Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои тоҷикон ба шумор меравад. Ва онро дар тамоми Шарқ бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанду мегиранд. Наврӯзро ҳамасола 21-уми марти соли масеҳӣ- баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат ҳамчун рӯзи нав, соли нав ҷашн мегиранд. Дар ҳама минтақаҳои кишвар Наврӯзро бо як анъанаҳои хоси худ ҷашн мегиранд. Аз он ҷумла, дар Ҳисори Шодмон ҳамасола Наврӯзро бо як танта ҷашн мегиранд. Мардуми водии Ҳисор расму русумҳои хоси худро доранд, ки аз дигар минтақаҳои кишвар фарқ мекунанд. Дар ҷамоати деҳоти Ҳисор, дар деҳаи Навбунёд Наврӯзро аз “Гулгардонӣ” оғоз мекунанд. Кӯдакони деҳа гули Наврӯзро гирифта, ба ҳавлиҳои ҳамдеҳагонашон даромада, одамонро бо омад-омади баҳор ва рӯзи нав мужда мерасонанд. “О, ҳой мардум Наврӯз омад, Наврӯз” – гӯён ба соҳибхона гулҳои наврӯзӣ медиҳанд. Соҳибхона гулҳоро гирифта, бӯй мекунад. Ва ба кӯдакон шириниҳо тақдим мекунад. Духтарҳои деҳа бошанд хонаҳоро бароварда, дару тирезаҳои кушода, чангу ғуборашро тоза менамоянд. Курпаҳои хонаро бароварда, офтоб медиҳад. Ҳамаи он лавозимотҳои хонаро, ки шикаста ё кафидааст, бароварда мепартоянд. Пирони деҳа ба оростани хони наврӯзӣ, бо таъомҳои миллӣ ороста мешавад. Дар хони наврӯзӣ дастархони “Ҳафтшин” ва “Ҳафтсин” омода карда мешавад. Дар “Ҳафтшин” он хурокҳоеро омода мекунанд, ки аввали онҳо бо ҳарфи “Ш”-оғоз мешаванд: шир, ширбиринҷ, шӯлла,  шакароб, ширинӣ, шавла. Дар “Ҳафтсин” бошад он таъомҳое, ки бо ҳарфи “С” оғоз мешаванд: себ, самбӯса, сирко, санҷит, суманак, сабзӣ.

Ҳар яки онҳо ба худ рамзҳои хос доранд. Онҳоро бо як самимият ба рӯи хони наврӯзӣ мегузоранд. Сабзӣ-рамзи сарсабзию хурраммӣ, себ- рамзи ошиқӣ, сирпиёз- рамзи пурқувватию комёбӣ, суманак- рамзи Наврӯз ба шумор меравад.

Занони деҳа доиразанӣ мекунанд, гулдухтарон ба рақс медароянд. Гулдӯзию зардӯзӣ мекунанд ва ба ҳамдигар ҳунари худро нишон медиҳанд. Занҳо ба пухтани “Далда” шурӯъ мекунанд. Далда аз алафҳои баҳорӣ шифобахш ва гандуму лубиё омода месозанд. Дар як канори дигар деги суманак мемонанд ва дар даруни деги суманак ҳафт дона сангча ё ҳафтдона чормағз меандозанд. То субҳи содиқ деги суманакро бо навбат мекобанд. Дар бовари занҳои деҳа чунин пиндор аст, ки ҳангоми бардоштани суманак аз кафлези касе, ки сангча ё ин ки чормағз барояд, чӣ орзуе мекунад, ҷомаи амал мепӯшад. То субҳ дар гирди дег рақсу бозӣ мекунанд.

Дар деҳаи мо арусбарорӣ- ин яке аз рамзҳои наврӯзӣ мебошад. Он духтарҳое, ки нав арус шуда, ба деҳа меоянд, онҳо ба Наврӯзи деҳа омада, ҳунарҳои худашонро нишон медиҳанд. Ва занҳои калонсоли деҳа ба ҳунари онҳо баҳо медиҳанд.

Деҳқонҳо бошанд дар сари замин ҷамъ мешаванд. “Дарвешонӣ”- ин маъни онро дорад, ки мардони деҳа ҷамъ мешаванд ва пул ҷамъ мекунанду молеро киро намуда, он молро қурбонӣ намуда ва ба кишту кор бо як рӯҳияи баланд оғоз менамоянд.

Бозиҳои наврӯзӣ дар деҳаи мо хеле зиёданд, аз ҷумла, бузкашӣ, аспдавонӣ, гуштингирӣ, чиллику дастабозӣ, тухмҷанг, сангчабозӣ, бандкашӣ ва ғайра.

Дар майдон паҳлавонони гуштингир ҷамъ шуда ва ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Дар аввал ду муйсафеди деҳа ба майдон мебароянд ва бо ҳамдигар қувваозмоӣ мекунанд. Ва навбатро ба ҷавонон медиҳанд. Ҷавонон бошанд, гуштин мегиранд ва нафари ғолиб бо туҳфаҳои наврӯзӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Бачаҳои хурдсоли деҳа бошанд, тухмбозӣ мекунанд. Яке тухмро дошта меистад ва дигаре тухми ӯро мезанад, тухми касе, ки шикаст тухмашро ба рақибаш медиҳад.

Наврӯзро дар  Ҳисори Шодмон чанд рӯз бо хурсандии ҷашн мегиранд. Ин буд ҷашнгирии Наврӯзи деҳаи ман.

Мавзуна ШАРИФОВА, донишҷӯи бахши 2-и ДДФСТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь