Диҳам навои дигар булбули такаллумро,

Ки шуд ба ранги дигар гулшани суханронӣ.

Нозим

Дар бораи муносибати Нозим ва устод Айнӣ муддатҳо боз мехостам чизе бинависам, аммо ба сабабҳои айнию зеҳнӣ, масруфияти зиёд, тангии вақт орзу ва ниятам амалӣ намешуд. Аммо вақте ки 5 ҷилди тозанашри устод Айнӣ, яъне куллиёти ӯро ба каф овардам (ҷилдҳои 2,3,4,5,10) ва аз сари нав ба мутолиаи онҳо пардохтам, дар ҷилди чаҳорум, бахши қиссаи «Одина», ба ин байти Нозими Ҳиротӣ (Ҳиравӣ, Ҳаравӣ):

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад.

Рӯ ба рӯ шудам, ки, мутаассифона, мураттибону муҳаррирон барғалат, бидуни таҳқиқ ва тавзеҳу ишораи маъхаз, ба номи Бедил сабт кардаанд. Лиҳозо, инҷониб аз рӯи гуфтаи Саъдӣ:

В-агар бинам, ки нобиною чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст.

Амал карда, ҳамаи корҳоро як сӯ гузошта, ба иншои ин мақола пардохтам, то минбаъд ба ғалатнависӣ, ғафлат дар боби мансубияти ин байти машҳури Нозим хотима дода шавад.

Барои он ки шубҳаи мураттибону муҳаррирон ва хонандагонро бартараф намоем, мо нахуст шакли дурусти ин байтро аз китобу девонҳои мунташиршудаи Нозим (ҳам бо хати кирилӣ ва ҳам бо арабӣ) меорем, то роҳро барои дар оянда ислоҳ кардани ин байт ба номи муаллифи аслиаш-Нозими Ҳиротӣ, ки Бедил ӯро тақлиду пайравӣ мекард, ҳамвор намоем. Воқеан, осори Нозим ду бор дар Тоҷикистон ба шакли мунтахаб нашр шудааст. Нашри аввали он соли 1967 тавассути нашриёти «Ирфон» ва нашри дуюмаш тавассути «Адиб» (1987) сурат гирифтааст. Дар нашри якум, ки миқдори ками ғазалҳои шоирро дар бар мегирад, ғазале, ки байти мавриди назар аз он аст, ҷой дода нашудааст, яъне вуҷуд надорад, аммо дар нашри дувум, ки миқдори зиёди ғазалҳои шоирро фаро мегирад, байти боло пеш аз мақтаи ғазали шоир омадааст. Мо ин ғазалро аз ҳамин нашр пурра меорем, то хонанда итминон ҳосил намояд, ки ин байт аз Нозим аст, на Бедил, ки баъд аз ӯ зистааст ва аз муқаллидону пайравони ӯст:

Ҳар гаҳ ба ёдам он гули рухсор мерасад,

Бӯи гулам зи хона ба гулзор мерасад.

Махмури ихтилотаму ёрони базмро

Кайфияти музоиқа саршор мерасад.

Рухсори кинаҷӯи ҷаҳон тоза шуд магар

Оинае ба суҳбати зангор мерасад…

Умре нишастаӣ ба раҳи интизори дӯст,

Худро ду дил масоз, ки якбор мерасад.

Аз рӯзгор миннати роҳат кашам, вале

Чизе, ки мерасад ба ман, озор мерасад.

Эй, дастгоҳ, қисмат аз ибром карда нанг,

Камтар талаб намой, ки бисёр мерасад.

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад.

Нозим, зи беривоҷии маънӣ ғамин мабош,

Охир матои мо ба харидор мерасад.

Мо ҳоло ҳамин ғазалро аз чопи Эрон низ меорем:

Ҳар гаҳ ба ёдам он гули рухсор мерасад,

Бӯи гулам зи хона ба гулзор мерасад.

Махмури ихтилотаму ёрони базмро

Кайфияти музоиқа саршор мерасад.

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад.

Аз рӯзгор миннати роҳат кашам, вале

Чизе, ки мерасад ба ман, озор мерасад.

Эй, дастгоҳи қисмат аз ибром карда нанг,

Камтар талаб намой, ки бисёр мерасад.

Умре нишастаӣ ба раҳи интизори дӯст,

Худро ду дил масоз, ки якбор мерасад.

Рухсори кинаҷӯи ҷаҳон тоза шуд, магар

Оинае ба суҳбати зангор мерасад?

Нозим, зи беривоҷии маънӣ ғамин мабош,

Охир матои мо ба харидор мерасад.

Лозим ба ёдоварист, ки байти мавриди назар, ки барғалат дар нашри нави осори Айнӣ (2021), яъне куллиёт ба номи Бедил омадааст, дар нашрҳои соли 2014 ва соли 2020, ки пеш аз нашри нав -2021 чоп шудаанд, низ ба номи Бедил оварда шудаанд. Мутаассифона, ҷои нашри китоби соли 2014 маълум нест, аммо китоби соли 2020, ки дар силсилаи «Ахтарони адаб» чоп шудааст ва китоби нав (куллиёт)-ро, ки соли 2021 нашр шудааст, зоҳиран, як кас ба чоп омода намудаву тавзеҳ додааст.

Устод Айнӣ дар бораи Нозим дар «Ёддоштҳо», дар бахши «Аҳмади Дониш» («Аҳмади Калла»), дар хусуси фаъолияти рассомии Аҳмади Дониш сухан ронда, зимнан аз «Юсуфу Зулайхо»-и Нозимро бо хату лавҳу ҷадвал оро додани ӯ ва ба қимати сесад пуд гандум фурухтанаш аз забони Ҳомидбек чунин мегӯяд: «Аҳмади Махдум ҳунари рассомии худро дар китоби «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» барин қиссаҳои ишқии афсонавӣ кор мефармуд. Ман як «Юсуфу Зулайхо»-ро бо хат, лавҳ, ҷадвал ва расми Аҳмад-Махдум дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд».5  Ҳамзамон, устод, дар бахши «Хабари вафоти Аҳмади Дониш», дар бораи «Шарифшон-махдум ва мирзои (котиб)-и ӯ Мирзо Абдураҳим ва ба вай нишон додани китоби «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим, ки ба хати Аҳмади Дониш, навишта шуда будааст, доир ба воқеаҳои достон расмҳои кашидаи Аҳмади Дониш маълумот додааст. Ӯ бад-ин тартиб, аз як сӯ, таассуфи худро аз вафоти Дониш, аз сӯи дигар, фаъолияти илмиву ҳунарии ӯ, аз ҷумла нуҷумдониву хатотиву рассомии вайро ба хонандагон нишон медиҳад, аз сӯи дигар, шуҳрати Нозим, таваҷҷуҳи Дониш ба асари «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯро ба намоиш мегузорад. Чунончи, ӯ менависад: «Дар шаҳри Бухоро дӯстон ва қадршиносони Аҳмади Дониш бисёр бошанд ҳам, ман ба ҳеҷ кадоми онҳо шиноси наздик набудам. Яке аз дӯстдорони ӯ, ки, ба ақидаи ман, аз ҳама бештар ба ӯ баҳои баланд медод, Шарифҷон-махдум буд ва ӯ дар ҳамон рӯзҳо дар тумани Пешкӯҳ қозӣ буд. Ман бо ӯ шиноси наздик ва хизматгори пештарааш будам, ки ба пеши ӯ рафта, рӯзе чанд дар бораи марҳум бо ӯ ҳамдардӣ карданро қарор додам ва дар байни ду-се рӯз бо ҳамдеҳагони худ видоъ карда, аз болои Ғиждувон ва Вобканд гузашта ба Пешкӯҳ рафтам… Ғайр аз он мусоҳибаи дуру дароз, ки ҳар рӯз дар байни ману қозӣ дар бораи Аҳмади Дониш мерафт, як дафтари калони мусаввадаҳои ӯро, ки бо дасти худи Аҳмади Дониш навишта буд, дар ин ҷо дида, сар то по мутолиа карда баромадам… Мирзо (котиб)-и қозӣ Мирзо Абдураҳим ном ҳамон ҷой буд. Чун ӯ дар бораи Аҳмад-махдум ҳарисона маълумот ҷуста гаштани маро дида, рӯзе ба ҳавлиаш ба меҳмонӣ даъват кард ва дар он ҷо «Юсуф ва Зулайхо» ном асари Нозими Ҳиротиро ба ман нишон дод, ки бо хати Аҳмад-махдум навишта шуда буд ва инчунин дар бораи воқеаҳои он достон дар он китоб расмҳо кашида шуда буд, ки онҳо ҳам кори Аҳмади Дониш буд».

Ногуфта намонад, ки Аҳмади Дониш на танҳо ба маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим шинос будааст ва онро нусхабардорӣ, хаттотӣ, лаввоҳӣ, рассомӣ кардааст, балки ба осори дигари шоир, аз ҷумла ғазалиёти ӯ низ ошноӣ доштааст. Лиҳозо, мо дар китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и нависанда ба ин байти Нозим рӯ ба рӯ мешавем, ки онро барои тақвият ва тасдиқи афкораш овардааст:

Масъият саҳл аст, Нозим, нопушаймонӣ балост,

Тавба гар бошад, намонад гардани таъсир каҷ.

Ин далелҳои андак, ки мо овардем, нишон медиҳанд, ки Нозим дар Мовароуннаҳр шуҳрати хос дошта, осораш мавриди таваҷҷуҳу тақлиду пайравию татаббӯю истифодаи аҳли илму адаб будааст.

Устод Айнӣ дар ҳамин асари худ, дар фасли «Ҳиндуҳои судхур», доир ба Бойарҷӣ ном ҳинду ва аввалин бор дар ҳуҷраи ӯ китобҳои гуногун, аз ҷумла «Гулистони масаррат»-ро дидани худ чунин менависад: «Дар сарой Бойарҷӣ ном як ҳинду буд, ки нисбат ба дигарон як дараҷа камбӯйтар ва озодатар ва ҳуҷрааш ҳам он қадар бӯи бади дилбеҷокунанда надошт. Ӯ хати хуби тоҷикӣ дошт, ки бо алибфои араб менавишт ва саводи тоҷикиаш ҳам бурро буд. Ӯ ҳар гуна китобҳо дошт, аз китобҳои адабии тоҷикӣ «Гулистони масаррат», «Девони Мирзо Мазҳарҷони Ҷонон» ва тазкираи «Хизонаи омира» –ро, ки ҳамаи онҳо чопи Ҳиндустон буданд, аввалин бор дар ҳуҷраи ӯ дидам…». Воқеан, дар бораи дар «Гулистони масаррат» ҷой дода шудани ашъори Нозим дар қисми тавзеҳот чунин навиштаанд: «Гулистони масаррат»–китобе, ки онро муаллиф–Абдураҳмони Шокир валади Ҳоҷӣ Муҳаммади Равшанхон ибни Муҳаммади Навозхон тазкира номидааст, намунаи ашъори шуарои форсизабон, аз қабили Носиралӣ, Низомӣ, Хусрав, Ҷомӣ, Саъдӣ, Хоқонӣ, Нозими Ҳиравӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Шавкат, Махфӣ, Соиб, Мушфиқӣ ва дигаронро дар бар мегирад».

Бояд гуфт, ки аз мисоле, ки устод Айнӣ дар қисмати «Хари кирокаш ва беморӣ» аз Нозими Ҳиротӣ меорад, маълум мегардад, ки ӯ на танҳо ба ғазалиёти шоир, балки ба достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим низ ба хубӣ ошно доштааст. Масалан, ӯ мегӯяд: «Ман мувофиқи ин плани худ як рӯзи якшанбе пагоҳонӣ ба дарвозаи Имоми шаҳри Бухоро, ки кирокашони байни Бухоро–Вобаканд дар он ҷо меистоданд, баромадам. Дар он ҷо аз байни харҳои кирокашӣ, ки мастона ҳангоскунон ҳаллос зада истода буданд, як хари сафеди туқумқолониеро, ки ба қавли харкорони Бухоро «бузи биничок» буд, маъқул кардам. Ин хар дақиқае ором намеистод, нафас нагузаронида ҳангос мезад, ар-ар мекард, ба ҳар тараф лагад ҳаво медод ва ба қавли Нозими Ҳиравӣ:

Ба шӯхиҳои алвон даст мезад,

Ба ин дандон, ба он арраст мезад.

Гаҳе бо шеър месанҷид худро,

Гаҳе чун аждаҳо медид худро.

Ман ин харро беҳтарин харҳо ва давандатарини онҳо гумон карда, ба як тангаю ҳашт пул то Вобканд киро кардам. Ва ҳол он ки кирои харҳои дигар аз шаҳр то Вобканд як танга буд. Ман ҳашт пулро барои он барзиёд харҷ кардам, ки ба Вобканд зудтар расиданам ва аз он ҷо ягон аробакаши ғиҷдувониро ёфта, Ғиҷдувон рафтанам даркор буд».

Зимнан, дар бахши «Тавзеҳот»-и «Ёддоштҳо» дар бораи Нозим ва шуҳрати маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯ чунин маълумот дода шудааст: «Нозими Ҳиравӣ-шоири соҳибдевон ва муаллифи маснавиест, ки дар солҳои 1670-71 вафот ёфтааст ва «Юсуфу Зулайхо»-и Нозим хеле машҳур аст».

Бояд донист, ки Нозими Ҳиротӣ аз устодони сабки ҳиндист. Ӯ дар ғазал ва маснавӣ устодӣ нишон дода, ҳамчун адиби соҳибмактаб на танҳо дар ватанаш-Хуросон, балки Эрону Мовароуннаҳру Ҳинду Усмониву Туркия ва соири сарзаминҳои форсисаро аз шуҳрати зиёд бархурдор будааст. Шоирони зиёде ба ғазалу маснавиҳояш тақлиду пайравӣ намудаанд ва аз файзи каломаш баҳравар гардидаанд. Нозим агарчи ба Мовароуннаҳр наёмада ва ба Ҳинд нарафтааст, аммо бо каломи пурмаънӣ ва диловезаш ин хиттаҳоро тасхир намудааст. Ба қавли худи шоир:

Тоҷири маъниматоам, аз Хуросон то Дакан,

Сад харидор интизори корвонам мекашад.

Зимнан бояд гуфт, ки Нозим, дар маҷмуъ, агарчи шоири эътидолӣ ва равшангӯи сабки ҳиндист, аммо каломаш аз печидагӣ ва беэътидолӣ низ холӣ нест. Аз ин рӯ, осори ӯ мавриди таваҷҷуҳи шоирони печидагӯ-Носиралӣ, Ғанимат, ба вижа Бедил, будааст. Ба қавли Муҳаммади Қаҳрамон, «метавон гуфт, ки Нозим дар тарзи нав мактаби хоси худро дорад. Вижагии умдаи ӯ таваҷҷуҳи беш аз ҳад ба таркибҳои ташбеҳӣ ва истиорӣ аст… Агар Нозим ҷониби эътидолро нигоҳ дошта буд, шеъраш аз ин ки ҳаст, дилнишинтар мешуд. Эҳтимоли таъсирпазирии Бедил аз Нозим ва шуарои назири ӯ меравад. Албатта, таркиботи Нозим бо услуби забон созгор аст ва чандон дур аз зеҳн нест, дар ҳоле ки кумайти Бедил дар бисёре аз ин гуна маврид ланг аст».

Мутаассифона, нозимшиносӣ дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад. Агарчи дар барномаи нави таълими адабиёт (2007) ба омӯзиши осори Нозим низ, дар бахши хониши адабӣ, ӯ ду соат ҷудо кардаанд, аммо ин миқдор соат барои шоири соҳибсабку соҳибмактабе чун Нозим басанда нест. Аз ин рӯ, бояд осори ӯро бар бахши таърихи адабиёт, қабл аз осори Сайидо, Соиб, Бедил ва дигарон, омӯхт, зеро Нозим дар интишори сабки ҳиндӣ дар Мовароуннаҳр саҳми бузург дошта, таъсири осораш ба адибони ин минтақа чашмгир аст ва ӯ пайравони зиёде дорад. Ногуфта намонад, ки Нозим дар авҷи сабки ҳиндӣ қарор дошта, ҳамроҳ бо Калиму Соиб ва ғайра ин сабкро ба камол расондаанд. Ба андешаи худи шоир:

Буд девони фасоҳат ба ду мисраъ муҳтоҷ,

Толиб аз Омулу Нозим зи Хуросон бархост.

Шавкати Бухороӣ бо тафохур мегӯяд:

Нозиму Носиралӣ, Соиб надорад ин намак,

Шавкати нозуксухан мӯ аз дили мӯ мекашад.

Мулҳами Бухороӣ аз он ифтихор мекунад, ки Ҳироту назми Нозимро дидааст:

Ҷаҳонгардам, Ҳироту назми Нозим дидаам, Мулҳам,

Бухориасламу хоки Баҳоулҳаққи ваддинам…

Дар бораи сабаби шуҳрати Нозим дар Мовароуннаҳр мураттиб ва муҳаққиқи осори ӯ Абӯбакр Зуҳуруддинов дар Тоҷикистон чунин навиштааст: «Нозим ҳамчун шоири ғазалсарои боистеъдод ва хуштабъ ҳанӯз дар замони худ шуҳрат пайдо кардааст, ки дар ин хусус ӯ ифтихормандона чунин мегӯяд:

Шӯхтабъӣ суханамро ҳама ҷо шуҳрат дод,

Гули як боғчаро зинати сад маҳфил кард.

Ин ҳақиқат аз тарафи муосиронаш низ тасдиқ гардидааст. Дар ҳақиқат, Нозим ҳамчун шоири бомаҳорати ғазалсаро чи дар замони худ ва чи баъд дар Хуросону Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон шуҳрати босазое пайдо кардааст. Ин аст, ки як силсила шоирони асрҳои XVII-XIX дар Мовароуннаҳр, монанди Мулҳами Бухороӣ, Улфати Бухороӣ, Исо Махдум, Мирзо Муҳаммади Шӯхии Хуҷандӣ, Мухлиси Бадахшонӣ дар пайравии ғазалҳои Нозим шеър гуфта, ӯро ба камоли эҳтиром ёд кардаанд. Кошиф, Туғрал, Мухлис, Хазонӣ, Маснад, Ноқис, Хиҷлат, Васлӣ барин шоирони низ ба ғазалҳои Нозим мухаммас бастаанд. Дар пайравии Нозим шеър гуфта, ӯро бо камоли эҳтиром ёд кардани як қатор шоирон дар соҳаи ғазалсароӣ эътибори баланд доштани шоирро нишон медиҳад… Маснавии «Юсуф ва Зулайхо» дар эҷодиёти Нозим мавқеи алоҳида дорад. Чӣ муосирони Нозим (Малеҳои Самарқандӣ ва Афзали Сархуш) ва чи сухансанҷону тазкиранависони баъдина (монанди Ғуломалихони Озод, Ҳусайнқулихон, Мирҳусайндӯст ва дигарон) ин достонро асари шоҳкоре ҳисоб кардаанд… «Юсуфу Зулайхо»-и Нозим дар таърихи баъдинаи адабиёти тоҷик роли муҳим бозидааст. Баъди ба вуҷуд омадни он як силсила шоирон, чи дар Осиёи Миёнаву Эрон ва чи дар Ҳиндустон, монанди Ҷавҳарии Табрезӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Салоҳиддин ва дигарҳо, дар пайравии ӯ достони «Юсуфу Зулайхо» ва Мулҳами Бухороӣ «Лайлию Маҷнун» навиштаанд, ки дар ин маснавиҳо ҳамон услуби Нозим дида мешавад. Гурӯҳи дигари шоирон, монанди Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ дар «Толибу Матлуб», Исои Бадахшонӣ дар «Мавзун», Масеҳои Бойсунӣ дар «Раънову Зебо» Нозимро хеле боэҳтиром ном бурда, истеъдоди баланди вайро дар маснависароӣ эътироф кардаанд».

Дар бораи пайравии Мулҳам ба Нозим дар иншои «Лайлию Маҷнун» Абдулғанӣ Мирзоев ин тавр изҳори назар менамояд: «Ба ин тавр, агар дар ғазалиёти Мулҳам таъсири Сайидои Насафӣ ва Носиралӣ равшантар ҳис карда мешуда бошад, маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ (ғайр аз ҳамоҳангие, ки бо дигар «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо дорад) то як андоза услуби «Юсуфу Зулайхо»-и Нозими Ҳиротиро ба хотир меорад: 1. Мавзӯи асосии боби XVI-и Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мулҳам, ки иборат аз мулоқот кардани ду ошиқ, майли васл намудан Лайлӣ ва дар поси нангу номус қабул накардани Маҷнун аст, то як дараҷа ба мулоқотҳои Зулайхо ва Юсуф ҳамоҳанг аст. Аммо агар дар асари Нозим Юсуф таклифи Зулайхоро дар поси дин ва оин рад карда бошад, дар ин ҷо Маҷнун дар поси риоя кардани нангу номуси дилдор худ қабул намекунад. 2. Муроҷиат кардан ба соқӣ ва ё маю соқӣ, ки дар охири ҳар як боб дучор мешавад, то дараҷае услуби асари дар боло зикршудаи Нозимро ба хотир меоварад. 3. Вазни ду маснавӣ ҳам якест. Илова бар ин: «Ҷаҳон гардам, Ҳироту назми Нозим дидаам, Мулҳам», гуфтани Мулло Абдулло аз ҳақиқат холӣ набудани фикри болоро такроран пурқувват мекунад».

Дар бораи сабаби шуҳрати Нозим дар Мовароуннаҳр Абубакр Зуҳуриддинов чунин мегӯяд: «Соли 1667 яке аз ҳамсабақони Нозими Ҳиротӣ-Тоиби Ҳиротӣ як нусхаи «Девон» ва маснавии «Юсуфу Зулайхо»-и ӯро ба Бухоро овард ва бо ҳамин шоир шуҳрат ёфт». 19 Садрӣ Саъдиев низ ҳамин фикрро такрор ва таъкид намуда, дар «Энисклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» чунин менависад: «Тоиби Ҳиротӣ-шоири тоҷик соли 1667 аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, ба хидмати Абдулазизхон (ҳукмр. 1645-89) дохил шуд… Бо кӯшиши ӯ девон ва маснавии Нозими Ҳиротӣ-«Юсуф ва Зулайхо» дар Мовароуннаҳр шуҳрат ёфт». Бинобар ин, устод Айнӣ «Юсуфу Зулайхо»-и Нозимро яке аз шоҳкориҳои адабиёти тоҷик-форс медонад. Ба осори Нозим шинос будани ӯро ин гуфтори Раҳим Ҳошим низ тасдиқ менамояд: «Соли 1948 боре дари хонаам тақ-тақ шуд, бароям, ки домулло. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, ки ҳозир девони Нозими Ҳиравӣ даркор шуд, кас набуд, фиристонам. Худам омадам. Ба хона надаромаданд. Китобро гирифта рафтанд. Магар ки ҳамон соат, ҳамон чизро дидан лозим шуда, барои канда нашудани рабти мусалсали фикрҳояш ин корро ба таъхир андохтан мумкин набудааст ва ба сабаби набудани касе худашон омадаанд».

Ҳузури Нозим ва шуҳрати шеъри ӯро дар Мовароуннаҳр аз ин ҷо ҳам метавон дид, ки ашъораш дар китобҳои замонаш ба масобаи шоҳид оварда шудаанд. Масалан, Хоҷа Самандар (асри XVII) дар китоби «Дастур-ул-мулук»-и хеш барои тасдиқи афкораш аз шеъри Нозим истифода кардааст: «Азизи ман, бисёр мардуми фурӯмоя худро бо шаҳсаворони майдони мурувват ҳамъинон мепиндоранд ва лошаи фурӯмояи худро бо Буроқи барқ рӯзи ҳиммати эшон ҳамтак мешиносанд. Ва ҳол он ки дуаспа ронанд, ба гарди эшон натавонанд расид. Чунон, ки Нозим гуфтааст:

Басе дидам зи маврусони ҷоҳил,

Ки аз таҳсини чун худ чанд ғофил.

Тараф гаштанд бо мардони таҳқиқ,

Ба ҷанги нанг бурдандӣ ба ибриқ

На осон шуд рухи андеша гулгун

Ки умре дошт фикрам реша дар хун».

Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки Нозими Ҳиротӣ яке аз шоирони бузурги адабиёти тоҷик-форс буда, байти машҳури «Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест, Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад», ки мисри дуюми онро устод Айнӣ дар қиссаи «Одина» истифода кардааст, ба қалами ӯ тааллуқ доштааст, на Бедил, ки мураттибону ноширони осори устод Айнӣ ба ӯ нисбат додаанд. Бинобар ин, муҳаррирону айнипажӯҳон, мураттибону муҳаррирони осори Айнӣ, омодакунандагони асарҳои адиб, ба вижа куллиёти ӯро зарур аст, ки бедалел, ҳавоӣ, таваккулӣ, бидуни нишон додани маъхаз, сарчашма қаламфарсоӣ накунанд, то муаллифи аслии шеър, байтро наёбанд, собит накунанд, мансубияти онро ба ин ё он шоир муайян ва мушаххас нанамояд, аз пеши худ, аз рӯи таассуб, ноогоҳӣ он байтро ба исми шоири дигар наёранд ва мутааллиқ надонанд. Ин амал ба нақд ва адабиётшиносии носолим роҳ мекушояд ва дар адабиёт анархия (бесарусомонӣ) эҷод мекунад. Дигар, бо далелу бурҳон сухан гуфтанро ҳануз Саъдӣ ба уламову удабо дастур дода ва гуфта буд:

Надорад касе бо ту ногуфта кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр.

Аммо профессор, собиқ директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ–Шарифи Исрофилниё аз фарти ноогоҳӣ аз таърихи адабиёт, ба барнома дохил кардани Нозими Ҳиротӣ-яке устодони бузурги шеъри тарз (сабки «ҳиндӣ»)-ро зарур намедонад. Аз ин рӯ, дар мақолаи «Барномаи таълими адабиёти тоҷик барои синфҳои V–XI таҷдиди назар мехоҳад» чунин менависад: «Дар синфи VI-ум омӯзиши 18 адиб дар назар дошта шудааст, ки 9 нафари онҳо дар синфҳои дигар такроран омӯхта мешаванд. Гузашта аз ин, мақсади ба барномаи таълим ворид намудани баъзе адибон, аз ҷумла Нозими Ҳиравӣ. маълум нест». Бубинед, ки як мутахассис чӣ мегӯяд? Беҳуда нагуфтаанд:

Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф,

Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.

Лиҳозо, мо барои ошноии бештар ба осори Нозиму мақоми вай дар таърихи адабиёти тоҷик-форс мутолиаи тазкираву китобу девону маҷмӯаву мақолаҳои чопии зеринро ба хонандагону муҳаққиқон тавсия менамоем: «Девони Нозими Ҳиравӣ» (Машҳад, 1374), «Ашъори мунтахаб» (-Душанбе, 1967), «Осори мунтахаб» (–Душанбе, 1987), «Тазкираи Насрободӣ» (–Теҳрон, 1317)-и Мирзо Тоҳири Насрободӣ, «Риёз-уш-шуаро» (-Ҷ.4. –Душанбе, 2009)-и Волаи Доғистонӣ, «Калимот-уш-шуаро» (–Душанбе, 2018)-и Муҳаммадафзали Сархуш, «Тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» ё «Тазкират-уш-шуаро» (–Душанбе, 1385)-и Малеҳои Самарқандӣ, «Таърихи адабиёти Эрон» (–Ҷ.4. –Теҳрон, 1382)-и Забеҳуллои Сафо, «Таърихи адабиёти форс-тоҷик» (–Душанбе, 2005)-и Евгений Эдуардович Бертелс, «Таърихи адабиёт дар асри XVII» (–Душанбе, 1985)-и Садри Саъдиев, «Адабиёти тоҷик асрҳои XVI-XIХ ва ибтидои асри ХХ» (–Душанбе, 1988)-и Р. Ҳодизода, У.Каримов, С.Саъдиев, «Таърихи адабиёти умумиҷаҳонӣ» (–Ҷ.4, –Москва, 1987), «Энсиклопедияи советии тоҷик» (–Ҷ.5, –Душанбе, 1984), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (–Ҷ.2, –Душанбе, 1989), «Сайёдони маънӣ» (–Душанбе, 2021), «Зиндагиномаи шоирон» (–Теҳрон, 1368), «Муқоисаи маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ бо «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим» (1965)-и Абубакр Зуҳуриддинов, «Осори шоири рангинхаёл», (1989)-и Мирзо Мулоаҳмадов, «Нозим ва шеъри ӯ дар Мовароуннаҳр» (2011)-и Ҷамолиддин Саидзода… Гузашта аз ин, худи Нозимрост, ки гӯяд:

Нозими машриқзамирам, нест гар бовар туро,

Мешавад маълум аз назми ҷаҳонорои ман.

Шарбати абрешими маънӣ мураккаб кардааст

Баҳри дилҳои заифон килки анбарсои ман.

Ҷамолиддин Саидзода,

адабиётшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь