Бошад аз ин пас ба қадру қиммати одам расем,
К-ин ҳаёти мо ба дунё одаму дам будааст.
Аскар ҲАКИМ
Субҳи 27-уми август тақвими телефонам бо ирсоли паёмаке хабарам дод, ки табрик намудани Марат Ориповро ба муносибати ҷашни зодрӯзаш фаромӯш накунам… Бо дидани ин паём дилам дубора «хонаи ғамҳо» шуд. Чун, аз як тараф, агар ҳоло устод зинда мебуданд, ба синни 85 мерасиданд, аз тарафи дигар, бо набудани Марат Орипов дар ҳаёт кинои тоҷик одами бедилеро мемонад. Оре, одами бедилро! Ва ман ин суханро бо дилпурӣ ва овози баланд мегӯям! Марат Орипов дили кинои тоҷик буд!
Шояд аксар пас аз ин навиштаи ман бо нишони эътироз садо баланд кунанд, ки «бе Марат ҳам «Тоҷиккино» филмҳои хуберо баровард» ё ««Тоҷиккино» танҳо Марат нест!» ва ғайраю ҳоказо. Бале, дар замони истиқлол ҳачанд «фонд»-и кинои тоҷик аз партовҳои зиёде дар шакли кино пур шуд. Ҳарчанд моли «Тоҷиккино» набуданд, аммо дар забони халқ «кинои тоҷикӣ» буданд. Дар баробари ин партовҳо филмҳои пурмазмун низ зиёд рӯйи навор омаданд, ки ҳатто ба фестивалу симпозиюмҳои байналмилалӣ роҳ ёфтанд. Лек ҳамоно филмҳои муосири мо дар баробари дигар филмҳои ҷамоҳири пасошӯравӣ бо ҳар ду по меланганд. Ҳатто дар қиёс бо филмҳои Қирғизистон филмҳои мо хеле ва хеле ақибмондаанд, ки боиси таассуф аст.
Чаро ман Марат Ориповро дили кинои тоҷик мешуморам? Бубин, хонандаи азизи ман, пас аз 22 соли хомӯшӣ Марат Орипов бо чеҳраи барҷаста – муаллим дубора ба саҳнаи кинои тоҷик баргашт. Рӯзи рӯнамоии филми «Муаллим» барои дӯстдорони кинои тоҷик мисли тӯй буд ва Марат Орипов домодеро мемонд, ки овозаи ӯ пеш аз худаш расида буду ҳамагон дидорашро мунтазир. Ҳама изҳори шодмонӣ мекарданд, ки бо дубора баргаштани Марат Орипов осмони тираи кинои тоҷик дубора офтобӣ мешаваду ташнагони филмҳои асили тоҷикӣ дубора бесаброна ҳар филми нави моро интизорӣ мекашанд. Воқеан чунин ҳам шуд. Филми «Муаллим» сертамошобинтарин филм дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар қиёс бо дигар филмҳои тоҷикӣ маҳсуб меёбад ва шарҳҳо низ қариб ҳама дар васфи Марат Орипов ва шодмонии тамошобин аз бозгашти дубораи ӯст. Ҳар касе ба ин гуфтаҳо бовар надорад, метавонад худ аз сомонаҳои иҷтимоӣ дидан намояд…
Аммо, мутаассифона, ин шодмонии тамошобини кинои тоҷик дер давом накард, зеро «Муаллим» охирин дидори Марат Орипов бо тамошобин буд. Чун 6 моҳ пас аз ин филм устод ба бистари беморӣ афтоду соли 2018 пас аз бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Марги ӯ накбате буд, барои аҳли назар.
Аз рафтани Марат 2 сол гузашт. Дар ин ду сол пас аз «Муаллим» шахсан худи ман филмеро аз филмҳои тоҷикӣ то охир тамошо накардаам, чун дилгиркунанда аст. Бале, сенарияи «Муаллим» хеле хуб навишта шудааст. Аҳсан ба муаллифи филмнома. Вале, як нуктаи дигарро зикр кардан бамаврид аст: филми «Оинаи беҷило» низ маҳсули эҷоди Носир Саидов аст.Сенария хуб, аммо нақшофарӣ ва овоздиҳӣ дар филм хеле ва хеле ноҷур аст. Инро ман ҳамчун мунаққид не, балки чун тамошобини оддӣ мегӯям. Фикр мекунам, аксар бо ман ҳамфикранд.
Имрӯз бадбахтона мо ҳунармандони хуб кам дорем. Ва агар дошта бошем ҳам, аксар кадрҳои замони шӯравиянду ҷавонони хуб нақшмеофарида аксар фарзандони ҳунарманданд ё ба қавли як дӯстам: «Решаашро кобӣ, ҳатман ба кино рафта мерасад»…
Албатта, дигар Марату Марат баринҳо зинда намешаванд. Аммо мутасаддиёнро зарур аст, ки лаълҳоеро мисли Марат кофта ёбанду кинои тоҷикро дубора ба по хезонанд. Охир, рӯзҳои наздик мо 90-умин солгарди кинои тоҷикро бояд ҷашн гирем. Бояд ба тамошобин филмеро пешниҳод намоем, ки лоақал бӯе аз Марату Дилбар дошта бошад, ки ба қавли бибии 90-солаи ман, «ҳар хару хингила ба ҳоламон нахандад», ки «афти кинора бин»…
Фарангиси ФАРМОН