Ӯ як фарзанди камбағали тоҷик буд, ки маълумоти касбӣ надошт, фақат нисбат ба санъат як ҷаҳон шавқу ҳавас пайдо карду дар деҳоти дурдаст дастаи ҳаваскоронро ташкил намуд. Дар рафти кор оҳиста-оҳиста ишқаш нисбати ҳунари актёрӣ зиёд шудан мегирифт ва инчунин касбияташ боло мерафт.
Ин шахсият Муҳаммадҷон Қосимов аст, ки баҳори соли 1907 дар яке аз деҳаҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона, ноҳияи Риштони Ӯзбекистон дар оилаи саҳҳоф таваллуд шудааст. Падараш аз аҳли мутолиа буда, марди фозил ва хаттоти хуби замони худ ба ҳисоб мерафт. Падар, ки бо китобу китобдорӣ машғул буд, Муҳаммадҷони хурдсолро аз овони кӯдакӣ ба хондани китобу азёд кардани шеърҳо ва донистани таърихи халқаш роҳнамоӣ мекард. Ӯ аз хурдсоли мусиқиро дӯст медошт, шунавоии мусиқиаш низ хуб буд. Бар ҳар як ғазали дӯстдоштааш оҳанги мувофиқ интихоб мекард. Муҳаммадҷон дар синни 9 солагӣ аз падар маҳрум шуд, ки аз падар на замин монда буд ва на чизи дигаре. Солҳои қимматӣ буд, ба модари сарсахт тарбияи чаҳор кӯдаки хурдсол кори бениҳоят душвор буд. Модар бар замми ҳамаи он машаққатҳо ва душвориҳое, ки дар зиндагӣ дошт мехост, ки фарзандонаш саводнок шаванд. Бо ҳамин ният писари калониаш Муҳаммадҷонро ба мактаб дод, вале ҷоҳилӣ ва дағалӣ ва муносибати ваҳшиёнаи мулло нисбати шогирдон Муҳаммадҷонро аз мактаб дур кард.
Дар яке аз сафарҳои Тошканд Муҳаммадҷон якумин бор спектаклеро тамошо кард, ки онро ҳунармандони театри ӯзбек намоиш доданд. Баромади ҳунармандони касбӣ ба ҷавонписари санъатдӯст таасуроти бузургеро бахшид. Баъди бозгаш аз Тошканд ӯ қарор дод, ки гуруҳи драммавӣ ташкил кунад. Ба он дастаи ҳунармандон даҳ нафар ҳаваскорони санъати драммавӣ ва ҳафт нафар мусиқачиёнро ҷалб намуд. Худи Муҳаммадҷон ғайр аз корҳои ташкилӣ, инчунин, вазифаи коргардонӣ ва суфлёр (луқмадеҳ)-ро бар уҳда дошт, ӯ талаб мекард, ки бозии иштирокчиёни спектакл одӣ, табиӣ ва ҳақиқӣ бошад.
Моҳи январи соли 1931 Муҳаммадҷон Қосимов актёри театри давлатии драммавии тоҷик таъин гардид. Ӯ дар миёни ҳунарпешагони навкор бо саводе, ки дар кӯдакӣ аз падар омӯхта буд ва инчунин, аз ҷиҳати хушзеҳн ва андешапарвар буданаш фарқ мекард. Муҳаммадҷон Қосимов аз қабили ҳунарвароне буд, ки гӯё услуби навтаъсиси К.С.Станиславский дар табиати ӯ доди қисмат буд, вале худи актёр гӯё аз он хабар надошта бошад. Бозии вай дар намоишҳо табиӣ, самимӣ, боварибахш ва таъсирнок буд. Муҳаммадҷон Қосимов аз қабили ҳамон актёрҳое буд, ки дар меҳнати пурмашаққати театри нав тоқат овард. Аз сабабе, ки оилаи онҳо дар вазнинтарин ва душвортарини вазъи зиндагӣ ба сар мебурданд, бо вуҷуди мушкилотҳои рӯзгор Муҳаммадҷон корро напартофт. Сафар ба ноҳияиҳои дурдаст, ки роҳашон ҳамон солҳо нообод буд, вале мардонагӣ, устуворӣ, ғайрат ва муҳаббати вижае нисбат ба санъати нав доштаи Муҳаммадҷон ӯро аз роҳ бознамедошт ва мисли Муҳаммадҷон ҳунарпешагони дигар низ таёр буданд, ки тамоми ҳаёташонро дар роҳи санъати театрӣ бахшанд. Бовуҷуди шароити хуби корӣ набудан Муҳаммадҷон Қосимов истеъдоди ҳунарии хешро такмилу ташаккул медод.
Дар шаш соли аввал коргардонҳо тез-тез иваз мешуданд, тарзи корӣ ҳамеша тағйир меёфт, Муҳаммадҷон монанди дигар ҳунармандон ба нишондоди ҳар яке аз он коргардонҳо гӯш медоду намедонист, ки чӣ хубасту чӣ бад, ин фикрро худи ҳунарманди ҷавон низ тасдиқ менамояд: «Маҳорати артистии мо хеле паст буд. Артистон дар саҳна кур-курона рафтор мекарданд, суханони спектаклҳоро қориазёд мекарданд, агар ба тарзи дигар ифода кунем мо побанди режиссёрон будем, мо айнан ба онҳо тақлид мекардем, ки ин моро дар саҳна аз озодона ҳаракат намудан маҳрум мекард, мо ба моҳияти образ амиқ сарфаҳм намерафтем, бадии кор дар он буд, ки ҳар як режиссёр бо методи худ кор мебурд». Дар театр ҳаёти нави ҳунарию эҷодӣ оғоз гардид. Коргардони ҷавон Ефим Исаевич Мителман, ки соли 1936 аз Москав омада ба вазифаи роҳбари бадеии театр таъин гардид, пеш аз ҳама омӯзиши назарияи Станиславскиро дар театр ҷорӣ намуд. Ин таълимот ба артистон имкон дод, ки образ офаранд, дар он ҳаёти руҳии инсонро кушоянд ва онро дар шакли гӯё ва бадеӣ ҳаққонӣ таҷассум намоянд. Пас аз ҷорӣ намудани системаи Станиславский дараҷаи бадеии театри тоҷик хеле баланд шуд. Ҳунармандон дарк намуданд, ки барои офаридани образи равшан ва ҳақиқӣ танҳо истеъдоди табиӣ ва мушоҳидаҳои ҳаётӣ кам аст.
Соли 1937 нахустнамоиш дар театр баргузор гардид, дар ин намоиш коргардон ба Муҳаммадҷон Қосимов нақши мусиқанавоз Миллерро супорид, ки ҳунарманд бо офаридани ин образ диққати томошобинонро ба худ ҷалб намуд. Ӯ нишон дод, ки Миллер дар лаҳзаҳои аввалин аз хусуси шиносии духтараш бо Фердинанд фақат каме мушавваш гардида, ин мушаввашӣ ӯро аз хам гардидани қоматаш нишон медиҳад, ҳунарманд аз уҳдаи образи худ ба пуррагӣ баромадааст. Муҳаммадҷон дар тамоми рафти намоиш мавзӯи падареро, ки аз таҳқир ёфтани шарафу номуси духтари худ азоб мекашад, баён менамояд.
Моҳи апрели соли 1941 бо намоиши «Отелло» аз рӯи асари нависандаи Англис У. Шекспир дар рӯзҳои даҳаи санъати тоҷик дар Маскав дар саҳнаи филиали театри бадеӣ МХАТ иштирок намуд, ки чаҳор мунаққиди касбии маскавӣ дар як рӯз тақризҳояшонро дар рӯзномаҳои асосӣ нашр карда,беҳтарин паҳлуҳои намоиши ҳунармандони тоҷикро пеш аз ҳама бозии пуртаъсиру пурмазмуни ҳунарманд Муҳаммадҷон Қосимовро ёдрас намуданд.
Иҷрои нахустин нақши мураккаб ба М. Қосимов имконият дод, ки ӯ соли 1941 дар болои нақши сардори босмачиён Раҳимбек амиқтар кор кунаду дар офаридани симои душман тағйиротҳои сифатан навро ҷорӣ намояд. Актёр кӯшид, ки пеш аз ҳама инсони солими зинда, бо ақлу ҳуш, мансуби кадом синфу намояндаи кадом фалсафаи мушаххаси ҳаёт будани ин ашхосро нишон диҳад. Нақши Босмачӣ дар иҷрои Муҳаммадҷон Қосимов бори аввал дар саҳнаи тоҷик чун инсони зинда, одами воқеӣ симои худро пайдо кард. Актёр мағз андар мағзи дунёи ботинии қаҳрамонаш, нозуктарин тобишҳои ҳолату руҳияи ӯро ифшо намуд.
Мунаққиди Маскавӣ Б. Дайреҷиев дар бораи намоиши «Муҳаббат» суханронда менависад: «Маҳз дар ҳамин пиесаи аз ҳар ҷиҳат суст, ки дар он барои бозии чунин актёри воломақом ҳеҷ чизе нест, кас дар назди ҳамаи ин ҷустуҷӯҳои қаҳрамонии романтикӣ чӣ навъ бартариҳо доштани актёри реалистиро мефаҳмад. Муҳаммадҷон Қосимов актёри ҳақиқии ҳозиразамони шӯравист… актёр – реалисти бузург аст, ки ҳамаи истеъдодҳои дастаро аз паи худ бурда метавонад. Фақат ӯро Шепкини театри тоҷик номидан дурустар аст, чунки ояндаи театри тоҷик давоми мактаби М. Қосимов аст. Ин ба ҳар як мушоҳидагар равшан аст».
Муҳаммадҷон Қосимов дар ягон мактаби театрӣ таҳсил накардааст, вале вай ҳамроҳи театр роҳи душвори ҷустуҷӯи эҷодиро тай карда, ҳунари касби актёриро дар таҷриба ва амалиёт аз худ намудааст. Кори пуршиддати мустақилона барои такмил бахшидани истеъдоди табии, шавқу ҳавас ва талошу кӯшишҳо ӯро ба ҷодаи муваффақият расонид. Дар саҳна озод будани М. Қосимов аз рӯзҳои нахустини ба театр омаданаш мушоҳида мешуд. Ҳунарпеша то охир ба ин чиз содиқ монд. Садоқат ба ҳақиқати ҳаёт шарти асосии бозии актёр буд. Актёр даҳҳо нақшҳои драммавӣ, мазҳакавӣ, ҳаҷвии характернокро офаридааст.
М. Қосимов дар театр ва кино ҳеҷ гоҳ аз худ ва аз қаҳрамонҳои худ дур намешуд.
Муҳаммадҷон Қосимов,ки аллакай дар ин давра ба камоли ҳунарӣ расида, санъаташ сайқал ёфта буд, бузургии ботинии образро на аз ҳисоби парвози эҳсосоти баланд, балки аз ҳисоби тадқиқи чуқури ҳолати психологӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии қаҳрамон ва ҳама тарафа кушодани характери он, эҳтиёткорона интихоб намудани ҷузъиёт ба даст меовард.
Муҳаммадҷон Қосимов дар баробари оне, ки дар театр нақш меофарид, инчунин, ҳунари ӯро коргардонҳои синамо дида ба филмҳояшон даъват мекарданд. Коргардон К. Юдин дар филми худ, ки «Заставае дар куҳҳо» аз рӯи сенарияи Н. Эрдман ва М. Вольпин наворбардорӣ мекард, ӯро ба нақши Исмоилбек даъват намуд ва ҳамин хел роҳи дар филмҳо нақшофаридани М. Қосимов кушода шуд. Дар филми «Қисмати шоир» коргардон Барис Кимиягаров ба М. Қосимов нақши Саҳл бинни Мансурро супорид, ки коргардон дар симои ин ҳунарманд нақши супоридаашро медид ва дар интихоб ҳам хато накард. Барои ҳунарпеша офаридаи ин нақш дар филм бегона набуд, чунки ин нақшро дар театри Лоҳутӣ соли 1965, ки як сол пеш аз наворбардории филм буд, дар намоишномаи Рӯдакӣ иҷро карда буд.
Шаби 29-уми июни соли 1971 бо сабаби хуб набудани вазъи саломатии М. Қосимов ӯро ба беморхона мехобонанд.Духтурҳо чанд шабонарӯз барои наҷот бахшидани ҳаёти ӯ мубориза бурданд, аммо бефоида буд, субҳи 5-уми июли соли 1971 барои ҳамеша дунёро тарк намуд. 7-уми июли дар назди бинои театри ба номи Лоҳутӣ маросими видоъ барпо гардид. Аммо хотираи дурдонаи ҳунар дар дили халқ аз ҷумла мухлисони ҳунари волояш абадӣ зиндааст. Машъале, ки ӯ дар ибтидои кори ҳунариаш равшан сохта буд, имрӯз дар дасти шогирдон ва мактаби ҳунариаш фурӯзон аст ва ҳамеша фурӯзон хоҳад монд.
Муҳаммадҷон Қосимов бо нақшҳои офаридааш чи дар театр ва чи дар синамо ба дили дустдорони ҳунари аслиаш роҳ ёфтааст. Зиндаву ҷовид бод ҳунари воло ва нотакрори Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ.
Ҳасан Қосимов, омӯзгори кафедраи Нутқ ва ҳаракати саҳнаи ДДФСТ, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон