Очерки телевизионӣ ё филми ҳуҷҷатӣ?
Шоми 18-уми августи соли равон тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» маросими ҷоизасупорӣ ба филмҳои ҳуҷҷатиро тамошо кардаму дар ҳайрат афтодам. Зеро, вақте ки филмномаҳои камарзиш ё коргардонҳои беҳунар ҷоиза мегиранд, истеъдод барҷаста паси парда ниҳон мемонад. Аҷиб ин аст, ки ин навори бардоштаи коргардон Зиёвуддин Сафаров – «Саричашма» очерки телевизионӣ аст, на филми ҳуҷҷатӣ. Аслан ин навор (бахшиш, ин филми ҳуҷҷатӣ шуда наметавонад) сирф қолабӣ буда, пайваста бо рангинхаёлоти филмҳои бадеӣ пардозгарӣ шудааст. Ман аз он шарм медорам, ки бо баргузории нахустин фестивали ҳунармандони синамои тоҷик, дар телевизиони бонуфузи «Синамо» амали коргардони ин навори очеркиро беҳтарин коргардони бахши филми ҳуҷҷатӣ баҳогузорӣ намудаанд.
Банда дастпарвари мактаби собиқадорони соҳаи синамо ҳастам ва шубҳае нест дар ин радиф, ки кори як коргардони белаёқат муҷиби ин ҷоизаи арзанда бошад. Аввалан мехоҳам мусоҳибаи журналисти варзида Ҳокими Азизро бо коргардони нотакрори синамои тоҷик Тоҳир Собиров ёдовар шавам. Гумон мекунам, ин ва дигар мусоҳибаҳои журналист бо аҳли эҷод, аз қабили «Нури хирад», «Суҳбати мардона» дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радио маҳфуз буда, то имрӯз барои ҳаводорони синамо қимати тарбиявию эстетикии худро гум накардаанд.
Устод Тоҳир Собиров бо каломи носеҳонаву дилсӯзона аз ҳунари волои коргардонӣ ҳарф зада, таъкид бар он мекард, ки сари ҳар гуна намоиш ё филмнома бояд ҷиддӣ камар бубандем ва таърихро таҳриф накунем. Интихоби актёрон дар филмофарӣ ҳатман риоя шавад. Ба сирқот (рӯбардорӣ), ки дар олами эҷод «дуздӣ» ном шудааст, ҳаргиз роҳ надиҳем ва ин қаламхори ноҷавонмардонаро аз ангушти беҳунарон берун бикашем.
Вақти маросими ҷоизасупорӣ дар ТВ «Синамо» ҳамон таъкиди устоди соҳаи синамо Тоҳир Собиров бори дигар аз лавҳи хотирам гузашт. Манзури ман ба ном филмномаи «Саричашма» аст, ки дар он «коргардони ситора» Зиёвиддин Сафаров билкулл ба сирқот роҳ додааст.
Муҳаққиқони соҳа ҳар як намоиши телевизионӣ ва радиоиро бомулоҳиза аз назар гузаронида, бурду бохти муаллифонро дида ба дида ифшо месозанд. Таассуф ин ҷост, ки коргардон Зиёвиддин Сафаров болои намоиши муқаррарӣ, ё ба гуфте филмнома, сар-сарӣ заҳмат кашида, пайи манфиату шуҳрат чархидааст, ки ин як навъ фиреби тамошобинон асту бас. Бале, аз чунин кор на таҳиягар, бинанда ва на синамо бурд мекунанду на ояндаи дурахшон дорад. Мантиқан бармеояд, ки ҳадафи ин ҷоизагирон ё таҳиягарон на филмофарӣ, балки рӯйрост обро лой кардану моҳӣ ба шаст овардан асту бас.
Ногуфта намонад, ки «бозёфт»-и эҷодии коргардон Зиёвиддин Сафаров таҳти унвони «Саричашма» аз тариқи шабакаҳои телевизионии «Баҳористон»-у «Ҷаҳоннамо» пахш гардидааст. Дар намоиш аз фаъолияти яке аз собиқадорони соҳаи маорифи Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон устод Самад Фаттоев сухан меравад. Номбурда чанд сол дар мактаб-интернати мавзеи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шоҳин) муваффақона ба миллату халқ хизмат намудааст. Чунин шахсиятҳои бузург ба нигоштани садҳо чакома меарзанд. Дар ҳошияи забони шевою суфтаи сенария чизе намеафзоем. «Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест» гуфтаанд.
Чунон ки мутахассисони соҳа аз мактаби синамогарони ҷаҳонӣ бархӯрдоранд, ҳар як муаллиф дар филми ҳуҷҷатӣ, кӯтоҳметраж ё мустанад бевосита аз аносири асосӣ ва ёридиҳанда (вобаста ба макон, замон, табиат, гуфтори қаҳрамонҳо, персонажҳо ва ғайра) бамаврид истифода мекунанд. Ин дар ҳолест, ки замимаҳо ба қисмати қаҳрамон рабт дошта бошад, ва ё дар ҳамон пораи истифодашуда садои худи қаҳрамон ба гӯш бирасад. Он гоҳ филмнома табииву мондагор мебарояд. Дар акси ҳол, маводи таҳияшуда аз намоиши дилбазане беш нахоҳад буд. Ҳарчанд таҳиягар «заҳмат»-ашро бо ҳар роҳу восита ба эфир мебарорад, вале мақбули аҳли назар шуда наметавонад. Хубаш аз чунин «филм»-номаҳо сарфи назар бикунем, ки мағзи мову шуморо хароб месозанд. Аҳли санъатварони дигар низ пайрави амали онҳо мешаванд. Синамои тоҷик равнақу ривоҷ наменамояд.
Шояд коргардон даст ба сина бизанад, ки «ҷаноб, чиҳо мегӯед, аз ман дида коргардони бузургтараш нест». Мо дар паймони ҳирфаии худ мутмаинем ва ба манбаи асосӣ рӯ меорем. Яъне ба таҳлили бандубасти «бозёфт»-и ин коргардони «номвар» бармекӯшем ва нигоҳи таҳқиқи ӯро сӯи ҳақиқат во мекунем.
Маводи таҳиякардаи коргардони Муассисаи давлатии телевизиони наврасону кӯдакон – «Баҳористон» Зиёвиддин Сафаров аз як намоиши муқаррарӣ беш нест. Коргардон дар ин намоиш, ки хидматҳои бузурги собиқадори соҳаи маориф шодравон Самад Фаттоевро фаро мегирад, аз эҷодкорӣ гурез ҷуста, интихоби осонакро пеш гирифтааст. Вай гуфтори шоҳидони он солҳоро пайи ҳам оварда, бо ҳамин рисолати хеш, равияи фаъолияти касбиашро ба сомон расонидааст. Ҳол он ки, корномаи қаҳрамонро бидуни пораҳо аз кинофилми дигарон тадриҷан кушода, мероси маънавияшро ба тамошогарон бо диди тоза пешкаш менамуд.
Албатта, фаъолияти ибратбахши қаҳрамон дар матн аз забони ровӣ хушоҳанг садо медиҳад. Азбаски ҳунари коргардонӣ, чуноне мегӯянд, нигоҳи режиссурии З. Сафаров бо ҳарду по мелангад, пеши назарҳо ҳар замон суратборон сурат мепазираду халос. Хайрият, ҳамаи ин костагиҳоро матни аз нигоҳи забон комилу пурҷозиба то андозае пӯшонида, фазои «Саричашма»-ро таркибан шуниданӣ гардонидааст.
Мебоист, ки коргардон манзараҳои дилфиреби деҳи Сарчашмаро пурратар меоварду ақаллан бо ягон бону ҳамсуҳбат мешуд. Дар ин филм тавваҷуҳ ба мардуми деҳ дида намешуд.
Вазифаи коргардони асил драматизм (шиддат)-и воқеаҳо, роҳи тайзадаи қаҳрамонро тавассути синамо аз нигоҳи тафаккур, андеша, рамз ё василаи ҷузъиёти зарурӣ зина ба зина кушодан мебошад. Барои ба ин мақсуд ноил шудан дониши фаррох, таҷрибаи ғанӣ, гардишҳои хотирмону бикр, муҳимтар аз ҳама, аз мактаби синамогарони ҷаҳон огоҳ будан фарзу суннат аст.
Таҷриба собит намудааст, ки аксаран сенарияи олӣ аз дасти коргардони беҳунар қурбон мешавад, яъне матлаби муаллиф ба маърази тамошогар нарасида, дар нимароҳ талаф меёбад. Чунин як маводи дархӯри рӯзро танҳо бо забони муколимаҳо пайдарпай пӯшондану манзара бастан ва дар саҳнаи муқаддаси эҷод саманди шуҳрат тозондан коргардон Зиёвиддин Сафаровро ба шармсорӣ мерасонад.
Ӯ бар давоми муколимаву ёддошти шоҳидон аз филмномаҳои «Тишина не будеть»-и синамогари мумтоз Борис Кимёгаров ва «Водии Вахш» рӯйрост пораҳои алоҳидаро дар нақши қаҳрамон «хиштчин» кардааст, ки ба матлаи филм номуофиқ аст. Ва боз ҳамин «рӯбардорӣ»-ро дар охири намоиш бо ҳуруфи хоно бозгӯ кардааст.
Аҷабо, дар маводи коргардон-таҳиягар З. Сафаров ба ҷои қаҳрамони намоиш гоҳ Ҳунарманди халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов, гоҳи дигар Маҳмудҷон Воҳидовро мебинем, ки сӯи рафиқаш оғӯш боз мекунад. Бо либоси таҳпӯши шабона кифтак зада, ба назди Маҳмудҷон омадани ҷавон чӣ маъно дорад? Аз кай инҷониб ин ду ҳунарманди соҳаи синамо прототипи С. Фаттоев шудаанд? Агар яке аз ин филм мазмунан қаҳрамони образи муаллимро мебозид, василаи бозёфти коргардон буд. Охир, ҳамагон ин ҳунармандони нотакрорро мешиносанд. Чунин амал магар айб нест? Аксҳои мард ва зани рус тамоман бемавқеъ афтодаанд. Агар ин порчаҳо сарфи назар мешуданд, нуран ало нур мебуд.
Дар ҷои дигар Муҳаммадҷон Қосимовро ҳангоми суҳбат дучор меоем, ки ба қаҳрамони намоиш заррае рабт намегирад. Ва чанде пас Аслӣ Бурҳоновро мошинсавор мебинему суол мегузорем: «Ин намоиш дар бораи кадоме аз инҳост: Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Муҳаммадҷон Қосимов ё ин ки Самад Фаттоев?».
Боз порчаҳои яклухт аз филми «Тишина не будеть»-и Борис Кимёгаров пеши рӯ меоянд. Масалан, мӯйсафеди кӯсарише тарбуз тал чида, дертар наздики сангоб даводаву паропари кӯдакону наврасон хатм мепазирад, ки ба намоиш ҳеҷ гуна алоқамандӣ надоранд.
Ва ё, дар намоиши «Саричашма» баъди синхрони Ш. Кабиров, доктори илмҳои филологӣ, акси мӯсафеди хунукбашараву хандаи нозебаш падидор мешавад, ки ба мавзуъ рабт намегирад. Мантиқан бармеояд, ки вай ба гуфтори Ш. Кабиров заҳрханд мезанад. Хулласи калом, коргардон-таҳиягар З. Сафаров бо «турфатулайн»-аш гоҳе аз боғу гоҳе аз роҳ гирифта, бинандаро ба кӯи саргумӣ бурдааст.
Маъмулан, ҳақиқат дар баҳс тавлид меёбад. Ин ҷо шояд коргардони «ҷоизадор» Зиёвиддин Сафаров далел пеш биёрад, ки ба ҷуз таҳияи ӯ истифодаи пораҳо дар дигар филмномаҳо ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст-ку. Пас, амали вай низ идомаи ҳамон «анъана»-и пешин аст. На, ҳаргиз ин тавр набуду нест. Ин тасмим дар ҳоле корбурд мешавад, ки аз забони иштирокдорон дар бораи худи қаҳрамон сухан биравад ё эшон бевосита дар амалиёт нақш бозида бошанд.
Бо ин гуфтанием, ки дар филмҳои ҳуҷҷатӣ истифода аз матлаби ғайр ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз буда наметавонад.
Фестивали мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» сурат гирифта, дар навбати худ муаллифон ва наворҳои ҷолиберо ҳам рӯи кор овард. Ин иқдомро метавон идома бахшид, аммо на дар шакли пешин. Зеро, майдони эҷод набояд ҷои беҳунарон қарор бигирад. Манзур аз баргузории фестивалҳо муқаддам кашф ва шинохти чеҳраҳои нав, истеъдодҳои навин аст. Онҳое, ки воқеан, аз нигоҳи муаллифӣ, коргардонӣ (режиссурӣ) ва дар маҷмуъ, филмофарӣ истеъдоди фавқулодда доранд ва дили ҳазорон ҳаводорони худро тасхир кардаанд.
Бисёр хуб мешуд, ки барпокунандагони чунин маросиму чорабинӣ бояд аз ибтидо омодагии ҳамаҷониба дида, доираи васеи синамогарони ватанию хориҷиро ба ҳам оварда, ба ин васила табодули афкор барпой мекарданд. Масъулони асосии ҷамъомад – Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва директори Фестивал, махсусан ҳакамони муҳтарамро зарур буд, ки дар интихоби филмҳои ҳуҷҷатӣ, мустанад ё кӯтоҳметраж, инчунин, силсилафилмҳо бо диди тоза назар андохта, коргардонҳои соҳибистеъдодро муаррифӣ намуда, асарҳои комилу мондагорро ба даври ниҳоӣ роҳхат медоданд. Дар он сурат бинандагон аз филмҳои ҳақиқии чӣ ҳуҷҷатӣ, чӣ мустанад ва чӣ кӯтоҳметраж мавқеи хосса мегирифтанд.
Пешниҳод менамоям, ки дар фестивалҳои баъдӣ ҳакамон аз ҳисоби мутахассисон, яъне синамогарони хушқареҳаи ҳирфаӣ интихоб шуда, дар баҳогузорӣ ба шитобзадагӣ роҳ надиҳанд. Гузашта аз ин, бурду бохти муаллифон ва коргардонҳоро аз ғалбер гузаронида, ҳар гуна маводи «касмаёбу касмахар»-ро ба ҷоиза сазовор нагардонанд ва нуфузи бесобиқаи синамои тоҷикро поин набаранд.
Дақиқан, ошкор аст, ки ҳакамон дар Фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ ба ҷои гулчин кардани эҷоди ҳунарварон осема рафтор намуда, дар муайян намудани баъзе номинатсияҳо, аз ҷумла, «коргардони беҳтарин» ба хатокорӣ роҳ додаанд. Ба ҳар ҳол, ин мавзуъ таҳқиқи аз ин бештар мехоҳад.
Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки коргардон ва таҳиягар Зиёвуддин Сафаровро лозим меояд, ки баъди таҳлил камбудиҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, пайи ислоҳ шуда, дар бозёфтҳои ҳунариаш муваффақият орзӯ менамоям.
Араби ДӮСТМУРОД,
мунаққид ва таҳлилгари соҳаи синамо