Аз лиҳози ҳунар ва эҷоди самти мақомхонӣ мафҳуми мақом тайи садсолаҳо нақши асосиро дар тафаккури мусиқии тоҷик муайян кардааст. Дар асл мафҳуми калимаи мақом аз замони қадим ба маъноҳои гуногун, яъне дар асрҳои VI – VII ба маънои Ҳафтпарда, баъдан дар асрҳои XII-XVII… Дувоздаҳмақом ва ниҳоят дар асри XVIII ба маънои аслии хеш – Шашмақом муайян карда шудааст ва роҳу рушди такоммулро тай намуда истодааст. Боиси тазаккур аст, ки маҳз ҳамин роҳи тулонии таърихӣ имконият дод, ки мавқеи мақом дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хеле устуворро касб намояд.
Баъди ба вуҷуд омадани давлати Шӯравӣ, санъат ва масъалаҳои омӯзиши Шашмақом қисман ба таназзул рӯ овард ва аҳамияти он байни мардум коста шуд. Аз ин рӯ, дар оғози давраи мазкур нуқтаи назари сиёсию фарҳангии ҳукумати навтаъсис ба мерос ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ гуногунпаҳлӯ ба чашм расида, қадру қимати он начандон арзиши ҳақиқии худро дарёфт намудааст. Боиси ёдоворист, ки дар таърихи давраҳои аввали солҳои 20 – 40 қарни гузашта, тақдири санъати Шашмақом ва намояндагони он ноустувор қарор гирифта, ҳатто баъзе ҳунармандон ва мутахассисони соҳаи мазкур ба тазъиқ ва ба маҳкама кашида шуда буданд. Масалан, Тоҳир Давлатзода, яке аз ҳалқаи донандагони мусиқии сунатӣ (инчунин устоди амири Бухоро мансубият дошт), мардумшиноси шинохтаи рус В.А. Успенский (аввалин ташвиқотгарон ва мураттибони китоби Шашмақом дар солҳои 1920-ум) дар ин роҳи пурталотуб ҷабри руҳию ҷонӣ кашида буданд.
Танҳо солҳои 50-60 қарни гузашта бо талош ва кӯшишҳои аллома Б.Ғафуров, Садриддин Айнӣ, асари “Шашмақом” зери ҳифзи давлат гирифта шуд. Дар ин давра ансамбли мақомсароён бо роҳбарии донишмандон ва устодони санъати тоҷик Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев дар назди кумитаи радио ва телевизиони тоҷик таъсис дода шуд ва барои фароҳам овардани рушди фаъолияти ҳунари минбаъдаи Шашмақом шароити мутобиқ ба вуҷуд омад.
Аммо ҷараёни мазкури эҷодӣ ва хусусан, системаи таълимии он дар сатҳи давлатӣ на чандон таърихи тӯлонӣ дорад. Дар Тоҷикистон омӯзиши методӣ-таълимӣ ва инчунин тайёр намудани мутахассисони касбӣ расман аз давраи солҳои 80-ум дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода оғоз гардид. Хусусият ва моҳияти услуби таълим дар ифтитоҳи ин раванд дар заминаи таҷрибаи устодон такя гардида, шакли омӯзиш бо таври шифоҳӣ амалӣ мегардид.
Феълан анъанаи мазкур байни мардум тавассути устодони асили Шашмақом мавқеи худро бештар тақвият бахшид ва рушду густариш ёфт. Акнун тибқи ин анъана устодони мақомхон имрӯз низ нозукиҳои санъати иҷрокунандагии гуногуни онро ба насли ҷавон интиқол медиҳанд. Ибтидои ҷараёни мазкур, ҳамчун идомаи мактаби бузурги Бухоро, бо фаъолияти пурсамари Б.Файзуллоев, Ф. Шаҳобов ва Ш.Соҳибов бевосита алоқамандӣ дорад. Зиёда аз ин, то охири асри XX – ибтидои асри XXI мактабҳои ҳунарии мақомхонӣ дар маҳалҳои гуногун, инчунин дар сатҳи авлодӣ, оилавӣ бештар идома меёфт, ки ин таҷриба дар суннатҳои шаҳрҳои бостонии Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷекат зиёдтар ба чашм мерасад, ки дар ин замина хизматҳои устодони ҳунар аз ҷумла: Боймуҳаммад Ниёзов, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Нериё Аминов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон хеле назаррас аст.
Сарояндаи мумтоз ва нотакрор Ҷӯрабек Муродов ин анъанаи устодони ҳунарро идома дода, бо офаридаҳояш дар таърихи тамаддуни навои тоҷик саҳми босазо гузошта истодааст. Фаъолият ва осори мусиқӣ, рангомезии таснифоти ин устоди ҳунар, ки аз суннатҳои асили овозхонию сознавозӣ ва эҷодкории мусиқии шифоҳию классикии ниёгон маншаъ мегирад, ба маънои пурраи сухан – эҷодкори ҳақиқии санъати сарояндагиро мемонад.
Ҷӯрабек Муродов ҳамчун давомдиҳандаи анъанаи устодони ҳунари ниёгон дар тули пурбори фаъолияти худ бо навҷӯиву навоварии эҷодию иҷроӣ, баҳрабардории эҷодкорона аз мероси мусиқии тоҷик, мардумони Шарқу мамолики Осиёи Марказӣ ва берун аз он фаъолияти беназири ҳунарии эҷодиву иҷроӣ ба харҷ додааст. Мазкур дар ҳақиқат ҳунарманди ҷӯянда ва беҳтарин донандаи осори гузаштагону муосирон аст. Дар савту овоз ва таронаҳои дилангези вай шӯру исёни санъати оламгири халқӣ нуҳуфтааст. Ӯ барҳақ бо сабку услуби хоси ҳунарии хеш миёни ҳаводорони санъати асил маҳбубият дорад.
Ҳамин тавр, аввали солҳои 60 – уми асри гузашта, оҳангсоз ва сарояндаи ҷавон қадамҳои нахустини худро дар роҳи санъати касбии сарояндагӣ хеле устувор гузошт. Оҳангсозиву сабки сарояндагии ӯ барои мухлисони созу суруд навовару навҷӯ буд. Воқеан садои ширадор, оҳанги барҷаста ва мувофиқ ба матн шунавандаро ихлосманди ӯ гардонд. Тарзи хониши ӯ нав буда, ба ҳеч кас монанд набуд. Мусиқии бузурге, ки имрӯз ба маҳбубияти сартосарӣ шарафёб шудааст ва он, бешубҳа, маҳсули истеъдоду маҳорати ин сарояндаи номвар мебошад.
Эҷодиёти Муродов аз се сабку равия («Шашмақом», сурудҳои халқӣ ва таронаҳои муосир) иборат аст. Сурудҳои рӯҳбахши ӯ дар худ ғаму шодии ҳаёт, зебоиҳои табиат, ватандустӣ, авҷу барори кор, ишқу муҳаббат, шавқу эҳсоси ҷавонӣ ва ғайраро ифода мекунад. Репертураи ӯ бой ва гуногун буда, асоси онро сурудҳои лирикию гражданӣ, халқӣ ва классикии тоҷик, сурудҳои халқии Иттиҳоди Шӯравӣ – русӣ, озорбойҷонӣ, арманӣ, гурҷӣ , ӯзбекӣ. туркманӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, литвонӣ ва ғайра ва мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ (афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва ғайра) ташкил медиҳанд.
Ӯ аз мақомҳои классикӣ ва навоҳои халқӣ зиёда аз 150 сурудҳои ҷаззоб (аксарияти онҳо ба нота дароварда шудаанд) офарида, онҳоро ба тарзи нав тафсиру такмил дод. Ҷӯрабек Муродов силсилаи нави сурудҳоеро таҳия намуд, ки таронаҳои Шариф Ҷӯраевро ба хотир меорад ва барои мухлисони санъат хеле ҳаловатбахш аст.
Ҷӯрабек Муродов падидаи нотакрор дар фарҳанги миллии тоҷик аст. Нерӯи ҳунарӣ ва эҷодии ӯ аз солҳои 60-уми садаи бист то ба имрӯз бо фарҳанги мусиқии тоҷик иртиботи қавӣ дорад.
Ҷойгоҳи Ҷӯрабек Муродов аз доираи санъати мусиқӣ хеле фарохтар рафта, ба рушди фарҳанги миллии тоҷик мусоидат кардааст. Саҳми эҷодии ӯ барои ташаккули ҳуввияти миллӣ беназир аст. Ӯ таҷрибаи мусиқии гузаштаву ҳозираро ба ҳам овард ва баробари ин, хусусиятҳои мусиқии ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро на ба тарзи сохта, балки бо тарзи табиӣ дар эҷоди мусиқии худ омезиш дод. Дар ҳоле ки ҳофизон мухлисонашонро бештар аз маҳалли худ меёфтанд (ки ин низ дар маънои муайян табиист), ҳаводорони Ҷӯрабек ба тамоми қисматҳои Тоҷикистон ва берун аз он мансубанд.
Ҷӯрабек Муродов мактаби мусиқии хешро дошта, дар санъати мақомхонӣ комёбу мумтозаст. Донанда ва иҷрокунандаи сурудҳои “Шашмақом” аст ва ин суруду таронаҳои зиëдеро аз силсилаи “Шашмақом” дар барномаи худ ҷой кардааст. Овози хушу форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ сурудҳои ӯро басо дилангезу марғуб гардониданд. Чуноне, ки дар боло зикр кардем, мавсуф аз устодони номии “Шашмақом” – Б.Файзуллоев, Ф.Шаҳобов ва Ш.Соҳибов дарси маҳорат омӯхтааст. Ҳамаи сурудаҳояш яке аз дигаре беҳтар буда, дар фонди тиллоии мусиқии Радиои тоҷик маҳфуз аст.
Дар идомаи фикрҳои боло, ман мехостам каме доир ба сабки мақомхонии Ҷӯрабек Муродов ва саҳми ин марди ҳунар дар пешравии санъати мақомхонӣ бахусус “ Шашмақом” ибрози ақида намоям:
“Дар мақомхонӣ ду услуби иҷрокунандагӣ ҳаст, ки яке бухороӣ ва дигаре водии фарғонагӣ (исфарагӣ) мебошанд. Услуби бухороӣ барои шунидану иҷро намудан каме вазнинтар аст. Вале услуби фарғонагӣ (исфарагӣ), ки бунёдгузорони он Зебопарӣ (Абдураҳмон) ва Умар-ҳофизи исфарагӣ мебошанд, каме содатару равонтар аст ва ба завқи мардуми водии Фарғонаю куҳистони тоҷик мувофиқат мекунад. Ҷӯрабек Муродов ана ҳамин услуби исфарагиро пеш гирифтааст, ки мувофиқи табъи худ ва мардум буда, дар ороиш зеботару форамтар аст. Ҷӯрабек дар хондани сурудҳои классикӣ бештар усули сюитавиро пеш мегирад. Масалан, агар ӯ насри ягон сурудро оғоз намояд, ҳатман пас аз он савту уфарашро низ месарояд. Мисоли ин «Муноҷот» шуда метавонад. Ё ин ки силсилаи «Баётҳо»-ро мегирем, ки аз 5 асари ҷудогонае иборатанд”.
Ба фикри устод, ки дар барномаи телевизионӣ иброз доштааст, “Ҳар як овозхон дар эҷодиёти худ ҳам сурудҳои аслӣ дораду ҳам фаръӣ. Аслиаш – оне ки аз самими қалб, бо як эҳсосоти бузург эҷод мешаванд. Фаръияш бошад, бо тақозои замон”. Дар барнома ва эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов дар тули 60-сол суруду оҳангҳои зиёде садо дод додаанд. Аксари онҳо сурудҳои аслианд, ки тавассути эҳсоси баланду завқи нозук эҷод шудаанд.
Ҳунарвар бештар аз 20 суруди классикиро сароидааст. Сурудҳои «Насри Ушшоқ» (Ҳофиз), «Соқиномаи Ироқи Бухоро» (Умар), «Сарахбори ороми ҷон» (Ҳофиз), «Гиря» (Ҷомӣ), «Сегоҳ», «Баёти Шероз» (Ҳофиз), «Муноҷот» (Туғрал), «Бозаргонӣ» (Саъдӣ)-ро Ҷӯрабек Муродов тобиши нави ороишие медарорад, ки шуниданаш хеле гуворост.
Қобили қайд аст, ки замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ нисбат ба ин мероси пурғановат ҳамаҷониба афзоиш ёфт. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба эҳё намудани системаи таълимии ин мусиқӣ – “устод – шогирд”, ҷорӣ намудани ин система дар муассисаҳои таълимии давлатӣ баҳри бедор намудани ҳисси худшиносии милливу ватанпарастӣ, ҳифзи маънавиёти мероси мусиқӣ кӯшишу талошҳои хеле зиёд зоҳир гардид. Бахусус, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла: Рӯзи Шашмақом (12 май) ва Рӯзи Фалак (10 октябр), ки бо ташаббуси бевоситаи роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, боиси сарфарозист. Ин ҷашнвораҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамасола бо баргузори конфронс ва сипозиумҳои байналмилалӣ ва барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандон-устодони санъати тоҷик ва чеҳраҳои нав гаштанд. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба ворид намудани жанрҳои “Шашмақом” ва “Фалак” ба мероси ғайримоддии фарҳанги инсоният – ЮНЕСКО (СММ) чунин иброз намуданд: “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Фалак ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд”.
Ин буд, ки Ҷӯрабек Муродов дар идомаи роҳи камолоти ҳунарии шогирдони мактаби худ раҳнамоии дастаи ҳунарии шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» – ро, ки соли 2001 ба фаъолият оғоз намуд, бар дӯш гирифт.
Имрӯз номи Ҷӯрабек Муродов вирди забону ифтихори форсзабонони дунё ва кулли фарҳангдӯстони аҳли башар гардидааст. Сазовори унвони баланди Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шуравӣ гардидан дар сини 37-солагӣ, ин ифтихори баланди миллати тоҷик аст. Хизматҳои барҷастаи фарзанди баруманди тоҷик, фидоии саҳнаи ҳунар, ҳофизи миллат, Ҷӯрабек Муродов бебаҳост ва иброз доштани назари хеш далели гуфтаҳои болоянд, ки бароям боиси сарфарозист:
“Дар фаъолияти Ҷӯрабек Муродов ҳамеша услубу одобҳои инсонӣ ва инсондустӣ ҷараён дорад. Овози ҷаззоб доранд, ки хеле дилошӯб аст ва шунидани сурудҳояшон ба кас ҳаловати тозае меангезад. Дар интихоби шеър тозакор ҳастанд, шеърҳои баланду пурмазмунро интихоб менамоянд ва кас на фақат аз сароиданашон ҳаловат мебарад, балки ба таъриху фарҳанги миллати худ ошнои пайдо мекунад. Дар оҳангбандӣ ба сурудҳояшон ҳамто надоранд, яке аз дигараш беҳтар буда, касро аз ҳолати воқеъияш берун меоранд ва на фақат табъи шунавандаро хуш мегардонад, балки руҳи шахси беморро давобахш аст. Тавассути сурудҳои устод Ҷӯрабек Муродов кулли мардум аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, ёдрас мегарданд».
Имрӯз мо дар сабки хонишу гӯиш ва нолаҳои Ҷӯрабек Муродов, ки такрори садои дилангези Борбади Марвазӣ, нолаҳои чанги устод Рӯдакӣ, ворастагиҳои Хоҷа Ҳофиз, такаллуф ва нозукбаёниҳои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, розгӯӣ ва ниёзоварии Мавлоно Ҷомӣ, ҷаҳони пурғановати Шайх Саъдӣ, пушидагӯии асрори инсоне, ки дар шеъри Абдулқодири Бедил нуҳуфтааст, озодигароӣ ва озодсухании устод Айнӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ будани устод Турсунзода ва ҷушу хурӯши ҷавониҳои устод Лоиқро таҷассум мекунад, эҳсос менамоем.
Имрӯз суруди Ҷӯрабек Муродов моро ба хештаншиносӣ, ба ҳуввияти миллӣ, ба Ватанпарастӣ, ба инсонгароӣ ва берун рафтан аз ҳудуди як халқу кишвар ба фазои бисёр бузурги ҷаҳони муосир, паймудани саҳнаҳои баланди санъати ҷаҳонӣ ва нишон додани он ки як фарзанди модари тоҷик метавонад кулли тамошобинони Аврупою Осиё, Амрикою Африқоро мафтуни оҳанг, суруд, овоз, нолаҳо гардонад, водор месозад.
Инҷо мехостам хулосаи мақолаи худро бо як нуктаи бағоят муҳим, ки мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар, ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода чунин ибрози ақида намудаанд, ҷамъбаст намоям:
«Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…. Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».
Ашуров Сафармурод,
магистранти курси 2-и ДДФСТ