Ба муносибати 35-солагии Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.

Устод Шакурӣ шахсияти барҷастаи забони миллӣ буда, аз аввалин қадамҳои ба фаъолият даромадан дар ҳифзу ҳимояи забони миллӣ кӯшида, онро ба ҷон парасторӣ менамуд, барои тозагӣ ва ҳусни забони тоҷикӣ, қонуну қоидаҳояш ҷиддӣ камар мебаст. Забони миллӣ барои ин шахс бузургтарин неъмате буд, ки онро ҳамчун гуҳар пок нигоҳ медошт ва аз ҳар хавфу хатар эҳтиёт менамуд.

Устод Шакурӣ, дар замони собиқ шӯравӣ аз фаъолияти забони тоҷикӣ дар ҷомеа ҳеҷ гоҳ шоду хурсанд набуд, зеро, ба қавли ӯ, дар мактабу маорифи солҳои бисту сӣ то чиҳилуму панҷоҳум нафарони курсҳои кӯтоҳмуддатро хатмкарда ба таълимгирандагон саводи казоӣ намедоданд, забон ва адабиёти тоҷик то дер гоҳ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ дуруст омӯзонда намешуд, се дафъа тағйир ёфтани хату алифбо ва нест намудани китобҳои кӯҳна ба тафаккури шаҳрвандон халал расонида, барои рушд кардани забони тоҷикӣ кам имкон медод ва ин сабабҳо забони миллиро зиёд коҳиш медод.

Ҳамчунин ӯ менависад, ки сиёсати забон дар замони шӯравии собиқ барои пешрафт ва тараққӣ кардани забонҳои миллӣ роҳ накушод, балки ба рушду инкишоф гирифтани забонҳои ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ монеъӣ ба вуҷуд овард. Агар дар солҳои сивум дар Тоҷикистон барои русзабонҳо таълими забони тоҷикӣ ташкил карда, барномаву китобҳои дарсӣ таҳия карда бошанд, дар солҳои ҷанг ва баъд аз он дузабонӣ дар миёни мардуми кишвар расм шуд, ҳар шаҳрванд ду забон-тоҷикӣ ва русиро забони модарии худ қабул карданд. Вале ин ду забон дар паҳлуи якдигар истода, на фақат ба ҳамдигар кӯмак намерасонданд, фишори забони русӣ, оҳангу сохтор ва вижагиҳояш рӯз аз рӯз ба забони тоҷикӣ афзун шуда, қобилияти забони миллиро мекост ва ҷону мадорашро мегирифт. Забони русӣ ҳарчанд забони муоширати байни миллатҳо, забони модарии як қисми аҳолии ҷумҳурӣ (13-14 фоиз), забони муомилаи федералии ҷумҳурӣ бо марказ ва дигар ҷумҳуриҳост, дар коргузорӣ ва ҳуҷчатнигории ҷумҳурӣ фаъол иштирок менамуд, вале он ба ҷойи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон забони ҳукмрон, забони ифодакунандаи ғояҳои олии миллати тоҷик ва дигар халқу қавмҳои ин кишвар гардид. Устод Шакурӣ ин муносибатҳоро хеле хуб ва равшан ифода кардааст. Ба ақидаи ӯ, забони русӣ забони тавонманд аст, забони ифодакунандаи мароми халқҳост. «Арсаи амали забони русӣ,-таъкид менамояд ӯ,-дар ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ фарох ва аҳамияти он бузург мебошад. Камина ҳангоме, ки як лоиҳаи Қонуни забонро тартиб медодам, кӯшиш кардам, ки ҳамаи паҳлуҳои ин амали пурдоманаи забони русӣ ба назар гирифта шавад… Чунин кӯшише дар дигар лоиҳаҳо ҳам ба кор рафтааст» (З, 104). Вале забони тоҷикӣ аз рӯзҳои аввали баъди инқилоби октябр дар паҳлуи забони русӣ забони олудаи халқӣ, забони кӯчаву бозор, забони пастмаҳак намоён шуд, вайро аз забони классикии баландмақоми форсии дарӣ, ки ҳазор сол обутоб дода, шираву шарбат афзуда ҷаҳоншумул гардонида буд, пантуркистон ва панславистҳо аз асл ҷудо намуда, забони харобу лоғар гардонида буданд. Дар натиҷа, ин забон ёрои бо забони қудратманди русӣ муқовимат кардан натавонист, аз аввали инқилоби октябр то охири бозсозии инқилобии Горбачёв дар он таъсир боқӣ монда, «зеҳнҳоро кунд, завқҳоро паст, комҳоро талх ва чароғи ақлро хира месохт» (З, 98). Бинобар ин ҳам устод навиштааст: «Примитивизм ва дуруштӣ ба тафаккур ҳар чӣ бештар сар дароварда, эҳсоси забонро кунд намуд, маданияти суханро паст бурд, боиси он гардид, ки калимасозиву иборабандӣ, таркибҳои синтаксисӣ, қонуну қоидаҳои забон дағалона вайрон шуданд. Ҳоло маданияти пасти забон қариб ҳамагонист… дар ягон давру замон (ҳатто муғулу темуру манғит- Р.Ш.) чун имрӯз (замони шӯравӣ – Р.Ш.) паст нарафта буд».

Забони тоҷикӣ, воқкан, дар 70 соли таърихи шӯравии собиқ ба зеҳни донишмандони куҳантаълим, ки мадрасаву мактабҳои кӯҳна, асолати забони форсии дариро гузашта буданд, нанишаст. Ин забони оддии сустбунёд, таъкид менамояд устод, ба ҷуз лаззату парвози сухани классикиро надоштан зиёд хатоҳо содир кард, дар калимаву ибораву ҷумла низоми муайян надошт, гӯё беруҳу беҷон навишта мешуд. Онҳое, ки як асарро (хоҳ илмиву адабӣ ва расмӣ) аз асл ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд, ҳарф ба ҳарф, сатҳӣ ва бемаънӣ мебаромад, китобҳои илмиву таълимӣ аз маркази ҳукумати шӯравӣ (ба ҷуз илми филология ва фалсафа) ба ҳамаи забонҳои миллатҳои собиқ шӯравӣ паҳн мегардид ва таълим ба забони русӣ буд. Шаҳрвандон, донишҷӯёну устодон, ҳатто зиёиён дар байни ин ду забони модарӣ монда, ину он забонро дуруст намедонистанд, дар миёни ҷомеа ё аз радиову телевизион ба суҳбат дароянд, қайд менамояд устод, шарми кас меомад. Ҳатто сарварони собиқ ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки чун баландгӯякро бубинанд, фикру андешаашон ғайб мезанад. Забони русӣ ба ҷойи забони тоҷикӣ гузашта, қуввату тавон ва дороияшро ҷабида, торафт ҳукмрон мешуд. Ҳарчанд баъзе донишмандон ҷуръат карда, аз хатокориву бенизомӣ овоз баланд карда ё менавиштанд, касе ба додашон намерасид.

Забон гӯё раҳбар надошт, ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Баъзан агар аз буду бунёди забони тоҷикӣ сухан карда, хатоҳоро нишон диҳанд, боз хатоҳо меафзуданд, вале касе намедонист, ки харобкориҳоро чӣ навъ аз забон дафъ кунанд. Фақат сиёсати Горбачёв, танҳо навсозиву бозсозии инқилобӣ имкон ба вуҷуд овард, ки ҳамаи забонҳои миллӣ (39 адад) аз таҳти таъсири фишоровари забони русӣ баромада, озод нафас гиранд, худро шиносанд ва худогоҳона амал кунанд. Забони тоҷикӣ дар қатори дигар забонҳои миллӣ аз зулми забони русӣ, аз қафаси заррини он берун шуда, акнун имкон ба вуҷуд меовард, ки то уфуқҳои илму адаб ва фарҳанг озод парвоз намояд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ он як муддат ба харобиҳо дучор омад. Лекин он дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд парвоз кард ва ифтихори мардуми тоҷикон гардид

2.

Устод Шакурӣ забони оламшумули форсии дариро, ки дар асрҳои миёна барои ҷаҳониён бузургтарин фарзандони хирадманд дода, дар ҳамаи сабкҳои адабиву услубҳои забони миллӣ ба баландтарин пояҳо расидааст, дар замони шӯравӣ дар арафаи марг гирифтор шуданашро ҳеҷ қабул надошт. Аз ин рӯ, вай ҳамаи паҳно ва самтҳои ҷараёни ин забонро ба тарозуи маънӣ баркашида, онро аз аҷал баргардонидан хоста, бо тамоми қувва ба майдон баромад, ки ба забони миллӣ умри абад бахшад. Вай зимни маънавият ва тафаккури миллӣ, инсонгароии омӯзиш омӯхтани забони тоҷикии муосир ва бо форсии дарӣ ба муқоиса гирифтан дар вай камбудиҳои ҷиддӣ ва разолатро зиёд дида, ба ҳуҷум гузашт ва дар муборизаҳои шадид ба муваффақиятҳои намоён соҳиб шуд. Яке аз самтҳои муборизаи вай агар дар тоза кардани забон аз хасрӯбаҳо (ғалатгириҳо) бошад, аз тарафи дигар, бо мутарҷимон (қотилони забон – С.Айнӣ) дастбагиребон шуд, чунки онҳо бунёди забон, асосҳои ҳастиву маънавии онро барбод надиҳанд. Ҳамзамон ба шираву шарбати забон, хосиятҳои илмиву маърифатии он, барқарор кардани асолати миллии забон кӯшида, ба чунин хулоса омад, ки забони тоҷикӣ «муҳтоҷи ҳимоя буда, ба таъмини воқеии мавҷудият эҳтиёҷ дорад».

Забонҳои миллӣ замони бозсозӣ дар байни миллатҳои Кавказ давлатӣ шуд ва халқҳои Назди Балтика, Белоруссия, Украина, Молдавия ҳам ба кафолати қонунии забонашон ҳаракат карданд. Дар чунин айём, ки ҷунбиши умумииттифоқӣ дар забони миллӣ шуълавар мешуд, устод Шакурӣ ҳамчунин ҳампоя ба ҳаракат даромада, забони тоҷикиро ки гӯё охирин нишонаҳояш (дар чор девори хона ва мактабҳои дурдаст боқӣ мондааст), бо ёрии ҳамкорону донишмандон онро бо ҷону дил парасторӣ кард. Ин вақт ғазали «Сорбон»-и Саъдӣ ба хотири кас мерасад, навиштааст устод. Забон ҳам маҳбубаи ширинадоест, ки аз ҷону дили миллат канда шуда, ба хорагӣ реҳлат менамуд, вале вай бо амали Қонун раҳи сорбонро аз даштҳои дуродури ғамовар ба сӯйи бӯстон ва гулистони ҳақиқии инкишофи забон ҳидоят кард. Ҳоло забони миллии тоҷикии форсӣ дар замони истиқлол аз чангу ғубор ва олудаҳои замони шӯравии собиқ тоза шуда, ба инкишофи пурвусъат баҳодурона қадам мефарсояд.

3.

Конференсияи маданияти сухани соли 1988-и Академияи илмҳо аввалин бор занҷири маҳдудиятҳои миллиро гусаста, бори аввал имкони ба Шӯрои Олӣ пешкаш намудани забони давлатиро ба миён гузошт ва дар комиссияи он соли 1989 ба тасвиб расид. Ба миён овардани Қонуни забон, навишта шудани лоиҳаҳои он аз ҷониби Шакурӣ ва дигар мутахассисон, ба баррасии умумихалқӣ гузошта шуданаш аз нав ба забони тоҷикӣ ҷони тоза дамонд, ба бисёр дардҳо даво бахшид. Акнун озодона сухан рондан, роҳу равиши забони миллиро устувор бахшидан, онро ба ниёзи пирӯзӣ расонидан имкон пайдо кард.

Шакурӣ яке аз лоиҳаҳои Қонуни забони миллиро таҳия карда, дар он моддаҳои тозатаре пешниҳод намуд ва дар муқоиса бо дигар лоиҳаҳо фикрҳои устувори худро пешкаш намуд. Ӯ пешниҳодҳои мушаххас дошт: монанди дар мактабҳои олӣ факултаҳои забону адабиёти тоҷикӣ таъсис дода шавад, ки омӯзгорони баландихтисоси соҳа ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳо дарси забони миллӣ омӯзанд; ба кормандони забони миллӣ дар донистани чанд забони хориҷӣ 10-20 фоиз маош илова кунанд; ба дузабониву чандзабонии шаҳрвандон имконоти васеъ фароҳам оранд, ки ин анъана аз қадим вуҷуд дошт; ба забони русӣ зиёдтар диққат диҳем, ки вазифаи байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳост ва ҳ. Ояндаи дурахшони забони миллӣ ва дигар забонҳои дохили Тоҷикистон: русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, яғнобиву бадахшониро таъмин менамуд. Вай ба ҳамаи забонҳои дохили кишвар меҳрубонона назар афканда, мақомашонро муайян карда, ба ҳамаашон аз як меҳвар баҳо медод. Вале ба забони тоҷикӣ (форсӣ), ки забони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба забоне, ки номи давлати тоҷикон аз он гирифта шуда, моро бо гузаштаи дур пайванд месозад, ғамхоронаю дилсӯзона мулоҳиза намуд. Ӯ Қонуни забонро «кодекси батафсил»-е номида буд, ки бақои умру кафолати ҳуқуқии забони миллиро муваффақиятомез таъмин менамояд.

4.

Устод дар лоиҳаи Қонуни забон масъалаҳои умда, принсипҳои асосии Қонун, чигунагӣ ва кафолати ҳуқуқии забони миллӣ ва дигар забонҳоро муайян карда, модда ба модда баррасӣ менамуд. Таъмини баробарҳуқуқии забонҳо, амнияти халқу миллатҳо ҳамеша дар мадди назари аввали устод будааст. Ӯ намунаҳои дузабониву чандзабониро дар мамолики хориҷӣ Швейтсария, Финландия, Ҳиндустону Афғонистон ва дигар кишварҳо ба мушоҳида гирифтааст, ки сулҳомезу бенизоъ паҳлуйи ҳам, бехалалу баробар зиндагӣ менамоянд, вале дар Канадаву Белгия баъзан бо задухӯрд анҷом меёфтааст. Устод аввал дар лоиҳа тарафдори чанд забони муҳим буданашро изҳор карда, худро низ мисол меорад, ки се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонад. Дар асрҳои миёна ҳам одамон дузабонаву сезабона буданд, ғайр аз забони худ забони арабӣ, забони дину ойин, забони илми асримиёнагиро медонистанд. Мутахассисон ҳоло панҷ-шаш забон аз худ менамоянд.

Устод ба баъзе тақлидкорони тоҷик, ки ба Эрону Афғонистон рафта, забони ононро нисбат ба забони тоҷикӣ поку тозатар донистааст, гоҳ аҳсант мехонд ва ташвиқ менамуд, ки ин забонро ҳам ба асолати аввала расонанд. «Сеҳри сухани модарӣ,-навиштааст ӯ,-қобил аст, ки дилҳои дарднокро дармон шавад, шодмонӣ бахшад, руҳафтодагонро шавқ диҳад ва боиси сарбаландӣ гардад, якдигарфаҳмии мардумро амиқтар барад… Тоҷике забони модарии худро ҳар чӣ беҳтар донад, тоҷикияти худро беҳтар эҳсос менамояд, дили намояндагони дигар халқҳо ва забони онҳоро дурусттар мефаҳмад ва эҳтиром хоҳад намуд».

Устод Шакурӣ як моддаи Қонунро дар ҳаққи тоҷикони бурунмарзӣ навишта, аз хусуси тараққии озоду бемамониат, бартараф кардани кӯшишҳои маҳдудиятандозӣ, пешгирии фишори миллӣ дар асоси Қонуни асосӣ ва Декларатсияи ҳуқуқи инсон ва қатъномаи Хелсинки таҳия карда гуфтааст, ки раҳбарони Тоҷикистон ба ин масъала кам дахолат мекунанд, ба таъқиби забону бастани мактабҳои тоҷикӣ, ба дигар миллат нисбат додани тоҷикон худдорӣ ва бепарвоӣ зоҳир нанамоянд.

Устод Шакурӣ аз навишта шудани Қонуни умумииттифоқии забонҳои миллӣ мужда медод. Вале боз парешонҳол мегашт, ки мабодо забони русӣ мақоми умумии давлатӣ гирифта, қонунҳои забонҳои ҷумҳуриро ба ҳеҷ расонад. Гуфтааст: «Агар имрӯз забони русиро расман ва қонунан ба сари дигар забонҳои халқҳои мамлакати мо гузорем, бешубҳа, аҳволи забонҳои миллӣ бадтар хоҳад шуд». Устод аз ин ҷиҳат хавф дар дил мегирифт ва дар ин бобат низ зиёд меандешид. Агар мабодо ин аҳвол рӯй диҳад, пешниҳод мекард, ки забони русӣ дар қаламрави РСФСР бояд ба мақоми забони давлатӣ расад, ба иттиҳодияҳои маъмурии миллӣ, ки аксарияти кулли аҳолии онҳо русҳоянд, ҷорӣ шавад, на ба ҷумҳуриҳои худмухтор ҳамчун Тотористону Бошқирдистон, Доғистон ва ҳ.

Чун пленуми сентябрии соли 1989 аз зарурати ба забони русӣ додани мақоми давлатии умумииттифоқӣ сухан рафт, якбора кормандони ташкилоту муассисаҳо аз курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ рӯ гардонида, акнун фаҳмиданд, ки Қонуни забони республикаҳо бекор мешавад. Аз ин рӯ, устод дар мақоми чунин Қонун андешаҳои худро ҷиддӣ иброз медошт. Яке ин аст: «Принсипи асосии қонуни умумииттифоқии забони халқҳои СССР бояд ин бошад, ки ҳар забони миллӣ дар ватани таърихии худ ба ҳуқуқи расмии махсусе соҳиб хоҳад буд ва ҳуқуқи махсуси он аз мақоми ҷамъиятии воқеии он зиёдтар набояд бошад. Забони русӣ ҳам фақат дар сарзамини худ дорои ҳуқуқи алоҳида аст, аммо дар дигар бахшҳои маъмурии мамлакати мо аз бартариҳои ҳуқуқиву қонунӣ маҳрум буда, танҳо ба сифати як воситаи муоширати байни миллатҳо, як омили устувор кардани иттиҳоди онҳо бояд амал намояд».

Ба забони тоҷикӣ соҳибӣ кардан, худро ба ҳамаи махсусиятҳои он ҷавобгар донистан, аз пайи камбудиҳо бо сар давидан, забони модариро аз иллатҳо фориғ намуда, ба парвоз даровардан сифатҳое мебошанд, ки хоси устоди аъзам Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар замони истибдоди шӯравии собиқ аст. Вай бо тамоми қувват, ки дар бадан дошт, бемайлон ба тараққӣ кардани забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ сарф мекард, ин забонро аз олудагиҳо, чангу ғубор, иллатҳои замони шӯравӣ берун раҳонида, дар вай сифатҳои олии ғаноманде эҳё кард, забони модариро дар замони истиқлол ба роҳи дурахшон дароварда, бо камоли мамнуният ҳидоятмандӣ дод.

Шоҳзамон РАҲМОН,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь