Тарақиёти илму технология таҳаввулоти азими бунёдиро дар ҳаёти башарият ба вуҷуд овард. Дунё вориди марҳилаи нави рушди худ гардида, муносибатҳо бо назардошти низоми нав, ки аз имкониятҳои технологи сарчашма гирифтаанд, ба роҳ монда мешаванд. Рушду инкишофи фарҳанг ва ҷомеаи мутамаддин ба тарақиёти технология вобаста буда, асоси пешрафти ҳаёти инсони гаштааст. Бо рушди бесобиқаи техналогия дар чанд даҳсолаи ахир он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсониро фаро гирифта, рушди мунтазами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба он вобаста аст. Имрӯз дастовардҳои технологӣ на танҳо дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо, балки дар низоми идоракунии давлатӣ низ ба таври васеъ истифода шуда. ба ташаккули ҳукумати электронӣ боис гаштааст. Яъне техналогияи иттилоотии комуникатсиони фарогири ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии инсонҳо гашта, вобастагии инсонҳоро нисбат ба худ афзоиш додаанд.
Таъмини дастрасии ҷомеа ба шабакаҳои интернетӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани сиёсати иттилоотӣ таввасути истифодаи дурусти ТИК яке аз шартҳои асоси ҷиҳати тавсеяи ҷаҳонбинии илмии аҳли ҷомеа ва таъмини фаъолияти пурсамари инистутҳои давлатӣ маҳсуб гардида, ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ боис мегардад. Бо вуҷуди пешрафти ҷаҳон дар заминаи тараққиёт ва истифодаи технология ҳамоно як қатор мушкилоти ҳалталаб дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар ин росто ба вуҷуд омадааст, ки дар ин пасманзара бӯҳрони фарҳангиро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин бӯҳрон дар заминаи рушди тамаддуни инсонӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба миён омада рӯз то рӯз мураккаб мегардад. Зеро ҳалли ин мушкилот ба истифода аз техналогияиҳои навтарин дар самти такмил ва рушд додани фарҳанг вобастагӣ дошта, талабот ба он дар ҳоли афзоиш аст. Чунин бӯҳрон, ки хоси ҷомеаи фарҳангист, аз масоилҳои дар боло зикргардида сарчашма гирифта, дар заминаи истифода аз техналогияи истеҳсолӣ ниёзи мутобиқшавӣ ба замони муосирро дорад. Яъне ҳангоми шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ, ки дар он таҳаввулоти фикрӣ ба амал омада, дидгоҳи инсонҳоро иваз менамояд, талаботҳои нави маънавиро ба вуҷуд меоварад ва аз сӯйи дигар набудани иқтидори технологӣ ҷиҳати бартараф сохтани ин ниёзҳо ҷомеаро мувоҷеҳи бӯҳрони азими фарҳангӣ менамояд. Аз як тараф такмил наёфтани фарҳанг ва аз дигар тараф ворид гаштани арзишҳои бегона ба ҳавзаи фарҳангӣ ин бӯҳронро шакл медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ин бӯҳрон дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ба миён меояд, вале на ҳама ҷомеаҳои мутамаддин ба он мувоҷеҳ мегарданд. Ҷиҳати муайян сохтани ҷомеае, ки ба чунин бӯҳрон дучор гаштааст ва ё хатари ба вуқӯъ пайвастани он имкон дорад, пеш аз ҳама мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани ҷомеаи иттилоотӣ ва марҳилаҳои рушди тамаддуни инсонб нисбат ба вазъи воқеӣ зарур мебошад. Дар ҳақиқат тарақиёти ҷомеаи иттилоотӣ як падидаи мусбат мебошад, аммо дар баробари ин агар механизми рушди фарҳанг ба инобат гирифта нашавад, метавонад паёмадҳои фоҷеаборро барои як миллат дар пай дошта бошад. Аниқтараш унсурҳои фарҳанг бояд таввасути технология такмил ва ба талаботи ҷомеаи мудерн мутобиқ сохта шавад. Ва дар ин замина таъмин намудани рушди мунтазами фарҳанг дар ҷомеаи итттилотӣ хеле муҳим мебошад. Имрӯз зери таъсири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи иттилоттӣ шакл мегирад ва ҷомеаи инсониро ба марҳилаи нави рушд ворид месозад. Ҷомеаи иттилоотӣ бо ташаккули худ ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни миллату давлатҳоро ривоҷ дода, ба паҳн гаштани мавҷи ҷаҳонишавӣ боис мегардад. Ин ду падида ба ҳам таъсири амиқи мусбат доранд. Дар замони муосир истифода аз техналогияи иттилоотии комуникатсиони шарти зарури баҳри беҳтару осон амали намудани фаъолиятҳои махсуси давлатӣ ва ҷамъияти маҳсуб мегардад.
Моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ низ дар раванди рушди техналогия ва корбурди онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷиҳати мубодилаи донишу иттилоот ва ба роҳ мондани як қатор кору хизматрасонӣ таввасути он зоҳир меёбад. Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ба рушди техналогия дар соҳаи саноату истеҳсолот вобастагӣ дошта, дар навбати худ фарҳангу тамаддуни инсониро аз як марҳилаи рушд ба марҳилаи дигар раҳнамун месозад. Оиди ҷомеаи иттилоотӣ олимон андешаҳои зиёдеро ироа намудаанд, ки яке аз онҳо Элвин Тоффлер мебошад. Ӯ оиди ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ андешарони намуда, шаклгирии онро ба се мавҷи рушди тамаддуни инсонӣ нисбат додааст. Мавсуф мавҷи аввалро ҷомеаи аграрӣ, мавҷи дуввумро ҷомеаи индустриалӣ ва мавҷи севвумро ҷомеаи посиндустриалӣ номгузори намудааст. Дар натиҷаи ба амал омадани чунин мавҷҳо тамаддуни инсонӣ низ ба марҳилаҳои нисбатан нави рушди худ ворид гаштааст, ки асоси ташаккулёбии он дар заминаи ин се мавҷ таҳлилу баррасӣ мегардад. Мавҷи аввал, ки ҷомеаи аграрӣ ба ҳисоб меравад, бо махсусиятҳои худ ҷиҳати ба амал омадани мавҷҳои навбатӣ боис гаштааст. Дар ҷомеаи аграрӣ ва ё тоиндустриалӣ меҳнати дастӣ ва ё ҷисмонӣ асоси пешравии ҷомеа маҳсуб гардида, ба шуғли кишоварзӣ афзалият дода мешуд. Истифодаи неъматҳои табиӣ асоси зиндагии инсонҳо ба ҳисоб мерафт. Мавҷи дуввум, ки ташаккули ҷомеаи индустриалиро дар назар дорад, хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошад. Дар ин давра инсоният ба ихтирои техналогияи соҳаи истеҳсолӣ даст ёфта, коркарди неъматҳои табиӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи худро афзоиш доданд, ки дар ин замина имкониятҳои нави кору зиндагӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи ба амал омадани чунин як таҳаввулот на танҳо тамаддуни инсони рушд намуд, балки тағйироти амиқе дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва геополитики ба вуқӯъ пайваст. Мавҷи сеюмро бошад, ҷомеаи посиндустриалӣ ном бурда, онро ба пайдоиши техналогияи навтарин, ки омили асосии рушди тамаддуни инсонӣ мебошад, нисбат медиҳанд. Дар ин айём асоси пешравии ҷомеа илму дониш ва иттилоот маҳсуб мегардад, ки моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳилаҳо на танҳо тамаддуни инсонӣ рушд намуд, балки дар ҳаёти инсоният таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овард ва ин таҳаввулот боиси аз байн рафтани баъзе арзишҳо ва пайдоиши арзишҳои нав гардид. Сабаби аз миён рафтани чунин фарҳангҳо пеш аз ҳама ин ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботи инсонҳои муосир, ки дар натиҷаи ба амал омадани мавҷи тарақиёт, дидгоҳҳои онҳо иваз гаштаанд, мебошад. Чунин фарҳангҳо бо назардошти қонуниятҳои замони пеш шакл гирифтаанд ва дар замони муосир мавҷудияти худро ҳифз карда натавонистанд.
Масоили марбут ба фарҳанг низ дар заминаи ин се мавҷи тарақиёти тамаддуни инсонӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор мегирад. Зеро ҳангоми гузариш аз як марҳила ба марҳилаи нави рушд, ки асоси онро тарақиёти техналогия ташкил медиҳад, муносибатҳо дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда мешаванд. Талаботҳо ҷиҳати кору зиндагӣ иваз гашта, ҷиҳати амали намудани як қатор фаъолиятҳо имкониятҳои нав фароҳам сохта мешаванд. Дар ҷараёни аз сар гузаронидани марҳилаҳои рушд, ҷомеаи инсони шоҳиди аз байн рафтани як қатор арзишу фарҳангҳо гаштаанд. Сабаби аслии аз миён рафтани ин фарҳангҳоро метавон дар раванди ташаккули ҷомеаи итттилоотӣ бо ҳамбастаги ба вазъи воқеии ҷаҳони имрӯз муқоиса кард ва ба як қатор саволҳои гузошташуда, оиди ба вуқуъ пайвастани бӯҳрони фарҳангӣ ҷавоб пайдо намуд. Яке аз сабабҳои аслии ба миён омадани чунин буҳронро метавон ба омода набудани фарҳанг ҷиҳати вуҷуд доштан дар марҳилаи нави рушд арзёбӣ кард. Ин падидаро метавон дар таъсири техналогияи итттилооти комуникатсиони дар ростои фарҳанг мушоҳида намуд. Пеш аз ҳама муайян намудани мавқеъи фарҳанг дар ҷомеаи иттилоотӣ ва масири рушду инкишофи он зарур аст. Рушди фарҳанг дар ҷомеаи иттилоотӣ аҳмияти муҳим дорад. Зеро бо шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ арзишҳои нав ба вуҷуд меояд ва ҳамзамон ҷомеаи инсониро дар марҳилаи нави тарақиёт қарор медиҳад. Ба мо баръало маълум аст, ки то чӣ андоза рушди ҷомеаи иттилоотӣ ба фарҳанг таъсиргузор аст. Ошкор сохтани ин таъсирҳо ва аз ҳама муҳим шинохти таъсирҳои манфӣ ва мусбати он ниҳоят мушкил мебошад. Аммо дар сурати таҳлилу омӯзиши амиқу дақиқ ва назарсанҷиҳои воқеъбинона метавон ин таъсирҳоро муайян сохт.
Ҷомеаи иттилоотӣ бо ташакули худ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа паҳн мегардад. Аз ҷумла, ба соҳаи иқтисод, ки аз рушди техналогияи истеҳсолӣ вобаста аст ва соҳаи фарҳанг, ки рушди он аз истифодаи дурусту самараноки техналогияи истеҳсолию иттилоотӣ сарчашма мегирад. Гузариш ба ҷомеаи индустриалӣ ва истеҳсолӣ маҳсулоти рақобатпазир аз вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ маҳсуб мегардад. Ҷаҳон бо тараққиёти худ, тавввасути кашфи техналогияҳои муосиру навтарин пешравиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти таъмин намудаанд. Аз ин рӯ, истифода аз дастовардҳои техникӣ, ҷиҳати рушди ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа зарур мебошад. Зеро бо пайдоиши техналогия ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ муносибатҳои нисбатан нав ба вуҷуд омада, тамоми фаъолияти рӯзмараи инсонӣ мувоҷеҳи таҳаввулоти бузург мегардид. Дар ин росто, ки технология шароити кору зиндагиро осон намуд, инсонҳо ба ҷустуҷӯи фарҳанг ва арзишҳои мутобиқ ба шароити воқии худ пардохтанд. Дар давраи гузариш ва ба амал омадани мавҷи тарақиёт, ки дар пайи рушди босуръати технологӣ сурат гирифт, баъзе арзишҳо такмил ва бархе аз миён рафт. Сабаби асли ин мутобиқ набудани фарҳанг ба шароити нисбатан нави ба вуҷуд омада мебоашд. Ин аст, ки бархе таввасути техналогияи истеҳсолӣ ва иттилоотӣ ба такмили фарҳанг ва тарғиби он пардохтанд. Имрӯз миллатҳо нисбат ба фарҳанги худ, ҳамчун маҳсулот муомила намуда, дар соҳаи саноати истеҳсоли ба он таваҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Ҷаҳон қадам ба қадам ба пеш ҳаракат менамояд. Инсонҳо рӯз то рӯз муосиртар мегарданд, яъне махсусиятҳои кору зиндагии худро ба таҳаввулоти технологӣ мутобиқ месозанд. Дар ин замина зарурати такмили фарҳанг ва мутобиқ сохтани он ба хоҳишоту нигоҳи инсонҳои муосир ба миён меояд. Миллатҳо бо истифода аз иқтидори технологӣ фарҳанги худро таҳким бахшида, онро ба шароити замони муосир мутобиқ месозанд. Дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ бошад, фарҳанг мисли маҳсулот ба фазои иттилоотӣ ҷиҳати муаррифӣ ворид мегарданд. Ба таври мисол инсонҳо он либосеро ба бар мекунанд, ки таввасути рекламаи технологияи иттилоотӣ ба онҳо муаррифӣ мегардад. Яъне дар рушди фарҳанг ва муаррифии он ин техналогияи иттилоотии комуникатсионӣ нақши муасир доранд. Дар ҷомеаи индустриалӣ бо истифода аз техналогия такмили фарҳанг ва муосир сохтани он аз шартҳои зарурӣ бошад, пас дар ҷомеаи иттилотӣ рушд бахшидани он бо истифодаи аз техналогияи иттилоотии комуникатсионӣ хеле муҳим мебошад. Зеро дар фазои иттилоотӣ зеҳни инсон шакл мегирад ва ин унсурҳо ба инсон хеле таъсиррасон мебошад. Инсон зери таъсири воситаҳои иттилоот ба арзишҳои замони муосир наздик мегардад. Он фарҳанге, ки тавассути фазои иттилоотӣ ба ҳаёти афроди махсусе дар ҷомеа роҳ ёфтаанд, бо мурури замон аз ин мавқеъ маёли паҳн шуданро мекунанд. Зеро инсонҳо бо таъсири шабакаҳои иттилоотӣ дар баробари фарҳангҳои гуногун таҳамулпазир гашта, дар муносибат бо намояндагони он фарҳангҳо аз эҳтиром кор мегиранд. Ин ҷараён то ҷое ба рушд намудан ва паҳн гаштани бархе арзишҳо мусоидат менамояд, вале боиси аз миён рафтани фарҳангҳои таъсирпазир мегардад.
Нусратуллои НАЗАРИЁН