Чанд соли охир тарки пеша намудан дар байни омӯзгорон бисёр афзудааст. Давоми як сол дар ноҳияи Деваштич 450 нафар омӯзгор тарки касби худ кардаанд, ки аз ин шумора 359 нафарашонро мардҳо ва 91 нафарашонро занҳо ташкил мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои дода шуда, аз ҳамин 450 нафар 200 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, боқимонда бо саббаҳои гуногун аз кор рафтаанд. Дар ин байн ҳастанд нафароне, ки ба дигар кор гузаштаанд ё занҳое, ки бо ҳаргуна сабабҳои оилавӣ корро бас кардаанд. Инчунин, нафақахурон низ дар байни шумораи дар боло зикр гардида ҳастанд. Шояд 450 нафар ин шумора на он қадар бисёр намояд, чун дар Деваштич 2699 нафар омӯзгор айнӣ ҳол фаъолият доранд. Аз инҳо 2346 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 88 нафар маълумоти олии нопурра ва 265 нафар маълумоти миёнаи махсуси омӯзгори доранд.

Файзиддин, ки дар яке аз мактабҳои дурдасти ноҳия ду сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард, айнӣ ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ва ба гуфтаи худаш дар муҳоҷират маблағи бештаре кор мекунад ва ҳам метавонад барои пешбурди зиндагӣ маблағ пасандоз карда бошад. Ӯ баъд аз хатмӣ макотиби олӣ ҳамчун мутахассиси фанни химия ба мактаби рақами 35-и ноҳия ба кор омад. Аммо дар инҷо ҳамагӣ ду сол кор карду халос.

“Дар мактаб ду сол кор кардам, ҳамагӣ 12 соат дарс доштам. Ҳозир дар Маскав ҳастам ва кори хуб дорам” – мегуяд Файзиддин.

Сабаби асосии тарки пеша намудани омӯзгоронро ба камбудӣ музди меҳнат рабт медиҳанд. Ба иттилои маорифи ноҳия моҳона барои омӯзгорони манотиқи дурдаст наздикӣ ду ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва маоши ҳадди ақал бошад 529 сомонро ташкил медиҳад.

“Асосан омӯзгорон аз сабаби камбуди маош тарки пеша мекунанд. Дар мактабе, ки ман кор мекунам ҳамагӣ се нафар мард фаъолият мекунанд, боқимонда занҳо. Ду нафар аз мардҳо шахсони калонсол ва як нафари дигараш бошад як ҷавонест, ки нав ба кор омадааст” – гуфт Моҳинисо, ки худ чанд сол инҷониб ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо бо моҳонаи омӯзгор метавон танҳо дегро ҷушониду халос. Барои дигар корҳо маблағ намерасад ва шумо бояд як моҳ интизори маош бошед.

Инчунин, омӯзгорон аз пайваста ҷамъоварии маблағ барои обунаву ҳаргуна корҳо шикоят мекунанд. Инчунин, мувофиқи маълумоти расида, давоми як соли гузашта мактабҳои ноҳия 18 маротиба тафтиш шудаанд, ки аксари ин тафтишотро директорони мактабҳо бефоида мехонанд.

Директори мактаби яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия ба шарти ифшо нашудани номаш аз тафтишҳои баҷову беҷо шиква намуда гуфт:

“Давоми як соли хониш мактабҳои ноҳия 18 маротиба тафтиш шуданд, ки ҳар як тафтиш боз ташвиши худро дорад. Барои комиссия хурок омода намо, барои мошинаш сӯзишворӣ ва билохира барои худаш ягон сомони маблағе бояд диҳӣ”.

Як манбаи дигари огаҳ аз тафтишҳои зиёд изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки пештар мактабҳо танҳо дар як сол як ё ду маротиба он ҳам бошад аз ҷониби маорифи ноҳия тафтиш мешуданду халос.

“Аммо солҳои охир тамоми мақомотҳо, чӣ сӯхтор, чӣ мақомотҳои қудратӣ ва дигару дигарҳо ба мактаб барои тафтишот меоянд. Охир мактаб ҷои тафтишот нест” – мегӯяд ӯ.

Дар ин баробар директор аз он шиква намуд:

“Омӯзгорро имрӯз дар ҳама кор истифода мекунанд. Ҳатто дар мавсими ҷамъоварии пахта имрӯз омӯзгорро сафарбар месозанд. Магар вазифаи омӯзгор танҳо дарс додани фарзанди мардум иборат нест?”…

Як манбаъ аз маорифи ноҳия, ки нахост номаш оварда шавад, сабаби тарки пеша намудани омӯзгоронро дар маоши кам ва набуди имтиёзҳо ба омӯзгорон шарҳ дод.

“Масъалаи обуна намудани омӯзгорон солҳои охир бисёр зиёд шудааст. Ҳатто мавридҳое шудааст, ки омӯзгор то се моҳ моҳона нагирифтааст, онро ҳам бошад пули обуна додааст.

Дуввум ин, ки замони шӯравӣ барои омӯзгор аз ҷониби давлат имтиёзҳое дода мешуд. Масалан, ба омӯзгор ангишт медоданд ё дигар кӯмакҳо мекарданд. Вале мутаассифона, ин имтиёзҳо дигар нестанд” – мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

“Ҳамасола ба ноҳияи Деваштич барои таҳсил 21 бурсия ҷудо меградад, ки аз ин 11-то ба духтарҳо ва 10-то ба писарҳо. Аз ҳамин 21 бурсия наздики 14-15 адади он барои таҳсили хонандагон дар соҳаи омӯзгорӣ ҷудо гардидааст” – гуфт мудири маорифи ноҳия Расулов Ботур.

Дар ин баробар сафи омӯзгорони ҷавон низ кам нест, давоми се соли охир 471 нафар кадрҳои ҷавон ба фаъолият дар ин сорҳа шурӯъ намудаанд, ки аз ин адад 221 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Чи тавре, ки аз мудирияти маорифи ноҳия гуфтанд, давоми се соли охир аз ноҳия 3651 нафар донишҷӯй гардидаанд. Ва гуфта мешавад, ки наздики 50%-и онҳо ба соҳаи омӯзгори ҳуҷҷат супоридаанд. Айнӣ ҳол дар ноҳияи Деваштич 77 адад муассисаи таълими мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳамагӣ 39888 нафар хонанда таҳсил мекунанд.

Инчунин, омӯзгорони ноҳияи Деваштич аз сабаби кам будани соатҳои дарсиашон дар баробари дар мактабҳои ноҳия дарс доданашон ба дигар шаҳру навоҳи низ барои дарсдиҳӣ мераванд. Шумораи омӯзгорони ноҳияи Деваштич, ки дар шаҳри Истаравшан низ омӯзгорӣ мекунанд 35-40 нафар гуфта мешавад. Ин омӯзгорон аз сабаби оне, ки дар ноҳия соати ками дарсӣ доранд, дар Истаравшан соатҳои иловагӣ мегиранд то рӯзгорашонро пеш баранд. Пардохти ҳаққи роҳпулии ин омӯзгорон аз муассисаи дарс мегуфтаашон вобастагӣ дорад. Агар муассиса тавонад кӯмак мекунад. Агар не, пас омӯзгор бо маблағи моҳонаи худ роҳкиро пардохт мекунад.

Маоши омӯзгоронро аз рӯи дараҷаи маълумот ва соати дарсӣ муайян карда мешавад. Дараҷаи олӣ ва категорияи олӣ маоши зиёд мегирад. Мувофиқи маълумотҳо барои омӯзгорони синфҳои болои як воҳиди корӣ 18 соати дарсӣ ҷудо мегардад. Дар омӯзгорони синфҳои поёни бошад ин нишондиҳанда каме фарқ мекунад. Омӯзгори синфи ибтидои дар як воҳиди корӣ 20 соати дарсӣ дорад ва маошаш низ назар ба омӯзгори синфи болои каме зиёдтар мебошад. Ин аз ҳисоби оне, ки соатҳои дарсии ӯ зиёдтаранд вале як соати дарсиаш арзонтар мебошад.

Омӯзгори синфҳои болоӣ бо доштани маълумоти миёнаи касбӣ ва 18 соати дарсӣ 611 сомонӣ моҳона дорад, ки соати дарсии ӯ ба 33, 94 смн баробар аст.

Бо доштани ҳамин маълумот ва доштани тахассуси (категория) дараҷаи 2 ҳамагӣ 653 сомонӣ моҳона дорад. Соати кории ин омӯзгор 36,27 сомониро ташкил медиҳад. Омӯзгори дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва дорои тахассуси 1 бошад 688 сомонӣ моҳона дорад, ки соати дарсияш 36,55 сомонӣ мебошад.

Омӯзгороне, ки маълумоти олӣ доранд, аммо тахассус надоранд ҳамагӣ 721 сомонӣ моҳона мегиранд. 40.05 сомонӣ соати дарсии ин омӯзгор. Омӯзгор бо маълумоти олӣ тахассуси 2 бошад 799 сомонӣ моҳона дорад ва ин ҳам 44.38 сомонӣ ба як соати дарсиаш рост меояд. Маълумоти олӣ тахассуси якум 838 сомонӣ моҳона мегирад, 46.55 сомонӣ пардохт мекунанд барои як соати дарсии ин омӯзгор. 946 сомонӣ ин моҳонаи аз ҳама болои омӯзгорони синфҳои болоӣ мебошад. Чун гирандаи ин моҳона маълумоти олӣ бо тахассуси олиро дорост. Соати дарсии ин омӯзгор 52.55 сомонӣ баҳогузорӣ шудааст.

Омӯзгори синфҳои поёнӣ бо маълумоти миёнаи касбӣ ва 20 соати корӣ 649 сомонӣ моҳона дорад ва як соати дарсии ӯ 32.45 сомониро ташкил медиҳад. Маълумоти миёнаи касбӣ тахассуси 2-юм 688 сомонӣ, 34.40 сомонӣ соати дарсӣ. Ҳамин маълумот, вале тахассуси аввал 721 сомонӣ, ки соати дарсиаш ба 36.05 сомониро ташкил медиҳад.

Омӯзгор дорои маълумоти олист, вале тахассус надорад дар моҳе 759 сомонӣ моҳона мегирад ва 37.95 сомонӣ соати дарсии ӯ нархгузорӣ шудааст. Тахассуси дуввум ва маълумоти олӣ соати дарсиаш 41.90 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар як моҳ 838 сомонӣ мешавад. Бо доштани маълумоти олӣ ва тахассуси як омӯзгор метавонад моҳе 913 сомонӣ моҳона гирад, ки соати дарсии ин омӯзгор ба 45.65 сомонӣ баробар аст. Аз ҳама моҳонаи зиёдро инҷо омӯзгоре мегирад, ки маълумоти олӣ ва тахассуси олӣ дорад. Моҳонаи ӯ 1030 сомониро ташкил медиҳад ва як соати дарсии ин омӯзгор 51.50 сомонӣ мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо соли 2018 дар Қирғизистон омӯзгор ба ҳисоби миёна 159$ моҳона дорад, дар Ӯзбекистон бошад аз 100$ то ба 1500$ мерасад.

Дар соли 2021 рейтинги кишварҳо аз рӯи маоши омӯзгорон чунин аст:

Швейтсария – 6240 доллар дар як моҳ;

Дания – 6190$;

Люксембург – 5850$;

Норвегия – 5450$;

Исландия – 5430$;

Олмон – 4390$;

Ҷопон – 3990$;

Белгия – 3900$;

ИМА – 3900$;

Финландия – 3900$;

Тибқи омор, маоши миёнаи омӯзгорони рус, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, 778 доллар дар як моҳ аст. Аммо ҳамааш ба минтақа вобаста аст.

Музди ҳадди ақалро омӯзгорони Доғистон (24 474 рубл дар як моҳ) мегиранд, аз ҳама зиёд – муаллимон дар вилояти Магадан (101 000 рубл).

Дар Украина маоши омӯзгорон дар соли 2021 5,4 ҳазор гривенро ташкил медиҳад, аммо агар омӯзгор 30 сол собиқаи корӣ дошта бошад, ба ӯ ҳар моҳ 8,8 ҳазор гривен маош дода мешавад.

Дар Беларус маоши миёнаи омӯзгорон аз 900 рубли белорус аст. Музди кори муаллими дорои маълумоти миёна 330 рубли белорусро ташкил медиҳад.

Дар Қазоқистон маоши миёнаи омӯзгорон 47 ҳазор танга (109.87доллар) дар як моҳ аст.

Музди миёнаи солона дар кишварҳои ИДМ

Русия – 38 000 рубл / моҳ ($ 745).

Қазоқистон – 168 400 тенге ё 483 доллари ИМА.

Арманистон – 225 000 драм / моҳ (470 доллари ИМА). Музди миёнаи солона 392 доллар дар як моҳ аст.

Беларус – 1239 рубли белорусӣ дар як моҳ (562 доллари ИМА).

Озарбойҷон – 366 доллар дар як моҳ, ё 623 манат.

Молдова – 7385 лей / моҳ, ё 416 доллари ИМА.

Қирғизистон – 16 580 сом (240 доллар).

Тоҷикистон – маоши миёна атрофи 140 доллар аст.

Агар ҳамин минвол омӯзгорон ҳамасола тарки пеша намоянд, ба ҳисоби миёна солона 400 нафар, ин раванд метавонад дар байни 6-7 сол дигар омӯзгор намонад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь