(Бахшида ба 70-солагии рӯҳонии шинохта ва суханвари беҳамто Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода)
Худоё! Ҳеч гумон намекардам, ки чунин донишманду орифи беназир, фарди хайрхоҳу равшанзамир, шахсияти накӯному барӯманд, фарзанди худогоҳу банангу ори миллат, марди майдони шарафу ифтихор Махдуми Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба ин зудӣ моро тарк мегӯяд…
Ду рӯз қабл аз реҳлати ҷонгудозашон бо эшон дар маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» ҳамроҳ будем. Чун ҳамеша бо ҳарорат, бо сеҳри сухан, бо қироати ашъори баланд ва таъбиру тафсири он толорро тасхир намуданд. Ғазалеро аз ғазалистони Лисонулғайб Ҳоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо овози буррову садои марғуладори худ, бо дарки баланди маъниву ҳикмати он, қироат намуда, маъниҳои қуръониву малакутии онро ба аҳли толор шарҳу тавзеҳу таъбир намуданд.
Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайро,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро…
Дар он маҳфили унс, ки бо ташаббуси фарзанди шуҳратёри миллат Бӯрӣ Карим ташкил шуда буд, бисёр донишмандону равшанфикрон, аз ҷумла сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммад Тақии Собирӣ ва шоири маъруфи Эрон Алиризо Қазва иштирок доштанд. Аз суханрониву ғазалхонии Махдуми Исмоил дар назди меҳмонони олиқадр ифтихор ва шукр кардем, ки Худованд чунин марди оқилу фарзонаро насиби миллати мо гардонидааст…
Бегоҳи ҳамон рӯз ин ҳайати меҳмонони иззатманд бо даъвати банда ба тамошои намоиши «Пайкари миллат» ба театри Лоҳутӣ ташриф оварданд.
Дар анҷоми тамошо меҳмонони ифтихорӣ ба рӯи саҳна баромада, бо самимият ва ихлоси бепоён доир ба намоиш ва ҳусну қубҳи он сухан ронда, қаҳрамонони асосии асарро бо туҳфаҳо (баргузидаи достонҳои «Шоҳнома» ва пайкараармуғони хурди Фирдавсӣ) сарфароз гардониданд. Чун он рӯз рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ буд, Махдуми Исмоил бо қироати шоҳбайтҳо аз шоҳасари назми ҷаҳонӣ – «Шоҳнома»-и безавол руҳи Ҳакими Тӯсиро шод гардонида, бо ҳикмату сеҳри гуфтори худ меҳмонон ва аҳли толорро ба ҳайрат гузоштанд.
Ҳамзамон, аз он ки дар намоиши «Пайкари миллат» шеъре аз барномаи мавъизаҳои эшон дар мавзуи бузургӣ ва паҳнои ҷуғрофии забони дарӣ (шеъри Ибни Батута) истифода шуда буд, хеле изҳори шодиву қаноатмандӣ карданд ва бо арзи сипос муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳои асосии асар Ибодулло Машрабро марди қавл (бо таъбири русӣ «мужчина слова») номиданд. Зеро Ибодулло Машраб пеш аз таҳияи намоиш Ҳоҷӣ Исмоилро бо матни асар ошно сохта, барои чандин саҳнаҳо фикру мулоҳизаи эшонро пурсида буд. Истифодаи шеъри Ибни Батута пешниҳоди Махдум буд. Бинобар ин, Ҳоҷӣ Исмоил бо муҳаббат, бо лутфу зарофати ба худ хос иброз доштанд, ки “бо истифодаи ин шеър, шумо – аҳли эҷоди Театри Лоҳутӣ, маро қарздор кардед”. Баъдан ҳамон шеърро бо ҳассосияту ҳаяҷони хоса, бо ифтихори баланди миллӣ, бо садои қавию марғуладори хеш басо ҷолибу мутантан қироат намуданд:
Дарӣ андар Хуросон парвариш ёфт,
Ки будӣ то ба Чин Шарқу шимолаш.
Дарӣ ин лаҳҷаи аҳли Хуросон,
Ҳаметобид ҳуросо ҷамолаш…
Тамошогарон дар толор ва мо ҳамаи иштирокчиёни намоиш дар саҳна моту мафтуни Ҳазрати Махдум ва сеҳри сухани ӯ гашта будем…
Шомгоҳон ба ман занг зада, бо хоксорӣ пурсиданд, ки «оё ман имрӯз дар саҳна зиёдравию пургӯӣ накардам?!». Банда дар посух гуфтам, ки ҳазрат, шеърхониву суханрониҳои ширину пурҳикмати шумо арзиши як намоиши мукаммали театрро дошт. Магар кафкӯбиҳои пурмавҷу нидоҳои пурсурури аҳли толор далели он набуданд?! Сипас, ҳазрат бо лутфу хушнудӣ гуфтанд, ки “ман бо сафири Эрон мувофиқа кардам, рӯзе меҳмони хонаи ман мешавед. Як базми шеъру ғазал меороем…”. Афсӯсу сад дареғ, ки ҳазрати Махдум, он ровию суханвари беҳамто, он азизтарин меҳмон ва ҳусну зебоии маҳфилҳои фарҳангу адаб худ ба меҳмонии Худо рафт…
Имрӯз дар базму маҳфилҳои аҳли дил, аҳли зиё ҷойи ӯ холист, бе ӯ ҳусну зебоии маҳофил коста гаштааст. Суханони оташину мавъизаҳои ҳикматбори ӯро дар маҳфилҳои эҷодии аҳли адаб, аҳли фарҳангу ҳунар дар маросими ҷанозаҳои бузургмардони миллат, аз ҷумлаи устодон Одина Ҳошим, Ашӯр Сафар, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Зафар Нозим, Ҳусейн Насриддин, Мӯъмин Қаноат, Гулназар, Саидалӣ Маъмур ва ғайраҳо шунидаему ба бузургиву истеъдоди худододаш тан додаем. Солҳои охир танҳо ҳамин мавъизаю сӯгвориҳои ҳазрати Махдуми Исмоил баёнгари қадру қимати аҳли илму ҳунар, аҳли фарҳангу адаб, баёнгари хизматҳои шоёну бедареғ ва ҷойгоҳу мақоми он азизон дар роҳи душвори илму эҷод буданд…
Ҳазрати Махдум ба маънии томаш махдум буданд. Дар роҳи фазлу адаб, дар роҳи ислому шариат, дар роҳи худшиносиву Худошиносӣ, дар роҳи одаму одамият ва шарафу ифтихори инсонӣ бедареғ, бо тамоми ҳастияшон, нерӯву қувваи ҷисмонияшон хидмат мекарданд.
Банда аз ҷумлаи хушбахтоне будам, ки аз лутфу инояти Бобои Махдуми Исмоил борҳо бархурдор гаштаам, зеро эшон пайваста ба ман ихлосу эҳтироми хоса доштанд.
Дар миёни солҳои 1994-95 ман се азизи хонадон (бобо, падар ва модаркалонам)-ро ба хок супоридам. Он солҳо дар кишвар қонуни танзим амал намекард ва гузаронидани маромисҳои худоӣ,ба хусус дарёфти орд сангину душвор буд.
Рӯзе бо ҳамин ният ба комбинати орди Душанбе рафтам. Ба дарвозаи комбинат аз дасти камондорони давр наздик шудан ғайриимкон буд. Як лаҳза ба ҳоли худам хориям омаду ба даргоҳи Худо нола кардам, ки маро назди дӯсту душман ночору шарманда нагардонад. Дар ин ҳамгом мошини сабукраве назди комбинат қарор истоду аз он Бобои Махдум пиёда гаштанд ва бо дидани мани тоқипӯш ба сӯям майл карда, бо меҳр холпурсӣ намуданд. Аз ҳолам воқиф гашта, дастамро гирифтанду ба назди дарвозаи коргоҳи орд бурданд ва дарбонони мусаллаҳро сахт маломат карданд. Сипас маро ба назди роҳбари коргоҳ бародарзодаашон Саидислом бурда, бо дилсӯзии зиёд иброз доштанд, ки ин рӯзҳои сахту вазнин мегузаранд, лекин мо бояд нагузорем, ки фарзандони номвари миллат хору беқадр шаванд…
Ҳамин тавр ман бо лутфу меҳрубонии Бобои Махдум ва ҳиммату ҷавонмардии Саидисломи фарҳангдӯсту адабпарвар ба миқдори кофӣ ва ба таври ройгон орду сабӯс дастрас намуда, маъракаҳои фотиҳаи азизонамро бо обрӯ гузаронидам. Вақте, ки ин некиву хайрхоҳии Бобои Махдумро ба дӯстону ҳамдилон қисса мекардам, бисёре аз фарҳангиёну адибон, хоса устод Абдулҳамид Самадов аз саховату ҷавонмардиҳои зиёди ӯ дар он солҳои душвор нисбат ба аҳли эҷод ёдовар мешуданд…
Банда ифтихор доштам, ки бо Ҳазрати Ҳоҷӣ Исмоил дар бисёр чорабиниву маҳфилҳои фарҳангӣ ҳамнишину ҳамсӯҳбат будам, бо эшон ҳамкориҳои пурбору хотирмоне доштем. Аз ҷумла, дар гурӯҳи таблиғотии Горди миллӣ, ки бо ташаббуси фармондеҳи вақти ин ниҳоди қудратӣ генерал-полковник Рабаҷалӣ Раҳмоналӣ таъсис ёфта буд, бо пешниҳоди банда ва дастури фармондеҳ шомил гаштани Бобои Махдум барои ҳайати шахсии қисму воҳидҳои он басо таъсиргузору судманд гардид. Дар ҳар як вохӯрӣ дар қисмҳои низомии Горди миллӣ Махдуми Исмоил бо сеҳри калом, бо далоили Қуръониву аҳодиси қудсиву набавӣ ва шоҳбайтҳои пурҳикмати классикони адабиётамон сарбозону афсаронро ба ҷавонмардиву мардонагӣ, далериву шуҷоат, дӯстиву рафоқат, ватандӯстиву садоқат, шарафу ифтихори миллӣ, одаму одамият барин фазилатҳои накӯ ва ахлоқи ҳамида даъват намуда, дар дили эшон эҳсоси меҳру шафқат, эҳтиром ба арзишҳои волои инсониро бедор менамуданд. Махдум бо лутфи сухан аҳли толорро водор месохтанд, ки мисраҳои шеъриро чун садои виҷдону нидои дилу имон аз паси эшон такрор намоянд: Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
– «Мард бошед, урфу ойин, дину мазҳаб ва ҳикмату андарзи гузаштагони бошарафи хешро гиромӣ доред, – бо садои қавию марғуладори хеш нидо мекарданд, Махдум ва меафзуданд:- Навдаъватшудагонро чун додаракони худ қабул намоеду сарашонро сила кунед, мард бошед ва ҳаргиз аз худатон хурду нотавонтаронро маёзоред! Ана, ҳамин аст мардӣ! Садои ба таври низомӣ пойкӯбиҳои шумо, садои пошнаи мӯзаҳои шуморо дар олами малакут фариштагон мешунаванду барои шумо дуъо мекунанд. Шумо, ки дар ҳифзи халқу диёр, дар ҳифзи муқаддасоти Ватан ва муҳимоти давлат (объектҳои аз лиҳози стратегӣ муҳими давлатӣ) қарор доред, ин худ ибодат аст, баландтарин ва пурсавобтарин мақоми ибодат аст, – аз ин рӯ дар ҳоли ибодат ба гуноҳ роҳ надиҳед! Дилозорӣ, зулму зӯроварӣ гуноҳи азим аст. Агар фарзанди мусулмонед, агар аз Худо умед доред, арзишҳои дини мӯбини ислом ва одобу ахлоқи аҷдодонамонро риоя намуда, зуҳуроти номатлуби калонгароиву бузургсолорӣ (дедовщина) -ро ки ба фарҳангу ҳуввияти миллии мо бегона аст, решакан созед!».
Ин суханон бо нерӯи гуфтору хиради бедор дар толор ғулғулаву инқилобе ба бор меоварданд. Махдуми Ҳоҷӣ Исмоил ба ин монанд ҳарфҳову маъниҳоро, панду ҳикмати волои ниёконамонро дар замиру мағзу сиришти сарбозон ҷой менамуданд. Баъди ҳар як сӯҳбату вохӯриҳо қумандонҳо бо арзи сипосу қаноатмандӣ изҳор мекарданд, ки дар қисму воҳидҳои низомии онҳо тағйироти куллӣ, тартибу низоми қавӣ, одобу ахлоқи намунавӣ ҷорӣ гардида, зӯриву калонсолорӣ аз байн рафтааст. Зиҳӣ қудрати сухан, зиҳӣ ҳарорату фазилати марди суханвар!
Фармондеҳи вақти Горди миллӣ, марди фарҳангдӯсту ватанпарвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбари гурӯҳи таблиғотии мо генерал Ҳотамшо Одинаев ва дигар афсарони гвардия бо ихлосу сипос ва ҷавонмардона иқрор мешуданд, ки як суханронии Бобои Махдум аз даҳҳо дарсҳои сиёсиву тарбиявии эшон қавитару таъсиргузортар аст…
Аз хотираҳои зиёде, ки аз баракати дӯстиву бародарӣ бо Махдуми Исмоил ҳосил кардаам, боз ёдовар шудани яке аз онҳоро ба маврид мешуморам. Роҳбарияти таваллудхонаи № 3 (ҳоло№1) тасмим гирифтанд, ки чорабинии муҳимеро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо унвони «Ҳафтаи шири модар» бо ширкати мутахассисону гинекологҳои хориҷӣ роҳандозӣ намоянд. Сардухтури вақти таваллудхона Гулаҳмадова С.А. аз ман хоҳиш намуд, ки бо таҳияи як барномаи бадеиву театрикунонидашуда ва ҷалби олимону шоирон дар гузаронидани чорабинӣ ба эшон кӯмак расонам. Дар радифи адибону ҳунармандон банда Махдуми Исмоилро низ ба барнома шомил намудам. Роҳбарияти таваллудхона ба ин пешниҳоди ман дар аввал чандон мувофиқ набуданд, вале баромаду суханронии басо ҳам фозилона ва далоили илман асосноки Махдум дар масъалаи моҳияти шири модар ва маҳз тибқи фармудаи Худованд дар Қуръони маҷид (Сураи Бақара, ояти 233, сураи Ал Аҳқоф, ояти 15) ба муддати 30 моҳ (яъне 2,5 сол) тифли худро аз шири худ маҳрум насохтани модарон ҳам барои табибони таваллудхона, ҳам барои меҳмонони хориҷӣ басо аҷоиб ва ҷолибу шавқангез буд. Воқеан ҳам, яке аз нуктаҳои ифтихорангезу сабаби маваффақияти барнома- ин ширкат ва суханронии Бобои Ҳоҷӣ Исмоил маҳсуб мешуд, ки роҳбарияти таваллудхона аз ин хеле қаноатманду сипосгузор буданд…
Дар ҷанозаи овозхони ҷавонмарг Сӯҳроби Сафарзод маҳз бо даъвату хоҳиши ман иштироку амри маъруф кардани Бобои Махдум боиси аз роҳи бад баргаштани чандин ҷавонони гумроҳу гирифтор гардида буд…
Ман боре ҳам нашунидаам, ки дар сӯҳбату нишастҳои хоса Махдуми Исмоил аз касе бадгӯиву ғайбат карда бошанд. Дар ҳама касу ҳама чиз некиву зебоиро меҷустанд. Сӯҳбатҳояшон, амри маъруфашон, мавъизаҳояшон, маҳфилҳояшон саршори ирфону маърифат, ҳикмату андешаи нек, муҳаббату эҳтиром ва гиромидошти қадру манзалати инсон буд. Мавъизаҳои ӯро ҳам дар минбару меҳроби масҷиди ҷомеъ, ҳам дар роҳи зиёрати хонаи Худо, ҳам дар Ҳарам на танҳо муслимини Тоҷикистон, балки ҳоҷиёни Афғонистону Эрон, ҳоҷиёни Осиёи Марказӣ ва ҳатто худи арабҳо бо шавқу ташнаҷонӣ гӯш мекарданду баҳра мебардоштанд…
Агар дар байни баъзе рӯҳониёни кишвар нофаҳмию ихтилофе рух медод, Ҳазрати Махдум чун миёнҷӣ бо лутфу мантиқи баланди донишу гуфтори худ миёни онҳо сулҳу дӯстӣ, муҳаббату ҳамдигарфаҳмиро барқарор менамуданд. Дар сиришту андешаи Бобои Махдум ягон зарра эҳсоси маҳалгароиву худхоҳӣ вуҷуд надошт. Барои ӯ ҳама арзишҳои миллӣ ва мардумони тамоми маҳаллу минтақаҳои кишвар азизу гиромӣ буданд, аз ин рӯ ҳама мардуми Тоҷикистон ӯро азизу гиромӣ медоштанд.
Боре Махдум аз ман хоҳиш карданд, ки бо ягон студия мувофиқа кунам, то ҳамроҳ як барномаи шеъру ғазал таҳия карда, сабт намоем, ғазалҳои ширини классиконамонро бо шарҳу тавзеҳот ба ҳаводорони фарҳангу адаб армуғон сохта ба мерос гузорем. – «Пардохти ҳазинаашро ман ба зимма мегирам»,-гуфтанд Махдум. Банда ин пешниҳоди эшонро хуш пазируфта бо студияи хусусие гапзанону ҳамоҳанг ҳам карда будам. Аммо сад дареғ, ки бо иллати баъзе гирифториву серкориҳо рӯзу соати сабтро муайян карда, иҷрои ин амри хайрро натезонидем…Ин ормон бо дарди пушаймонӣ сахт азиятам медиҳад. Охир гумон намекардам, ки Ҳазрат ба ин зудӣ…
Як нуктаи хушу тасаллибахш ин аст, ки садои буррову каломи ширини Махдуми Исмоил дар хазинаи тиллоии Радиои тоҷик бо сабти шоҳасарҳои назми оламгири адабиёти классикиамон, аз ҷумла Осори Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ маҳфуз мебошад…
Ширкат ва суханронии чунин марди шариф, Марди Худо, инсони хоксору дилогоҳ дар шоми хоксоронаи эҷодии ман (14.03.2022) боиси ифтихору сарафрозии на танҳо ман, балки мӯҷиби саодату сарбаландии ҳама пайвандону ихлосмандонам гардида буд…
Бобои Махдум дар ҷанозаи устод Одина Ҳошим бо дарду алами гарон иброз дошта буданд, ки « Мо ҳама дар назди рӯҳи азизи бобои Одина қарздорем…». Ба андешаи ман мо – насли имрӯзу фардои миллат ҳамчунин дар қиболи рӯҳи бузурги Махдуми Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода вомдорем. Агар боз ҳам бухлу ҳасад, кинаву нотавонбинӣ дар рӯзгору шеваи зиндагии мо боқӣ монад, мо назди рӯҳи бузургонамон ҳама умр қарздору хиҷолатзада боқӣ мемонем. Ин қарзи азим танҳо бо меҳру ихлос, бо муҳаббату садоқат, бо сулҳу ваҳдат, бо дӯстиву рафоқат, бо инсофу адолат, бо худшиносиву ифтихори баланди миллӣ, бо виҷдону имони пок, бо гиромидошти арзишҳои волову муқаддаси инсонӣ адо мегардад…
То ҳастам, эй рафиқ, надонӣ, ки кистам,
Рӯзе сӯроғи вақти ман оӣ, ки нестам…
Ортиқ ҚОДИР,
ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон