Зиндагӣ дар асли худ на бад асту на хуб, вале вобаста ба он ки чӣ гуна месозандаш бад ё хуб мешавад.
Мишел Монтен, файласуфи фаронсавӣ
Дар зиндагӣ ҳар як шахс роҳ ва ҷодаи худро дорад. Яке роҳи илмро интихоб мекунад, дигаре роҳи касби ҳунар, чанде роҳи адабу фарҳангро. Аз мушкилӣ ва нозукии ҳар яке аз ин роҳҳо нафароне огоҳанд, ки онро тай намуда, дар ин роҳ ба дастовардҳо ноил гаштаанд. Роҳи илм роҳест беохир. Он аз шахс омӯзиши дониш, ҷустуҷӯ ва сабуриву зиракиро талаб мекунад. На ҳар шахс дар ҷодаи пурмашаққати илм роҳи худро ёфта, муваффақ мегардад. Ин роҳ одамони тасодуфӣ ва дониши мукаммал надоштаро дилмондаву хаста ва одамони дар ҳақиқат дӯстдори илму донишро мулоҳизакору пирӯзакор мегардонад.
Дар ин ҷо мо аз ҳаёти ҳамин гуна нафаре гуфтан мехоҳем, ки тамоми умри бобаракати худро ба таҳқиқи масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои бешумор ва тарбияи шогирдони зиёд мактаби илмиро бунёд гузоштааст. Ин нафар забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони назарияи фразеологияи тоҷик – Ҳомид Маҷидов ба ҳисоб мераванд.
Пажӯҳишҳои профессор Ҳомид Маҷидов бахшҳои ҷудогонаи забони тоҷикиро фаро мегирад. Аз ҷумла устод дар бахши фразеология, ки қисмати асосии самти таҳқиқи ӯро фаро мегирад, масъалаҳои муҳимми ин қисмати забоншиносиро аз лиҳози сохтору маъно, муносибатҳои маъноӣ, манбаи пайдоиш, хусусиятҳои услубии онҳо бо мулоҳизакориву дақиқназарӣ таҳқиқ намудааст. Ин хидматҳои муҳаққиқ қадр гардида профессор Ҳомид Маҷидов ҳамчун бунёдгузори илми фразеологияи тоҷик аз ҷониби донишмандон эътироф шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки таҳқиқоти устод Ҳомид Маҷидов бо фразеология маҳдуд нашуда, қисмати дигари забоншиносӣ, аз ҷумла луғатшиносиро низ фаро мегирад. Дар ин қисмат профессор Ҳомид Маҷидов таҳқиқоти зиёде анҷом дода, калимаҳои таркиби луғавии забонамонро аз лиҳози маънои луғавӣ, муносибатҳои байни маънои калимаҳо ба якдигар, омилҳо ва роҳҳои ба вуҷуд омаданаи калимаҳои сермаъно ва ҳамовоз, хусусиятҳои муҳимми калимаҳои наздиковоз, навъҳои муродифҳо ва зидмаъноии луғавӣ, манбаи пайдоиши калимаҳо, роҳҳо ва тарзҳои қабули иқтибосот, навъҳои иқтибосот, хусусиятҳои услубӣ ва обуранги бедеии калимаҳо ва мавқеи онҳоро дар фарҳангу луғатҳо низ муайян намудааст.
Таҳқиқи профессор Ҳомид Маҷидов, махсусан, дар қисмати иқтибосоти луғавии забони тоҷикӣ бениҳоят фарох ва густарда мебошад. Вай иқтибосоти забони тоҷикиро ба навъҳои тоисломӣ, арабӣ, туркиву муғулӣ ва русиву аврупоӣ тасниф намуда, калимаҳои мансуб ба ҳар яке аз ин забонҳоро аз рӯйи давра ва сабабҳои гузариш, манбаи пайдоиш, роҳҳо ва тарзҳои қабули онҳо муайян намудааст. Аз ҷумла, тибқи нишондодҳои ин муҳаққиқ иқтибосоти тоисломии забони тоҷикӣ аз забонҳои модӣ, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, оромӣ, хитоӣ сарчашма гирифта, дорои нишонаҳои савтии хос мебошанд. То имрӯз бахши зиёди онҳо калимаҳои умумиистеъмол ва фаъоли забони тоҷикиро ташкил дода, дар нутқи ҳамарӯза истифода мегарданд. Ба монанди калимаҳои ранҷ, ганҷ, санҷ, биринҷ, шаҳр, меҳр, муҳр, заҳр, андарз, ларз, равған, дареғ, фурӯғ, мурғ, нажод ва чанде аз забони портӣ; калимаҳои ғук, нағз, оғоз, роғ аз забони суғдӣ; зӯр ва бузург аз забони модӣ; Осиё, дафтар, кимиё, пиёла, номус, лаган (ба маънои тағора), наргис, алмос, марворид, дирам аз забони юнонӣ; қоғаз, тим (ба маънои бозори пӯшида), фағфур, суфа аз забони хитоӣ; шакар, шағол, коло, чатр, филфил, доғ, майна, нилуфар аз забони ҳиндӣ; тобут, гӯр, шанбе, коса, бурё, ялдо аз забони оромӣ ва монанди инҳо [Маҷидов, Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. – Ҷилди 1. – Луғатшиносӣ. – Душанбе, 2007. – С. 94-100].
Ҳамчунин, профессор Ҳомид Маҷидов муайян намудааст, ки аз забони арабӣ ва русӣ нафақат калимаҳои аслии арабӣ ва русӣ гузариш ёфтаанд, балки тавассути онҳо як идда калимаҳои форсии тоҷикӣ, юнонӣ, лотинӣ низ сайри таърихӣ намуда, бо қиёфаи овозии нав қабул гардидаанд, ки то ҳанӯз мавриди истифода қарор доранд. Ин гуна калимаҳоро ин муҳаққиқ калимаҳои сайёҳ номидааст [Маҷидов, Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. – Душанбе, 2014. – С.224-237].
Дар ҷойи дигар иқтибосоти забонамонро профессор Ҳомид Маҷидов аз рӯйи нишонаҳои савтӣ, сарфӣ, маъноӣ ва мансубияти соҳавии онҳоро омӯхта, дар асоси онҳо усулҳои мутобиқгардони онҳоро низ пешниҳод намудааст, ки кӯшиши аввалинест дар ин самт. Махсусан, дар замони имрӯз, ки аз иқтибосот роҳи гурез нест. Чунин тарзҳои мутобиқшавии калимаҳои русиву аврупоиро пешниҳод намудааст: а) Иловашавии садонок, махсусан садонокҳои и ва у ҳангоми пасиҳам омадани ду ҳамсадо дар мисоли таркибҳои овозии ст, тр, бр, пр: испирт истудиё, устал, устол, устанок, тиренир, тирибунол, бурселез, буронхит, пиризма, пиринсип ва чанде дигар; б) иловашавии садонок дар калимаҳои бо се ҳамсадо шуруъшаванда: испаровка, иштароф; в) иловашавии садонок дар мавридҳои бо се ҳамсадои пасиҳам анҷом ёфтани калима: пункит, сентир, инспектир, филтир ё дар мавридҳои дигар ҳазви ҳамсадои охири он инфарк(т), инстинк(т); г) Ҳамин гуна иловашавии ҳамсадо дар мавридҳои пасиҳам омадани ду садоноки пасиҳам: дуйэт (дуэт) алойэ (алоэ), павуза (пауза); ғ) Ба ҳамин монанд аз ёдбарсарҳо ҳазви ҳамсадо ва боқимондани садоноки таркиби он дар намунаи калимаҳои сентабр (ба ҷойи сентябр), октабр (октябр), сужет (сюжет), буҷет (бюджет); д) Чун дар калимаҳои тоҷикӣ задаи луғавиро дар охирии калима қабул намудани калимҳои мансуби ҳиссаҳои номии нутқи аз забони русӣ гузаришёфтаро пешниҳод намудааст: туфлӣ, январ, искалот, мошин [Маҷидов, Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. – Душанбе, 2014. – С. 258-259].
Ин мушоҳидаҳо ва натиҷагириҳои профессор Ҳомид Маҷидов дар асоси омӯзиши нишонаҳои савтии калимаҳои аслии тоҷикӣ, қудрати мутобиқгардонии дастгоҳи савтии забони тоҷикӣ ва омӯзишу муайянсозии хусусиятҳои савтиву сарфӣ ва маъноии иқтибосоти забонамон муқаррар гардидааст.
Натиҷагириҳои профессор Ҳомид Маҷидов танҳо дар самти иқтибосоти забони тоҷикӣ равона нашудааст. Дар дигар бахшҳо низ пажӯҳишҳои вай бениҳоят зиёд буда дар мақолаву таълифоти вай ба монанди «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик» (1982), «Ҳусни калом дар маънии он аст» (1991), «Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологӣ забони адабии тоҷикӣ» (2002), «Системаи фразеологияи забони адабии муосири тоҷикӣ» (2006), «Забони адабии муосири тоҷик. Луғатшиносӣ» (2007), «Мулоҳизае чанд роҷеъ ба масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ» (2010), «Истиқлол ва забони давлатӣ» (2011), «Фонемаи сакта ва имлои он» (2013), «Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ» (2013) ва чанде дигар инъикос шудаанд.
Имрӯз профессор Ҳомид Маҷидов дар синни камоли пирӣ бошанд ҳам, роҳнамои таҳқиқоти аспирантону доктарантон буда, ҳамроҳи онҳо бахшҳои алоҳидаи забони тоҷикиро таҳқиқ намуда истодаанд. Аз ҷониби аҳли шогирдон ба устоди азизу арҷманд сиҳатии бардавом ва умри дарозро орзумандем. Аз забони Саъдии Шерозӣ ба устод гуфтанием:
Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,
Иқболу бахту давлату шарафат мустадом бод.
Солу маҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,
Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод.
Нигина ХУДОЁРОВА, муаллими калон,
Моҳира ХОЛОВА, асисстенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ