати тасаллият нафси хеш дорад. Ин ифротият сиёсат аст, ки давлатҳои абарқудрат баҳри манфиатҳои миллӣ аз он моҳирона истифода мекунанд, то Тоҷикистон ҳамеша аз онҳо, имрӯзу фардо қарз бигирад ва сархами иқтисодиву сиёсӣ бошад. Тоҷикистон, ки дар қалби Осиё қарор дорад, кишвари стратегии ҳайратангез аст ва байни абарқудратҳо зиндагӣ мекунад, ки онҳо сиёсати хориҷии беш доранд. Акнун, ки сисолагии Истиқлолиятро бо дастовардҳо – ташкили ҳукумат, бунёди артиши миллӣ, институтҳои қудратӣ, сохтмони роҳҳову ҷодаҳо ва амсоли инҳо ҷашн мегирем, бояд иродаи миллӣ дошта бошем, арзиши хоки ин Ватанро бидонем, дар зиндагӣ ҳавсала дошта бошем, баҳри рушди кишвар тадбир андешем.
Имрӯз Тоҷикистон ҳама чизро дорад, аз ҷумла ҷавонони бо нангу номуси таҳсилёфта, ки бо хоки Ватани хеш меболанд ва маҳз онҳо ин сарзаминро обод мекунанд.
Каримҷон ҚОДИРОВ,
профессор