Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,

Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.

Имоди Фақеҳ

Устод Лоиқу устод Қаноатро ҳамвора дар қатори устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, ҳамчун яке аз устодони асосии худ, ёд мекунад ва аз ӯ боифтихор ном мебарад. Хусусан, дар мусоҳибаҳояш мукаррар ин мавзӯъро матраҳ менамояд. Масалан, дар мусоҳибае, ки бо нависанда Рофеи Рабизод анҷом додааст, ба саволи «Шумо дар бораи касоне ҳарф задед, ки ба як миқдорашон маънаван ҳаққи устодӣ доред. Бигӯед, ки худ ҳам устод доштед ва он кист?» чунин ҷавоб медиҳад: «Устодони ҳамсафам Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат буданд. Устод Турсунзода шеърҳои маро мехонданд, устод Боқӣ ҳам, вале резакориҳоро, ки дар ҳунари шоирӣ ҳаст (мисли вазн, калимасозӣ, дар ҷояш будани сухан) Муъмин Қаноат барои ман омӯхта буд. Дигарон ҳам бисёр кӯмак мекарданд, ки шарт нест ҳамаи онҳоро устод бигӯям, аммо ҳамчун инсон, ҳамчун як афроде, ки дар муҳити адабӣ ҳастанду буданд-Пулод Толис, Убайд Раҷаб ва дигарон». Дар вопасин мусоҳибаи худ бо Ҳокими Азиз ва суоли ӯ «Дар шеър киро устоди худ мешуморед?» низ ҳамон ҷавоби болоро бо андак тағйирот медиҳад ва мегӯяд: «Устоди воқеии ман устод Мирзо Турсунзода ҳастанд ва дуюм устоди ман устод Муъмин Қаноат ҳастанд. Устод Мирзо Турсунзода мехонданд, хуб ё бад мегуфтанд. Аммо резакориҳое, ки дар шеър ҳаст, аз қабили як ҳиҷо кам, арӯз хароб, қофия хароб, ин корро устод Муъмин Қаноат дуруст месохт. Дасти маро дар шоирӣ он кас рост кардаанд. Устоди воқеан маънавии мо дар муҳити адабии солҳои шаст то вафоташон устод Мирзо Турсунзода ва баъд устод Боқӣ Раҳимзода буданд. Ин насли мо, ки шастсола, иншоаллоҳ, мешавем, ҳамааш мадюнӣ ё қарздори устодон Турсунзода, Раҳимзода, Қаноат, Убайд Раҷаб, Пулод Толис ҳастанд. Устод Боқӣ ноҳия ба ноҳия мерафтанд, ки ягон бачаи шавқу завқ ба шеъру шоирӣ доштагиро биёбанд. Мегуфтанд, ки як шарора дошта бошад, бас аст, худамон дасташро рост мекунему дар ҷодаи адабиёт ворид мекунем».

Тавре ки аз ин ҷавобҳои устод Лоиқ мебинем, устоди амалии ӯ устод Қаноат будааст, яъне амалан нозукиву назокатҳои шеър, талаботи онро ба ӯ фаҳмондааст, нишон додааст, дасташро рост кардааст, аммо устод Турсунзодаву Боқӣ ва дигарон, ки номашонро овардаанд, асосан устодони маънавии ӯ буданд, яъне ӯро аз лиҳози маънавӣ дастгирӣ ва мададгорӣ кардаанд. Ба ҳамин сабаб, шоир маҳз устод Муъмин Қаноатро дар олами шеъру шоирӣ устоди худ хондаанд ва боифтихор аз ӯ ёд кардаанд. Ба устоди Лоиқ будани устод Қаноат танҳо худи шоир не, балки муҳаққиқон низ дар осорашон таъкид кардаанд ва ӯро аз шогирдони мумтози Қаноат хондаанд. Ба ҷуз Юсуф Акбарзода, ки дар мақолаи «Шеъри Муъмин Қаноат аз дидгоҳи Лоиқ Шералӣ» гуфтори худи шоир ва муҳаққиқонро рад менамояд ва мегӯяд: «Ман, медонам, ки муносибати байни онҳо на муносибати байни устоду шогирд, балки муносибати байни бародару дӯст, муносибати байни акаву додар буд». Аммо ӯ, ба ҳар ҳол, дар идомаи мақола маҷбур мешавад, ки ҳақиқатро баён дорад ва устоди Лоиқ будани устод Муъмин Қаноатро таъкид бинамояд ва бигӯяд: «Солҳое, ки Лоиқ ба эҷоди шеър оғоз кард, Муъмин Қаноат мудири шӯъбаи назм (1956-1961) ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ», солҳои 19961-1960) буд ва табиист, ки нахустин шеърҳои Лоиқ, ки дар ин маҷалла ба табъ мерасиданд, ҳатман аз назари дақиқбину таҳрири мӯшикофонаи Муъмин Қаноат мегузашт ва Лоиқ, ки ҷавонмарди асилу покдил ва ҳалолкору ҳақшиносу ростгӯ буд, хидмат ва нақши қалами устодашро дар осори хеш қоил буд ва ҳар ҷо, ки мавриди иқрор пеш меомад, иқрор мекард, ки дар ҷодаи шоирӣ устоди бевоситааш Муъмин Қаноат аст. Ман чунин иқрорро борҳо аз ҷониби Лоиқ шунидаам».

Ҳамин гуна ихлосу муҳаббат, арҷгузорӣ ба устоди худ-Муъмин Қаноат устод Лоиқро водоштааст, ки «Шеъри нав»-ро ба ӯ бибахшад ва аз идомадиҳандаю парчамдорони он (баъд аз Айниву Лоҳутиву Пайраву Юсуфиву Турсунзода ва дигар номдорон) будани ӯ ва худро ба намоиш бигузорад:

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,

Ҳамчу тифли инқилоб.

Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб.

Захмҳои пушти Айнӣ мисраҳои ӯ шуданд,

Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд.

Ҳар дари зиндон, ки бар рӯи асирон боз шуд,

Боби озодӣ кушуду шеъри нав оғоз шуд.

Сабки раҳгардии аскарҳост «Марши ҳуррият»,

Пеш-пеши радда гӯё табли озодӣ занад.

Шеър бо хуни дилу нӯки синон таҳрир шуд,

Дарди асроасраи таърихро тадбир шуд.

Шеър чун сарбози миллат шӯр афканду қиём:

-Интиқом аз охирин маснад нишинон интиқом!…

Албатта, фоҷиаи бар сари миллат омада ҳанӯз аз дили устод Лоиқ берун нашуда буд. Аз ин хотир, шоир таъкид мекунад, ки мо бояд аз неъмати инқилоб, ки озодиро ба мо ҳадя кард, ба нафъи миллату кишвар истифода намоем, ба суннати каломи инқилобию озодихоҳонаву созандаи ин устодони сухан, ба вижа Айнӣ, такя карда, гомҳои боз ҳам ҷиддитар, қавитар бардорем, шеърамонро пуршӯртар, волотар, рангинтар, муассиртар, созандатар бисозем, то захмҳои пушти Айнӣ шифо ёбанд ва чашмҳои Рӯдакӣ бинотар шаванд:

Лек захми пушти Айнӣ то ҳанӯз

Дар дили ман хуфтааст.

Захми чашми устоди панҷрудӣ

Дар дили ман хуфтааст.

Захмҳои синаи ман қиссаи ногуфтааст.

Аз Бухоро то дили ман як ваҷаб роҳ асту бас,

Роҳи назми Рӯдакию роҳи аҷдоди ман аст.

Ман ба ин раҳ меравам пуршуртар, меравам бар дуртар, бар дуртар.

Шеъри мо ҳар қадр лангардору шевотар шавад,

Ҳамчу барқи инқилобӣ тезу бурротар шавад.

Захмҳои пушти Айнӣ он қадар ёбад шифо,

Чашмҳои Рӯдакӣ он қадр бинотар шавад.

Зимнан бояд гуфт, ки устод Лоиқ, ки дар иҳотаи адибони номваре чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб ва дигарон зиндагию эҷод мекард, на танҳо аз лутфу марҳамати падаронаи онҳо баҳра мебурд, балки аз осорашон низ судҷӯӣ мекард. Ин марҳилае буд, ки ҳанӯз осори гузаштагон ба куллӣ дар дастраси ӯ қарор надошт. Аз ин рӯ,  ӯ бештар шеъри муосирон, аз ҷумла Айниву Лоҳутию Пайраву Турсунзодаву Боқию Миршакар, аз ҷумла устод Муъмин Қаноатро мехонд, дарси шеъру шоирӣ меомӯхт ва роҳро барои ояндаи бузурги худ дар олами эъҷод ҳамвор менамуд. Аммо мо алъон аз таассури ӯ аз осори Муъмин Қаноат, ки як мавзӯи ковиш нашудааст ва ниёз ба баррасии ҷиддӣ дорад, ба тафсил сухан намегӯем, фақат бо овардани намунаҳо иктифо менамоем:

Муъмин Қаноат:

Эй обшор!

Оинаи беғубори ман,

Ёри замони кӯдакии беқарори ман,

Аз рӯзҳои рафта туӣ ёдгори ман.

 

Оҳангҳои кӯҳнаро такрор мекунӣ

Ёди бахобрафтаро бедор мекунӣ,

Рози маро ба лафзи худ изҳор мекунӣ…

Лоиқ Шералӣ:

Эй обшор!

Духтари гирёни куҳсор,

Мурдааст ошиқат магар, фарёд мекунӣ?

Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада,

З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ?

Муъмин Қаонат:

Он рӯз, ки эъҷози ту бар Кова равон дод,

Ӯро зафару ном ба сад асру замон дод.

Бар куштани Заҳҳок чу ҳукми ту баромад,

Он ҳукм ба сарлавҳаи таърих даромад,

Ҳарчанд ки шӯру шари ӯ рафт таҳи хок,

З-он зумраи нопок нашуд лек ҷаҳон пок…

Гар вориси Заҳҳок ҳанӯз ҷон насупурдаст,

Маъюс машав, Коваи ҳаддод намурдаст!

Лоиқ Шералӣ:

Гарчи Заҳҳок бувад баста ба куҳ,

Гарчи ақл аст кунун гетифурӯз,

Анқариб аст шавад тӯъмаи мор

Писари ҳаждаҳуми Кова ҳанӯз…

 

Кова зиндасту нахоҳад мурдан,

Ҷони худро зи қазо бирҳонад.

То зи Заҳҳоки ҳама давру замон

Кини ҳабдаҳ писараш настонад.

Муъмин Қаноат:

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

Лоиқ Шералӣ:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Мусаллам аст, ки устод Муъмин Қаноат дар адабиёти мо асосан дар достонсароӣ маъруф аст, аммо устод Лоиқ дар сурудани ашъори лирикӣ. Агарчи устод Қаноат низ бо сурудани шеъри лирикӣ ба адабиёт дохил шуд, аммо дар андак муддат то ба дараҷаи шоири достонсаро, «устоди эпос» уруҷ кард, боло рафт. Ба ин ҷиҳати шахсияти устод Муъмин Қаноат ва таҳаввули эҷодии ӯ аҳли таҳқиқ низ ишора кардаанд. Аз ҷумла, Аскар Ҳаким гуфтааст: «Дар солҳои шасту ҳафтод дар пеши назари мо як шоире, ки аз лирика сар карда буд ва ашъори баланд мегуфт-Муъмин Қаноат то достонсарои мумтоз, устоди эпос сабзида расид. Дар вақташ, бисёриҳо шеъри «Пири гулфурӯшон»-ро тавсиф карда, гумон доштанд, ки истеъдоди муаллифи он ба тарафи лирика инкишоф хоҳад ёфт.

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гӯиё пири гулфурӯшонӣ аст…

Шоири маъруфи советии рус Ярослав Смеляков ва дигарон пас аз шиносо шудан бо эҷодиёти Муъмин Қаноат ояндаи ӯро чун шоири сирф лирик пешгӯӣ мекарданд. Вале баъдтар паи ҳам достонҳои Қаноат ба қалам меомаданд. Аввал «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», баъд «Китобҳои захмин», «Сурӯши Сталинград» эҷод шуданд. (Танқиди адабӣ бошад ин таҳаввулоти шоирро пай набурда, бо қувваи такони пештара танҳо дар бораи сифати лирикии истеъдоди ӯ батакрор сухан мегуфт, ҳол он ки аз «Сурӯши Сталинград» сар карда, дар пеши назари мо эпос, фоҷиаи қаҳрамонӣ қарор дошт). Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Гаҳвораи Сино» бо пуропурии мундариҷаи фалсафӣ, бо амиқии тафаккур ва тозагии назар, дар кушодани моҳияти инсонии қаҳрамонӣ-дар корзор ва дар зиндагӣ-дар назми муосири сермиллати советӣ ҳодисаи ба назар намоёне ҳастанд. Маншаи пурқуввати эпос дар эҷодиёти ин шоир, албатта, ба назми мусоири тоҷик минбаъд бетаъсир намемонад».

Ҳамин муҳаққиқ дар бораи фардияти Муъмин Қаноат, чеҳраи хоси ӯ дар адабиёти мо, ба вижа фарқи осори вай аз шоирону ҳамрӯзгорони нисбатан ҷавонаш, аз ҷумла Лоиқ, ки аз баъзе ҷиҳатҳо ба ҳам монандӣ доранд, чунин ибрози ақида менамояд: «Агар Муъмин Қаноат чун шоире зуҳур карда бошад, ки эҳсоси иҷтимоияш пурқувват ва назараш хеле фарох буда, аз ҳар гуна тасвирҳои маишию хурду ночиз бегонагӣ ва парҳез кунад, касе аз шоирони ҷавони минбаъда маҳз ба ин дастовардҳои ӯ дастдарозӣ накард. Масалан, бигирем, Лоиқро. Бо вуҷуди он ки аз ҷиҳати амиқӣ, ҷиддият ва таърихият, ҷо-ҷо метавон ҳар ду ин шоирро бо ҳам муқоиса кард, аммо фазои шеъри ӯ аз шеъри Муъмин Қаноат дигар аст. Ба назари ман, таассуротро аз шеъри Муъмин Қаноат ба нурҳои бисёр баланд ва пурқуввати прожектори азим монанд кардан мумкин аст, ки барои равшан намудани майдонҳои фароху вусъатнок ба кор меравад, шеъри Лоиқ бошад, ба монанди чароғи дурахшонест, ки метавон дар ҳар гӯша, дар ҳар хона даргиронд. Шеъри Муъмин Қаноат барои саҳнаҳои калон, минбарҳои баланд ва шунавандагони сершумор гуфта шуда, ҳамоҳанги ҳодисаҳои бузург мебошад ва метавонад аксаран ба лиҳози тамомияти байтҳояш дар саҳифаҳои рӯзнома ва ё плакатҳо иқтибос шавад. Масалан:

Мадад, эй парчами гулгун, фидои сурати досат!

Фидои чаккуши оташфишону доси алмосат!

Вале аз эҷодиёти Лоиқ бисёр кам мешавад, ки матнро пурра наоварда, аз он образи мукаммалеро ҷудо карда гирифтан мумкин бошад…».

Дар бораи садоқат, арҷгузорӣ ва эҳтироми устод Лоиқ ба устодаш Муъмин Қаноат дар ин маврид бори дигар ба хониш гирифтани суханони муаллифи мақолаи «Шеъри Муъмин Қаноат аз дидгоҳи Лоиқ», ки ба муносибати Лоиқ ба устод Муъмин Қаноат бахшида шудааст, айни муддао мебошад: «Соли 1975 достонҳои устод Муъмин Қаноат «Суруши Сталинград» ва «Тоҷикистон-исми ман» барои дарёфти ҷоизаи давлатии ИҶШС пешбарӣ шуд ва Лоиқ аз ин иқдомоти иттиҳодияҳои илмиву фарҳангии кишвар қаноатмандӣ ва сипосгузории хешро иброз дошта, роҷеъ ба арзишу нақшии бадеиву маънавӣ ва аҳлоқии ин асарҳо дар инкишофи шеъри навини тоҷик ва шӯравӣ мақолаи арзишманде навишт, ки таҳти унвони «Рӯҳи қаҳрамони назм» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», 4 октябри соли 1975, ба табъ расида буд, ки саршор аз садоқату муҳаббат ба устоду шеъри ӯст. Мақола бо чунин сатрҳои шоирона ва саршор аз ишқу вафодорӣ оғоз шуда буд: «Нахустин китоби ашъори шоири баркамоли тоҷик Муъмин Қаноат «Шарора» табъан аз гулхани пурзабона ва пурнури солҳои шастум шарораи равшангаре буд, ки баъдтар аз он «Достони оташ» ба иншо расид. «Ситораҳои замин» низ ҳамчун шуълаи аз ин ин шарора барафрӯхта, «Мавҷҳои Днепр» ҳамчун мавҷи рақсони забонаҳои он оташ гӯшаеро дар назми мо равшан кардаанд… Рӯҳи қаҳрамонӣ дар достони «Сурӯши Сталинград» чӣ басо бо эҳсосоти расо ва гармои нафасҳои шоирона ва наҷобати дили инсонӣ вусъат меёбад. Шоир суханро ҳамчун оби ҳаёт ё иксире аз замину осмон меҷӯяд, то ба қурбониён ҷон ато кунад. «Сурӯши Сталинград» пур аз овозҳову розҳо, пур аз нозу сӯзҳо, орзуву ҳавасҳо ва тапиши таболуди нафасҳост… Як хусусияти бетакрори шоирии Муъмин Қаноат дар он аст, ки ӯ ҳамчун сарроф ҳар калима, ҳар маҳфумро, ки бешубҳа дар он маншаи шеър ё нутфаи шеър ҳаст, бо ҳама тобишҳои асливу маҷозӣ ва мантиқиву фалсафӣ бармекашад, паҳлуи ҳар калимаро палмосида ё ҳар суханро мисли як пора маъдани ба сангу рег омехта рӯи каф гирифта, ба он дурудароз дақиқ менигарад, сангу регу хокашро ҷудо мекунад, навъи маъданро муайян месозад ва баъд андеша мекунад, ки он сангро дар бунёди кадом шеър метавон гузошт ё аз ӯ чи колое, чи ҳайкале, чи сурате метавон тарошид».

Тавре ки мебинем, устод Лоиқ ба осори устод Муъмин Қаноат, ба вижа достонҳои ӯ, баҳои баланд дода, аз муваффақиятҳои устодаш дар паҳнаи адабиёт меболад ва ифтихор менамояд. Агар мо гуфтори устод Лоиқро дар бораи устод Қаноат, ҷойгоҳ ва махсусияти осораш ба орият бигирем, мавриди баррасӣ қарор бидиҳем, як рисола мешавад. Аммо ҳамин мисолҳои андак низ «ба хубӣ собит мекунанд, ки устод Муъмин Қаноат устоди тавонову нозукадо ва устод Лоиқ шогирди ҷавонмарди қадршиносу ҳақталош буду ба қадри некӣ мерасиду ҳаргиз камтарин некии касеро фаромӯш намекард ва худ ба мардум танҳо некӣ мекарду ба ивази он аз касе чизе умедвор намешуд».

Дар ҳақиқат, ҳам устод Қаноат ва ҳам устод Лоиқ аз шоирони хубу мумтози мо буданд, ки бо шеъри заминӣ, замонӣ ва воқеъгароёнаи худ дар ривоҷу равнақи адабиёти мо саҳми бузург гузоштанд,  бо забону баёни фаҳмо ва наздик ба мардум сухан гуфтаанд ва ба тараннуми арзишҳои волои миллӣ ва умумиинсонӣ пардохтаанд. Эшон тавонистанд, ки бидуни санъатгарӣ, табиатгароӣ, беғоягӣ, тасвиркории маҳз, ки имрӯз дар адабиёти мо дар авҷ аст, сухан бигӯянд, ба дилҳои мардум роҳ биёбанд ва дар адабиётамон ҷойгоҳи хос пайдо бинамоянд (яке дар достонсароӣ, дигаре дар сурудани ашъори лирикӣ (ғазал, рубоӣ, дубайтӣ…). Воқеан, худи устод Лоиқ ҷавонмардона иқрор мешавад, ки роману достон навишта наметавонад. Мо инро аз ҷавобҳои ӯ ба саволҳои рӯзноманигор Ҳокими Азиз ба равшанӣ мебинем: – Чаро Шумо роман наменависед? – Наметавонам. – Достон чӣ?. – Достон ҳам. Наметавонам, чӣ хел нависам? Шеъри «Хоки Ватан»-ро достон фикр карда будам. Воқеан, аз назари фарохии мавзӯъ достон аст. Навиштаму навиштам, ҳамон қадар шеър шуд. Ҳоло ҳам зиёд аст. Даҳ мисраашро кӯтоҳ бояд кунам. Ба Худо, рост мегӯям».

Дар воқеъ, устод Лоиқ шоири достон нест, шоири ғазалу рубоиву дубайтӣ ва ғайра мебошад. Ба қавли лоиқшиносе, «Лоиқ табиатан шоири ишқиясаро, ба истилоҳи ғарбиён «лирик» ва ба гуфтаи худаш, «шоири ошиқ» буд. Ва ҳамаи офаридаҳои ӯ аз шеъри нахустинаш «Ном» (1959) то сурудаҳои охиринаш (июни 2000) тааллуқ ба навҳои гуногуни шеъри ғиноӣ (ишқия): иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ошиқона дорад… Шоир бо ишора ба он ки ӯ ишқиясаро (лирик) аст, на ҳамосасаро (эпик) ва бо такя бар қавле, ки «ки фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст», фармудааст, ки «аз дарахти себ-себ аз ток-ангур бояд талаб кард», на баръакси онро, яъне, ки аз ӯ мунтазири гуфтани ишқия бояд буд, на шеъри достониро. Комилан тасодуфӣ нест, ки гӯянда яке аз шеърҳояшро «Руҷӯи достоне, ки ҳаргиз наметавонам навишт» номгузорӣ кардааст. Вай ҳамчунин фармудааст:

Ман аз азал ки шоири ошиқ расидаам,

Аз хомаам таровиши нақши азал расад».

Лоиқ дар яке аз охирин мусоҳибаҳои телевизионияш, дар барномаи «Суҳбати мардона», дар ҷавоб ба саволи гардонанда аз хусуси он ки «касе ба мақолаи Алиризо Қазва ҷавоби сазоворе нагуфт. Шумо дар ин замина чӣ назар доред?», бо сароҳат изҳор намуда буд, ки «Қазва фармудааст, ки «дар шеъри тоҷикӣ мазмунҳои динӣ вуҷуд надорад. Ҳамин тавр аст, зеро муҳити зиндагӣ дар Тоҷикистон 70 сол коммунистӣ буд. Барои ҳамин ҳам дар ҳамин замина бояд дар бораи шеъри муосири тоҷикӣ қазоват кард ва набояд меъёрҳои барои мо бегонаро таҳмил кард». Ҷавоби шоир ба саволи дигар дар бораи он ки «вақте ки шумо дар бораи ишқ мегӯед, пеш аз ҳам, чиро дар назар доред?» аз ин лиҳоз, басо ҷолиб мебошад. Ӯ мегӯяд: «Пеш аз ҳама, ишқи байни зану мардро», хосса дар шеър, «пеш аз ҳама, аз ишқи воқеъии инсонӣ ва таъкид намудааст, ки «ишқи ӯ заминист, ба занон аст», яъне ишқи ӯ ишқи осмонӣ нест. Бад-ин маънӣ худи устод Лоиқ дар шеърҳояш низ сухан гуфтааст, аз ҷумла дар шеъри «Ишқи ман»:

Эй ишқи ман, эй ишқи ман,

Дар осмон ҷустам туро,

Бигзаштам аз сад баҳру бар

Дар сад ҷаҳон ҷустам туро.

 

Пайдот кардам дар замин,-

Дар чашми ёри маҳҷабин.

 

Эй ишқи ман, эй ишқи ман,

Ҳар ҷо нишонат кофтам.

Рафтам ба пушти кӯҳи Қоф,

Аз бекаронат кофтам.

 

Пайдот кардам дар замин –

Дар чашми ёри маҳҷабин…

Лиҳозо, аз устод Лоиқ сӯфӣ, муқовиматгаро, зиддишӯравӣ сохтан ва ғайра як кори бефоида, яъне об ба ҳован кӯфтан аст. Беҳуда шодравон Худоӣ Шарифзода дар мақолаи «Шоири бузург», ки ба устод Лоиқ ихтисос дода шудааст, намегӯяд: «Баъзеҳо гумон мебаранд, ки бо истифода аз тарокибе таҳқирӣ ва мункирӣ дар баробари адабиёти замони шӯравӣ аз сухани шуаро ва мафкураи истибдодиаш масъала ҳал мешуда бошад. Бояд ин қазия аз эътибор соқит набошад, ки шоирони дар мактаби шӯравӣ тарбияёфтаи тоҷик, шурӯъ карда аз Мирзо Турсунзодаю Мирсаид Миршакар, насли баъди ҷанг ва онҳое ҳам, ки дар солҳои шастуми садаи бистуми мелодӣ ба майдони адабиёт омаданд, ки Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи онҳост, ё коммунистони эътиқодӣ буданад ё ба ҳадди ақал ақидаву андешаи хилофи давлату мафкураи ҳоким надоштанд… Барои банда аҷиб аст, сухани касоне, ки падидаҳои хилофи созмони сиёсӣ ва идеологии шӯравиро аз шеърҳои дар он замон навиштаи Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон ҷустуҷӯ мекунанд… Дар адабиёти аҳди шӯравӣ ҷустану пайдо кардани як равияи адабии муқовимат кори ғалат буда, дар шинохти мазмуну маънии адабиёти замони шӯравӣ ба натиҷаҳои илмӣ оварда намерасонад».

Ҷамолиддин САИДЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь