Моҳе қабл мардуми хушиқболи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати саросарӣ бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва худшиносӣ ҷашни аз ниёгони тамаддунофар ба  мерос монда – Садаро таҷлил намуданд.

Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Фирдавсии бузург аз ҷашни Сада ёд намуда, бунёди ин ҷашнро ба замони подшоҳии Ҳушанг нисбат додааст:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.

Хушбахтона, инак чанд сол аст, ки Сада низ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон баъди солҳои дарози фаромӯшӣ дар кишвари мо ба таври хотирмон таҷлил мегардад. Баъди рӯзҳои башуморе ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз меҳмон мешавад. Ин ҷашни накҳатбор аз мардумитарин ҷашнҳои миллии мардуми форснажод ва сокинони қаламрави ориёиҳои бузург аст. Наврӯз ҷашнест, ки дар қаъри таърихи куҳан реша дошта, бархе таърихшиносон ва навиштаҳои хаттии бостонӣ онро ба даврони ба тахт нишастани Ҷамшед, сарнагунии Заҳҳоки бадбахт, бар тахти сарварӣ такя задани шоҳ Фаридун ва ҳамчун пирӯзии покӣ бар зиштӣ донистаанд.

Донишмандони бузурге чун Фирдавсии Тӯсӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём аз чӣ гуна пайдо шудани ин Наврӯз дар осори гаронмояи худ ёд кардаанд. Наврӯз он қадар мардумӣ ва бар дилҳо наздику дар ҷонҳо нишастааст, ки ҳамаи суханварони форсу тоҷик зебоиву накҳати онро васф карда, дар ашъори хеш ин ҷашни мондагорро бо шавқу шӯри баланд ситоиш кардаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик низ аз ҳама бештар дар васфи Наврӯзу Баҳор ва Зан-Модар шеърҳо офарида шудаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Рӯзи Модар ва Рӯзи Наврӯз дар Тоҷикистони нозанини мо ҳарду дар моҳи март ҷашн гирифта мешаванд.

Ҳамон рӯзеро, ки Ҷамшед бар тахти сарварӣ нишаст, Фирдавсӣ Наврӯз донистааст:

Ба Ҷамшед – бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Дар ҷойи дигар ин шоири ватандӯст мегӯяд:

Ба Наврӯз нав шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯз рӯз.

Он чӣ дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн гуфтаву навиштаанд, албатта аз аҳамият холӣ нест, аммо муҳимтар он аст, ки Наврӯз реша дар таърих, фарҳанг, андеша, суннатҳо ва гузаштаи мо тоҷикон дорад. Ин ҷашнест, ки саропо тоҷикӣ аст, ному нишонаш тоҷикист. Барои мо тоҷикон бояд мояи гарданфарозиву барозандагӣ бошад, ки имрӯзҳо давлатҳову миллатҳои зиёди ҷаҳон ин ҷашни миллии моро арҷу эҳтиром гузошта, ҳатто бо ҷалолу шукуҳ онро таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯзи тоҷикон, рӯзи бар тахт нишастани шоҳи тоҷикон, Наврӯзи Фирдавсиву Хайём имрӯз ҷашни байналмилалӣ аст. Аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ ва сарвати маънавии умумиинсонӣ шинохта шудани Наврӯз далели бузург ва бостонӣ будани ин суннати қадимаи тоҷикон аст. Бо вуҷуди ин ҳама ҳанӯз ҳастанд бархе мутаассибону аҷнабиандеша ва асолатбохтаҳо, ки мегӯянд Наврӯз иди оташпарастон буда, он бо шариати Ислом мухолиф аст. Ин тоифаи раҳгумзада ва дар ҷаҳолат мондаву ба макру фиреби душманони таърихи тоҷик гирифторбуда ҳоло ҳам ба дарки он нукта нарасидаанд, ки ин ҳама дурӯғ ва туҳмати ошкор ба Наврӯз аст. Он раҳгумзадаҳои ба қавли Мавлонои бузург «ношустарӯёни аз рухи моҳ айббин ва аз боғи биҳишт хорчин» амдан ва барои беобрӯии миллат ин гуна андешаҳоро таблиғ мекунанд. Як фасли нозанинеро, ки Худо ҳар сол онро ба сарзамини аҷдодии мо бо гулу сабза ҳадя мекунад, аз ҷаҳлу аблаҳӣ тамғаи куфр мезананду ёдгоре аз оташпарастон медонанд. Онҳое, ки аз нодонӣ, бехабарӣ, бегонапарастӣ ва аз асолатбохтагӣ афсонаи реша дар куфр доштани Наврӯзи Аҷамро бовар кардаанд, бояд бидонанд, ки ин афсонаро имрӯз дар ҷаҳон ба ҷуз чанд тане дур аз ҳуввияти миллӣ, ки ба қавли Ҳофизи бузург «чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд», дигар касе бовар намекунад.

Хоҷа Ҳофиз, ки бо 14 тафсир Қуръон медонист, дар ҳамон замони ноороми асримиёнагии «ҷанги 72 миллат» (ибораи худи Ҳофиз) ва авҷи таассуботи диниву хурофотпарастӣ далерона ва ошиқона гуфта буд:

Зи кӯйи Ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Мадад хостан аз бод, яъне нафас гирифтан аз бӯйи диловези насими Наврӯзро шоир сабаби қуввати имон донистааст. Ташбеҳи бӯйи дилангези сари турбати Паёмбари Ислом (с) бо накҳати насими Наврӯзӣ ва мадад хостан аз он боди диловез сухани хушку холӣ нест. Ин ташбеҳи бисёр ҷаззоби шоири бузург дарси ибрат, сабақи худогоҳӣ ва миллатдӯстӣ барои ҳар тоҷик, махсусан барои тоифаи мутаассибу нохудогоҳ бояд бошад.

Наврӯз иди баҳору сарсабзӣ, рӯзи эҳёи табиат, айёми рустану шукуфтанҳо, замони дурахши дубораи умедҳо, ормонҳо ва орзуҳо, соати баробар шудани шабу рӯз, анҷоми сардиву торикиву зулмот ва расидани нуру рӯшноиву гармӣ, фасли бедории дилҳо, ҷашни меҳрубонӣ, якдилӣ ва саховату бахшиданҳо, вақти гуфтани шеъру таронаву чакома, пиёлаи май ба кафу мастӣ карданҳо, дилбару дилдода ба бару ишқу ошиқӣ варзиданҳо аст. Наврӯз он қадар ҷашни табиӣ, тавъам бо руҳу равон ва тану ҷони инсонҳост, ки ҳама онро дӯст медоранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки ҷашни муғону муъбадонаш медонанду ҳукм бар куфраш кардаанд, бовар дорем, рӯзҳои Наврӯзӣ дар ягон талу теппаи хушҳавое, ё миёни боғу бӯстоне «гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком» (ибораи Хоҷа Ҳофиз) аз мо ошиқони Наврӯзу баҳор дида бештару хубтару роҳаттар кору аҳвол доранд.

Аз баракати Наврӯз дилу ҷони одам нерӯи нав меёбад. Наврӯз фаслест, ки бо он ҳама шукуҳу ҷалол, таровату накҳату зебоӣ доштан аз иродаву хоҳиши касе вобаста нест. Мо бихоҳем ё нахоҳем, Наврӯз ҳар сол то ҷаҳон ҳаст, меояду хокро муаттар, дилҳоро мунаввар, Замини дар хазони тирамаҳ ва сардии дай мурдаро ҷону равони нав мебахшад ва дашту даманро сабзу гулафшон мекунад. Наврӯз як ҷашни табиӣ, ҷашни хосу ом, ҷашни эҳёи зиндагист. Он бо ҷангу парешонӣ, бухлу ҳасад ва кинаву хусумат душман аст, он фасли оштиву шодӣ, иди дӯстиву ваҳдату бародарист.

Чун Наврӯз рӯзи пирӯзии нур бар зулмот, як фасли хушрӯи хушпираҳан, ҷашни ваҳдату сарҷамъӣ ва дӯстиву бародарӣ аст, мо тоҷикон, ки меросбари як тамаддуни пурғановат ва бостонӣ ва бе ҳеч муболиға соҳибу кашшофи Наврӯзем, вазифадор ҳастем аз ҷангу хусумату ноамнӣ, аз бухлу ҳасаду кина дурӣ биҷӯем, дар зери чатри ваҳдату якдилӣ, дар партави сиёсатҳои бунёдкорона ва созандаи Пешвои маҳбуби миллатамон аҳлона кору зиндагӣ намоем. Наврӯзи дилнишину нозанинро бояд бо чеҳраи боз, бо қалбҳои саршор аз муҳаббати ҳамдигарӣ, бо сидқу ихлосу бародарӣ, бо суруду шеъру тарона пешвоз бигирем. Ҷашне, ки нуру зебоӣ, гармиву муҳаббат, умеду ихлос меоварад, бояд ба ваҷҳи шойиста таҷлил гардад.

Шукри беандоза ва беҳисоб, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ва давлатдории воқеӣ Наврӯз дар сатҳи бисёр олӣ ва бо шукуҳу шаҳомати ҳайратангез таҷлил мегардад. Ҷашни ҷаҳонӣ шудани Наврӯз бешубҳа дастоварди соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, чуноне Пешвои муаззами миллат доимо таъкид мекунанд, вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ва бонангу номуси ин сарзамин мебошад. Мо кормандони мақомоти судӣ бояд дар амалӣ намудани ташаббусҳо ва ҳидояту дастурҳои Пешвои маҳбуби миллатамон намунаи ибрати дигарон бошем.

Умед ва имони комил дорем, ки имсол низ миллати тоҷик, соҳиби асили Наврӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ, муттаҳид дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ба таври хеле шоиста ва хотирмон дар ҳар ваҷаб хоки поки кишвари азиз таҷлил хоҳанд кард.

Ҷашни дар пеш истодаи Наврӯзи оламафрӯз барои миллати шарифи тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони кишвари азизамон муборак ва хуҷаста бошад!

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА, раиси Суди вилояти Суғд

Сафаралӣ ҚУРБОНИЁН, судяи Суди вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Илњоми наврўзї
    (Се дубайтї, ду рубойї) Љамшед Фозилї
    Наё Наврўз, на ошиќ аст имрўз,
    На Бозору на Лоиќ аст, имрўз.
    Биёї ё наёї, мардуми мо
    Зи вањми куруно зиќ аст, имрўз.
    ***
    Дуо кун, дењќони солхурда,
    Ту Бобобарфии офтобхурда
    Шифо ёбад бемор аз сипандуд,
    Ба наврўзї шароби ноб хўрда.

    Љањонї гашт Наврўз шод гаштем,
    Чу мурѓе аз ќафас озод гаштем.
    Вале аз макри дунёбозидорон,
    Љањонї гаштаву ѓамнок гаштем. Илхом аз устод Бозор

    Арѓунчаки ман дар оѓуши беди ту буд,
    Ноништаи ман суманаки деги ту буд.
    Рустояки ман, гули бањор овардам,
    Гулгардонї таомули неки ту буд.

    Наврўз омад, панљарањо боз кунед,
    Чун шайхи ба њаќрасида парвоз кунед.
    Рўзњои гузаштаро фаромўш кунед,
    Њар рўз зи нав зиндагї оѓоз кунед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь