8 ноябр ба марги фоҷеавии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов 40 сол пур мешавад.
Ёди гузаштагони ормонӣ, ёди некон ҳамеша аз шеваҳои хайру савобе буд, ки мардуми мо онро пайваста гиромӣ медоранд. Имрӯз, ки дар фарҳангу адаб ва ахлоқу маънавиёти ҷомеа буҳрону костагиҳои зиёде ба назар мерасанд, бо як эҳсоси пазмонӣ беихтиёр ёди фарзандони фарзонаи миллат дар навори хотирҳо пайдо мешавад. Яке аз чеҳраҳои нуронии фарҳангу адаби мо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов буд, ки ин дунёи фониро хеле барвақт, дар авҷи камолоти ҳунару эҷод ба таври фоҷеавӣ падруд гуфт.Маҳмудҷон зодаи куҳистони ноҳияи Ашт буда, аз овони хурдӣ маҳрумият аз оғӯши гарми модар ӯро ба сахтиву нобасомониҳои зиёди рӯзгор дучор гардонидааст, вале табиати зебову афсонавии Шайдону Надок (зодгоҳи Маҳмудҷон) ба ӯ завқу эҳсоси баланди шоирона ато кардааст. Дар таъсири ранҷу машаққатҳои даврони кӯдакӣ, Маҳмудҷон чун ҷавони меҳнатқарину заҳматкаш обу тоб меёбад ва ба хондану дониш омӯхтан майлу рағбати зиёд пайдо мекунад. Ин буд, ки ӯро баъди хатми мактаби миёна якбора ба курси сеюми факултаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Маскав ба номи А.В.Луначарский (ГИТИС) қабул мекунанд. Ӯ бо талошу заҳмат дар як муддати кӯтоҳ ба ҳамсабақонаш, ки ду сол боз нозукиҳои ҳунару санъати касбиро аз устодони номдори худ Б.В.Бибиков ва О.И.Пижова- шогирдони падари театри рус К.С.Станиславский омӯхта буданд, баробар мешавад ва баъдан яке аз фаъолтарин шогирдони студияи тоҷикии ин боргоҳи ҳунар мегардад.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, ки ба ман дар донишкада аз фанни нутқи саҳнавӣ ба таври инфиродӣ дарс медоданд, дар бораи ҳамсабақи маъруфашон қисса карда буданд, ки соли 1957 дар саҳнаи театри Маяковскийи шаҳри Маскав дар доираи даҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти давлати Шӯравӣ як ҷавони навхати 16-17- солаи лоғарандом бо садои ширину гӯшнавози худ ҳикояи Ҳаким Карим «Биё, баҳор»-ро чунон бо эҳсос хонд, ҳамаи аҳли толорро мафтуну мутаассир гардонд. Он ҷавон Маҳмудҷон Воҳидов буд ва устодони мо зуд ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, даъват карданд, ки ба гуруҳи мо шомил шавад. Маҳмудҷон даъвати Б.Бибиков ва О.Пижоваро пазируфту якбора аз курси сеюм ҳамкурси мо шуд…
Хатмкунандагони ин студия Ҳ.Абдуразоққов, М.Исоева, М.Воҳидов, Ҳ. Гадоев, Ф.Ғуломова, Т.Абдушукурова, Н.Ҳасанов, Т.Аҳмадхонов, М. Камолова ва дигарон ба театри тоҷик муҳиту фазои нав, марҳилаи нави эҷодиро асос гузориданд. Онҳо баъди як соли фаъолият дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор омада, бо намоишҳои дипломии худ ва тадриҷан бо фаъолиятҳои минбаъдаи худ ба фазои эҷодии театр ҳамчун насими тозаи ҳунар навовариҳои зиёде ворид намуданд. Ба ҷои романтизми қолабӣ, нутқи мутантан (пафос), ҳаракатҳои сохта дар саҳна акнун реализми ҳақиқӣ, андешаву тафаккур, гуфтори зиндаву табиӣ, амиқрафт ба ҷаҳони ботинии образ, рамзҳо ва омилҳои ҷадиди тасвири дарду эҳсоси қаҳрамон ва бадеияти баланд бештар зуҳур намуд. Хатмкунандагони ин гуруҳ ба монанди Соҷида Ғуломова, Тамара Абдушукурова, Музаффар Ғаниев, Аскар Абдураҳмонов, Аҳмадҷон Қодиров, Борон Сангмамадова дар рушду такомули телевизиону радио ва синамои тоҷик, ҳамчунин дар таълиму тарбияи насли нави ҳунармандони тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нақши муассире гузоштаанд…
Бешак яке аз пешоҳангони он таҳаввулоти эҷодиву падидаҳои тозаи ҳунарӣ дар театри тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов буд. Ӯ ҳамчун ҳунарпеша ва ровӣ дар шикастани қолабҳои зангзадаву куҳнаи саҳнавӣ хидматҳои пурарзише кардааст. То Маҳмудҷон дар саҳнаи тоҷик ҳунари ровигӣ асосан аз шиоргӯиву нутқи пурҷушухурӯш (пафос) иборат буд. Маҳмудҷон чун ровӣ бо сухани зинда ва андешаву тафаккури амиқ бо шунаванда суҳбат мекарду бо ӯ ҳамрозу ҳамнафас мегардид ва маъниву мантиқи матнро на ҳамчун сухани муаллиф, балки ҳамчун ҳарфу садои қалбу вуҷуди худаш ба гӯши дили сомеон мерасонд. Садои махмалину тобишҳои овозии нутқаш муҳтавои матну таъсири маънии онро қавитар менамуданд. Албатта Маҳмудҷон ҳамчун ҳунарпеша ва ровӣ бештар асосҳову унсурҳои мактаби театри русро дар ҳунари худ роҳандозӣ мекард. Хусусан мактаби эҷодиву ҳунару истеъдоди ҳунарпешаи маъруфи шӯравии рус Иннокентий Смоктуновский дар эҷодиёти Маҳмудҷон таъсири амиқ дошт. Таҳсил дар Маскав, албатта дар сиришту руҳияи Маҳмудҷон нақши худро гузошта буд. М.Воҳидов ошиқона шеър мехонду ошиқона нақш мебозид, шоирона мезисту, шоирона эҷод мекард…
Ҳар як нақши бозидаи ӯ мисли шеъри ноб зебову дилпазир буду тобишҳои шоирона дошт.
Театри як актёрро дар саҳнаи тоҷик ба шаклу услуби тоза ва бо бадеияту касбияти баланд Маҳмудҷон поягузорӣ кард.
Тобистони соли 1974 ман довталаби шуъбаи актёрии Донишкадаи навтаъсиси санъати Тоҷикистон будам ва ҳангоми супоридани имтиҳони дохилшавӣ аз фанни маҳорат устод Маҳмудҷон Воҳидовро дар як гӯшаи толори имтиҳонӣ дида, сахт дар ҳаяҷон афтодам. Се нафар муаллимони имтиҳонгиранда Тамара Абдушукурова, Аскар Абдураҳмонов ва Аҳмадҷон Қодиров дар миёнаи толор паси миз нишаста буданду ӯ бошад дар як гӯшаи толор рӯи курсие қарор дошт.
Тадриҷан ҳаяҷону изтироби ман фурӯ нишаст, зеро чеҳраи нурониву нигоҳи пурмеҳри Маҳмудҷон ба дил таскину гармӣ мебахшид. Вақте ки ман бо амри устодони имтиҳонгиранда порае аз манзумаи Мирзо Турсунзода «Садои Осиё»-ро қироат мекардам, Маҳмудҷон аз ҷой бархоста пештар ҳаракат кард ва дастонашро пеши бар ҳалқа намуда, то охир бо таваҷҷуҳи хоса шеърхонии маро гӯш кард. Сипас ба назди ҳамсабақонаш (муаллимони имтиҳонгиранда) омада, ба гӯши эшон чизе гуфт. Бо қаноатмандӣ сар ҷунбонидани муаллимон ба мани ҳаяҷонзада умед бахшид. Бо дидани баҳои «аъло» дар варақаи имтиҳонӣ ҳаяҷону эҳсосоти ман ба ҳаде афзунтар гашт, ки таппиши диламро бо гӯшам мешунидам…
Ин нахустин дидору вохӯрии ман бо устод Маҳмудҷон Воҳидов буд. Баъдан ӯро солҳои донишҷӯӣ дар саҳнаи театр дар нақшҳои Рӯдакиву Эзоп, Азизу Мамбет, Соломахину Ясон, Пашкову Незнамов, Бедилу Хизрхон ва дар моноспектакли «Гуфтугӯ бо худ» дар симои Хайём борҳо дида аз ҳунару истеъдоди баландаш баҳравар гашта будам.
Ӯро дар кӯчаҳои Душанбе, хусусан дар хиёбони марказиву назди Иттифоқи нависандагон ва назди театри Лоҳутӣ борҳо дида будам, ки либоспӯшиву қадамзаниҳояш низ хеле зебову ибратбахш буданд. Чеҳраи нурониву гармаш ҳамеша ғарқи фикру андеша буд. Дар кӯча ҳам ӯ ҳолати шоирона дошт ва пайваста матну ашъори барномаҳои эҷодиашро зери лаб такрор мекард.
Вохӯрии дигари ҳаяҷонбору басо гуворои ман бо Маҳмудҷон тобистони соли 1976 дар шаҳри бостонии Бухорои шариф рух дода буд. Тафсилоти сафари ҳунарии мо як гуруҳ донишҷӯёни Донишкадаи санъат бо барномаи махсуси консертӣ ҳамроҳи устодони ҳунари театри Лоҳутӣ дар чандин мақолаву хотираҳои ман зикр гардидааст.
Он рӯзҳо Маҳмудҷон Воҳидов хеле пуркору серташвиш буд, ки ҳатто барои ҳамроҳ сурат гирифтан фурсат надошту розӣ нашуд. Вале як рӯз дар вурудгоҳи меҳмонхона бо ҳам рӯ ба рӯ омадему баъди салому пурсупос ӯ маро ба роҳаткурсиҳои даҳлез ба нишастан даъват намуду нахуст аз лаҳзаи дидори аввал ва шеърхонии ман дар имтиҳони дохилшавӣ ёдовар шуд. Пасон иброз дошт, ки ният дорад дар назди Иттифоқи нависандагон театри манзум, театри шоирона (поэтический театр) таъсис диҳад ва пешниҳод намуд, ки ман баъди хатми донишкада ҳатман шомили ин театр шавам ва боз хоҳиш кард, ки дар ин мавзуъ ҳоло ба ҳеҷ кас чизе нагӯям. Зеро он шабу рӯзҳо фикру андеша, талошу ташвишҳои ӯ танҳо баҳри ҷустуҷӯву ҷамъоварии мавод, асноду далелҳо аз таъриху сарчашмаҳо барои таҳияи намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» -и устод Сотим Улуғзода аз ҳаёту фаъолияти эҷодии Аҳмади Дониш банд буданд.
Хурсандиву ҳаяҷони онлаҳзаинаи худро наметавонам бо сухан баён кунам. Зеро пешниҳоди Маҳмудҷонро чун парвози орзуҳои ҷавониям, таҷассумгари тақдири эҷодиям, ояндаи умеду ормонҳои худ пазируфта будам…
Бо дили шоду руҳи болида аз Бухорои шариф ба Душанбе баргаштам ва пешниҳоди Маҳмудҷон пайваста дар гӯши дилам садо медоду маро ба ояндаи пурифтихоре умедвор менамуд…
Баъди чанд муддати таътил аз деҳа боз ба муҳити донишҷӯиву ҳаёти пуршӯри шаҳр баргашта интизор будам, ки самари ҷустуҷӯву талошҳои Маҳмудҷон дар таҳияи намоиши «Алломаи Адҳам…» кай манзури тамошогарон мегардад. Ниҳоят он рӯзи нек фаро расиду нахустнамоиши «Алломаи Адҳам…» чун аввалин иқдоми коргардонии Маҳмудҷон Воҳидов дар таҳияи асари калонҳаҷми саҳнавӣ ба воқеаи бузурги фарҳангӣ тадбил ёфт. Дар толор ҷои нишаст набуду теъдоди зиёди мухлисон беруни дар монданд.
Маҳмудҷон дар филми «Ситорае дар зулмот» (коргардон А.Раҳимов) нақши Аҳмади Донишро бозида буд, вале ба қавли Ато Муҳаммадҷонов ӯ аз иҷрои ин нақш розиву қаноатманд набуд.
Аз ин рӯ дар намоиши театр салоҳ дид, ки нақши Аллома Аҳмади Донишро дӯсташ Ато Муҳаммадҷонов бозӣ кунад. Худи Маҳмудҷон иҷрои нақши сайёҳ ва шарқшиноси рус Пашковро ба зимма гирифта буд. Ҳамкории шаҳсутунҳои театри тоҷик, ҳунармандони бузурге чун Ато Муҳаммадҷонов (Аллома), Маҳмудҷон Воҳидов (Пашков), Фаррух Қосимов, Раҷаб Ҳусейнов (Абдусалом), Убайдулло Раҷабов (Амир), Гуландом Сафаралиева, Саврӣ Сабзалиева (ҳамсари Пашков), оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ, рассоми мониқалам Ян Мамадқулов ва ҳамаи ҳайати эҷодиву техникии театр самараи олӣ ба бор оварда буд. Намоиш бо таҷассуми таъриху воқеаҳои охири қарни 19 руҳияи замонро ифода менамуд. Дар талошу ҷонфидоиҳои Аҳмади Дониш, дар фиғону дарди ботинии ӯ баҳри илму маърифат, баҳри ободиву шукуфоии кишвар, баҳри некӯаҳволии мардум дарду фиғони бисёр рушанфикрони давр ифода ёфта будаанд.
Дар саҳнае, ки Аҳмади Дониш (Ато-ака)-«Ман танҳоям, Оғо!»-гуён фарёд мекард, тамошобинон фиғони дили устод Сотим Улуғзодаро шуниданд…
Дар фарҷоми намоиш бо чашмони ашкбору дастони ларзон ба саҳна баромада, ба эҷодкорону офарандагони намоиш, ба Маҳмудҷону Ато арзи сипос кардани устод Сотим Улуғзода ҳоло ҳам мисли навори синамо дар сабти хотираам боқӣ мондааст. Тамошогарони мутаассиргашта бо оби дида ба ҳунару истеъдоди ҳунармандон ва муаллифи асар дурудароз каф мезаданд.
Маҳмудҷон Воҳидов бо таҳияи ин асари бузург собит сохт, ки ӯ дар фаъолияти коргардонӣ низ беҳамтою мумтоз аст. Ӯ дар авҷи камолоти умру эҷод ва парвози ҳунар қарор дошт. Саҳнаи тоҷик, синамо ва садову симои тоҷик аз ҳунару истеъдоди ӯ эъҷозҳои зиёдеро интизор буданд. Вале, сад дареғу ҳайфо, ки тири қазо ӯро дар авҷи баландии шуҳрату эҷод, дар айни парвози ҳунар нишона карду аз фоҷеаи саҳна ба фоҷеаи воқеии ҳаёт дучор сохт ва марги нобаҳангоми ӯ ба фоҷеаву мотами миллат мубаддал гашт…
Шоми 12 ноябри соли 1977 ман баҳри тамошои намоиши «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ниёзӣ ба театр омада будам. Устодони театри тоҷик С. Тӯйбоева, Г.Завқибеков, М.Камолова, Б.Раҷабов, Х.Назарова, Т. Ғаффорова, А.Муҳаммадҷонов, Н.Ойматов, М.Қосимова ва дигарон дар саҳна фоҷеаи нависандаи тоҷиктабори ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро нишон медоданду аҳли толорро мегирёнданд. Вале дар фарҷоми намоиш расидани шумхабари марги фоҷеавии Маҳмудҷон Воҳидов дар шаҳри Бағдоди Ироқ фиғону гиряи ҳамаи кормандони театрро ба фалак печонд.
Ман бо супориши устодам театршиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов бояд дар бораи фаъолияти эҷодии Ато Муҳаммадҷонов кори курсӣ менавиштам. Бо Ато-ака қаблан мувофиқа карда будем, ки баъди намоиши «Бой ва хизматгор» бо ҳам суҳбат мекунем.
Ба пардозхонаи Ато Муҳаммадҷонов баромада (Ато-акаву Маҳмудҷон дар як пардозхона ҳамроҳ буданд) ӯро дар ҳолате дарёфтам, ки дар намоиши «Алломаи Адҳам» « Ман танҳоям!» гуён фиғон мекард. Он лаҳза театр ба мотамхонае табдил ёфта буд…
Рӯзи ҷанозаи Маҳмудҷон гуё тамоми мардуми тоҷик, зиёиёну равшанфикрон аҳли фарҳангу адаб, мактабиёну донишҷӯён, мардумони оддии коргару деҳқон барои видоъ бо фарзонаписари миллат ба театри Лоҳутӣ омада буданд. Оҳанги маҳзуни мотам, марсияхониҳои ҳунармандони маъруфи тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Одина Ҳошимов, Барно Исҳоқова, Ҷ.Муродов дили пайвандону ёру дӯстон ва ҳама ихлосмандони ҳунари Маҳмудҷонро реш-реш мекард.
Вақте, ки аз тариқи баландгӯякҳо сабти садои худи Маҳмудҷон, хусусан номаи вопасини Азиз ба Нозӣ аз намоиши «Дуэл»-и М.Байҷиев (дар он гап дар хусуси марг, яъне бо иллати гирифторӣ ба дарди ҷонкоҳи бедармон ба марги ногузир маҳкум будани каҳрамон мерафт) пахш гардид, сангинтарин дилҳо об шуда, аз дидагон ҷорӣ шудаанд. Фазои вурудгоҳи театрро нолаву фарёди ҷигарсӯз фаро гирифт. Ба назари ман гуё тамоми дару деворҳо, сақфу сутунҳои театр ҳам ба фиғон омаданд.
Руҳи Маҳмудҷон гӯё эҳсос кард, ки реҳлати бемаҳали ӯ мардумро ҷигархун кардааст, баъди фосилае садои махмалину дилнавозаш бо шеъри маъруфи дӯсти шоираш Лоиқ Шералӣ «Ман намемирам, Ман нахоҳам мурд» фазоро фаро гирифту гуё ба дили хуншудаи ёрону пайвандонаш, ҳампешагону дӯстдорони ҳунараш тасалливу таскин мебахшид. Бале:
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Ҳамон сол (1977) барои миллати тоҷик соли наҳсе буд, ки се нафар фарзонафарзандони худ Бобоҷон Ғаффуров, Мирзо Турсунзода ва Маҳмудҷон Воҳидовро пайи ҳам ба хок супорид…
Яке аз шогирдону пайравони Маҳмудҷон Воҳидов зиндаёд Фаррух Қосимов баъди чанд сол дар назди Иттифоқи нависандагон театри худро бо унвони «Аҳорун» таъсис дода, бо намоишҳои манзуми худ ормони Маҳмудҷонро то ҷое ба сомон расонд.
Маҳфилҳои ёдбуди Маҳмудҷон дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд, дар театри Лоҳутиву толори Иттифоқи нависандагони пойтахт мисли идомаи умру фаъолияти эҷодии ҳунарманди зинданом барои тарбияи завқу ғановати маънавии ҷомеа, хоса, ҷавонону наврасон арзишҳои зиёде доштанд.
Воқеан рӯзҳои гиромидошти хотираи Маҳмудҷон Воҳидов дар вилояти Суғд бо ташаббуси дӯсти ҳунармандаш шодравон Ато Муҳаммадҷонов, ки он вақт (1994) раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд, хеле хотирмону судбахш доир гаштанд. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ арбобони намоёни илму фарҳангу адаби кишвар аз ҷумлаи театршиноси маъруф Низом Нурҷонов, коргардону дромнависи шинохтаи тоҷик Шамсӣ Қиёмов, академик Акбар Турсунов, шоирон Меҳмон Бахтӣ, Зулфия Атоӣ, рӯзноманигор ва нависандаи хушқалам Абдуғаффори Абдуҷаббор, ҳамсару пайвандони Маҳмудҷон, гуруҳи ҳунармандони Театри Лоҳутӣ, Театри ҷавонон ва Театри «Аҳорун» иштирок доштанд, ки банда ҳам шомили он ҳайат будам. Бо дастгирии раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд вохӯриву суҳбатҳо бо меҳнаткашону зиёиён ва донишҷӯёну мактаббачагони вилоят хеле шавқангезу муассир ва ибратбахшу сабақомӯз сурат мегирифтанд, ки тафсилоти он дар сафархотираҳои Абдуғаффор Абдуҷаббор дарҷ гардидааст. Аз ташрифу иштироки фаъолонаи пиру ҷавон, дӯстдорони шеъру каломи бадеъ равшан мегардид, ки мардум чӣ андоза ба ҳунарманди асили худ Маҳмудҷон Воҳидов муҳаббату эҳтиром доранду номи некашро гиромӣ медоранд. Оре:
Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном ҳаргиз намурд…
…Гоҳе ба худ меандешидам, ки агар Маҳмудҷон зинда мебуд, аз дидани бадбахтиву даҳшатҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ба сари мардуми тоҷик омада 100 бор меафтоду 100 бор мемурд. Зеро ӯ бо табиати исёнии худ ба торикиву чаҳолат, пастиву разолат, тамаллуқу чоплусӣ, бешарафию ғаразхоҳӣ барин зуҳурот созишу муросо карда наметавонист…
Имрӯз аз байн рафтани бисёр арзишҳо ва анъанаҳои нек, қадршиносиву арҷгузорӣ ба заҳматҳои эҷодиву илмии фархеҳтагону донишмандон, гиромидошти номи неки эшон, ки мӯҷиби ибрату тарбия ва сабақи рӯзгор барои насли наврасу ҷавонон мегардид, боиси ташвишу нигаронист…
Солиёни пеш ҷашни мавлуди бузургони фарҳангу адаб, илму маърифат пуршукуҳу ифтихорангез таҷлил мегардид ва рӯзи реҳлати эшон ба мотами умумимиллӣ табдил меёфт, ки барои насли имрӯзу фардо воқеан ҳам пандомӯзу ибратангез буд (то ҷавонону наврасон ба ҳар гуна унсурҳои ҷиноӣ, ки бо порахӯриву тороҷи моликияти ҷамъиятӣ соҳиби сарват, қасру мошинҳо шудаанд, пайравӣ накарда бошанд).
Имруз аксари мардум аз реҳлати бузургоне чун академик Шакурӣ, академик Мансуров, ҳунармандони маҳбубашон Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Нигина Рауфова, Бурҳон Раҷабов, Хушназар Майбалиев, Бахтиёр Худойназаров, Ҳусейн Насриддинов ва чандин шоирону олимони маъруф огоҳие наёфтанду бехабар мондаанд, ки миллат чӣ қадар ганҷинаву сарвати маънавии худро аз даст додааст.
Хабари расмии реҳлати шахсиятҳои бузургу хизматҳои шоёнкарда, тасаллияту ҳамдардии ашхоси расмӣ боиси боло рафтани обрӯву эътибори давлату давлатмардон ва ҳамчунин боиси эҳтирому муҳаббати бештари мардум бо эшон хоҳад гашт, ки амсолаш дар дигар давлатҳо, хусусан Русия равшан мушоҳида мешавад. Ин як руҷуъе буд барои андеша …
Агар аз нақшу образҳои дар саҳнаи театр офаридаи Маҳмудҷон Воҳидов танҳо расмҳову эълонномаҳое боқӣ монда бошанд, вале хотираву чеҳраи эҷодии ӯ дар наворҳои синамои тоҷик бо номи Шариф аз филми «Зумрад», Раҷаб аз филми «Ҳасани аробакаш», райком Қодиров аз филми « Ҷӯра саркор», Тӯлод аз филми «Достони Рустам», Аҳмади Дониш аз филми «Ситорае дар зулмот»,… ва садои нарму дилнишину махмалини ӯ дар даҳҳо филмҳои тарҷума (дубляж) шуда, инчунин сабту наворҳои барномаҳои адабию драммавии радиои тоҷик чун осори гаронмояе маҳфуз мондаанд.
Зиҳӣ ҳунари асил, ки ҷовидонисту боиси ҷовидонагии номи ҳунарманд аст!
Ёдаш ба хайру руҳи азизаш шод бод!
Ортиқ Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон