Ростӣ, ман чанде аз хондани шеъри муосири Тоҷикистон фориғ шуда будам ва дилам аз он месӯхт, ки дар кишвари мо кори шеъру шоирӣ таназзул ёфта ва хомазаноне аз ҳамвораҳои ҳеҷкора ба номи шеър шиорпардозӣ мекарданд. Ағлаби қаламкашони муосири мо ин дастгоҳи олиро, ки собиқан дар кишвари мо ва забони мо ба авҷи аълои маъниофаринӣ расида буд ва шуарои форсигӯ бо сухан ҷаҳонро тасхир карда буданд, ба ибтидоӣ мекашиданд ва қаламфарсоии хешро шеър меангоштанд ва пешкаши ҷомиаи мо мекарданд ва хешро шоир ҷилва медоданд.

Аз ин рӯ, чун камобеш ба шеъри гузашта ошно ҳастам ва ошиқу дилдодаи шеъри асили форсиям, қарор дода будам, ки ашъори номҳои ошноро аз назми муосири ду-се тан аз ҳунармандони воқеӣ, дигар нахонам.

Вале чандест, ки бо ашъори Фарзона – ин шоираи соҳибистеъдод, ки каломаш ба дилу рӯҳи мани пир нерӯи ҷавон эҳьё мекунад, ошно шудам. Ва ҳамеша аз матбуот ашъори тозаашро интизор мешавам. Шеъри Фарзона то ҳадде маро вомедорад, ки аз райъям баргардам ва боз бо шодмонӣ бигӯям, ки он бузургони сухани волои форсӣ дар кишвари мо низ, холӣ набудааст. Вале дар тааҷҷубам, ки чаро то кунун ашъори Фарзона бо вуҷуди ин ки ду маҷмӯаи шеъраш ба забони модарӣ яке ба забони русӣ дар Маскав интишор шуда ва борҳо дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо интишор ёфтааст, аммо чунин ки мебоист мавриди таваҷҷӯҳи мунаққидону адабиётшиносони мо нашуд,

Дар сурате, ки ба назари ман, Фарзона аз тозатарин ва аз фараҳангезтарин падидаҳои адабиёти кунунии мост ва мебоист масъулин адабиёти мо, хоса мунаққидони шеъри ӯро мавриди таҳлил қарор медоданд. Мунаққидони мо, ба назарам то кунун ба ҷои ковишҳо ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ба саногӯии баъзе аз адибони соҳибмансаб ва соҳибунвон пардохта, ашъори ин гуна адибонро аз будаш зиёд васф мекунанд. Наход ҳанӯз мунаққиде ёфт нашавад, ки фарқи тиллоро аз мис бишносад. Ё ки эшон интизоранд ба Фарзона рутбае ё унвоне ато шавад ва баъд ба ситоиши ӯ бипардозанд?! Магар барои эшон Шоир будани ӯ кам аст?! Ҳатто дар боби эҷодиёти Лоиқ барин устоди сухан ва шоири маъниофарин, ки воқеан ҷараёни шеъри муосири моро тағйир дод ва ҳоло маҳбубтарин шоири миллии мост, то кунун як асари ҷиддие, ки дар он аз маҳосин ва маъоиби осори ӯ сухан равад, дар даст надорем. Ку масъулини адабиёт ва адабиётшиносони ҳақшинос?!

Охир, чаро чандин тан ва узви Иттиҳодияи нависандагон, ки ба сифати мунаққид ба узвияти нависандагон ворид шудаанд, даҳсолаҳо мегузараду чизе наменависанд?! Оё нависандае, ки аъзои ташкилоти эҷодӣ асту солиёни зиёд чизе эҷод намекунад, сазовор аст, ки нависандааш хонему боз дар ташкилоти нависандагон аъзо бимонад?!

Ин андешаҳо маро ором намегузорад. Вале ин гуфтугӯи алоҳида аст, баргардем сари осори Фарзона. Яқинан, Фарзона ба ситоиш ҳеҷ ниёз надорад. Аз рӯи шеърҳояш ба назарам чунин намуд, ки худро шинохтааст ва ба таъбири худаш «ин сарои кӯзпушт»-ро хуб дарк мекунад. Бояд ёдовар шавам, ки ман муқобили унвонҳою рутбаҳо нестам. Вале ба лузимияти онҳо шак дорам. Ба ман низ чанде пеш бо қароре унвони «нависандаи халқӣ»-ро доданд. Гӯё бе ҳамин «гувоҳнома» халқи ман маро нависандаи худ намешуморида бошад. Дар гузашта ҳам «маликушшуароҳое» буданд, вале бори адабиётро «қаториҳои»-и мисли фирдавсиҳо ба дӯш доштанд. Чунон ки халқи хирадкеши мо фармудааст «Атр он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд».

Шеъри Фарзонаро чунин дарёфтам, ӯ нуҳуфтаҳое дар дил дорад ва дардошност. Муҳимтар аз ҳама ӯро ба ҳайси як шоири соҳибдард дардёфтам ва дидам, ки ба хотири ҳавову ҳавас хома намебардорад. Ӯ мехоҳад розҳои нуҳуфтаи хешро, ки ба дилаш панҷа мезананд, бурун орад. Дардҳои дили ӯ аз дарди хусусӣ фаротар рафта, дар бисёр маворид ба дарди хамагонӣ ва ҳамешагӣ бадал мешавад. Аз ин рӯ шеър Фарзона ба шиорҳои мавсимӣ, ки халқи моро хеле ба он одат кунонида буданд, ҳеҷ умумияте надорад. Ӯ мисли ҳама ҳунармандони асил бо адам меҷангад, то онро ҳастӣ бахшад. Шеъри ӯ гуноҳи он аст, ки шоири хеле огоҳ аст ва дирӯзу имрӯзи фарҳанги моро бо фарозу фурудҳояш кӯшиши фаро гирифтан дорад. Фарзона хуб дарёфтааст, «ки бе дирӯз ҳоло нест» ва «бе имрӯз фардо нест» (Лоиқ).

Биёед таваҷҷуҳ кунем ба ашъори Фарзона, ки ба тозагӣ (Адабиёт ва санъат, №38, 20-уми сентябри соли 1990) ба табъ расидааст. Ин ашъор пеш аз ҳама гувоҳи он аст, ки гӯяндааш шоир аст. Нигоҳаш ба зиндагӣ ва ба ашё шоирона ва мантиқи хулосаҳояш қавист. Гирем ғазалеро, ки бо матлаи

Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо,

Ман ҳурии нилуфарам бишкуфта дар мурдобҳо.

оғоз мешавад.

Ин ғазали мост. Дар ин саргузашти хешро мебинем. Таваҷҷуҳ кунед:

Чун чашм бикшодам яке, чашми ҳақиқат баста буд,

Печида аз нав хешро дар парниёни хобҳо.

Ин ғазали шумост ва ин шеъри мову манҳои дигар аст. Дар ғазалҳои Фарзона, агарчи гоҳо такрор ва ё таъсире аз суханварони пешин эҳсос мешавад, вале бештар ӯ хешро ифода мекунад ва шеваи баёнаш фардист.

Мебинем, ки Фарзона ба хотири шоири иҷтимоӣ будан шеъри иҷтимоӣ намегӯяд, вале дар ашъори ӯ масоили иҷтимоии ҳунарӣ ҳамеша ноаён инъикос мешавад, чунон ки дар қитъае бо номи «Шикваи шеър»:

…Пур аз қарору ашъор асту шавқуни айём

Ҳазорхонаи мағзи ҳама. Чӣ мебодам?

Даруни синаи мардум тапад дили маснӯъ

Дигар барои чӣ кас мекунанд эҷодам?!

Шеъри «Хуршед дар қафас» гувоҳи он аст, ки шоира ба умқи рӯзгори мо сар фурӯ бурдааст ва ин шеъррро батакрор бояд хонд ва бияндешид:

Эй растухези пур!

Эй тозатар аз пироҳани субҳ,

Зулмотро нигар, ки чу Шерозаи субҳ

Домони беғубори туро сар намедиҳад.

Мемираду ҳанӯз ҳа инони ҳукмро

Бар дасти тозарӯзи музаффар намедиҳад.

Ин шеъри ширест, ки имрӯзи моро дуруст дарк кардааст ва мехоҳад ба ҷомиае, ки ба дурӯғу риё ва ҷаҳлу торикӣ хӯ гирифааст, роҳи халосиро ишора кунад.

Фарзона тасвирҳои зебо ва хеле шоиронае дорад, ки ман пештар нахонда будам:

Ман аз шикофи соқан беди пир

Наззора мекунам,

Ҷон кандани парии шафақро дар коми аждаҳои ситеғе

Бар сӯи ман ишораи падруд мекунад,

Гӯё дар ин нафас

Андар уфуқи сабзи ҳаёти ман

Хуршеди арғувони ҷавонӣ ғуруб кард…

Ман ҳоло ашъори Фарзонаро дар қатори осори бузургони сухани форсӣ мутолиа мекунам ва умедворам, ки ин суханвари неруманд минбаъд низ ба сӯи авҷи ҳунар роҳ мепаймояд ва ҳамчунин итминон ҳосил кардам, ки замини шоирхези мо боз адибонеро эҳдо мекунад, то имрӯзи моро ба дирӯз ва фардо бипайванданд.

Аз “Адабиёт ва санъат”. – №43. – 25-уми октябри соли 1990

Сотим УЛУҒЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь