Конфусигарӣ ва даосизм танҳо дар шарқи Осиё ва қабл аз ҳама дар Чин интишор ёфтаанд. Муайян намудани теъдоди аниқи пайравони он ниҳоят мушкил аст. Тибқи маълумоти тахминӣ, шумораи пайравони конфусийчигӣ – зиёда аз 300 млн. нафар ва даосизм зиёда аз 50 млн. мебошад.
Муассиси дини конфусгарӣ мутафаккири Чини қадим Кун-цзы (Конфусий) мебошад, ки дар асрҳои VI-V то м. зиндагӣ кардааст. Дар оғоз таълимоти Конфутсий на ба сифати дин, балки ба сифати системаи фалсафӣ-ахлоқӣ эътироф шуда буд. Бо такя ба анъанаи халқҳои чинӣ ва танқиди шадиди вазъияти замони худ Конфуций идеали инсони комилро пешниҳод намудааст, ки дорои ду хислати ниҳоят муҳим – инсондӯстӣ ва эҳсоси масъулият буд. Мафҳуми «инсондӯстӣ» дар шакли ниҳоят васеъ шарҳу тафсил шуда, бисёр сифатҳоро дар бар мегирифт: хоксорӣ, адолат, таҳаммулпазирӣ, беғаразӣ, муҳаббат ба мардум ва ғ. Зери мафҳуми «эҳсоси қарз» сайю талош барои илмомӯзӣ, масъулияти таҳсил кардан ва азхуд кардани ҳикмати ниёгон фаҳмида мешавад. Инсони комил нисбати тановули ғизо, сарватмандӣ, рафоҳият ва манфиатҳои моддӣ бепарво буд. Тамоми ҳастии худро дар хидмати идеалҳои олӣ, мардум ва ҷустуҷӯи ҳақиқат сарф мекард.
Конфусий асосҳои тартиботи ҷамъиятиро пешниҳод намуда, мехост татбиқи амалии онро дар ҷомеаи Чин бубинад. Ин ҷомеа, ба андешави ӯ, бояд аз ду категорияи асосӣ иборат мебуд – онҳое, ки мебоист идора кунанд (идоракунандаҳо) ва онҳое, ки мебоист итоат (тобеъон) мекарданд. Ба андешаи ӯ, меъёри чунин табақабандиро ба табақаҳои боло ва паст набояд асли баромади иҷтимоӣ ва сарватмандӣ, балки дониш ва хайроти шахс ташкил намоянд. Ҳадафи олӣ ва ниҳоии идоракуниро Конфутсий манфиатҳои халқ эълон намуда буд.
Яке аз муҳимтарин асосҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ба андешаи Конфутсий, итоати бечуну чарои калонсолон ташкил медод. Ҳар бузургсол ҳар касе набошад – падар, хизматчии давлатӣ, подшоҳ ва ғ. – барои тобеъон шахсияти бонуфузест нисбати хурдсолон. Итоат кардан ба иродаи ӯ, каломи ӯ ва хоҳиши ӯ – ин оддитарин меъёри хурдсолон ва тобеъон аст, чӣ дар доираи ҳокимият ва чӣ дар доираи клан, корпорация ва ё оила. Аз ин рӯ, тасодуф набуд, ки Конфутсий ба забон овардани чунин андешаро дӯст медошт: ҳокимият оилаи бузург ва оила ҳокимияти хурд мебошад. Оила ҷавҳари ҳокимиятро ташкил медиҳад ва манфиатҳои оила аз манфиатҳои шахсияти алоҳида болотаранд. Дини Конфутсий дар муносибатҳои байниякдигарии Чин ва Осмон ва аз номи Осмон бо қабилаҳо ва халқҳои мухталифи ҷаҳон нақши муҳим мебозид. Парастиши ҳоким, император, «писари Худо», ки аз номи Осмон Чинро идора мекард, мақоми баланд дошт. Бо гузашти айём парастиши Давлати мобайнии Чин, ки ба сифати маркази Олам, нуқтаи олитарини тамаддуни ҷаҳонӣ, ҳикмат, дониш ва амалигардонии иродаи муқаддаси Осмон низ ташаккул ёфтааст.
Оё метавон конфусчигиро дин номид? Дар шароити мушаххаси империяи Чин конфусчигӣ нақши дини асосӣ ва вазифаҳои идеологияи расмии давлатиро иҷро мекард.
Ахлоқи иҷтимоие, ки бо таваҷҷӯҳи махсуси он ҷиҳати дарёфти камолоти ахлоқӣ дар доираи меъёрҳои қадима ба сафи аввал бароварда шуда буд, моҳиятан ҳамарзиши ҳамон дине буд, ки асоси дигар динҳоро ташкил медод. Дар Чин мабдаи оқилона ҳанӯз дар замонҳои қадим эҳсосот ва ирфонро танг карда бароварда буд ва худои олӣ накӯкории қатъии Осмон ва нақши пайғамбарро на муассиси таълимоти динӣ (бигзор Исо, Мӯсо, Муҳаммад ва ё Буддо), балки ҳаким Конфутсий иҷро мекард. Дар тӯли зиёда аз дуюним ҳазор соли мавҷудият конфусчигӣ ақлу зеҳн ва эҳсосоти чиниёнро ташаккул дода, ба эътиқоду диндорӣ, рафтору тафаккур, сухану тарзи зиндагӣ ва маишатии одамон таъсири бузург гузоштааст. Дар ин нисбат конфусчигӣ аз ягон дини ҷаҳонӣ паст наомада, дар баъзе ҳолатҳо аз онҳо болотар аст.
Бояд таъкид кард, ки барои конфусчигӣ ҳамчун дин анъанаи коҳинон тамоман бегона буда, расму маросими онҳоро ҳамеша хизматчиёни давлатӣ ва сарварони оилаҳо иҷро мекарданд. Парастиши арвоҳи гузашта ва имон ба арвоҳ дар конфусчигӣ макони бузург дорад. Дар бораи ҳар як ҳодисаи бузурги оилавӣ – тӯйи арӯсӣ, марг ва ғ. мебоист ба арвоҳи аҷдодони гузашта хабар дода, аз онҳо иҷоза ва дуъо мегирифт. Барои арвоҳи аҷдодон бояд қурбониҳои бе хун дар шакли ғизоҳои тайёр овард ва ё пул сарф кард. Чиниён бо мурури замон ин расмро бо тасвирҳо иваз намуданд. Ҳатто тоҷироне низ пайдо шуданд, ки бо пулҳои коғазӣ ва расми ғизоҳоро низ барои қурбонӣ ба савдо мебароварданд. Ҳар як чинӣ аз хавфи бенасл мондан дар ҳарос буд, зеро дар ин ҳолат касе набуд, ки дар бораи ӯ ғамхорӣ кунад. Баъзан чиниёни бенасл қурбониҳои дастаҷамъона анҷом медоданд.
Дар конфусчигӣ риояи аниқи муқаррароту тартиботи пешгузаштагон чизи муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. Маросим барои чиниён ҳамчун воситаи ба тартиб овардани ҳаёт хизмат мекард. Худи Конфутсий новобаста аз он ки ба ибодатгоҳ мерафт, 300 расм ва 3000 қоидаи ахлоқиро аниқ риоя намуда, риояи қатъии онҳоро аз дигарон низ талаб мекард. Аммо баҳсу мунозира намудан дар бораи масъалаҳои илоҳиётшиносиро ӯ кори беҳуда меҳисобид.
Конфусчигӣ бо мурури замон ба системаи марказӣ ва расмии динӣ-фалсафии Чин табдил ёфта, дар тӯли таърихи чандинасраи худ табиати халқи Чин, тарзи зиндагии он, фарҳангу шакли давлатдории онро муайян кард. Таълимоти Конфутсий дар асри II м. шакли таълимоти расмиро гирифта, дар ин шакл ба сифати идеологияи пешрави «Империяи зериосмонӣ» баромад кардааст.
Зиёева Зебониссо Идибековна, ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ