Марҳалаи классикии инкишофи ахлоқи антиқа аз фаъолияти Демокрит (5-4 то м.), ки аввалин бор ғояҳои ахлоқӣ ва фалсафии худро дар мафҳумҳои махсус баён намудааст, оғоз ёфтааст. Хидмати асосии ӯ кӯшиши таҳия намудани меъёрҳоест, ки аз рӯи он метавон хайр ва шарро ҷудо кард. Ба сифати чунин меъёр ӯ қаноатмандиро на ба маънои рӯзмарраи он, балки қаноатмандӣ ҳамчун истилоҳи фалсафӣ, ҷудо намудааст. Зери маънои қаноатмандӣ, Демокрит, ҳолати оромии нафсро баъди анҷом додани амал, мефаҳмидааст. “Агар баъд аз чанд вақте ноқаноатмандӣ боз гардад, пас, кори нахустин кори хайр набудааст”.
Эҳтиёҷмандӣ, ба андешаи ӯ, инсонро ба меҳнат кардан маҷбур намуда, ӯро аз ҳолати ваҳшигӣ берун мебарад: “Меҳнат одамро ба вуҷуд овардааст”.
Демокрит ба раванди тарбия таваҷҷӯҳи махсус дода, тарбияро бе маҷбуркунӣ номумкин меҳисобидааст. Ҳисоб ва навиштанро бе аз худ кардани хатнависӣ ва арифметика, ёд гирифтан номумкин аст. Маҷбуркунӣ метавонад зоҳирӣ (ҷисмонӣ ва ахлоқӣ) ва ё ботинӣ бошад.
Симои дигари давраи классикии инкишофи ахлоқ Арасту мебошад. Дар тафоввут аз Демокрит, Арасту бештар ба масъалаи худтарбиякунӣ таваҷҷӯҳ додааст. Ӯ аз ҷумла, таъкид намудааст, ки дар рафти худтарбиякунӣ инсон мутлақан озод аст, зеро интихоби рафтор – ин натиҷаи андешаҳои инфиродӣ мебошад.
Мактаби “софистон” (софия – ҳикмат). Баъди Демокрит онҳо коркарди проблемаҳои ахлоқиро идома дода, ду нуқтаи асосиро ба мерос мондаанд.
Ғояи низоми тарбияи сезинагӣ (оила, мактаб ва тарбия тавассути ҳуқуқ).
Ягонагии тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ. Ғояи ба ҳам омезиш додаи тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ қабл аз ҳама дар коркарди арзишҳои маънавии давлат, дар рамзиёт, дар тасаввурот оид ба рафтори дилхоҳ ва ғ. истифода мешуд.
Марҳалаи охирин – марҳалаи рӯ ба завол овардани давлатҳои антиқа мебошад. Дар ин марҳала ахлоқ аз як тухм ба якчанд ҷараёнҳо: гедонизм, шаккокия, равоқия ва ғ. ҷудо мешавад.
Эпикур – вассофи ҳаловат, таълимоти лаззату ҳаловатбарӣ мебошад. Ӯ бори аввал нуқтаро дар бораи хирадмандӣ, оқилона будани эҳтиёҷоти инсониро шакл додааст. Тамоми эҳтиёҷотро ӯ ба се гурӯҳ ҷудо кардааст:
1.Эҳтиёҷоти табиӣ ва зарурӣ (хоб, ғизо ва ғ.);
2.Табиӣ аммо нозарур (бо завқ хӯрдан, хоби ширин, зебо пӯшидан);
3.Ғайритабиӣ ва нозарур (ҳирси бойшавӣ, муҳаббат ба шараф, саъю талош барои гузоштани ёдгориҳо ҳанӯз дар давраи зинда будан).
Дар раванди тарбия ҳар як инсон, бояд аз низоми маҳдудиятҳои эҳтиёҷот бигузарад, он гоҳ ӯ хоҳад фаҳмид, ки барои зиндагии пурра бисёр чизи кам лозим аст ва онро метавон бо воситаи меҳнати худ ба даст овард. Замоне, ки инсон аз лаззати ин ду чизи охир маҳрум мегардад – ин барояш фоҷиа нахоҳад буд.
Зиёева Зебониссо Идибековна,
ходими калони ИФСҲ-и АМИТ