Наврӯз бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ба ин далел, ки он на танҳо ба як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад, балки ба тамоми ақвоми башарӣ – ба инсоният мансуб аст.
Дар дунё аз қадим то имрӯз ҷашну маросимҳои зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавоҳири шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ куҳнашавиро намепазирад, дар масири таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар маҷрои таҷдиду таҳаввул қарор мегирад.
Вожаи Наврӯз, ки дар забони паҳлавӣ ба сурати «НУКРУЧ» (NOKROCH) омадааст ва аз ду бахш таркиб ёфтааст: бахши аввал «НУК», ба маънии наву ҷадид ва тоза ва бахши дуюм ба маънии рӯз аст, ки дар маҷмуъ, рӯзи наву тозаро далолат мекунад. Агар сари ҳамин вожа амиқ андеша кунем, ба хубӣ хоҳем дарёфт, ки калимаи «Наврӯз» маънии хирад ва донишро низ дорад, зеро ки таъбири «рӯзи нав» худ далолатгари таҷдиди зиндагӣ ва фикру андеша мебошад.
Наврӯз, бешубҳа, ҷашни бостонист ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорад, вале чун бо хирад ва фарҳанг пайванд аст, аз фарсудагӣ орӣ буда, доиман, ба навию навоварӣ мегирояд, чунки хислати хирад навҷӯйиву навоварию навофаринист. Ин ҷашни хирадмаоб бо номи Ҷамшед – нахустин шаҳриёри олами ориёӣ сахт иртибот дорад.
Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ориёист, ки мушкилоти зиндагиро бо мизони хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳим аз ақлу мантиқ мадад меҷуст. Ин шаҳриёри устуравӣ танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир медонист. Ҷамшед ба хотири саодатманд сохтани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани исоният саъю талош мекард. Ин инсони ормонии ориёӣ бо ақлу хирад дар замин биҳишт месозад ва рӯзи ба итмом расонидани биҳишти рӯйи заминро Наврӯз меномад.
Дар фарҳанги ҷамшедӣ, ки орӣ аз ҷаҳолату залолат аст, меҳр, хирад ва фарҳанг меъёри асосӣ дар шинохти инсону ҷаҳон шумурда мешаванд. Танҳо бо меҳрварзӣ ва хирадпарварӣ инсон ҷаҳонро фарҳангӣ месозад ва бар ҷаҳлу ҷаҳолат пирӯз мегардад.
Дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шуда, ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад. Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи меҳр, хирад ва фарҳанг аст. Маҳз ҳамин ҳазора ҳазораи Наврӯз, яъне ҳазораи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва рӯшангарӣ будааст.
Ҷамшед бо Хуршед иртиботи қавӣ дорад, то он ҷо ки ӯро «Писари Хуршед» донистаанд. Писари Хуршед бо нуру рӯшноӣ, ки аз меҳру хирад сотеъ мешавад, ҷаҳон – заминро мунаввар месозад ва торикию зулматро дафъу рафъ мекунад. Муаррихи асримиёнагии форсу тоҷик Ибни Балхӣ Ҷамшедро чунин тасвир мекунад: «Марде будааст қавӣ ва накӯрӯй ва ҷаъдмӯй ва дар баъзе ҷойҳо сурати ӯ гирд аст ва чунон аст, ки рӯй бар офтоб дорад ва ба як даст асое гирифтааст ва ба як даст миҷмарае дорад ва ба хур месӯзад ва офтобро мепарастад». Аз қавли Ибни Балхӣ чунин хулоса намудан мумкин аст, ки Ҷамшед марди қавипайкар, некӯрӯй ва бузургманиш буда, ба офтоб меҳр меварзидааст. Офтоб дар фарҳанги ориёӣ рамзи некӯӣ, додгарӣ, андешамандӣ ва инсонсолорӣ мебошад.
Устураи Ҷамшед ва ҷашни Наврӯз ба фарҳанги сомӣ (яҳудӣ, масеҳӣ, исломӣ) бо номҳои дигар нуфуз карда, дар кутуби муқаддаси ақвоми ғайриориёӣ таъсири амиқ гузоштааст.
Дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки бо хирадварзӣ робита дошт ва бар рағми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, ба пирӯзӣ расида, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Фарҳангшиноси маъруфи асримиёнагии форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ нақлеро меоварад, ки тибқи он Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил мекунад, мардумро ба қашшоқӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ сохта, бад-ин тартиб дунёро нобуд кардан мехоҳад. Ҷамшед бо амри Худованд ба манзили Иблису пайравони ӯ меравад, зулму залолатро барҳам зада, баракату фаровониро меорад, мардум ин рӯзро Наврӯз мегӯянд ва ҷашн мегиранд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳанги қадимаи иронитаборон аст, ба устураи Ҷамшед таваҷҷуҳ намуда, аз тахти бо нерӯи хирад сохтаи шаҳриёр чунин ёдовар мешавад:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.
Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳамун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бад-ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯ.
Мардум Ҷамшедро, ки бо нури меҳру хирад партавафшонӣ менамуд, таҳсин карданд ва бо шодмонӣ он рӯзро Наврӯз эълом дошта, ҷашн гирифтанд. Фирдавсӣ ин лаҳза – пирӯзии Ҷамшеди хирадварзро чунин ба риштаи тасвир мекашад:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуд аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.
Дар давраи салтанати Ҷамшед, ки Наврӯз ба он даврон тааллуқ дорад, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аслан вуҷуд надоштанд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минӯи хирад» мехонем: «Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард».
Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирадварзӣ ва меҳрофарии мардуми иронинажод маҳсуб мешавад. Зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёти бостонӣ, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сардии муҳиб (даҳшатнок) диже месозад ва бад-ин тариқа, инсониятро аз бадбахтӣ ва балои аҳриманӣ наҷот медиҳад. Ҳар қадаме, ки ба ҷодаи меҳру хирад гузошта мешавад, аз ҷониби Ҷамшед хуш пазироӣ мегардад.
Ҷамшед ҳамчун шаҳриёри хирадварз, меҳрубон ва додхоҳ ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мекард, зеро ки ин ҷашн ҷашни тантанаи хирад, адолат, меҳр, озодӣ ва накӯӣ буд. Тибқи маъхазҳо, Ҷамшед рӯзҳои моҳро бахш карда, 5 рӯзи нахустро барои бузургон, 5 рӯзи дуввумро Наврӯзи подшоҳ қарор дод, ки дар он ҳадя медод ва мегирифт, 5 рӯзи саввумро барои коргузорони шоҳ ниҳод, 5 рӯзи чорумро барои вижагони шоҳ гузошт, 5 рӯзи панҷумро барои сипоҳиён ниҳод ва 5 рӯзи шашумро барои раъоё гузошт, ки ҳамаи он 30 рӯзро ташкил медод ва муддати моҳ Наврӯз таҷлил мешуд. Ба таъбири дигар, Ҷамшед тӯли як моҳ бо тамоми ақшори ҷомеа Наврӯзро таҷлил мекард. Ҳама табақоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ Наврӯзи фархундаро мутобиқи дастури ҷамшедӣ муддати 5 рӯз ҷашн мегирифтанд.
Ҷамшед рӯзи барбастани раҳи дӯзах, пирӣ, беморӣ, марг ва ранҷу зиёнро Наврӯз номид ва ба шарафи ин пирӯзӣ ҷашни басо дилафрӯз барпо кард, ки тасвираш чунин аст:
Мар он рӯзро ном Наврӯз кард,
Яке ҷашн бас беҳ дилафрӯз кард.
Раҳи дӯзах он рӯз Ҷамшед баст,
Ба шодӣ бар он тахти заррин нишаст.
Набуд маргу пирию ранҷу зиён,
Набуд кинаю кибрашон дар миён.
Бояд таъкид кард, ки Наврӯзро, ҳамчунин чун рӯзи ғалабаи некон бар Аҳриман ва девон дар гузашта таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз Каюмарс Арзӯри девро бишикаст, дар ҳамин рӯз Соми Наримон Сановзаки девро нобуд сохта, Аждаҳокро бияфканд ва дар ин рӯз Кайхусрав Афросиёбро бикушт.
Ҷамшед, ки бо дастури Заҳҳок кушта мешавад, тӯли ҳазор сол ҷаҳолату залолат салтанат мекунанд ва мардумро ба коми даҳшатбори хеш мекашад. Фаридун, ки аз тухмаи Ҷамшед буд, дар ҳазораи сеюм ба майдон омада, Заҳҳокро нобуд мекунад ва то як андоза пирӯзии хирадро бар ҷаҳолат таъмин месозад.
Агар аз маҷрои устураҳои Ҷамшед, Заҳҳок ва Фаридун берун бароем, хоҳем дид, ки Наврӯз дар даврони салтанати Ҳахоманишиён, Сосониён, хилофати Умавиёну Аббосиёни араб, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён низ таҷлил мегардидааст. Чи хеле ки дар боло ишора шуда буд, Наврӯз бо тобишу ҷилоҳои тоза дар фарҳангҳои сомӣ ва урупоӣ (яҳудӣ, масеҳӣ, исломӣ, юнонӣ, румӣ) низ арзи ҳастӣ намуда, ҷавҳари худ – хирадварзӣ ва меҳрофариро аз даст надодааст.
Ҳамин тариқ, фарҳанги ориёӣ ҷашнеро дар қолаби афсонаю устура ба ҷаҳониён манзур намудааст, ки бар мабнои меҳру вафодорӣ ва хираду бунёдкорӣ пардохта шуда, дар имтидоди набарду муборизоти тӯлонии бофтаю сохтаҳои ақвоми куҳани форсӣ-тоҷикӣ ақлу хирад, ки дар ойину маросими наврӯзӣ инъикос ёфтааст, бар ҷаҳлу ҷаҳолат пирӯз мегардад. Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз пеш ба меҳру фарҳанг ва хиради созанда ниёз дорад ва Наврӯз ҳамчун ойини меҳрпарварию хирадварӣ дар самти ҳамгироии башарияти сайёра, имрӯз низ метавонад нақши муассир дошта бошад ва мардумро муттаҳид намуда, ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати инҷаҳонӣ раҳнамун созад.
Нозим НУРЗОДА