(Китобу китобхона, мақолоти банда ва паёми неку хуҷастаи Раҳим Ғармӣ)
«Азамату бузургии инсон дар қобилияти андеша кардани ӯст…” – ин гуфтори ҳакимонаи Блез Паскал, мутафаккири баландмақоми Фаронсаи асри XVII ягона гуфторе нест, ки шукуҳу шаҳомати воқеии одамиро тафсир карда бошад. Мавлонои Балх низ ба ҳамин маъно мегӯяд: “Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ…”.
Аммо Паскал ба шарҳи ин маъно андешаҳои дигар ҳам меорад: инсон, бидуни шубҳа, барои он офарида шуда, ки фикр кунад, аммо дурусту бамавқеъ бияндешад, худаш кист ва кӣ ӯро офарида ва анҷоми кораш чист…
Дар китоби Милорад Павич (“Вопасин муҳаббат дар Қустантания”) аз забони яке аз қаҳрамонони асар гуфтори дигари ҳакимонаеро дучор шудам: андеша мисли шамъ аст, ки бо он метавон дигар шамъҳоро фурӯзон кард… Аммо барои даргирондани он шамъи аввал гӯгирд лозим аст…
Фикр мекунам, ки асли фаъолияти аҳли зиё ва соҳибдилони ҳар кишваре, ки рушду тараққӣ ва зиндагии шоистае барои мардумашон мехоҳанд, бояд мисли ҳамин гӯгирд бошад… Фурӯзон бошанд, то ки раҳи дигарон рӯшан шавад, ибтикору ташаббус ба кор баранд, то ки зарра-зарра беҳбудиву пешрафтҳо ҳосил бишавад…
Бо таассуф мегӯям, ки ҳолиё вазъи андешаи аҳли зиё ва мардуми соҳибназари Тоҷикистони азиз чандон хубу матлуб нест: мисли ин ки дар як қиссаи тамсилӣ бо унвони “Мунаҷҷим ва дузд” тасвир шуда…
“Мунаҷҷиме шаби дароз бо лавозимоти ахтарнигараш андармон буд, ки дузде ба хонааш раҳ ёфт: субҳи дигар дид, ки дороии хонаашро касе ба тороҷ бурдааст. Ба пулис муроҷиа кард ва ба зудӣ он дуздро пайдо карданд. Аз мунаҷҷим пурсон шуданд, ки шаб куҷо будӣ? Гуфт:
– Дар хона.
– Аммо дузд мегӯяд, ки дар хона касе набуд…
– На, дар хона будам. Ва ҳар кас ба кори худ банд буд: дузд ба он чӣ машғул буд, ки барояш аҳаммият дошт, яъне ёфтани ҷиҳози қимат, ман дар “осмон” будам, бароям муҳим вазъи ситораҳо буд. Барои ҳамин мо ҳамдигарро надидему эҳсос ҳам накардем…”.
Мағзи андешаи ин қисса ҳамин аст, ки агар ҳар касе ба ҳоли худ бошаду аз аҳволи умум бехабар, ҷомеа карахт хоҳад шуд… Ҷомеаи карахт ва бидуни ҷунбиш пешрафт нахоҳад кард… Метавон даҳҳо барномаву тарҳҳо, лоиҳаҳо ва дигар ибтикоротро ба кор бурд, аммо вақте мардум ба ин корҳо омода нест, натиҷае нахоҳад дод. Бояд таҳкурсии устуворе сохт ва ин зербинои муҳкам ба андеша омода кардани мардум аст.
Ҷомеа бояд донад, ки ба куҷо меравад, чӣ мушкил дорад ва дар пайи рафъи он мушкил чӣ тадбирҳое бояд ҷуст…
Паскали бузург мегӯяд: хатари азим аст, ки ҳамеша ба инсон бигӯӣ, ки аз ҷумлаи ҳаявон ҳастӣ ва аз наҷобату бузургиаш чизе нагӯӣ… Ва ҳамчунин хавфи дигарест, ки доиман аз бузургии инсон ҳарф бизанӣ ва нақсу иллатҳояшро нагӯӣ…
Сухани ҳақ дар миёна аст: ҳам ҳуснашро бигӯӣ ва ҳам қубҳашро. Яъне чашмонашро ба дидани манзараи воқеӣ боз кунӣ…
Ва бояд иқрор шавам, ки сабаби овардани ин муқаддимаи тӯлонӣ (ва гумон мекунам, ки бидуни манфиат ҳам нест) ҳамин аст, ки нуқтаи сарҳисоби ҳама мушкилотамон китобхон набудани мардум аст: дур будани мардум аз китоб ҳамчун сарчашмаи андеша ва ғизои ақлу хирад сари ҳар қадам ба мушоҳида мерасад…
Банда ин ҳолатро аз он эҳсос мекунам, ки ҳамеша ба масъалаи китоб ва тарғиби китоб, чӣ тур муносибат кардани ҷавонон ба ин неъмати азалӣ машғулият дорам…
Панҷ сол аст, ки дар озмуни китобхонии “Фурӯғ” довар ҳастам ва вазъиятро хуб мушоҳида мекунам. Ҳатто мебинам, ки бо вуҷуди таҳсил дар донишкадаҳои улуми инсонӣ (забону адаб, фарҳанги миллӣ, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ, фалосифа, равоншиносӣ, таърих ва ғайра) миқдори хеле ками донишомӯзон майл ба китобу китобхонӣ доранд…
Имсол ба гурӯҳи нави донишҷӯён ворид шудам ва аввалин коре, ки кардам, назарпурсӣ буд. Гуфтам, ки ҳар касе дар ҳамин соли ахир чизе хонда бошад, дар варақе нависад ва ба чанд суоли омодакардаи мо посух бигӯяд. Аз 21 нафар ҳамагӣ 4 кас китоб хонда буданд, дигарон ҳеч… Вақте ки ҷавони муҳассил дар мактаби олӣ чунин муносибат бо китоб дорад, аз дигар қишрҳо чӣ гила…
Барои ҳамин ҳам андеша кардам, ки ислоҳи ҷомеаро аз таҳкурсӣ оғоз бояд кард: аз деҳа, аз мактаби деҳа, аз ҷамоати деҳаву шаҳрак, аз мактаби шаҳру ноҳия, аз бунёди китобхонаҳо дар маҳалҳо…
Коре бояд кард, ки мардум ба китоб ҷалб шаванд, ба китобхона раванд, суҳбату нишасту ҷаласаҳо дар китобхонаҳо сурат бигирад, айнан мисли он ки мардум бо шавқи том ба масҷидҳо мераванд ва якҷо ибодати Худо мекунанд…
Оё мешавад, ки китобхона бисозиву он пур аз китобхон шавад? Дар аввал не, албатта… Аммо оҳиста-оҳиста мешавад… Муҳим оғози кор аст…
Дар ҷӯшу хурӯши ҳамин андешаҳо будам, ки навореро бо суҳбати соҳибкори машҳур Раҳими Бобоҷон (маъруф ба Раҳими Ғармӣ) дар шабака дидам. Мусоҳибаш наметофт, худаш суҳбат мекард. Мегуфт, ки “чизеро агар бидиҳед (ба маънои хайр кунед) қалбатон пур мегардад…”.
Воқеан, ин ҷумла фалсафаи аҷибе дорад: кори хайру савоб ба хотири беҳбуди ҳоли дигарон дили шахси саховатмандро пур аз нишот мекунад, холигоҳи қалбро пурсурур мекунад, пур аз савоб, пур аз сипос, пур аз шукру дуъо… Тасаввур кунед, ки агар 10, 20, 50 кас аз хайру савоби одами сахӣ бурхурдор шуд, ё 100 ё 200 кас…
Агар онҳо дорои имону ахлоқи шоистаи як одами эътиқодманд бошанд, ҳамарӯза ҳазорон ҳазор сипосу шукр ба қалби хайркунанда ворид хоҳад шуд… Раҳими Ғармӣ, ба шунидам аз одамони огоҳ, қалбе пур аз чунин шукру сипосҳо дорад, зеро ба садҳо ва шояд ҳазорон касони эҳтиёҷманд кумак кардааст, дасти фитодагонро гирифтааст, ба эҳтиёҷмандону маъюбону бесарпарастон хонаву дар додааст, дар маконҳои гуногун мактабу роҳу пулҳо сохтааст…
Ҳамин сол, ҳамон тавре ки шунидам, дар деҳаи худаш мактаби замонавие бо ҳама шароиту лавозимот ва аз ҷумла китобхона сохтааст…
Фикр кардам, ки агар бариловаи он корҳои азим китобхонае дар маркази ноҳияи худаш бисозад, аҷаб савобе мешавад ва навиштам мақолае дар ин боб. Ҳадафам ҳаргиз хоҳиши қатъии ин кор набуд, танҳо пешниҳоде буду бас… Ва бандаро ёди як сол пеш, ки дар озмуни минтақавии “Фурӯғ” будам, ба ин пешниҳод раҳнамоӣ кард: наврасону мактабиёни Рашт дар масъалаи дарёфти китобҳои хонданиашон азият доштанд ва аз ҳар касе пурсон мешудем, ин масъаларо ёдрас мекарданд…
Хуб, такрор намекунем он масъалаву мулоҳизаҳоеро, ки дар ду мақолаи пайиҳам навиштаамон (“Чаро мардуми сарватманд китобхона намесозанд?” аз 15-уми октябр ва баъди як рӯзаш мақолаи дуюм – “Муаллим, кори дигар надорӣ?”) зикр шудаанд… Ин мақолаҳо дар ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Самак” низ бознашр шуданд, чун гумон мекунам, ки мардуми зиёде ба ин пешниҳод ва масъалаи ба китоб ҷалб кардани мардум вокунишҳои зиёде нишон доданд.
“Охири охирон ҳамааш хуб мешавад. Агар ҳозир хуб набошад, пас, охири кор нест…”, – навиштааст Пауло Коэлйо, нависандаи маъруфи бразилӣ, муаллифи романи машҳури “Кимиёгар”. Мо низ ба ҳамин умед будем, ки охири кор ҳатман хуб хоҳад шуд ва ҳеч имкон надорад, ки ба қавли Ҳофизи бузургвор “дар кори хайр истихорае ба вуҷуд ояд…”.
Расо баъди панҷ рӯз, яъне рӯзи 21-уми октябр, яке аз дӯстони Раҳим Бобоҷонов – Одинамуҳаммад Одинаев ба мо дар тамос шуданд ва суҳбате шуд бисёр самимона. Аз сарнавишт сипосгузорам, ки бо сабаби як масъала дӯсти хеле донишманд бо исми Одинамуҳаммад ба номгӯйи дӯстони мо зам шуд.
Ман инро беҳуда намегӯям: Одинамуҳаммад (афсӯс, ки банда хеле дер фаҳмидам) дар шабакаи Ютуб канали фарҳангие бо унвони “Панднома” доштааст ва чанд сол аст, ки дар он шарҳу тафсири “Маснавӣ”-и Ҷалолуддини Балхии Румӣ меравад. Ҳамин гуфтори Одинамуҳаммад дар канали фарҳангиаш (ки мо борҳо дидаву гӯш кардем) ба мо ҳақ дода, ки ӯро яке аз беҳтарин муфассирони ин шоҳасари ахлоқиву маърифатӣ биномем. Орзу мекунем, ки дар ҳама ибтикорот тавфиқ рафиқаш бошад…
Ҳамин тавр, Одинамуҳаммад Одинаев ба мо гуфтанд, ки ҳарду матлаби чопшуда ба Раҳим Бобоҷонов расонида шуд ва он кас аз муҳтавои он мақолаҳо комилан огоҳ шуданд. Ба мо барои ирсоли ин пешниҳод изҳори сипос кардаанд ва афзудаанд, ки дар навбати аввал муассисаҳои таълимию маърифатиро бо китоб таъмин бикунем.
Ҳамин ки ин масъала, яъне дастрасӣ ба китоб ҳал шуд, бунёди китобхона ҳам дар доираи имкон хоҳад буд. Мо боистӣ номгӯйи китобҳои лозимро бисозем ва он кас масъалаи дарёфт ва таъмини мактабу муассисаҳои фарҳангиро бо китоб ҳал хоҳанд кард. Бунёди китобхонаи замонавӣ дар навбати дувум амалӣ хоҳад шуд.
Паёми Раҳим Бобоҷонов бо ин хатм нашуда. Он кас расонидаанд, ки “мо ба ҳар ибтикоре, ки ба нафъи миллату давлати Тоҷикистон бошад, ҳамроҳ хоҳем шуд. Шукри беҳад, ки Тоҷикистон бо саъю талоши ҳамешагии Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ободу зебо мешавад, тинҷиву амну осудагӣ дар мамлакат ҳукмронӣ дорад, мардум бо хотири ҷамъу руҳи болида зиндагӣ мекунанд…
Хидмати бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу ваҳдати миллӣ кардааст, дар таърихи миллат мондагор хоҳад буд ва он ба таври доимӣ идома меёбад. Мо вазифадорем, ки дар гирди ин сиёсатмадори доно ва роҳбари хирадгаро муттаҳид шавем ва барои татбиқи нақшаву барномаҳои созандаашон муосидат намоем.
Агар хиштеро болои хишт гузорем, кучактарин амалеро ба хотири беҳбуди мардуми кишвар иҷро кунем, пас, рисолати ҳамдиёрӣ ва ҳамватании хешро ба сомон расонидаем…”.
Аз муҳтавои паёме, ки аз соҳибкори маъруф Раҳим Бобоҷонов тавассути дӯсти хубашон – Одинамуҳаммад Одинаев ба мо расид ва мо онро айнан овардем, аён аст, ки сатҳи андеша ва ҷаҳонбиниву фаҳму дарки ин кас хеле баланд аст ва аслан, аз ин пеш ҳам, аз мундариҷа ва таркиби корҳои хайру савобашон ҳам маълум буд, ки шахсияти нисбат ба ватан ва эҳтиёҷоти мардуми ватан дилсӯзу дилошно буданду ҳастанд.
Қавли Ҳофизи бузургвор аст, ки “фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст…”. Хуш ба ҳоли он кас, ки фикраш баробар ба ҳимматаш ҳаст ва мо баъди шунидани он паёме, ки аз Раҳим Бобоҷонов омад, он касро дар ҳамин сатҳ, яъне баробар будани сухану амал дарёфтем ва шукри сарнавишт мекунем, ки чунин буду ҳаст.
Дар хатми ин матлаб ба он кас, яъне Раҳим Бобоҷонов ва низ дӯсти хубу муборакашон Одинамуҳаммад Одинаев сиҳҳатии ҷисму ҷон ва руҳу равон ва дар фаъолиятҳояшон барору пешрафтҳои азим орзу мекунем.
Ҳафиз РАҲМОН