Ҳунарманди маъруф ва номвар Нуқра Раҳматова дар поягузорӣ ва пешрафти санъати тоҷик саҳми босазои хешро гузоштааст. Дар воқеъ ӯ Нуқраи санъати тоҷик будаву ҳаст. Нуқрае, ки дар ӯ истеъдоди фитрии сарояндагӣ, ҳунари бағоят воло ва ҳусни расо ҳанӯз дар айёми наврасиаш нуҳуфта буд. Замоне, ки Нуқра ба рӯи саҳнаи тоҷик омад, он замон санъату ҳунар дар ҳоли рушду нумуъ буд. Нуқра Раҳматова ва чанде аз ҳамоваронаш санъати мусиқиро ба авҷи камолот бароварданд ва хидмати эшон аз ҷумла, Нуқра хеле назаррас аст, дар баланд бардоштани ҳамагуна санъати ҳунарварӣ. Худи ӯ дар ҷое изҳор медорад, ки акнун дигарон ба саҳна омаданду бояд оянд. Насли мо хидмати худро адо кард ва ин аср насли худро дорад, ки саҳна аз онҳо аст. Бале, ҳақ ба ҷониби Нуқра Раҳматова аст, ки ҳар замон насли худро дорад ва дар пешрафти ҳамагуна соҳаҳо бояд саҳмгузор бошанд, вале нуктае, ки бояд сари он истод шуд, он аст, ки насли асри пешин, яъне, насли Нуқра ва ҳамовардонаш заминаи пешрафти санъату ҳунари тоҷикро хеле дар садри баланд гузоштанд, ки имрӯз имкон медиҳад ба ҳунармандони навқадам мадади амиқӣ хешро бигзорад.
Албатта, агар дар ҳунар заминаи омӯзиш ва таҷриба надошта бошӣ, наметавон дар ҷодаи ҳунари асил муваффақ гардид. Нуқра дар айёми хурдсолиаш, узви маҳфили ҳунармандони ҷавон буд. Ва дар 14-солагӣ дар ҳайати ансамбли «Помир» ба Маскав рафт, соле баъд ӯро чун солисти ансамбл ба кор қабул карданд. Солҳои 1962-67 дар шуъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таҳсил кард ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқуловро устоди аввалини хеш меҳисобад. Баъд аз хатми омӯзиишгоҳи мусиқӣ ба ҳайати ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии телевизион ва радио ба кор омад. Ва баъд дигар роҳи эҷоду ҳунармандӣ ба Нуқра бозгардид ва пайваста аз паи эҷоду навоварӣ дар ҳунар гардид. Нуқра дар ҷое ёде аз он рӯзгор карда мегӯяд, ки ҳама соҳиби мухлисону ҳаводорони хеш будем. Касбият дар мадди аввал буд, хеле кам мо ба воситабозиҳо рӯ ба рӯ меомадем.
Нуқра Раҳматова дар оғоз ба касе тақлид накардааст, ҳарчанд худи ӯ мегӯяд, ки дар оғози фаъолиятам мехостам мисли Муслима Боқиева ҳунарманд шавам. Албатта, ҳар ҳунарманд дар оғози фаъолият мехоҳад ба кадом як ҳунарманди писандидааш монанд ва маъруф бошад ва ин орзуву омолаш ӯро таҳрик медиҳанд, ки ба фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ даст ёбад. Вале имрӯз мо худ шоҳид гаштем, ки Нуқра дар ҳунар мактаби хоси хешро доро аст ва дар ин мактаб бисёр ҳунармандони ҷавон таълим гирифта, роҳи эҷодии хешро ёфтаанд. Нуқра мусиқии суннатии миллиро хеле баҳои арзишманд медиҳад ва ба навҷавонон ҳам ташфиқ мекунад, ки авввал мусиқии суннатии хешро биомӯзед, ки то дар ҷодаи санъат муваффақ бигардед. Имрӯз Нуқра аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миллат хидмати ӯро қадр карда ва нисбати ӯ эҳтироми баландро қоим аст. Нуқра худ нисбати мардум ва санъати хеш ғамхорона рафтор мекунад ва ин аз назари мардум пинҳон намондааст ва дар навбати худ мухлисони савту наво Нуқраро чун нуқраи санъати тоҷик эътироф карда, нисбати ҳунару шахсияташ эҳтиром мегузоранд.
Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ