Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 дар номгӯи муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз 26 августи соли 1957 бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон №248 ҳамчун Омӯзишгоҳи механиконии хоҷагии деҳоти №6 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъсис ёфтааст. Муассиса дар муддати фаъолияташ якчанд маротиба тағйири ном намудааст. 

Дар Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Аҳли кормандони таълимгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин суханони пурмуҳтавои Сарвари давлатро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Роҳбарии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-ро омӯзгори фидоиву пуртаҷриба Исмоил Ғашов бар дӯш доранд.

 

Заминаи моддию техникӣ ва ҳайати кадрӣ

Литсей дорои ду бинои таълимӣ, устохона, бинои маъмурӣ, толори варзишӣ, майдони футбол ва ошхона мебошад. Ошхона бо ҳама лавозимотҳои зарурӣ муҷҷаҳаз буда, дар он 80 ҷойи нишаст муҳайё аст. 5-озмоишгоҳ, 20 синфхона мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Теъдоди омӯзгорони таълимгоҳ 31 нафар ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 17 нафар мебошад. 27 нафар омӯзгорон дорои маълумоти олӣ, аз он ҷумла омӯзгорони фанҳои тахассусӣ 7 нафар, омӯзгорони фанҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 20 нафар мебошанд. Ҳамаи устоҳои таълими истеҳсолӣ дорои маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус ҳастанд. Литсей аз аттестатсияи навбатӣ дар моҳи январи соли 2019 гузаронида шуд ва ба 18-нафар омӯзгорон дараҷаи тахассусӣ дода шуд. Айни ҳол дар таълимгоҳ 293 нафар касбомӯз касбҳои дилхоҳашонро омӯхта истодаанд. Гуруҳи назорати сифати таҳсилоти таълимгоҳ, ки роҳбараш омӯзгори пуртаҷриба Халифаев Фарҳод мебошад тибқи низомнома, нақша ва барнома амал намуда, ҳар як семоҳа мониторинги сифати таълим ва дониши хонандагонро мегузаронад.

 

Амалигардонии барномаи давлатӣ

Амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар ин муассисаи таълимӣ тибқи нақша-чорабинӣ таҳия шуда, идома дорад. Барои омӯзиши ин забонҳо дар литсей тамоми шароитҳо муҳайё гардонда шудааст. Ҳар рӯзи сешанбеи ҳафта, рӯзи забони русӣ ва чоршанбе рӯзи забони англисӣ гузаронида мешавад. Омӯзгорони фанни забони русӣ: Халифаев Фарҳод, Имомова Зебӣ, Рӯзиев Ҷӯрабек ва омӯзгорони фанни забони англисӣ: Каримов Муродалӣ ва Қодирова Маликамо дорои собиқаи корӣ ва маълумоти олӣ мебошанд.

Онҳо ҳар як дарси худро пурсамар ва мувофиқи талаботи замон мегузаронанд. Омӯзгорони гуруҳҳои яксолаи техник бошад, дарсҳои худро бо тарзи «Диалог» мегузаронанд.

 

Таълими истеҳсолӣ

Таълими истеҳсолӣ қисми раванди таълимӣ буда, фаъолияти усторо аз дастурдиҳӣ ва фаъолияти хонандаро аз омӯзиш дар бар мегирад. Сарустои литсей Маҳмаднабӣ Шукуров назорати дохилии таълимгоҳро назорат бурда, пайваста дар дарсҳои фанни таълими истеҳсолӣ иштирок менамояд ва ба устоҳои таълими истеҳсолӣ пешрафту камбудиҳояшонро мефаҳмонад. Илова бар ин, ҳар як рӯзи шанбе бо устоҳои таълими истеҳсолӣ баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ, маҳорат ва маърифатнокии онҳо машғулият гузаронида мешавад. Дар литсей омӯзиши ихтисосҳои зерин амалӣ гардида истодаанд:

– Тракторчӣ-мошинчии истеҳсолоти кишоварзӣ;

– Муҳосиб (бо донистани кор дар компютер);

– Дӯзанда;

– Устои барқ;

– Ронандаи дараҷаи «С».

Таълимгоҳ дорои 7 адад озмоишгоҳҳои тахассусӣ буда, заминаи моддию техникии он қонеъкунанда мебошад.

Барои омӯзиши амалии ихтисосҳо 35 компютер, 2-автомобили ГАЗ-53, тракторҳои МТЗ-80 ва Т-28, 8-дастгоҳи кафшергарӣ, 22-мошинаи дарздӯзӣ мавриди истифода қарор доранд.

Шакли муҳими баланд бардоштани ихтисоси хонандагон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ буда, ба он дар муассисаи таълимӣ аҳамияти калон дода мешавад. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар литсей ҳамасола дар асоси нишондодҳои таълимӣ ва ҷадвали тасдиқшуда гузаронида мешавад. Базаи асосии таҷрибаомӯзии хонгандагони литсей идораи Шабакаҳои барқи ноҳия, хоҷагиҳои деҳқонии «Исмоили Сомонӣ», «Файзалӣ Саидов», «Ҷамолиддин», «Заводи оҳану шағал», корхонаи истеҳсолии «Гулафш», «Кӯлобдарё», «Таги намак» ва устохонаи парки автомобилӣ мебошад. Кори хонандагон мунтаазам назорат гардида, ба онҳо маслиҳатҳо дода мешавад, то ки камбудиҳо ислоҳ гарданд. Аз ҷониби маъмурияти литсей ҳар ҳафта вохӯриҳо бо аҳли кормандон гузаронида мешавад. Ҳар ҳафта ахбори омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аз тарафи маъмурият шунида мешавад.

Маврид ба зикри хос аст, ки Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» дорои 53 га замин буда, аз ҷумла имсол дар 20 га пахта, 22 га ғалла, 8 га мош ва дар 3 га зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда шудааст. Дар айни ҳол ғалла дарав шуда, дар заминҳои пахта коркарди байни қаторҳо гузаронида шуда, ниҳолҳои пахта дар нашъунамо қарор доранд.

Илова бар ин, дар ин гуруҳҳо ҳамаи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ба мактабҳо ва маҳалаҳои ноҳия вобаста карда шуданд.

 

Посдории арзишҳои миллӣ дар литсей

Дар таълимгоҳ баҳри амаликардани нишондодҳои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3-юми марти соли 2006 якчанд чорабиниҳо гузаронда шуданд ва гузашта истодаанд. Азбаски асоси муҳтавои тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияту давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад, омӯзгорони ин даргоҳ дар фаъолити худ пайваста ва самаранок аз ин консепсия истифода мебаранд.

Ба истиқболи ҷашни Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон ба қисми ҳарбии 0367 сафарбар карда шуданд ва онҳо ба тарзи зиндагӣ, хизмати сарбозон аз наздик шинос шуданд. Сарбозон ва афсарон ба онҳо тарзи хизмат ба Ватан, машқу тамринҳои худашонро фаҳмонданд.

Азбаски анъана, суннатҳои волои миллӣ, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба ҳаёти мо ворид шудаанд, ҳуввият ё  худшиносии миллии моро бозгӯ мекунанд дар ин даргоҳ пос дошта мешаванд. Бинобар ин, аҳли коллективи муассиса баҳри сазовор пешвоз гирифтани «Иди байналмиллалии Наврӯз» омодагиро аз моҳи феврал оғоз намуданд. Аъзоёни комиссия дар байни хонандагон корҳои ташвиқотиву тарғиботиро васеъ ба роҳ монда, мизҳои гирд ташкил намуданд. Аз 12-уми март сар карда, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили дав, бандкашӣ ва гӯштини миллиро роҳандозӣ намуданд, ки дар ин чорабиниҳо хонандагон маҳорат, қувва ва чусту чолокии худро нишон доданд. Пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳо ғолибон бо ифтихорномаҳои маъмурияти литсей сарфароз гардонида шуданд.

 

Китобхонаи литсей

Китобхонаи таълимгоҳ аз қироатхона ва толори китобҳо иборат аст. Қироатхона дорои 20 ҷои нишаст мебошад. Дар китобхона шӯрои китобхона амал мекунад, ки 5-аъзо дорад. Шумораи аъзоёни китобхона ба 300 нафар мерасад, ки онҳо хонандагон ва аҳли кормандони таълимгоҳ мебошанд.

Инчунин, дигар китобхонаи литсей, ки аз ҳисоби хонаи маданияти ноҳия фаъолият мекунад, мавриди истифодабарии хонандагону омӯзгорон қарор дорад. Ин китобхона дорои 5851 нусха китоб буда, аз ин шумора 2236 нусха (38,2%) китобҳои техникӣ, 2537 нусха (43%) китобҳои бадеӣ, 714 нусха (12,2%) китобҳои сиёсӣ, 311 китобҳои маълумотдиҳанда ва 53 нусха асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.

Ба китобхона 240 нафар аъзо буда, 2120 китоб мунтазам дар гардиш қарор дорад. Мудирии китобхонаро Раҷабова Зебунисо бар дӯш доранд. Китобхона ва қироатхонаи он бо гӯшаҳои «Қаҳрамонони Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ», «Муқаддасоти миллӣ», «Китоб – ганҷи бебаҳо», «Гӯшаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» оро дода шудааст.

Бо ташаббуси мудири китобхона 19 феврали соли 2019 вохӯрии хонандагон бо адиби шинохта Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид. Адиб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии худ ба хонандагон суҳбат намуд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ хонандагон аз асари нави адиб – «Моҳи Хисрав» шеърҳои азбаркардаи худро қироат намуданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии

ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» И.Ғашов мегӯяд, ки дар таълимгоҳ маҳфилҳои фаннӣ тибқи дастурҳои методии мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

– Роҳбарони ин маҳфилҳо ҳар як машғулияти худро бо омодагӣ ва хушсифат мегузаронанд. Гуфтан ба маврид аст, ки баргузории ин маҳфилҳо дар ташаккули тафаккури зеҳнии хонандагон ва истеъдоду қобилияташон нақши намоён мебозанд. Роҳбарони маҳфилҳо Иброҳимов Ҳабибулло, Ҳалимов Дилшод ва дигарон ҳамеша дар ҷустуҷӯ буда, ҳамеша ҳаракат менамоянд, ки истеъдоду дониши хонандагони навовар мавриди дастгирӣ ва қадрдонӣ қарор ёбанд.

Маълум аст, ки рушду нумуъи тараққиёти давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки бунёди онро мо пешаи кори худ намудаем ба ҷавонони соҳибкасб вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мо омӯзгорон вазифа гузоштааст, ки ҳарчи бештар ба донишомӯзии босифати касбию техникии ҷавонон аҳамияти хосса диҳем.

Мо бо мақсади амалӣ гардонидани фармону дастурҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилоят ва ноҳия нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш менамоем.

Аҳли кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шогирдони омода намудаи онҳо сазовори донишҳои баланди тахассусӣ ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бошнд ва ба ин васила дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз саҳми назарраси худро гузоранд, – илова намуд И.Ғашов

 

С.Халилиён, МТЖТ  

И.Ғашов, директории Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь