Иҷлосияи 3-юми Кумитаи Марказии Иҷроияи (КМИ) Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба театр ҳамчун воситаи муҳими тарбияи оммаи заҳматкаш таваҷҷуҳ намуда, соли 1928 дар мавриди ташкили оркестри давлатии миллӣ ва дастаи драмавӣ қарори таърихан муҳиме қабул кард. Барои татбиқи ин қарор Ҳукумати он вақтаи Тоҷикистон коргардони театри драмавии ба номи Ҳамзаи Ӯзбекистон Ҳомид Маҳмудовро, ки аз тоҷикони Бухоро буд, даъват намуд. Ба уҳдаи мавсуф вазифаҳои басо муҳими давлатию фарҳангӣ вогузошта шуд:

– Ташкили Театри миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии созҳои миллӣ, ба вуҷуд овардани кадрҳо дар риштаи драматургияи миллӣ;

-Аммо ин фақат як паҳлӯи масъала буд. Паҳлӯи дигараш ҷиддитару мушкилтар, яъне баробари ташкили театр, оркестр, таъсиси комилан ҷадиди драматургия, ки он нафақат ба театр, балки ба санъати навтарин – кинои тоҷик низ рабт дошт, боз вазифаи болотари иҷтимоӣ – дигаргун сохтани тафаккури омма вогузошта шуд. Ҳамаи ин аъмол мебояд ба ҳадафи асосӣ – гузариши тафаккури иҷтимоии куҳна, ки ғолибан қуруни вустоӣ буд, ба шуури нави ҷамъиятӣ, ки ҳамрадифи сохтори нави ҷамъиятӣ – ҷамъияти сотсиалистӣ буд, равона карда мешуд. Ҳамин театру оркестр ва драматургия мебоист тафаккури дар асрҳои миёна шахшудаву хурофотии қисми зиёди оммаро бояд ба воқеияти нави таърихӣ, сараввал бояд наздик мекард ва баъд комилан мегаравонд. Ин вазифа сода набуд. Барои ин бояд аввал тафаккуру ҳунари худи аъзоёни театру оркестр ва драматургия дигаргун мешуд. Шаклу мундариҷаи эстетикии ин ҳунарҳо комилан чизи навро тақозо мекард. Гап сари он аст, ки ҳунарҳои номбурда ҳануз дар фазои қолабҳои анъанавӣ фаъолият мекарданд. Маҳмудов, ки маҳз дар Москва аз устодони варзида таълими театру мусиқӣ ва драматургияро гирифта буд, мебояд ин санъату ҳунари анъанавии миллиро бо тарзу усулҳои нави урупоию русӣ пайванду ҳамоҳанг мекард. Ин вазифа аввалиндараҷа шояд аз вазифаи иҷтимоии зикршуда осонтар набуд. Барои ин аз бастакорону нависандагони навбин ёрӣ гирифтан лозим буд. Хушбахтона, нависандагони навсоз, бастакороне, ки синтези мусиқии миллӣ ва урупоиро дар асарҳояшон татбиқ карда буданд, ба ин вазифаи Маҳмудов осонӣ оварданд.

Ба директор ва саррежиссёри Театри миллӣ Ҳомид Маҳмудов муяссар гардид, ки дар як муддати басо кутоҳ коллективи эҷодиро созмон диҳад ва тамрин дар Хонаи деҳқонро оғоз намояд. Ин сохтмон бо сабки конструктивизм сохта шуда, комилу пурра ба давру замони “худ” ва таъиноти нави таърихӣ  мутобиқ буд.

Театри касбии тоҷик аз аввалин рӯзҳои таъсиси худ тасмим гирифт, ки ғояҳои равшангариву маорифпарвариро ба оммаи васеъи мардум расонад, ҳидоятгару пешбарандаи тафаккури нав, равишҳои нав ва татбиқу тарғибгари идеяҳои мубрами инқилоби фарҳангӣ шавад.

Охири моҳи ноябри соли 1929 ин дастаи ҳунарӣ дорои 15 корманди эҷодӣ: саркоргардони театр Ҳомид Маҳмудов, Гулчеҳра ва Шарифа Бақоеваҳо, Ғуломризо Баҳор, Тубиё Бобоева, новелланавис Ҳаким Карим, Мастура Муллоҷонова, Урун Обидов, Саидахон Раҷабова, Султон Сайидмуродов, Ёқуб, Одил, Улмас, Ҳодӣ Фозиловҳо, Михаил Ягудоев буд.

Ҳомид Маҳмудов, ки табиатан дорои қобилияти созмондиҳӣ ва энержии беназир буд, дар атрофи худ донандагони хуби адабиёт, ба монанди Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Мунир Аминзода, Акмал Аминзода, Ғулом Ализода, Тӯйчӣ Самадӣ, Муҳаммадбек Юсуфбековро ҷамъ овард.

Дар мавсими аввали театрии солҳои 1929/1930 сенариянавис, коргардон ва басаҳнагузоронда Ҳомид Маҳмудов асари Л. Свердлин “Хоб дар дидбонгоҳ”-ро ба саҳна гузошт. Дар ин мавсим ҳамчунин, намоишномаҳои “Наврӯз ва Гулчеҳра”-и А. Аминзода, “Бой ва Одина” ва “Золими охирин”-и М. Юсуфбеков, “Зиндагии нав” ва “Эшони фиребгар”-и Т. Самадӣ, “Сангинбой”-и А. Мунзим пешкаши тамошобинон гардид.

Дар мавсими дуюми театрӣ (солҳои 1930/31) Театри миллӣ аз ҳисоби ҷавонон аз маҳофили худфаъолиятӣ, ҳаваскорон, кружокҳои мусиқӣ ва театрии Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Фарғона пурра шуд. Дар миёни онҳо бонувон ва мардони ҳунарманд А. Боситова, С. Тӯйбоева, Б. Боситов, Ф. Исматов, М. Қосимов, А. Саидов, Х. Урунов, М. Халилов, Х. Шоймардонов,  рассом А.И. Дарченко, коргардонҳо Ф. Умаров, М. Саидов ва дигарон буданд.

Ҳомид Маҳмудов бо истифода аз дарсҳои маҳорати ҳунармандӣ ба бозингарони тозакор дарси маҳорату ҳунар, ки ба истилоҳи “Master class” ёд мешавад, омӯхт. Ва ин усули кор пурраву комилан ҳақ будани худро исбот кард. Ин кор чандон содаву осон ҳам набуд, чун лозим меомад барои ҳамаи ин афрод, ки асосан аз маҳофили худфаъолиятӣ ҷамъ омада буданд, ширкат дар саҳнаҳои вижаро омӯзад.

Дар соли 1934 Ҳ. Маҳмудов бо мақсади ташкили театри 2-и давлатии мусиқӣ-драмавии тоҷик аз ҷониби роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Ҳомид Маҳмудов ба ҳунармандони Театри мусиқию драмавии Хуҷанд асосҳои санъати саҳнавӣ, аз ҷумла малакаҳои кайфияту эҳсос ва бадеҳапардозӣ, ҳозирҷавобиву базлагӯӣ, мавзуниву назокати ҳаракат, қиёфабозиву қиёфасозӣ, муназзамӣ дар рақс, речитатив (гуфтовоз) ва техникаи гуфтору хонишро омӯзонд.

Аммо он замон ангуштшумор будани муаллифони песа аз миёни зиёиёни миллӣ, ки битавонанд осори ҳунарии худро дар саҳнаи театри миллии Тоҷикистон ироа диҳанд, як мушкили аслӣ ҳисоб меёфт.

Аз он ҷо, ки дар бештари мавридҳо фаъолияти эҷодии адибон ва драматургони ҷавони тоҷик ба кор дар нашрияҳои ҷавонон иртибот дошт ва табиист, ки наметавонистанд нақше дар оғози рушди драматургияи тоҷик гузоранд, Ҳомид Маҳмудов ба омӯзиши нависандагон – драматургон ба таъсири каломи бадеӣ ва образҳои саҳнавӣ, қобилияти ба саҳна гузоштани асарҳои мусиқӣ, мазҳакавӣ ва драмавӣ вақти зиёд сарф кардааст.

Бо маҳорати истифода аз тарҳи комилан собити кор бо нависандагон ва намоишноманависони ҷавон: Ғанӣ Абдулло, Муҳиддин Аминзода, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода Ҳомид Маҳмудов онҳоро кори драматургияи театрӣ омӯхт. Ба ибораи дигар вай эҷоди чунин тасовирҳои воқеъии саҳна, ки бо шахсият, вижагиҳо, ғояҳо, одатҳо ва ғайра вуҷуд дошта бошанд, омӯзиш дод. Дар дарсҳои худ ӯ ба адибони ҷавон андешаронӣ дар бораи театру саҳнасозии нави урупоӣ, қобилияти истифодаи органикии фолклори миллиро дар асарҳои драмавии таълим медод.

Қобилияти Ҳомид Маҳмудов дар эҷоди эътимод ба драматургони ҷавон дар таҳияи намоишномаҳои бадеӣ ва пурмазмун, ба тамошобинони театр расонидани мушкилоти худи ҳаёт, драматургияи он, инъикос ва ёфтани посухҳои дурусте, ки зиндагӣ дар миён мегузорад, зоҳир мегардид. Яъне, ӯ талош мекард, ки театр барои тамошобинон на танҳо як макони фароғат бошад, балки ҷойе бошад, ки дар он таҷриба омӯзанд, ба дарки амиқи маънои ҳаёт расанд. Вай мекӯшид, ки театр ба ҳамон мақоме  расад, ки  Н. Г. Чернишевский онро “китоби дарсии ҳаёт” номида буд. Ин талошҳо дар барномаҳои театр инъикоси рушан ёфтанд ва як далели он афзудани миқдори пейесаҳо ба забони тоҷикӣ буд.

Насли нави нависандагон-намоишноманависони миллӣ бо доштани ангезаи табиии зиндагӣ фурсати беназир ёфтанд, ки дар драматургия лаҳни таъсирбахшу пурмуҳтавои худро танзим кунанд ва тасвирҳои саҳнавиро муҷассам созанд, ки ба таври маъмул мавриди тасвири бадеии ҳаёти воқеӣ гардад. Бахусус дар саҳнаҳои танз, ки бештар ва ғолибан таваҷҷуҳи оммаро ба худ ҷалб мекард, дар анъанаҳои ҳаҷвии фолклорӣ истифода мешуд. Чунин разоили инсонӣ ба намоиш гузошта шуда ва дар маърази дид қарор мегирифт, ки аз назари иҷтимоӣ бо хандаи умум маҳкум мешуданд.

Ҳомид Сайидович Маҳмудов нерӯи эҷодии зиёиёни тоҷикро бо дарназардошти имкониятҳои воқеии онҳо тобеъ карда, тавонист мушкилии аслӣ – зуҳури нави намуди то кунун номаълуму ношиноси адабиёт – драматургияи тоҷикро ҳал намояд.

Ҳамзамон, бо ташкили театри миллӣ оркестри давлатии созҳои халқӣ низ такмил шуд. Таҷрибаи амалии кори Ҳомид Маҳмудов бо нависандагон ва ҳунармандон имкон дод, бо мушорикати мустақими вай ва мусиқинавозони маҳаллӣ, мутахассисони фолклори тоҷик, инчунин, оҳангсозони касбӣ, навозандагони мумтозу моҳир аз Бухоро, Конибодом, Самарқанд, Хуҷанд таҳкурсии Оркестри асбобҳои халқӣ гузошта шавад.

Бо ифтитоҳи шуъбаи мусиқӣ дар Сталинобод, омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрӣ дар Хуҷанд (соли 1929), Оркестри давлатии созҳои халқӣ, ки асоси онро намояндагони театри пойтахт ташкил медоданд, бо таъсиси Оркестри давлатии симфонӣ (1929) раванди пуршиддати оммавӣ гардонидани намунаҳои оҳангҳои халқӣ, муаллифони асарҳои муосири симфонӣ, асарҳои классикии мусиқии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта идома ёфт. Пас аз он Ҳомид Махмудов барои ҳамоҳангии мусиқии суннатии миллии яковозии тоҷикон ва ӯзбекҳо бо мусиқии бисёровозии Ғарб талош варзид…

Бист соле, ки Ҳомид Маҳмудов ба санъати театрӣ ва гуруҳҳои мусиқӣ бахшидааст, бенатиҷа нагузаштааст. Театрҳои касбӣ ва гуруҳҳои мусиқии дар ҷумҳурӣ таъсисдодаи ӯ баъдан батадриҷ тақвият ёфтанд, афзуданд, заминаи моддию техникии худро ба таври назаррас мустаҳкам гардониданд. Маҳорати касбии драматургҳо, ҳунармандон ва навозандагон ба таври назаррас боло рафт.

Театри миллӣ дар гузаштаи таърихии худ дар ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон мавқеи шоиста касб кард.

Театри миллии Ҳ. Маҳмудов паҳнкунандаи анъанаҳои байналмилалӣ ва дидгоҳҳои интиқодии реалистӣ, баррасикунандаи арзишҳои эстетикии миллӣ, болоравии мақоми касбии зиёиёни эҷодкор, барандаи арзишҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Театри миллии Тоҷикистон дар солҳои 30-и асри ХХ ба як майдони озмоишӣ табдил ёфт, ки дар он драматургияи миллӣ ба вуҷуд омад, рушд кард, коргардонии теартӣ шакл гирифт, имкон дод намоишноманависони ҷавон, бастакорон-оҳангсозон, ҳунармандон тавоноиҳои худро дар истеъдоди табиӣ дар жанрҳои гуногуни санъат намоиш диҳанд.

Дар маҷмӯъ театри миллии онвақта ба як падидаи байнифарҳангӣ табдил ёфта, воситаи шукуфоии анвои ҳунарҳои мухталиф – театр, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, драматургия ва амсоли инҳо гардид ва бо рисолати ҳирфаӣ ва идеолгиаш пояи маънавиёт ва асосҳои ахлоқию тарбиявии инсони нав гардид.

Фаъолияти Ҳомид Маҳмудов нафақат дар Тоҷикистон маҳдуд шуд, балки Ӯзбекистонро низ дар бар гирифт. Вай бо истифода аз асарҳои муаллифони ватанӣ ва классикони драматургияи ҷаҳон дар минтақаҳои гуногун саҳнагузорӣ мекард.

Масалан, солҳои 30 – 40-и асри ХХ номбурда дар театри давлатии тамошобини ҷавони Бухоро намоишномаҳои ҳаҷвнигори фаронсавӣ Ж. Б. Молйер “Табиби зӯракӣ” ва драмнависи машҳури инглис У. Шекспир “Ромео ва Ҷулиета”-ро ба саҳна гузошт. Дар саҳнаи театри давлатии вилоятии мусиқӣ-драмавии Бухоро, театри мусиқӣ-драмавии давлатии Қаршӣ Ҳомид Маҳмудов намоиши “Рустам ва Суҳроб” аз рӯи асари Ҳаким Фирдавсӣ “Шоҳнома”, “Хасис” аз рӯи пйесаи Ж. Б. Молйер, ривояти “Тоҳир ва Зуҳро” ва ғайраҳоро рӯи саҳна овард.

Репертуари театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар солҳои 1943-1945 бо намоишҳои “Таҳмоси Хуҷандӣ”-и М. Қосимов, С. Саидмуродов, “Хонаи Нодир”-и Ҷ. Икромӣ, А. Файко, “Дар оташ”-и С. Улуғзода, “Қонуни фавқулода”-и Л. Шейнин ғанӣ гардид…

Солҳои зиёдест, ки Ҳомид Маҳмудов дар ҷамъи мо ҳузур надорад. Дар 120-солагии мавлуди ин ҳунарманди нотакрор кас мехоҳад ба сатҳи имрӯзаи фарҳанги мусиқиву театрии Тоҷикистон бо чашмони вай назар андозад. Албатта, замони имрӯз, таърихи нав барои рушди театр ва мусиқии миллӣ шароити комилан дигар фароҳам оварданд. Сифату касбияти барномаҳои театрӣ, коргардонӣ (режессура), ҳунармандӣ, актёрӣ, ромишгарӣ, реперуари гуруҳу дастаҳои мусиқӣ, бастакорӣ ва сарояндагӣ дар муқоиса бо замони фаъолияти Ҳомид Маҳмудов хеле ва хеле боло рафтааст. Аммо, дар 10 соли охир ҳам дар театр ва ҳам дар мусиқӣ як навъ рукуди ҳунариву эҷодӣ ба назар мерасад. Драматургияи миллӣ дар мавҷи як буҳрони амиқ ғутавар шудааст, ки асарҳои драмавии тозаву муносиб ба руҳи замон кампайдост. Ва алъон маҳз ниёз ба соҳибистеъдодҳои пурталоше ба мисли Ҳомид Маҳмудов  аст, ки мисли локомотиви боркаш мусиқиву санъат, драматургияи миллиро аз ҳоли рукуд берун созанд…

Саъдулло РАҲИМОВ, докторилмҳои фалсафӣ, фарҳангшинос

Б. Маҳмудов, директори хонамузеи Ҳомид Маҳмудов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь