Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт
Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт аз зумраи таълимгоҳҳои куҳантарини Тоҷикистони шӯравӣ ба шумор меравад, ки таърихи пурғановат дорад. Он соли 1932 ҳамчун омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар омодасозии аввалин омӯзгорон барои минтақа ва як қатор навоҳии ҳудуди имрӯзаи Бадахшон саҳми арзанда гузоштааст. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки чанде ходимони давлатӣ ва олимони сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳз аз остонаи ҳамин даргоҳи муқаддас боли парвоз кушодаанд. Дар ин қатор метавон аз шахсиятҳои фарҳехтае чун Сайдалӣ Ҷумъаев, Маҳмадулло Холов, Усмон Ҳасанов, Искандаршо Сулаймонов, Одил Бердиев, Ҳақназар Назаров, Ҳайдаршо Пирумшоев, Бурҳон Раҳмон, Меҳмон Бахтӣ, Мирзохӯҷа Пиров, Додихудо Саймиддинов, Холназар Муҳаббатов ва даҳҳо нафари дигарро ном бурд, ки хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт ҳастанд ва аксашон даромадгоҳи ин даргоҳро зеб медиҳад.
Тавре зимни суҳбат директори Колеҷи мазкур Файзиддин Аминов зикр намуд, имрӯзҳо низ маъмурияти муассиса новобаста аз мушкилот анъанаи омодасозии кадрҳои болаёқат ва мутобиқ ба шароити кунуниро дуруст ба роҳ монда, талош доранд, ин эстафетаро идома бахшанд.
Тибқи фармоиши директори коллеҷ бо мақсади таъмини Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Вазорати маориф ва илм оид ба стратегияҳо, консепсия, барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ нақша-чорабиниҳои коллеҷ ба тавсиб расонда шуда, назорати онҳо ба зимаи масъулини коллеҷ вобаста карда шуда, пайваста рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои ҳарҳафтаина, моҳона, Шӯрои омӯзгорон ва методӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, хулосаи ин ҷалласаҳо-маводҳо дар ҷузвдонҳои алоҳида нигоҳ дошта шудаанд.
Дар ин замина масъалаи ба корҳои илмӣ-эҷодӣ бештар фаро гирифтани омӯзгорон дар мадди назар қарор дорад. Ин аст, ки мақолаҳои омӯзгорон: Аминов Д., Қувватов Р., Қаландаров С., Ҳасанов Ҳ., Саидов О. дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп расиданд.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ҷудо намудани маблағ барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, таъмиру тармими биноҳо ва харидории таҷҳизоти таълимӣ беҳтар гардид. Дар ҳамин давра омӯгорон-Аминов Ф., Ҳокимов Д., Саидова С., Одилов Р., Бобиев М., Азимов С., Одилов Р. ва Ҳасанов Н. аз курси такмили ихтисос дар шаҳри Душанбе гузаштанд.
Ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, баҳри амалӣ гардидани он як қатор корҳо ба анҷом расонда шудааст.
Ҳар рӯзи душанбеи ҳафта рӯзи забони русӣ ва чоршанбеи ҳафта рӯзи забони англисӣ эълон шуда, дар ин рӯзҳо чорабиниҳои мухталиф гузаронда мешаванд. Гузарондани ҳафтаҳои фаннӣ ва шабнишиниҳои ҳармоҳа аз ин фанҳо дар коллеҷ ба ҳукми анъана даромадааст. Аҳдномаи байни донишҷӯён ва директори коллеҷ бобати ҳар рӯз аз бар намудани 15 луғат аз ҷониби донишҷӯён, ки тӯли ҳафт соли охир амалӣ мешавад, ҳамчун падидаи навоварона дар самти беҳтаршавии дараҷаи забондонии донишҷӯён мусоидат намуда истодааст.
Соли ҷорӣ синфхонаҳои забони русӣ ва забони англисӣ бо овезаҳо ва маводҳои таълимӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Аз ҷониби омӯзгорон истифодаи маҷмуаи ҷадвалҳои таълимӣ аз фанни забони англисӣ, ки аз 23 ҷадвал иборат мебошад ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ба сифат ва самаранокии машғулиятҳои ин фан таъсири мусбат расонд.
Дар доираи иҷрои “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як қатор чорабиниҳо гузаронда шуданд. Аз ҷумла, қайди соли нави мелодӣ, рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, вохӯрӣ бо шоиру нависандагон, вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва мадад ба онҳо, иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, гузарондани маҷлиси якҷояи волидайн, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони дигари коллеҷ, ташриф ба хонаи волидайне, ки фарзандонашон дар таҳсил ба мадади иловагӣ ниёз доранд, суҳбатҳои фардӣ бо волидайни донишҷӯёни алоҳида, намоиши дониши донишҷӯён аз фанҳои таълимӣ, конференсияҳои илмӣ ва ғайра.
Ҳамчунин, аз ҷониби директор ва омӯзгорони коллеҷ дар мактабҳои ноҳия ва ноҳияҳои минтақаи Рашт бо хатмкунандагон ва волидону аҳли ҷамоатчигӣ вохӯриҳо доир карда шуд, ки дар онҳо намояндаи шуъбаи маориф, коллеҷ ва маъмурияти мактабҳою ҷамоатҳо ширкат доштанд.
Коллеҷ дар соли таҳсили 2017-2018 низ аз рӯи шиори “Бо пайраҳаи варзиш ба қуллаи дониш” фаъолият намуд, ки барои иҷрои Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона гардида буд. Дар муассиса ба масъалаи таъминоти асбобҳои варзишӣ, ташкили дастаҳои волейбол, футбол, варзиши сабук диққати ҷиддӣ дода мешавад. Гӯшаҳои “Варзишгарони мо”, “Варзиш-саломатӣ”, ки дар роҳрави бинои таълимӣ мавҷуд буд аз нав ҷиҳозонида шуд.
Бобати иҷроиши фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ташкили курси нуҳмоҳаи аз худ намудани компютер дар муассисаҳои таълимӣ корҳои муайян ба анҷом расонда шуд. Тибқи фармоиши мазкур бояд ҳамаи кормандони муассисаҳо ин курсро гузаранд. Бо ин мақсад кабинети компютерӣ бо 8 адад компютер (чор блоки системавии нав) як адад принтери тамғаи Рanasonic (се бар як) ва як адад асбоби дафтартайёркунӣ муҷаҳҳаз шудааст. Ҳамаи компютерҳо дар ҳолати хуби корианд. Дарсҳои амалии омӯзгорон Аминов Д. ва Беков Ҷ. аз фанни технология дар кабинети компютерӣ гузаронда мешаванд.
Натиҷаи корҷӯёнаи маъмурият, омӯзгорон ба раванди таълиму тарбия ва рӯз ба рӯз беҳтар шудани сатҳи сифати дониши донишҷӯён, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ аз ҷониби онҳо баръало ба чашм мерасад.
Шароити манзилӣ-маишии донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври диданӣ беҳтар гашт. Бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти коллеҷ ва ҷалби ашхоси саховатманд барои донишҷӯёни роҳдур ҳар сари чанд вақт хӯроки гарми ройгон дода мешавад. Шаҳрвандон Мақсудов Қурбоналӣ, Низомов Маъруф, Бобоҷонов Муҳиб, Гиёсов Мирзохӯҷа, Абдуғаффоров Сайраҳмон, Ҳодиев Муллоҷон аз ҷумлаи ин ашхоси хайрхоҳанд. Бобоҷонов Муҳиб дар арафаи Иди Наврӯз ба кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ба маблағи 100 (сад) сомонӣ мадади молиявӣ расонд. Сияров Маҳдихӯҷа ба тамоми омӯзгорон ва коркунони хоҷагии коллеҷ ба миқдори як халта орд ва 5 литр равған дар арафаи Иди Рамазон тақдим намуд. Ин иқдоми некро сокини шаҳраки Навобод Идиев Қамариддин идома дод. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе сокинони шаҳрак ва деҳаҳои атрофи он ба донишҷуён маводи ғизоӣ пешниҳод мегардонанд. Ҳамаи ин ҷавобан ба муроҷиатҳои Президенти мамлакат оид ба дастгирии табақаҳои муҳтоҷ сурат мегиранд. Шаст фоизи донишҷӯён стипендияи муқаррарӣ мегиранд.
Дар коллеҷ 2 донишҷӯи ятими кул, 30 нафар донишҷӯёни нимятим (бемодар-10 нафар, 20 нафар бепадар) таҳсил доранд, ки пайваста ба онҳо ёриҳои моддӣ расонида мешавад. Дар назди хобгоҳ майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, ки ба талабот чандон ҷавобгӯ нестанд. Дар коллеҷ ошхонаи ба талабот ҷавобгӯ амал мекунад ва донишҷӯёни роҳдур аз он истифода мебаранд ва гоҳе аз ҳисоби мадади хайрхоҳон бо ҷаҳду талошҳои маъмурият ва иттифоқи касаба бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд.
Мушкилоти боқимонда-дар ҳарду хобгоҳҳо мавҷуд набудани бинои мувофиқ барои шустушӯйи донишҷӯён ва ҷойи мувофиқ барои хушкондани либос ва анҷоми шусташуда мебошад. Набудани чунин биноҳо ба вазъи саломатии донишҷӯён ва ҳолати беҳдоштии хонаҳои хоби донишҷӯён таъсири бад мерасонад. Дар хобгоҳи № 1 сохтани бинои алоҳида барои пухтупаз низ зарур аст.
Дар китобхонаи коллеҷ чорабиниҳое гузаронда мешаванд, ки ба сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён то андозае таъсири мусбӣ расонида тавонистанд. Мудири китобхона ҳамарӯза дар байни донишҷӯён дар бораи китобхонӣ ва аҳамияти он дар рушди ҳамаҷонибаи инсон суҳбатҳо доир менамояд. Дар китобхона зиёда аз 2000 нусха китобҳои дарсӣ, илмию оммавӣ, методӣ ва бадеӣ мавҷуданд. Дар китобхона қариб ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ аъзо мебошанд. Ҳоло ҷамъи аъзоёни китобхона ба 200 нафар ва гардиши китоб бошад, ба 1100 адад расидааст. Дар ин давра ба масъалаи китоби бадеихонии донишҷӯён диққати зиёд дода шуд. Ҳар рӯз пеш аз дарсҳо бо навбат ҳар гуруҳ дар бораи китобҳои хондаашон маълумот медиҳанд. Ин чорабинӣ барои бедор шудани шавқи китобхонии донишҷӯён таъсири ҷиддӣ расонд. Гузаронидани маҳфилҳои адабӣ аз рӯи асарҳои ба гуруҳҳои таълимӣ тавсиядодашуда барои беҳтаршавии ин кор мусоидат намуда истодааст. Ба корҳои анҷомдода нигоҳ накарда, камбудиҳо низ мавҷуданд: китобхона-қироатхонаи коллеҷ бо сабаби норасогии ҷой дар бинои начандон мувофиқ фаъолият мекунад.
Масъалаи таъминоти кадрӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳоло дар коллеҷ 27 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 26 нафарашон маълумоти олӣ дошта, 1 нафар бо маълумоти олии нопурра фаъолият намуда истодаанд. 9 нафар омӯзгорон дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд ва 15 нафар дараҷаи тахассусии олӣ, 4 нафар дараҷаи тахассусии якум доранд. Онҳо пайваста худомӯзӣ намуда, донишашонро баланд мебардоранд.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта масъалаи ҷудо гаштани маблағ барои такмили ихтисоси омӯзгорон беҳтар гашт. Агар соли гузашта ба ин самт маблағ пешбинӣ нашуда бошад, имсол барои такмили ихтисос 3500 сомони пешбинӣ гардид.
Тавре директори Колеҷ Ф. Аминов иброз дошт, дар ин самт мушкилоти бо мутахасисони ҷавон таъмин намудани коллеҷ бо назардошти синну соли нафақавии қисме аз омӯзгорон ҷой дорад, ки барои барҳам задани он тавассути коллеҷҳои соҳаи фарҳанг таъмин намудани ихтисосмандон -омӯзгорон аз ҷумлаи хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ зарур аст.
Айни ҳол дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷ 287 нафар, аз ҷумла духтарон 77 нафар, дар шуъбаи ғоибона 145 нафар, аз ҷумла 83 нафар духтарон таҳсил намуда истодаанд.
Гузаронидани мусобиқаҳои дониш аз фанҳои мухталиф байни гуруҳҳои таълимӣ ва намоиши дониши донишҷӯён аз ҳамаи фанҳои таълимӣ низ дар давоми ин ёздаҳ моҳи нимаи дуюми соли 2018 барои беҳтаршавии сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат намуд. Дар давоми ёздаҳ моҳи нимаи дуюми соли 2018 24 дарси кушод аз фанҳои таълимӣ, инчунин 4 маҳфили фаннии кушод, 5 дарси тарбиявии кушод гузаронида шуданд, ки барои муайян намудани омӯзгорони навовар ва ивази таҷрибаи ҳамдигар хеле манфиатовар буданд.
Бо мақсади амалӣ гаштани фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ як қатор донишҷӯёни коллеҷ аз фаннҳои таърихи халқи тоҷик -Гадоева Дилором, забони русӣ-Бороников Муҳаммад, Неъматов Иброҳим – математика, забони англисӣ –Қосимзода Қадриддин иштирок намуданд, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.
Масъалаи давомоти донишҷӯён пайваста зери назорат қарор дошта давра ба давра рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар давоми соли 2018 бо фармоиши директор нисбат ба 30 нафар донишҷӯён муҷозоти интизомӣ андешида шуд. Назорати корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳҳо аз ҷониби мураббиён ва омӯзгорон ҳаррӯза ба роҳ монда шудааст. Инчунин донишҷӯёни дар ҳуҷраҳои иҷора истиқоматдошта низ пайваста таҳти назорат қарор доранд.
Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти коллеҷ ташкили кори таҷрибаомӯзии донишҷӯён мебошад. Донишҷӯён таҷрибаомӯзии пешаздипломиашонро дар заминаи мактабҳои ноҳияҳои водии Рашт гузаронданд. Мактабҳо аз фаъолияти донишҷӯёни таҷрибаомӯз қаноатманд мебошанд.
Дар фароварди суҳбат директори Колеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт Файзиддин Аминов иброз дошт, ки «Ба корҳои анҷомдода нигоҳ накарда, дар коллеҷ проблема ва мушкилотҳое мавҷуданд, ки баҳри бартараф намудани онҳо мададу дастгирии Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт зарур аст. Инҳо набудани ҳаммом барои донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани биное, ки муҳосибот, хазина ва анборҳо ҷойгиранд».
-Вале бо вуҷуди ин, маъмурият, коллективи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ тамоми имконоти мавҷударо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва омода намудани мутахассисони варзида сафарбар хоҳанд кард, – бо итминон моро бовар кунонид Ф. Аминов.
«МТЖТ»