Дар мақолаи пешниҳодгардида масъалаи шахсияти эҷодкор, вижагиҳои санъати синамо, арзиши маънавиёт ва инъикоси рӯҳониёт дар шуури иҷтимоӣ, рабти он ба санъат ва мусиқӣ, вижагиҳои фикри таҳлилӣ дар осори фарҳангшинос С. Раҳимов мазмуни тафаккури синтетикӣ, таҷрибаи фирор аз тафаккури асримиёнагӣ, мақом ва намои равшанфикр дар ҷомеа, робитаи фалсафа ва адабиёт дар таълимоти устод С. Раҳимов мавриди таҳлил қарор мегиранд. Мақола аз ҳашт бахш иборат аст. Бахши аввал аз тасвири шахсияти муҳаққиқ оғоз мешавад:
1). Аз миёни сифатҳои муҳим ва арзишманди С.Раҳимов -ахлоқ ва фазилатҳои инсонии ӯ мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар бораи Саъдулло Раҳимов пеш аз ҳама метавон чун дар бораи инсони самимиву заминӣ, хушахлоқ ва олими беназир сухан гуфт. Эҳсос ва андешаи аввалине, ки ҳангоми ёдоварии Саъдулло Раҳимов вуҷуди моро фаро мегирад- ин арҷгузорӣ ба шахсият ва шаҳомати илмии устод С. Раҳимов чун файласуф, фарҳангшинос, киношинос мебошад. Саъдулло Раҳимов на танҳо дар риштаҳои алоҳидаи санъат (масалан, синамо) шахси ҳирфаӣ ва фидоӣ буданд, балки дар тамоми риштаҳои санъат ва фалсафаи фарҳанг – аз синамо сар карда, то шинохти амиқи шеъру адабиёт, ҳунари меъмориву каллиграфия, мусиқиву театр, минотюраи шарқӣ ва ғ., алоқаманд буданд. Вале дар миёни ин ҳама пеш аз ҳама зикри ин нукта муҳим аст, ки Саъдулло дорои шахсияти нотакрор, инсони тозаву дилсоф ва дӯсти самимӣ, соҳиби хислатҳои беҳтарини ахлоқӣ буданд. Саъдулло ин ҷаҳони фониро замоне тарк намуданд, ки дар қуллаи баланди эҷодиёт қарор доштанд. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин давраи камолоти касбӣ Саъдулло ҳалқаи ҳамкорон ва дӯстони худро падруд гуфтанд. Бо вуҷуди ин устод Саъдулло чун улгӯ (модели самимият, касбият ва муҳаққиқи воқеӣ будан) барои ҳамаи дӯстон ва шогирдон боқӣ мемонад. Зеро ба гуфтаи Саъдӣ “марди накуном намирад ҳаргиз….”!
Дар бораи шахсият ва ҷаҳонбинии худ Саъдулло Раҳимов дар сӯҳбат ба суоли Муҳсини Махмалбоф, синамогари чирадасти эронии ҳоло муқими Британия, ки он вақт дар Душанбе фаъолият мекард ва барои рушди синамои тоҷик дар ҳамкорӣ бо “Хонаи синамо” (муассисаи машҳуре бо унвони “Дом кино”, ки ба он синамогар Сафар Ҳақдод сарпарастӣ мекарданд), заҳмати зиёд мекашид, чунин баён доштааст: “Ман муҳаққиқи фарҳангшинос ҳастам. Динро ҳамчун яке аз бузургтарин маҳсули руҳонии инсоният эътироф мекунам. Худам арзишҳои нави инсониро пайравӣ мекунам. Барои ман, дар баробари ислом, зардуштия, панҷ китоби муқаддаси яҳудиён, сурудҳои Сулаймон ва Мусо, Таврот ва Инҷил бо тамоми нусхаҳои мавҷудаи худ азиз аст. Ман бо эҳтироми хос ба дину боварҳои тенгрианӣ, монавӣ, буддоӣ, маздакӣ ва ғ., назар мекунам. Адабиёти суфияро дӯст дорам бихонам. Ҳамзамон ба таври ғайрифаъол дар маросимҳои динии халқи худ ширкат мекунам. Тафакккури устод С.Раҳимов боз, озодманишона ва фарогир аст. Ӯ ба дунё бо чашмони боз нигоҳ намуда, ҳар гуна маҳдудияти фикрро намепазирад. Ин тафаккур дар миёни дигар падидаҳои илмиву фарҳангии инсоният сарҳадҳоро намепазирад. Дар сатҳи ин гуна тафаккур эҷодкорӣ имкон дорад. Мӯҳсин Махмалбоф ҳам иқрор мекунад, ки ҷаҳонбинии ӯ айни ҳамин гуна аст!
2). Сифати дигари устод ин лаёқати беқиёси интеллектуалӣ-зеҳнии ӯ буд, ки дар ин самт метавон С.Раҳимовро таҳлилгари беназири падидаҳои воқеии фарҳанги имрӯзаи тоҷикон шуморид. Паёми муҳиме, ки С.Раҳимов барои муҳаққиқони фалсафаи фарҳанг аз тариқи суханрониҳо, китобҳои нашргардида, мақолаҳои бешумор ва асарҳои саҳнавии худ ва бо таҷрибаи ҳаётии худ ба ёдгор гузоштаанд, ин -талаби таҳлилгари воқеии ҳаёт ва падидаҳои фарҳангӣ будани ҳар як муҳаққиқ мебошад. С.Раҳимов бо доштани фазилати таҳлилгарии фарҳангӣ аз худ мардонагӣ ва ҷасорат нишон додааст. Ба қавли С.Раҳимов, заъфи санъати замони истиқлолияти мо он аст, ки он ба худ рӯз ба рӯз бештар мақоми фолклориро мегирад (Наше искусство приобретает фольклорный статус.). Ӯ даъват мекунад, ки дар замони ҳозира дар баробари ҳунари мардумӣ санъати касбӣ ва ҳирфаиро рушд бояд дод. Ба қавли С.Раҳимов “Арзишҳои ҳақиқиро аз сари нав бояд сохт, бо меҳнати дастҳои худ, бе шитобкорӣ ва бе ба ғазаб омаданҳо. Ин арзишҳоро дифоъ бояд кард ва на як бору ду бор, балки ҳамарӯза ва на аз болои минбарҳо ва на бо шиорҳо. Ба қавли С.Раҳимов, давраи нав бо он арзишманд аст, ки он як арзишро бори арзишҳои дигар намекунад. Истиқлолият моро аз ғаму тарси идеологӣ раҳонид, он мадоро ва гуногунандеширо мепазирад. Давраи нав ба мо ҳаққи интихобро медиҳад! Ва аз ин ҳақ истифода бояд бурд. Вале ҳар як кори эҷодӣ бе мушкилӣ ба анҷом намерасад. Ба қавли С.Раҳимов воқеиятҳоро, ки баъзан ба сари эҷодкорон бор карда мешаванд, иқрор бояд кард: “Воқеиятҳое вуҷуд доранд, ки вазъияти ҳаётро тамоман мураккаб мекунанд. Албатта, ин воқеияти лаҳзавӣ модели идеалии воқеият, ки мадоро ва гуногунандеширо тақозо доранд, нест. Мутаассифона, баъзан ба иллати набудани мелоки адолат (тарозу) эҷодкори ҳақиқӣ маҷбур аст, ки ҷои худро ба одами на он қадар ҳунарманд ё беҳунар бидиҳад. Дар соҳаи санъату ҳунар ин, албатта, ба мисли як ғуборе аст, ки баъзан осмони равшанро фаро мегирад. Вале баъзан ин ғубор ба муддати дарозо ҷои ҳақиқатро мегирад. С.Раҳимов боварӣ дорад, ки ҳақиқат ҷои худро мегирад, зеро замони истиқлолият барои ин мусоидат мекунад. Дар роҳ ва раванди эҷодкорӣ ҳар гуна мушкилҳоро аввал ошкор ва баъдан ҳаллу фасл бояд кард.
3). Яке аз муҳимтарин арзишҳои ҳунари Саъдулло Раҳимов ин буд, ки ӯ тафаккури синтетикиву таҳлилӣ дорад, ӯ падидаҳои фарҳангии ҳар як навъи санъатро (синамо, санъати тасвирӣ, суратгирии бадеӣ, миниатюра, поэтика-шарҳи шеър, мусиқӣ, меъморӣ ва ғ.) дар якҷоягӣ ба таври зинда таҳлилу баррасӣ мекунад. Чунин назари фарохи таҳлилӣ, усули байнифаннии таҳқиқ на ба ҳар кас муяссар гардидааст… Дар мавриди санъати суратгирии бадеии Заур Дахте ӯ менависад: “Дар тасвир (сурат) дунёи бои рангҳо оварда шуда, дар мадди аввал, наздик ба чашми бинанда як дона меваи олуболу нишон дода мешавад. Дар нуги ин мева қатраи бороне ба мисли ашк дар нӯги мижгон овезон аст.”. С.Раҳимов ин тасвирро бо хоккуи ҷопонӣ монанд мекунад. Маълум мешавад, ки шаклҳои санъату ҳунар аз ҳамдигар он қадар ҳам дур нестанд.
4). Назари С.Раҳимов дар мавриди зиёиёни давраи шӯравӣ ҷолиб аст. Муҳимтарин рисолати онҳоро ӯ дар ислоҳоти иҷтимоӣ, модернизатсия ва фирор аз тафаккури асримиёнагӣ мебинад. Бо ин ҳама, Саъдулло фикр мекунад, ки равшанфикрони замони шӯравӣ бо вуҷуди тамоми мушкилоти система, расолати фарҳангии худро то ҳадди имкон ба анҷом расониданд. Ба андешаи устод С.Раҳимов, расолати асосии эшон он буд, ки моро аз тафаккури маҳдуди асримиёнагӣ, ки Бухорои охири асри XIX ва аввали асри XX дар он ғарқ буд, берун карданд. Ин насле аст, ки се бор хати навиштори ӯ иваз, ва чанд бор мағзшӯӣ шуда буд, вале бо вуҷуди ин аз вазифаи навсозӣ ва модернизатсия ба канор нарафт. Ин насл бо вуҷуди маҳдудиятҳои идеологиву сиёсии давраи шӯравӣ пурра аз мероси фарҳангии худ, аз забони худ канда нашуд, хуб ё бад сарчашмаҳои форсиву арабиро истифода бурд ва фарҳанги моро аз асорати асримиёнагӣ берун ва ба сӯи тамаддуни нав раҳнамун намуд. Дар партави ин андешаҳо мо бояд дар бораи ояндаи ҷомеаи худ тафаккур кунем. Насле, ки ҳоло дар ивази насли шӯравӣ меояд, бо чи мусаллаҳ хоҳад буд, аз тоҷикият ё эронияти худ чиро дар бағал дорад ва аз сӯи дигар оё бо ҷаҳонбинии маҳдуд ба бағали исломи ҷиҳодӣ намедарояд?! Баъди тулӯъи хуршеди истиқлолият фарҳанги мардумии исломӣ аз сари нав эҳё шуд. Вале андаке нагузашта дар паҳлӯи он исломи бунёдгаро дар майдонҳои машқҳои ҳарбӣ ва фикрии ғарбӣ обу тоб ёфта низ қомат афрохт. Ҳоло мактабҳои бунёдгарои ихвонӣ ва салафии арабӣ дар фазои пасошӯравӣ (Кафкоз ва Русия) яккатозӣ мекунанд. Бар асари низомҳои истеъморӣ Исломи имрӯза дифоӣ ва муҳофизакор шудааст, Ба қавли М.Махмалбоф дини ислом бо ворид шудан ба сиёсати замони муосир, то ҷое ҷомеаро ба мисли занҷир бастааст. Мо, тоҷикон ва эрониён гаравгони мероси фарҳангии худ астем, ба ин иллат мо аз набз (ритм)и тамаддуни муосир то ҷое қафо мондаем. Дар Тоҷикистон, дар тафовут аз Эрони муосир, давлати дунявӣ аст, вале ҷомеаи мо мазҳабӣ (мушоҳидаҳои М.Миршоҳӣ, Фаронса). Агар дини ислом кори виҷдонии ҳар як фард муаррифӣ гардад, бо ин ҳар гуна низоъҳои оянда пешгирӣ карда мешаванд! С.Раҳимов назари Муҳсини Махмалбофро дар масъалаи муносибат ба дин меорад: “То замоне, ки дар шуури мо нақши дин асосӣ ва ҳалкунанда аст, мо аз асорати тафаккури асрҳои миёна берун баромада наметавонем”. Барои ин кор омодагии доимӣ зарур аст.
5). Назари С.Раҳимов ба санъати синамо (кино) ҳам арзишманд ва омӯзанда аст. Ба пиндор ва бовари С.Раҳимов, синамо муаррифигари давлат ва миллат дар рӯи ҷаҳон аст. Як филм метавонад, ки обрӯ ё имиджи як мамлакатро дигар кунад! Заковати филмҳои кӯтоҳметражи итолявӣ ва гурҷӣ шояд дар ёдҳо монда бошанд. Маҳз ба шарофати ҳамин филмҳо дар гузашта ин маллатҳоро дӯст медоштанд. Силсилафилмҳои дар заминаи достонҳои “Шоҳнома” шӯҳрати давлат ва миллати тоҷикро дар замони шӯравӣ ба тамоми паҳнои олам расонид. Вале синамои хуб маблағи хуб ва калонро талаб мекунад! Дар замони шӯравӣ барои ба навор гирифтани як филм дар аcоси “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ маблағ/ бюджете баробар ба бюджети яксолаи ҷумҳурӣ сарф мешуд. Вале дар айни замон як нафар синамогари боистеъдод метавонад ҷои як киностудияро бигирад! Мисоли Муҳсини Махмалбоф, ки устод С.Раҳимов бо ӯ ҳамкорӣ кардааст ва дар китобҳои худ мазмуни сӯҳбатҳои худро ҳам нигоштааст, ба қавли муҳаққиқ дар бағали худ тамоми ғановати фарҳанги фикрии миллати Эронро дорад, ҳарчанд, ки худ бар асари низоми сахти сиёсии ҷумҳурии исломӣ дар Эрон зиндагӣ карда наметавонад. Бо вуҷуди ин ҷомеаи эронӣ, дар мисоли тамошобин аз дидгоҳи Махмалбоф, дар муқоиса бо бинандаҳои тоҷик хеле таҳсилдида, мустақил ва фаъол аст. Дар муқоиса синамои замони истиқлоли мо, синамои имрӯзаи тоҷик, ба қавли С.Раҳимов, дар ҳоли рушд қарор дорад, вале ин “рушд ҳоло ҳам дар ҳоли ҷанин аст”![3:183]. Ҳунари синамо, ба қавли С.Раҳимов, қобилияти пешгӯӣ кардани воқеаҳоро дорад. Масалан, филми “Адонис-XIV” (1977), ки ҳамагӣ 8 дақиқаро дар бар дошт, хатари фоҷиабори фурӯпошии ҳокимияти шӯравиро пешгӯӣ карда буд. Ин гуна қоблиятро на илм ва на фалсафаи он замон нишон медод! Филми дигари Б.Содиқов «Тӯфон” (Смерч) қавми зомбишударо нишон медиҳад, ки дар фикри он буд, ки дар ҳоли ҷустуҷӯи ҳадаф ва омоли баланд ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сукут кард….Зеро ҳар гуна сукут дар ин ҳол ба марг баробар аст! Ин тӯдаи мардумро Шоир бозмедорад ва мардумро ба фикр кардан водор мекунад. Баъзе филмҳои давраи бозсозиро С.Раҳимов хеле баланд баҳо медиҳад. Ба қавли ӯ қудрати синамо метавонад гоҳе аз сиёсат ҳам болотар бошад. С.Раҳимов ба таҷрибаи дӯсташон М.Махмалбоф муроҷиа мекунад, ки дар солҳои ҷавонӣ дар ҳаракати зидди режими шоҳӣ иштироки фаъол намудааст, дар зиндонҳои шоҳ ҳам бандӣ будааст. Вале баъди ғалабаи исломиҳо аз кораш пушаймон шуда аз сиёсат рӯй гардонидааст. “Ман ба дарки он расидам, ки синамо аз сиёсат кудратмандтар аст. Он ба шуури мо аз тариқи қалб ва эҳсос дохил мешавад. Он на бо шиорҳо, балки бо ҳақиқати ҳаёт моро мутмаъин месозад. Синамо -ин забони халқ аст!”.
6). Масъалаи рӯҳоният. Оё рӯҳоният фақат хоси дину мазҳаб аст? Ин масъалаи доғи ҷомеаи моро С.Раҳимов дар сатҳи мутафаккирони ҷаҳони муосир мебардорад. Мафҳуми “рӯҳоният” дар ҷомеа асосан ба ду маъно меояд: яке ба дину мазҳаб дахл дорад ва дигаре ба амали ахлоқӣ ва зеҳниву интеллектуалӣ. Бисёре аз одамон рӯҳониятро бештар майдони яккатозии дину диёнат медонад, дар ҳоле ки он ба дигар шаклҳои фаъолияти одамон низ хос аст. Аз он ҷумла, ба ҳунар ва мусиқӣ. С.Раҳимов фикр мекунад, ки рӯҳоният моли ҳамаи мардум, моли тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аст ва танҳо моли дину мазҳаб нест! Вақтҳои охир тасаввуроте ҳукмрон гаштааст, ки гӯё мавқеи дину имон дар ҷомеаи муосири тоҷик нисбат ба дигар падидаҳои иҷтимоӣ хеле афзудааст. Оё воқеан ҳамин тавр аст? Ба назари мо барои баровардани ин гуна ҳукм далел ва асоси басанда вуҷуд надорад. Зеро агар воқеан нуфузи дину имон дар шуури ҷомеа зиёд мебуд, пас чаро дар он пастии ахлоқ ба мушоҳида мерасад?! Асоси имон адаб ва ахлоқ аст ва бо зиёд шудани нуфузи имон амалҳои бадахлоқӣ, чи расад ба куштори дастаҷамъии зархаридон, террор ва амалҳои амсоли он, бояд кам шаванд. Пас ҳоло на мавқеи дин дар ҷомеа, балки истифодаи сиёсӣ аз дин афзудааст. Дар баробари ин устод С.Раҳимов бовар дорад, ки дар баробари қуддусияти дин ва табиати рӯҳонии он мусиқӣ ҳам дар рӯҳонияти инсон ҳамин гуна мақом дорад. Мусиқӣ падида ва маҳсули кори рӯҳ аст ва ҳатто метавон ба қавли В.Б.Коренов, онро шакли махсуси дин шуморид. Зеро мусиқӣ кори нафс (рӯҳ)и инсонӣ ва ҳамзамон кори мағз низ аст. Пас рӯҳоният танҳо мансуби аҳли дин (диндорон) нест, балки моли ҳалоли тамоми эҷодкорон, эҷодкорони мусиқӣ ва дигар шаклҳои санъат низ аст! Ба кори санъаткори касбӣ ва ё оҳангсоз зеҳн монед: чи рӯҳоният дар кори онҳо ба мушоҳида мерасад! Чунин тасаввур мешавад, ки гӯё онҳо ҳангоми эҷод бо кайҳон пайвастаанд. Касе ки китоби Ҳазрат Иноятхон бо номи “Ирфони садо” (“Мистицизм звука”) хонда бошад, ин масъаларо тасаввур мекунад. Мусиқӣ ларзиши садо (вибратсия) аст ва он ба тамоми коинот тааллуқ дорад. “Авасто” ҳам ба шакли сурудаҳо ва китоби муқаддаси мусулмонон –«Қуръони шариф” ҳам ба шакли саҷҷ навишта шудааст. Айни ҳаминро дар бораи адабиёти тасаввуфӣ метавон гуфт. Магар адабиёти ирфонии форсу тоҷик одамонро ба рақси само намебарад? Бо ин ҳама магар мешавад, ки адабиёти суфияро танҳо моли дин шуморид. Ин адабиёт ба ҳамон андоза моли санъати баланди рӯҳонӣ аст ва ба ҳамон андоза моли фалсафа аст! Шеъри ирфонӣ ҳунар ё санъати синтетикӣ аст, дар он дар ҳоли имкон ҳам мусиқӣ, ҳам ирфон, ҳам фалсафаву илм ба мисли “як оркестр” дар ҳоли ҳамкорӣ мебошанд.
Бо вуҷуди он, ки С.Раҳимов мактаб ва таҳсилоти русӣ дошт, ӯ сабк ва равиши асосии адабиёти ирфониро аз Саноӣ сар карда то Аттор ва Румиву Бедил, осоре ки комилан ба забони форсӣ аст, хуб мефаҳмад. Ба андешаи ӯ ин адабиёт ба мардум як дидгоҳ ё перспективаи нав медиҳад. Он дар коинот як ваҳдати фавқулодаеро дар байни Инсон ва ҷаҳон кашф карда, онро барои хонандагон пешкаш мекунад. Ҳамзамон адабиёти ирфонӣ тасвири антропоморфии Ҳақиқати Мутлақ (Абсолют), Худоро рад мекунад, он дар тафовут бо авом, Худоро дар ҳама ҷо мебинад: “Ниҳон дар ҷону пайдо дар ҷаҳон аст” (Аттор). Ирфон ягонагии олам ва одамро тараннум мекунад:
Агар дар фалак сад гуна шамъанд,
Ба ранги Офтоб он ҷумла ҷамъанд.
Ин адабиёт дар муқобили ҳама гуна қолабҳои фикрӣ қиём (махсусан, расмии теологӣ)ва эътироз мекунад, ҳолатҳои бикри рӯҳонии инсонро мӯшикофона ба тасвир мекашад:
Дар намозам хами абрӯи ту бар ёд омад,
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.
(Ҳофиз)
Адабиёт моро бо кайҳон пайванд медиҳад. Бубинед, ки он фурсати умри инсону ҷаҳонро чи гуна тасвир ва тасаввур мекунад:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
(Бедил)
Ирфон фалсафаи ҳаётро бо суханони сода ва марғуб ва бо рӯҳонияти баланд пешниҳод мекунад. Ирфон дӯсти фалсафа ва ба андешаи С.Раҳимов, он худи фалсафа дар марҳалаҳои душвори зиндагии инсон ва таърих аст.
7). Ба назари С.Раҳимов ба шеър ва умуман адабиёт бештар мурур мекунем: – шеър дар шароитҳои мураккаб ҷои фалсафаро мегирад. Устод С.Раҳимов ба дунё ва санъати дар заминаи он сохташуда назари тоза ва умедворкунанда дорад, ӯ фикр мекунад, ки албатта, назм ба таври пурра ҷои фалсафаро намегирад,зеро фалсафа дорои усулҳои дигари таҳқиқ (мантиқ, хулосабарорӣ, фаразия, назария ва ғ.) ва усули хоси таъсиррасонӣ аст. Вале С.Раҳимов ба қавли Навалис ҳамовоз мешавад, ки баъзан шоир табиатро аз олим беҳтар дарк мекунад. Саъдулло Раҳимов чунин мешуморад, ки манзараи олам, ки дар воситаҳои санъат инъикос меёбад, илмӣ нест, вале дар айни замон он ба илмият муқобил нест. Саъдулло Рахимов барои собит кардани ин фикр ба Готҳо, ёдгории пешазисломии мардуми тоҷику эронӣ муроҷиат мекунад. Готҳо сурудаҳои мебошанд, ки дар дини зардуштӣ аз онҳо истифода мешавад. Дар онҳо фалсафа ба шакли мафҳумҳо нигошта шудааст! Дар ин мавзӯъ муаллиф ҳавола ба адабиётшиноси машҳур Е.Э.Бертелс мекунад, ки аз муҷаррад будани тафаккури эрониёни қадим ба ваҷҳ омадааст. Ӯ менависад: “Готҳо ба таври ғайри қобили қабул шигифтангезанд. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар ҳамон замони қадим одамон ин қадар тафаккури абстрактӣ доштанд.”. “Ман дар ягон китобҳои муқаддас ин гуна тарҳҳо (фикрӣ) ва мафоҳими интизоъи (абстракт)-ро надидаам.” “Удивляет невобразимая абстрактность Гот. Трудно поверить, что в ту отдаленную эпоху люди могли дойти до стол абстрактного мышления. Ни в одной из священных книг нет таких отвлеченных схем и понятий». Устод С.Раҳимов менависад, ки аз замони Ғазолӣ, ки рушди афкори касбии фалсафӣ дар Хуросон амалан мутаваққиф шуд ва ин замон он дар баробари рисолати тасвир дар санъати тасвирӣ, ки дар марҳалаҳои аввали ҷорӣ шудани ислом дар Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон мамнӯъ буд, вазифаҳои фалсафаро адабиёт, бахусус, назм ба ӯҳда гирифт, зеро фалсафа он замон шадидан таъқиб мешуд. Ин як назари тоза ва нав дар бораи мақоми мафкуравии шеър дар ҷомеаи дар ҳоли инзивои мафкуравӣ қароргирифта аст. Вале дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX маълум шуд, ки шуури интизоӣ ва ирфон оммаи мардуми Бухороро фаро гирифт, одамон дигар тариқи оқилонаи ҳалли воқеии масъалаҳои сиёсиву иҷтимоиро фаромӯш карданд ва ин тарзи тафаккур чун як завлонае дар гардани мардуми авом гардид. Чунин тасавурот ба амал омад, ки “гӯё таърих дар ин қитъаи Замин ба охир расида буд”. Дар шуури мардуми тоҷик гузаронидани як ислоҳот зарур шуморида шуд. Ва азбаски шеъру назм ба шуури мардум наздиктар буд, мебоист аз он шурӯъ бикунанд. Ҳамин тавр шеъри нави тоҷикиву форсӣ пайдо шуд, ки аввалин намунаи он “Марши ҳуррият” и устод С.Айнӣ буд. Махмалбоф мегӯяд, ҷои таассуф аст, ки ҷомеаи тоҷик аз шеъри муосири Эрон (ба ҷуз Н.Нодирпур) огоҳии комил надоранд. Дар ҳоле ки мақоми Нодирпур имрӯз аз осори Нимо Юшиҷ, Махди Ахавон, Солис, Фурӯғ, Сӯҳроб Сипеҳрӣ, Аҳмад Шомлу камтар аст. Шеъри тоҷик ҳам бояд дар ҷомеа фаъолтар шавад.
). Баҳсҳои таҳлилии С.Раҳимов дар бораи расолати зиёиён ҳам ҷолибанд. Ин гуна баҳсҳо дархури ҷомеаи муосиранд, онҳо марҳам ба ҷони ҳамин миллатанд, онҳо бояд дар бораи оянда фикр бикунад. Саъдулло Раҳимов дар гузоришҳо ва навиштаҳо дар бораи Расолати то ҷое “аз дастравандаи равшанфикрон” бисёр фикр мекунад. Хати сурх ё қирмизе, ки тамоми осори С.Раҳимовро ба ҳам пайваст мекунад, ин ташвиш ва ғаму ғуссаи ӯ дар бораи қишри зиёиён ё ба истолоҳ равшанфикрони тоҷик мебошад. Ин мавзӯи доғ тамоми асарҳои илмӣ ва очеркҳои устодро фаро мегирад. Ӯро бетарафӣ ва дар ҳалли масоили умдаи сиёсиву иҷтимоӣ аз масъулият худро канор гирифтани ин қишри муҳими ҷомеа дар Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Муаллиф ташхис кардааст, ки албатта сабаби ин камҳавсалагӣ тарсе аст, ки дар таҳти шуури равшанфикрон аз замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боқӣ монда. Вале ҳоло хатари ҷанг аз байн рафтааст, вале ин қишри ҷомеа ҳамоно дар ҳоли ҳайрат, рукуди фикрӣ ва беҳаракатӣ қарор дорад. Устод Саъдулло Раҳимов фикр мекунад, ки равшанфикрони мо ба таври инертӣ (ба мисли замони шӯравӣ, ки тамоми зимоми тасмимгириҳо ба дасти давлат буд), бештар на худро, балки ҷамъияту давлатро, ё муҳити атрофи худ, шароитҳое ки ба онҳо дастрасӣ надоранд, интиқод мекунанд. Саъдулло Раҳимов мегӯяд, ки ин дар ҳолест, ки замон тағйир карда, ҳоло ташаббусҳое аз поён заруранд. Вале мо худ коре накардаем, ки вазъияти ҳаётӣ ва эҷодии мо иваз шавад. Расолати равшанфикр баланд аст, фикр мекунад С.Раҳимов, – яъне раҳнамоии мардум ба сӯи идеалҳо, улгуҳои баланд. Равшанфикрон дар бештарини авқот хомӯшанд, расман хомӯшанд, вале онҳо сухан на рӯ ба рӯ, балки аз паси парда, “аз қафо рафта, ҳамчу шона мӯ ба мӯ гӯянд” (ба истилоҳи С.Раҳимов “держут фигу в кармане”). Ба назар мерасад, ки тибқи андешаи С.Раҳимов, равшанфикрони даврони истиқлолият ҳатто ба зиёиёни даврони шӯравӣ баробар намеоянд! Ончи ба онҳо намерасад – ин ҷасорат аст. Аз мисолҳои овардаи С.Раҳимов, маълум мешавад, ки зиёиёни тоҷик ҳангоми вохӯриҳо бо раҳбарияти олӣ ҳам фурсатҳои хубро барои тағйири вазъ ва пешрафт истифода намекунанд. Масалан, дар вохӯрӣ бо Президент (дар соли 2008, зимистони қаҳратун), онҳо на ҳалли проблемаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ, балки барои аз бозӣ берун кардани таҳлилҳои оқилона, авлавият додан ба талабу хоҳишҳои шахсӣ (масалан, додани хона, чопи китоби худ ва гоҳе ҳатто таърифу тавсиф, қасида, мадҳия ғ.)ро ироъа мекунанд…. Барои тасдиқи ин фикр, С.Раҳимов мисоле аз сужаи филме (дар мақолаи “Дар бораи як персонаж”) меорад, ки дар он Хуршед, қаҳрамони асосии филм, барои таъмини зиндагии худ бо корҳои майдаву чуйда андармон аст, ӯ навҷӯ ва эҷодкор нест. Вале ба тасаввури ӯ тамоми дунё дар пеши ӯ гунаҳкор аст, махсусан, онҳое ки “ба шаҳр аз қишлоқҳо омаданд”. Вале ӯ барои тағйири вазъи худ кореро намекунад, қобилият ва истеъдоди худро рушд намедиҳад, барои мусоидат ба рушди бештари ҷомеа кӯшише ҳам намекунад. Ба қавли С.Раҳимов, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар маҷмӯъ “зиёиёни мо тарсуянд”.Ин як ҳолати афсурдаҳолии қишри равшанфикри ҷомеаро тасвир мекунад, ки ба ҳадди тавон на зиндагии худашро саришта кунад ва на барои рушди давлату миллат саҳм мегузорад. Ба андешаи муаллиф, вазъиятро тағйир бояд дод! Раҳимов барои ёфтани посух барои ёфтани роҳи тағйир ба М.Махмалбоф муроҷиат мекунад, ки чӣ бояд кард? Махмалбоф дар ҷавоб мегӯяд, ки мо эрониён (форсҳову афғониҳову ҳамаи тоҷикон) аз тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ақиб мондаем, мо ҳоло чизе барои ҷаҳониён надорем, ки бо он тавонем, ки ҳоло ифтихор бикунем, албатта, ба истиснои мероси фарҳангии замони гузашта (Хоразмиву Сино, Беруниву Руми ва ғ.).
С.Раҳимов дар масъалаи рушди минбаъдаи ҳунарҳои зебои халқи тоҷик хушбин аст. Ӯ даъват ба амал меорад, ки арзишҳои ҳақиқии замонро бояд бо оромӣ, бе қаҳру ғазаб, дӯстона ва бомашварат сохт, онҳоро аз ҳуҷумҳои рақибон дифо кард, зеро истиқлолият барои рушди ин гуна лаёқат ва ҳунарҳо бештар аз ҳама мусоидат мекунад. Бояд насл ва табақаи нави ҷавонон ва равшанфикрони масъулиятшинос бо шуури таҳлиливу техникӣ, амаливу назариро, ки бо дигарон дар сатҳи ҷаҳонӣ (глобалӣ) ҳамкорӣ карда метавонанд, тарбия намуд.
С.Ҷонбобоев, ходими пешбари Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ