ОҒОЗИ СУХАН: Ду сол пеш дар Донишгоҳи Кӯлоб конфронсе ба ифтихори шодравон Зафари Мирзоён баргузор карда буданд ва бандаи фақирро даъват. Субҳгоҳӣ бо Рустами Наботӣ раҳ пеш гирифтем ба Кӯлоб. Дар арафаи сафар ҳамин матлабро навишта будам, аммо дар минбар (азбаски вақт маҳдуд буд) дигар чизҳоро гуфтам…

Баъди нишаст бо лутфу сахои раиси ин донишгоҳ Дилшоди Раҳмон ба Ховалинг сафар кардем ва оромгоҳи марҳум Мирзоёнро зиёрат. Устодони сухан – Абдулҳамиди Самад ва Ҳақназар Ғоиб ҳамроҳамон буданд ва боз чанд меҳмони дигар…

Ба ёдам меояд, ки мисли ҳамин рӯзе, ки гузашт, ҳаво боронӣ буд ва бӯйи алафу гиёҳу гулу буттаҳо ҳар сӯ парешон… Аҷаб манзарае… Банда, ки бори дувум ба ин диёри пур аз гиёҳу дарахт мерафтам, таассуротамро ошкор ба мизбонҳо гуфтам ва бо изҳори сипоси бешумор…

Устод Абдулҳамиди Самад, ки рамузфаҳманд, ишора карданд, ки “агар писанд шуда бошад, боз туро меорем, мушкил нест…”.

Зодгоҳи устод Абдулҳамид Самад низ Ховалинг аст, яъне ин кас соҳибмулки асосии ин кӯҳу пуштаву гулистону чаман ҳастанд. Сабаби соҳибмулк гуфтанам ин аст, ки ин ё он маконро на раису ҳокиму ашхоси сарватмандаш, балки шоиру нависандаву манзаранигору муҷассамасозу оҳангофараш, хуллас, аҳли ҳунару адабу фарҳангаш муаррифӣ мекунанд…

Ин шом аз тиреза ба беруни боронӣ нигариста, ҳамон борони Ховалингу ҳамон сухангӯйиҳо дар конфронси Зафари Мирзоён ба ёдам омад…

Ин матлабро сардабири “Адабиёт ва санъат” Толиби Луқмон нашр карда буд (ки аз он кас сипосгузорам), аммо фикр мекунам, ки ин ҷо бознашр шудани фишурдааш зиёне надорад…

Боз бад-ин далел, ки дар арафаи иду айём ёде аз гузаштагони донишманд кардан суннати хуби мардуми мост…

Инак, фишурдаи он мақола:

РӮШАНГАР

Дар ин мухтасар, ки аз кору пайкор ва осори мондагори Зафари Мирзоён суҳбат мешавад, байти зебои зерини Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро муносиби ҳоли зиндагии пуштисаршудаи ин шахсияти фарҳангӣ дарёфтам:

Бандаам покраверо, ки дар ин дайри куҳан,

То зияд, пок зияд, чун биравад, пок равад…

Ва ҳанӯз, ки ба қисмати муҳтавои каломи хеш нарасидаам, мехоҳам як шингиле аз китоби пуровозаи Мишел Экзюме де Монтен “Таҷрибаҳо” (номи дигараш – “Андар ҳунари бошарафона зистан”) биёрам, ки дар замонаш Пушкини бузург гуфта буд, ки “каси ин китобро нахонда ҳеч мумкин нест, ки хештанро аз аҳли зиё бишмарад”.

Инак, дар боби “Дар бораи андуҳ”-и ин китоб Монтен мисоле аз таърих меорад: маълум, ки Миср аз ҷониби писари калонии Куруши Кабир Камбуҷияи II истило шуда буд. Шоҳи Миср Псаменит асир уфтод. Ҳангоми асорат дид, ки духтараш бо бардагони дигар дар пироҳани ғуломона об мекашонад. Духтар аз паҳлуи падар гузашт, ҳама муқаррабони шоҳ доду фиғон карданд, ки “бубинед, бо паризоди Миср чӣ кардаанд…”.

Аммо падар бо виқору ғурур чизе нагуфт ва оҳе накашид. Баъдан, писарашро ба қатлгоҳ бурданд ва фаҳмид, ки сари ӯро аз тан ҷудо кардаанд. Ба ин фоҷиа ҳам гӯё аҳаммият надод. Ниҳоят, аз назадаш дӯсти бисёр наздикашро кашон-кашон бурданд ва он гаҳ шоҳи асир ба доду фиғон даромад.

Аз ӯ баъдан пурсон шуданд, ки чӣ сирре буд, ки дар фоҷиаи писару духтар ҳузну андуҳе дар чеҳраи Шумо падид наомад, аммо дар ин ҳодисаи дӯст якбора инони ихтиёрро аз даст додед… Шоҳ посухи маънидоре гуфт:

– Аз он сабаб, ки ҳамин ҳодисаи ахир косаи сабри маро лабрез кард. Барои он ду фоҷиаи дигар тарзи ифодаи ғаму яъсу навмедиро надоштам…”.

Мо низ дар ҳодисаи фавти бемаҳали Зафари Мирзоён тарзи ифодаи ҳамон андуҳу буғзи дар гулӯмондаро намеёбем: як инсоне аз ҷамъи асҳоби донишмандон даргузашта, ки ростраву ростгӯ ва мудом дар андешаи эҳёи миллат буд ва як шахсияте, ки метавон нисбаҳои милливу фарҳангиро ба дунболи номи муборакашон изофа кард.

Дар ин навъи аҳвол бузургони мо, чӣ дар Шарқу чӣ дар Ғарб, роҳҳали хубе пеши мо ниҳодаанд: дар Шарқ мегӯянд дар ҳаққаш дуо куну аз корномаҳояш ёд, дар Ғарб ҳамон гунае мекунанд, ки ҳамин бузургвори илми ҳикмат Мишел де Монтени фаронсавӣ гуфтааст.

Ӯ дар пешгуфтори китобаш менависад: “Таъйиноти ин китоб таассуроти хосе расонидан ба пайвандону дӯстонам аст. Онҳо вақте маро аз даст медиҳанд, пайи хислату характер ва роҳу равиши андешаи маро хоҳанд дарёфт ва бад-ин васила он тасаввуре, ки дар онҳо ҳангоми зинда буданам шакл гирифта буд, хеле густарда хоҳад шуд. Муроди ман ғайр аз ин чизи дигаре нест…”.

Ҳамин андешаву хулоса барои имрӯзи мо бисёр хос аст: Зафари Мирзоён чӣ касе буд, чӣ хислату бархӯрдҳо ва рафторҳое дошт, барои онҳое чун шуълаҳои офтоб рӯшан аст, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, дар гуфтугӯ ва муошират бо ӯ буданд, якҷо нишастухез доштанд…

Аммо барои дигарон мероси илмиву насри иҷтимоӣ, андешаҳои ӯ, ки дар авроқи кутубашон арзи ҳастӣ мекунад ва гуфторҳояш, ки дар садову симо ва дигар васоити ахбор намоиш шуда ва то кунун боқӣ ҳастанд, тасаввури воқеии шахсият ва олим буданашро намоён мекунанд.

Ва як асли фарҳанги мост, ки ҳар инсонеро аз тариқи аъмолаш баҳо бидиҳанд ва арзишдоварӣ бикунанд… Ва аз ин шахсияти наҷиб он чӣ ки ба ёдгор мондааст ва барои банда маълум аст, ҳамин китобҳояш – “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон” (2013), “Ниёиши некон ва покон” (2014), “Худовандгори сухани порсӣ” (2015) ва як силсила мақолоташ ҳаст, ки баробари нашр шуданашон, ончунон ки шадидгуруснае ба як пора нон муносибат мекунад, ҳамон гуна онҳоро мехондему маъниҳо фурӯ мебурдем…

Чанде пеш банда хабар ёфтам, ки китоби дигарашон низ соли 2020 ба нашр расида будааст бо унвони “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Ҷумлаи содае дорад, ки ҳазор маънӣ дар пасманзараш ниҳон аст: “Шоҳнома”-ро Абулқосим Фирдавсӣ дар сӣ сол эҷод карда буд, вале мардуми олам ҳазор сол боз шоҳномахонӣ мекунанд…”.

Маълум, ки ин китоб шарҳи муҳимтарин нуктаҳои тарбиятӣ ва ақидатии “Шоҳнома” аст, ки мувофиқ ба зеҳну ақл ва тасаввури наврасон бо забони хеле сода, аммо самимона иншо шудааст ва як навъ идомаи анъанаи шарҳу тафсири насрии “Шоҳнома” ҳам ҳаст, ки шодравон Сотим Улуғзода соли 1976 анҷом дода буданд.

Адабиётшиноси фақид Раҳим Мусулмониён сабаби иншои насрии ин шоҳасарро чунин шарҳ додаанд: “Аз солҳои панҷоҳуму шастум кундии завқу пастии маънавият шиддат кард. Барои пешгирии ин ҳолати нохуш диққати мардумро ба манбаъҳои фурӯзону ҷовидонаи завқу маънавият, ки “Шоҳнома” низ бегумон аз ҷумлаи онҳост, кашидан лозим омад. Шояд сабаби асосии ба кори “Шоҳнома” пардохтани устоди насри бадеӣ Сотим Улуғзода низ дар ҳамин бошад…”.

Албатта, ба қиёс гирифтани нақли “Шоҳнома” аз ҷониби устод Улуғзода ва ин китоби хурдҳаҷми Зафари Мирзоён кори дурусте нест, зеро бо тақозои замона устод Улуғзода хеле ҳиммат кардаанд, то аксар достонҳои пандомӯзи ин шоҳасарро ба наср гардонанд ва кӯшиш кардаанд, ки хатти сужаи достонҳоро халалдор накунанд.

Ҳунари Зафари Мирзоён аз он ҷиҳат сазовори қадр аст, ки барои кӯдакони 7-12-сола беҳтарин намунаи ҳикояту ривоятҳоро, ки дар зеҳни кучаки кӯдакон нахустин гомҳои ҳувиятиро шакл медиҳанд, интихоб ва ба тариқи пурсишу посух пешниҳод кардаанд, аз қабили аввалин подшоҳ, кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг, пайдоиши ойинҳои миллӣ, аз қабили Садаву Меҳргону Наврӯз, ба мардуми мо мутаалиқ будани чавгон ва аввалин ромкунандагони асп будани аҷдодони мо ва ғайра…

Инҳо, агарчи дар китоб хеле мухтасар ҳикоят шудаанд, аммо барои шакл гирифтани тасаввури кӯдак аз гузашта бисёр муҳим ҳастанд. Фарзан, агар касе иддао кунад, ки озариҳо ҷавгонро тавассути ЮНЕСКО моли миллати худ эълом кардаанд, навраси тоҷик хоҳад гуфт, ки ин ҷо хатои нобахшиданӣ шудааст ва чавгон ҷузъи таърихи пуршарафи ниёкони мост…

Ба назари банда, китоби “Се шикасти ориёҳо” ончунон шукӯҳу азамате дар боби худнигарӣ дорад, ки онро метавон “таърихнигории фоҷеоти миллӣ” номид. Хуб, дар хусуси он матолибе, ки дар ин асари пурмуҳтаво нигошта шудааст, даҳҳо ва садҳо кутуби таърих ва навиштори гуногун мавҷуд аст, аммо роҳу равиши назаркарди Зафари Мирзоён басо муассир уфтода.

Ин ҷо чизе эҳсос мешавад, ки дар гуфтору навиштори дигарон нест: самимияти ифода ва ифшои нуқтаи назар аз дидгоҳи шахсияти миллӣ, бо таҳлили жарфи пажӯҳандагӣ ва мӯшикофие, ки мунҳасир ба фарди худи нависанда аст.

Пушти ҳар боби ин китоб, ҳар фасл ва ҳар қитъаи он хитобаҳо ва ҳушдорҳоест ба масъулини миллату давлат ва адабу фарҳанги он: аз таърихи пурфоҷиаи миллат бояд сабақ омӯхт ва омӯзаҳои таърихро ба кор бурд, вагарна аз шикасти нав эмин нахоҳем буд!

Муҳтавои китоби мазкурро файласуфи овозадор Комили Бекзода хеле бамаврид таъкид карда: “Ин нуктаро ёдовар мешавам, ки муҳтавои китоби мазкур дар баробари нақл аз саргузашти мухтасари шикасти тоҷикон (ва умуман ориёҳо) дар сайри таърихии якчандҳазорсолаи худ, иллатҳои қафомондагии ҷаҳони Шарқро аз Ғарб рӯйи саҳифаҳои алоҳида дорад. Барои тасбит ва поядории андешаҳои худ кори зиёди пажӯҳишӣ карда, иқтибосҳои бешумор овардааст. Навиштаҳои ӯ хонандаро, бахусус ҷавононро водор мекунад, ки дар андешаҳояшон ба худнигарии миллӣ ва худсозӣ бартарии ҷиддӣ диҳанд”.

Ин шикастҳо (шикаст аз Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми араб, хунрезии муғул) садсолаҳост, ки шарҳу тафсир ва иллату авомили рухдоди онҳо бо далелу аснод аз ҷониби муаррихону фарҳангиёни чи дохиливу чи хориҷӣ собит шудаанд, аммо ба иллати кампарвоиву машғулият ба масъалаҳои имрӯзаи мутобиқ шуданҳо ба раванди ҷаҳонгароӣ, бо вуҷуди таълиму тадрис дар макотибу донишгоҳҳо ва барпо кардани садҳо тадобири иттилоърасонӣ то кунун ҷиддӣ гирифта намешаванд.

Илоҷи дардро бидуни ташхиси комил наметавон дарёфт, ҳамин аст ғоя ва сабаби аслии даст задани Зафари Мирзоён ба масоили баҳамрехтаи таъриху фарҳанг.

Лев Николаевич Толстой, нобиғаи адаби ҷаҳон, доиман таъкид мекард, ки ҳар навъи китобро метавон се навъ мутолиа кард: хондану нафаҳмидан, хондану фаҳмидани дуруст ва хондану фаҳмидани он чизҳое, ки нависанда дар назар дошту аммо нанавишт…

Китоби номбурдаро низ танҳо бо навъи севуми баршумурдаи Лев Николаевич Толстой бояд мутолиа кард, он гаҳ нидо ё дурусттараш фиғони қалби пурдарди муаллифро метавон дарк кард: нидое, ки аз беҳосилии киштзори уламои фанҳои инсоншиносиву фарҳангнигориву таърих ба бонги хатар шабоҳат дорад ва мудом хотирнишон мекунад, ки лаҳзае аз ҳолу ҳавои хештан ғофил набошем…

Афсонаву ривоёт ва қиссапардозиҳои беғамонаро як сӯ бигзорем ва сари сарнавишти ин меҳану ин миллат ва арзишҳои он биандешем. Худи ӯ дар ин маврид мегӯяд: “Барои як меҳанпарасте, ки мехоҳад давлати миллӣ дошта бошад ва аз вопасмониҳои давлату миллати хеш нангаш ояд, аз таҳлилҳои худ дармеёбад, ки ҳамдиёронамон парастиши арзишҳои миллӣ ва нигаҳбонии ҳувияти тоҷикии худро дар пасманзари андешаҳову боварҳои худ гузошта буданд ва ҳоло низ як шумори чашмрас он арзишҳоро ночиз мегуморанд, ки ниҳоят дардовару хатарзо аст”.

Зафари Мирзоён ҳамеша ошиқи содиқи “Шоҳнома” буд ва то ахири умр ҳамин садоқатро аз каф нагузошт. Ба ҷуз як силсила мақолоте, ки махсуси ин шоҳасар ҳастанд, дар “Се шикасти ориёҳо” низ манбаи аслӣ ва сарчашмаи ҳама афкору пиндору бовар ва асноду далел ҳамоно “Шоҳнома”-и безаволи Ҳакими Тӯс аст.

Барои ин олим “Шоҳнома” мисли офтоб аст, ки раҳи пажӯҳандагиашро доиман рӯшан нигаҳ медорад: такя ба ин шоҳасар то кунун касеро аз раҳи ростӣ ба каҷиҳо набурдааст ва нахоҳад бурд. Ва муҳаққиқ дуруст фармуда, ки “ин офаридаи ҷовидонӣ пайваста дар миёни ҳувиятҷӯёни тоҷику эрониҳои худогоҳ буда, василаи муҳим барои тарбияи андешаи миллӣ ва худогоҳиву таборшиносӣ мебошад”.

Ва ин хулосааш ҳам басо мубрам аст: “Ҳамешаву пайваста бояд дар ёд дошта бошем, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар рӯзгоре, ки ҳувияти тоҷикӣ – эронии гузаштагонамон дар ҳолати нобудӣ буд, монанди фарҳанги миллатҳои ба худфаромушӣ расида ва фарҳанги қавми ғолибро пазируфта, гузаштаи бошараф ва ғурури миллии ниёконамонро ба намоиш гузошт. Дареғ, ки чанде аз кутаҳназарону худбохтагон достонҳои «Шоҳнома»-ро дур аз ҳақиқат ва афсонаву устура донистаанд ва бад-ин сон аз бузургиву аҳаммияти он ғофил мондаанд…”.

Чандин мақолаи пурмуҳтавои эшон, аз ҷумла “Марзҳои Эрон ва Тӯрон”, “Диравши ковиёнӣ”, “Зартушти диновар”, “Ҷашни Меҳргон”, “Шаби ялдо”, “Забони тоҷикӣ”, “Асбҳо ва тоҷикҳо” ва ғайраҳо, ки паёпай дар нашрияҳои гуногуни кишвар ба чоп расидаанд, ҳамагӣ ба “Шоҳнома” такяи устувор доранд ва чунин ба дида мерасад, ки ҳеч гуфтаниеро бидуни таъсир аз ин маъхази гаронмоя нагуфтаанд ва ё қабул надоранд. Ин шефтагӣ, албатта, ҳосили мутолиаи мудаввом ва ниҳоят ҷиддист.

Ба ҷуз ин сарчашмаи пурхурӯш, эшон ба Мавлонои Балх ҳам муҳаббате самимона доштанд ва дар зимни пиндорҳо ва гуфторҳои ҳакимонаву ошиқонаи Мавлоно ба нақди сӯфигарӣ ва бардоштҳои нодурусти бархе аз муҳаққиқону мубаллиғон аз ин равияву ҷараёни фикриву эътиқодӣ навиштаҳои хубе ба чоп додаанд.

Мо дар унвони ин мухтасар Зафари Мирзоёнро рӯшангар ва шахсияти фарҳангӣ гуфтем. Мутолиаи навиштаҳои ин олиму пажӯҳишгар бешак, моро ба хулосае меорад, ки Зафари Мирзоён аз рӯшангарони муосир буд ва то даме, ки мероси илмиву иҷтимоиаш барои мутолиа муҳайёст, ҳамин гуна хоҳад монд.

Шахсияти фарҳангӣ бад-ин маъност, ки бидуни огоҳии комил аз таърихи фарҳангу осори ниёкон наметавон ба таҳлили он муаммоҳо ва масъалаҳое рӯ овард, ки шодравон ба онҳо дасти муборак задааст.

Назари мо ин аст, ки мавсуф мақолаҳои зиёде роҷеъ ба “Шоҳнома” доранд ва онҳо бояд китоб шаванд… Ин кори муҳимро бояд дӯстони донишгоҳӣ ё инсонҳои сарватманди ҳамон маҳал, ё касони хайрхоҳи илму фарҳанг бояд анҷом диҳанд. То охирин навиштаҳо, номаҳо ва маърӯзаву гуфторҳои сабтшудаашон бояд гирдоварӣ шавад. Ин кор таъхирро дӯст намедорад…

Чанд муддат пеш, дар суҳбате бо чанд дӯсти фарзона роҷеъ ба мероси илмию адабии устод Муъмин Қаноат баҳс шуд ва банда ташвиши худро дар мавриди то ҳол интишор наёфтани куллиёти устод Муъмин Қаноат баён кардам. Он дӯстон гуфтанд, ки чанд китобе баъди фавташ бо кумаки ҳамдиёрони хубаш чоп шуд-ку.

Гуфтам, ки куллиёт кардан лозим, мувофиқ ба тақозои илми матншиносӣ, сол ба сол, аз ибтидо то интиҳо, аз аввалин ашъор то охирин номаву ёддоштҳоро дар як ҷо гирдоварӣ кардан лозим аст. Куллиёт мисли умри инсон аст: аз аввал то охир ҳар чизе адиб навишт, ҳамонҳоро фаро мегирад ва баъдан аз нигоҳи илм (ҳамчун сарчашмаи аз ҳама боэътимод) эътибори баланд дорад…

Осори марҳум Зафари Мирзоёнро ҳам ҷамъоварӣ карда, куллиёт кардан лозим. Бигзор як ҷилд шавад ё се ҷилд, фарқе надорад…

Ин устод дар садову симои кишвар низ баромадҳои бисёре кардааст, мақолоти пуршумор дорад, дар матбуот чизҳои зиёд навиштааст, ҳамонҳо ва инчунин наворҳову сабтҳоро пайдо карда, рӯйи коғаз овардан ва баъдан ба шакли китоб даровардан лозим аст.

Ҳоло расм шуда, ки китобҳои ашхоси маъруфу машҳурро баъди фавташон ба китобхонаҳо месупоранд. Агар ҳамин ният бошад ва наздиконаш розӣ бошанд, пас, китобҳояшро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, кори хайре хоҳад шуд…

Танҳо бо дуо ёд кардани шахсияти илмию фарҳангӣ кам аст, пасояндагон ҳатман хоҳанд пурсид, ки аз марҳум чӣ мондааст, то хонему баҳра бардорем… Беҳтарин зикри хайри марҳум баробари дуо нашри ҳама маводест, ки қалами устод болои коғаз овардааст…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь