(Таърих гувоҳ аст…)
Ёднома
(Бахшида ба ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир, адиби барҷаста Устод Мирзо Турсунзода)
Шоирони бузург шеъри хубашонро дар гӯр мегӯянд…
Мирзо Турсунзода
«Пас аз китобҳои осмонӣ, муқаддастарин ва судмандтарини китобҳо, зиндагиномаҳоянд. Вазифаи зиндагиноманавис бисёр душвор аст, зеро агар ҳақиқатро бинависад, инсонро меранҷонад, агар дурӯғ бинависад, Худоро…».
Андре Мало
Шоирон дар гунбази афлок, бас гардиш кунанд,
Олимон бо дарки маънӣ, эй басо баҳсиш кунанд.
Шарифи Гулзод
Турсунзода! Ту шоири хушбахтӣ,
Афсусата мехурем,зи олам рафтӣ.
Хокироҳи Шер, шоири мардумии рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ
Нигоштаи зеринро бад – он хотир рӯйи сафҳа овардам, ки васиятҳои устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, солҳои сол аст, ки дар таҳхонаи таърихии дилам ҷойгир буду ҳаст, ҳоло ки шоҳидони ин армоннома ду шахси бузург дар қайди ҳаётанд, яке устод Ҷӯрабек Муродов, дигаре духтари устод Турсунзода Фирӯзаи Мирзои Турсунзода, хостам онҳоро рӯйи об барорам, то дар дилам армоне намонад…
Шояд инҳо барои мутолеагарон аз манфиат холӣ набошанд…
Соати дувоздаҳи шаби якуми марти соли 2022 буд…
Дар ин асно кам – кам шамими омад – омади баҳор, шабона ба машом мерасиду резиши резаборони баҳорӣ асабҳоро ором менамуд…
Ин дам андешамандона худ ба худ мисраҳои ғазали Аҳмади Ҷомиро зери лаб зам-зама намудам.
Ниҳоят, ба қароре омадам, ки ҳамин мисраҳоро руйи сафҳа орам, шояд кӯшоиш ва барори хома бошад…
Ҳама дар хоби хушу ман чу ғуломон бар дар,
Ҳама шаб мунтазирам, то Ту чӣ мефармоӣ!
Ангезаҳои ин лаҳзаи хотирмон маро ҳар бор водор менамуд, ки хома ба даст гирифта, васиятҳои устод Мирзо Турсунзодаро қаламфарсоӣ намоям, вале ким кадом қуввае, шояд бузургии худи устод бошад, ки маро аз хомаронӣ боз медошт…!
Бо ҳамин ният ба Худованд муноҷот намуда, худ ба худ, андешамандона гуфтам, “ҳарчи бодо бод, таваккал ба Худо карда, ин навиштаҷотҳоро рӯйи сафҳа меоварам, то хонанда аз армонҳои устод огаҳӣ ва баҳра дошта бошад…”.
Пеш аз он ки дар бораи васиятҳои устод Мирзо Турсунзода суханронӣ намоям, лаҳзае аз даврони ҷавониамро ба хонандагон пешкаш менамоям, шояд донистани он аз манфиат холӣ набошад…
Ҷавонӣ меравад аз сар, биё бо ҳам шинем ҷоно,
Насиме мевазад аз бар, биё бо ҳам шинем ҷоно.
Шарифи Гулзод
Тахминан соли 1970 буд, синфи ҳаштум мехондем ва бо ҳамроҳии ҳамсабақонам, шодравонон Мирзойи Муллоболту (ҳамсинфи ҷавонмаргам, ки дар синни понздаҳсолагиаш ба марги нобаҳангом гирифтор гардид…) ва Гулмуҳаммади Қурбони Мирзо барои ҳезумчинӣ ба сари куҳсорони баланди зодгоҳ, рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ баромадем…
Ҳамон солҳо ман як радиочаи болопӯш аз чармине, ки номаш “Сипидол” буд, доштам. Он солҳо аз соати ду то соати сеи рӯз дар радио консерти устодони санъат барои пахтакорону пахтачинони хоҷагии қишлоқ пахш мекард, ки мо ҷавонони он давр, мухлисони ҳамин гуна консертҳо будем.
Баробари гӯшаки радиоро тоб додан, ровии радио чунин муаррифӣ намуд: “Ҳоло дар иҷрои ҳофизи хушовоз, Ҳунарманди хизматнишондода Ҷӯрабек Муродов шеъри Мирзо Турсунзода “Нонреза”, оҳанги Ҷӯрабек Муродовро бишнавед…”.
Матлаъи ғазали устод Турсунзода чунин аст:
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм…
Аз ҳамон давр то ба имрӯз банда мухлиси ҳамин суруд будаму ҳастаму албатта, мемонам ва орзу дорам, ки кормандони радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ин сурудро ҳар ҳафтае ду се маротиба пешкаши шунавандаҳо намоянд, зеро имрӯз беқадрии нон дар ҳама ҷо бармало мушоҳида мешавад…Ҳатто дар як “Реклама”-и телевизионии Русия нонро дар попӯши хонагӣ ҳамчун “Реклама” нишон медиҳанд, ки вою сад вой бар ҳоли он касоне, ки ба қадри нон намерасанд!
Аввали моҳи соли 1977 буд. Дар он сол банда дар курси дуюми факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил менамудаму то ин дам бо устод Ҷӯрабек Муродов ошноӣ доштам.
Тахминан даҳуми сентиябри соли 1977 буд…
Оҳиста-оҳиста қадамзанон аз махзани дониш баромада, роҳ сӯйи чойхонаи “Роҳат”-ро пеш гирифтам, “то бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд”…
Ҳини аз назди бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳозира бинои ТВ Сафина) гузаштан, ”Волга”-и тамғаи сафеде наздам омада истод. Нигарам устод Ҷӯрабек Муродов бо лаҳни ба худ хос, табассумкунон ба ман рӯ оварда, чунин гуфтанд: “Шарифҷон, сафарҳо ба хайру кадом тараф рафта истодаед?” Ҷавоб додам, ки “устоди азиз, аз дарс баромадаму сӯйи чойхонаи “Роҳат” раҳсипорам, ба дидорбинии дӯстон…”.
Устод маро ишорае намуданд, ки дар дохили мошин шинед, мо ба дидорбинии устод Мирзо Турсунзода меравем, зеро устод чанд муддат аст, ки бемору бистарӣ ҳастанд.
Хушнудона ба мошини устод Ҷӯрабек Муродов нишастам ва суҳбаткунон роҳ сӯйи кошонаи устод Мирзо Турсунзодаро пеш гирифтем.
Раҳсипори дидани дидори устодем мо,
Аз куҷо донем, ки буд ин вопасин дидорӣ мо.
Шарифи Гулзод
Ҳангоми наздикии хонаи устод омадан, дидем ки мардуми бисёре дар назди дарвозаи устод нишаста, бо ҳам дар ҳар мавзӯъ паст-паст суҳбат доранд.
Ба устод Ҷӯрабек Муродов таклиф намудам, ки устоди азиз, ман дар пешайвони хонаи устод Мирзо Турсунзода Шуморо интизор мешавам. Шумо даромада, устодро аёдат намоед… Устод дар ҷавоб гуфтанд: “Шарифҷон, биёед ҳардуямон ба айёдати устод дароем. Азбаски одамони зиёд интизори аёдати устод буданд, гуфтам, устод, одамони аёдаткунанда хеле зиёданду ман дар берун шуморо интизор мешавам…”.
Хулоса, пас аз чанд муддат, устод Ҷӯрабек Муродов аз аёдати устод Мирзо Турсунзода баромаданд, дар ҳоле, ки рӯймолча дар даст ашкони худро пок менамуданд ва ба назди пешайвони хонаи устод нишаста, бо мардуми аёдаткунанда, вохӯрӣ намуда, пасон бо ҳамагон хайрухуш карда, ба ман ишора намуданд, ки рафтем…
Аз ҷо хеста, ба мошини устод нишастам ва роҳи чойхонаи “Роҳат”-ро пеш гирифтем… Раҳораҳ аз устод Ҷӯрабек Муродов саломатии устод Турсунзодаро пурсон шудам, ҷавобан устод Ҷӯрабек Муродов бароям дар бораи аёдаташон, чунин суханони аҷибе нақл намуданд, ки умре ин суханонро фаромӯш накардааму нахоҳам кард…
Устод Ҷӯрабек Муродов лаҳзае мошинро нигоҳ дошта, ба ман рӯ оварда, аввалан оҳи сабуке кашиданд, баъдан суханро аз Шайх Аттор сар карда, гуфтанд, ки Шарифҷон, медонед, Ҳазрати Шайх Аттор дар бораи он ки аёдати бемор кори савобесту беморбин дар назди Худованд ба баҳри раҳмат ғутавар мешавад,чӣ гуфтааст!
Дар посух, намедонам гуфтам.
Ин тавр бошад, гӯш доред, ки Шайх Аттори Валӣ чӣ гуфтааст:
Бар сари болини беморон гузар,
З-он, ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.
Шарифҷон, ман падари маънавиям- устод Мирзо Турсунзодаро аёдат намудам, бемориашон хеле вазнин, аммо ба ҳамаи вазниниҳои ин беморӣ нигоҳ накарда, дастамро дошта, се армони вопасинашонро, дар ҳузури пайвандонашон васият намуданд, ки онҳо чунин буданд…
Васиятҳои устод Мирзо Турсунзода:
“Фарзандонам, ҳамаи шуморо огоҳ месозам, ки Ҷӯрабекҷон барои ман фарзанди маънавӣ ҳисоб меёбанд… Ман худ нағз медонам, ки аз ин маризӣ шифо ёфтан, амрест муҳол, вале пеш аз марг чанд гуфторе дорам, ки онҳоро ба шумо азизонам гуфтаам ва боз дар ҳузури Ҷӯрабекҷон, бояд онҳоро бори дигар васият намоям…”.
Васиятномаи якум:
”Чанд рӯз пеш ба писари калониям Масъудҷон гуфтам, ки аҳли хонаводаро ба мошинат савор намо ва ба тарафи баландии теппаи Лучоб, барои ҳавои тоза гирифтан, бибар… Писарам Масъудҷон моро ба мошин савор кунониду мо ба тарафи Лучоб раҳсипор гардидем ва ман интихоби мавзеъро бо тавсияи аҳли оила барои дафнам нишон додам, то ки ҷасади маро дар он ҷо ба хок супоранд…”.
Васияти дуввум:
“Аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пас аз вафоти ман, бо розигии аҳли хонавода, ҳамин ҳавлии ҷойи истиқоматиамро бо розигии Ҳукумат ҳамчун “Осорхона”-и Турсунзода номгузорӣ намоянду тамоми осору маводҳои эҷоднамудаамро барои зиёрати диду боздидкунандагон гузоранд ва ҳамзамон, дафтари ташрифи меҳмонҳоро низ дар Осорхона кушоянд…”.
Васияти сеюм ва охирин:
“Азбаски ман Ҷӯрабек Муродовро ҳамчун фарзанди маънавиям хондаам ва Ҷӯрабек низ маро падари маънавӣ хондааст, ҷасади маро ӯ бо ҳамроҳии писарам Масъудҷон ва боҷаам Исроилҷон (профессор Холматов Исроил, боҷаи устод Мирзо Турсунзода) ва ронандаам, ки ӯро ман ҳамчун писархонд қабул кардаам, Сайфуллоҷон, дар қабр гузоранд…”.
Пас аз ин суҳбати фаромӯшнопазир дар дохили мошини устод Ҷӯрабек ман сахт ба шигифт афтодаму худ ба худ гуфтам, ки наход устод Мирзо Турсунзода, шоири шаҳири миллат, бо мо абадан падруд хоҳанд гуфт…
Хулоса, устод Ҷӯрабек Муродов дар назди чойхонаи “Роҳат” мошинро нигоҳ доштанд ва мо бо ҳам худоҳофизӣ намудем, дар ҳоле ки ашк, аз чашмонам ғайриихтиёр ҷорӣ мешуд…
Пас аз чанд рӯзи ин вохӯрӣ, аниқтараш, бисту чоруми сентябри соли 1977 аз радио ва телевизион эълон доштанд, ки устод МирзоТурсунзода, шоири шаҳир ва бузурги миллат ин дори фониро абадан тарк намудаанд.
Рӯзи видоъ бо Устод Турсунзода…
Ҷасади устод Мирзо Турсунзодаро дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, рӯзи дигар барои видоъ бо мардум гузоштанд…
Он рӯз, садҳо, ҳазорон одамон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он барои видоъ бо шодравон устод Турсунзода дар назди театри номбурда, ҷамъ шуда буданд…
Издиҳоми видоъкунандагон чунон зиёд буд, ки низомиёни ҳукумати вақт зӯрашон ба мардуми ҷамъшуда ва батартиб даровардани онҳо намерасиду баъдан, бо сад азобу машаққат, мардуми ҷамъомадаро ба тартиб дароварданд…
Рӯзи дигар аз назди даромади чойхонаи “Роҳат” низомиён роҳравӣ сунъӣ кушоданд, то назди Театри опера ва балет, ки мардум барои видоъ бо устод Мирзо Турсунзода раҳсипор шаванд…
Ман ҳамчун як фарди видоъкунанда, аз роҳрави сунъии низомиён кушода, ворид шуда, то даромади Театри опера ва балет раҳсипор гардидам ва ниҳоят бо устоди шодравон, шоири шуҳратёри миллат Мирзо Турсунзода худоҳофизӣ намудаму пасон дар дохили бинои номбурда, ҳамроҳи омӯзгорон ва устодони ҳамонвақтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳусейнзода, Мукаррама Қосимзода, Худоӣ Шарифов, Имронов Н., Пайванди Гулмуродзода, Абдунабӣ Сатторов, Қурбон Восиев, Иброҳим Усмонов, Собирҷонов С., Шаҳбоз Кабирӣ ва дигарон то ба тарафи Лучоб гуселонидани ҷасади устод Мирзо Турсунзода, истодем…
Тахминан бегоҳии ҳамон рӯз ҷасади устодро дар болои мошини ГАЗ-53, ҳангоми сӯйи Лучоб раҳсипор гардидан, азбаски устод Ҷӯрабек Муродов бо либоси мотамӣ дар болои мошин буданд, ба ман низ ишора намудаву дасташонро дароз намуданд ва ман низ ба болои мошин савор шудам ва ҳамроҳи пайвандони устод Турсунзода роҳ ба сӯйи Лучоб гирифтем, то устодро ба манзили охирашон биспорем.
Ҷамъомади мотамии сари гӯр ба роҳи охират…
Ҳангоми ба баландии теппаи Лучоб, ҷойи интихобнамудаи устод, бо мошину сари китфу дастобадаст ва расидан ба сари гӯр, ҳамаи ҳамдардону меҳмонон, шоирону ихлосмандон, интизори оғози ҷамъомади маросими мотамӣ буданд.
Инак, тобути устод дар сари гур истода, нигарони хонаи абад аст…
Саршавии ҷамъомади маросимии мотамиро раиси Президиуми Шӯрои Олии Республикаи Тоҷикистон Муҳаммадулло Холов кушода, чунин иброз намуд: “Меҳмонони азизу гиромии аз дуру наздик омада, хешу таборон, ҳамдардону ихлосмандони устод, шодравон, шоири шаҳир Мирзо Турсунзода, ду рӯз аст, ки парчами Тоҷикистон сархам ҳасту мотам дорад.
Аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи ман, ба хешу таборону наздикону ихлосмандон, ҳамдардии хешро изҳор менамоям…”.
Пас аз суханронӣ ва ҳамдардии чанде аз меҳмонону мизбонон нисбати равоншод устод Мирзо Турсунзода, раиси ҷамъомади мотамӣ, сухани ҳамдардиро ба устод, шодравон Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дод.
Марҳум Муъмин Қаноат бо дили реш-решу ашкони шашқатор, чунин изҳори ҳамдардӣ баён намуд: “Устод шодравон Мирзо Турсунзода бароям падарвор хизмат намудаанд, ки ҳеч гоҳ ин хизматҳояшон аз хотирам зудуда намешавад…
Муҳаббати поки ин кас ба сарзамини аҷдодӣ ва барои наслҳои зиёди миллатҳо ҳамчун намунаи олии ибрат буду ҳаст ва мемонад…
Паси Рӯдакиву Айнӣ дар шеър МирзоТурсунзода буду ҳаст…
Алвидоъ, устоди азизу гиромӣ! Алвидоъ! Алвидоъ!”.
Сипас раиси ҷамъомади мотамӣ изҳори ҳамдардиро ба шоир, шодравон Лоиқ Шералӣ дод.
Лоиқ дар ҳоли ашки рӯйи миҷгон ва гуфтори ларзон, изҳори дардноке намуд:
“Устодам, равоншод Мирзо Турсунзода, шахсан барои ман падарвор хизмат намуданд, ки то поёни умр бароям фаромӯшнашаванда мебошад. Агар дигар шоирону нависандагонро бо сабаби китобҳои чопнамудаашон узви Иттифоқи нависандагон карда бошанд, маро бо як шеъри “Ба кунҷи сандалӣ биншаста, шабҳо модари пирам”, узви Иттифоқи нависандагон намуданд, ки ин бароям мояи ифтихору сарбаландӣ буду ҳаст ва то абад мемонад…”.
Дар охир, шодравон Лоиқ Шералӣ ҳамдардии хешро бо ду мисраи марсиявии устод Садриддин Айнӣ суханашро хотима бахшид:
“Ҷигарам об шуду рехт, зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам.
Алвидоъ устоди гиромӣ! Алвидоъ! Алвидоъ!”.
Ниҳоят раиси маросими мотам суханро ба писари калонии шодравон устод Мирзо Турсунзода Масъудҷони Турсунзода дод…
Масъудҷон зимни суханронӣ нисбати шоҳсутуни хонадон, чунин иброз намуд…
“Шодравон, падари бузургворам дар зиндагии хеш нисбати адабиёти муосири тоҷик хизмати шоёнеро ба субут расониданду ҳамчун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба камол расида, Тоҷикистонро чун кишвари сулҳдӯст ба оламиён муаррифӣ намудаанд, ки ин хизматҳои қиблагоҳам барои мо- фарзандон мояи ифтихор буду ҳасту мемонад!
Қиблагоҳам пеш аз вафоташон се васият карда буданд, ки онҳо ба таври зайланд:
Якум: Манзили абадиашонро пеш аз маргашон худашон ба ҳамаи пайвандон нишон дода буданд ва ин ҳамон ҷое, ки ҳоло мо ҷамъ омади мотамиашонро гузаронида истодаем, аст…
Дуввум: Хонаи истиқоматиямонро бо розигии аҳли хона, бояд ба Ҳукумат пешниҳод намоем, ки онро ҳамчун “Осорхона”-и Турсунзода ҳуҷҷатгузорию номгузорӣ намояд.
Саввум: Азбаски падарам Ҷӯрабек Муродовро ҳамчун фарзанди маънавӣ хондаанд ва Ҷӯрабек низ падарамро падари маънавӣ хондааст, ҷасади падарамро мувофиқи васияташон ӯ, ман ва профессор Холматов (боҷаашон) ва ронандаашон Сайфулло дар қабр гузоранд…
Алвидоъ, қиблагоҳам, ифтихори Тоҷикистон, Алвидоъ, Алвидоъ!”.
Мувофиқи васияти сеюми номбурдаи шодравон устод Турсунзода, Ҷӯрабек Муродов ва Масъудҷон писари устод зуд ба пешайвони манзил фаромаданд, то ки ҷасади устодро ба хонаи абад монанд…
Дар ин асно, ману акои Саидмирзо (Саидмирзо Нарзиев, ҳоло Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шогирди устод Ҷӯрабек Муродов) ва ҳамсабақам Холмуҳаммад Холов, (Холов Холмуҳаммад, ҳоло доктори фанҳои филологӣ) низ дар сари гӯр ҳамроҳи фарзандону пайвандонӣ устод Мирзо Турсунзода будем.
Паси чанд лаҳза Ҷӯрабек Муродов аз дохили манзилгоҳ баромада, каме ҳавойи тоза гирифтанду чунин ибрози ақида намуданд:
“Ман ҳанӯз ҷасади устодро дар хонаи абадӣ, ба таври лозимӣ нагузоштаам, зеро ки бори нахуст мурдаро дар гӯр мемонам” – гуфтанду боз даруни манзил даромаданд…
Пас аз чанд муддат аз дохили сарманзил баромада, бо овози баланди Борбадона, чунин суханони таърихиро гуфтанд, ки то дергоҳ дар хотираҳо мемонад:
“Дар ҳолате, ки падари маънавиям устод Мирзо Турсунзодаро ба хонаи абадӣ мондем, аввал каме дар ҳарос шудам, ҳаросам дар он буд, ки бори аввал мурдаро дар қабр мемондам, вале вақте, ки ҷасадро дар хонаи абадӣ гузоштам, баъд фаҳмидам, ки мурда гуноҳе надоштааст, ҳамаи гуноҳ дар зиндаҳо будааст…”.
Ин буд мухтасари васиятнома ва таърихи вафоти устод Мирзо Турсунзода…
Барои он ки иштибоҳе дар васиятнома, рух надиҳад, онро ба устод Ҷӯрабек Муродов ва духтари устод Турсунзода Фирӯзаи Мирзои Турсунзода супоридам, то ки ин маводро мутолиагар бошанду фикри хешро баён намоянд, то ки ман маводи таърихиро омодаи чоп намоям.
Хушнудона, пас аз чанд рӯз ин маводи таърихии мондагорро бо дастхату имзоҳои ин бузургзодагон дастрас намудам, ки ин муҳрномаи таърихиро ба хонандагон пешниҳод намоям.
Дар охиргуфтори таърихии ин васиятнома шеъреро бахшида ба ҷашни 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир, адиби барҷаста, Устод Мирзо Турсунзода эҷод намудаам, ки онро рӯйи сафҳа меорам, то ба ихлосмандони эшон барги сабзе бошаду бошад…
Тоҷикистон фахр дорад
Тоҷикистон фахр дорад, фахри Турсунзодае,
Шоири алломаю хубмаслаку озодае.
Шуҳрати тоҷик бар афлоку кайҳон ҳам тӯйӣ,
Зинда бодо, шуҳрату шон, ту сурайёзодаӣ.
Калону хурд ҳама донан(д), каломи ноби ту,
Бад-он хотир, ки Мирзо буд, шоирзодае.
Сароида, навошоҳон, “Дили модар”, “Дили модар”,
Ки бошад ин “Дили модар” чу армонзодае.
“Ҳамеша бо Ватан будӣ, ҳамеша бо Ватан масрур”,
Ту бо дарки Ватан будӣ, чу Сомонзодае.
Каломи ноби ту, ҷаҳониву ҷаҳонгир шуд,
Ба бахти тоҷикон омад, Мирзои Турсунзодае.
Шарифи ГУЛЗОД,
аълочии маориф, омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир