Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз аввалин муассисаи олӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, таърихи 73-сола дорад. Донишгоҳ нахустин маротиба 15-уми августи соли 1945 бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб таъсис ёфта, баъдан бо Қарори Вазорати маорифи СССР аз моҳи августи соли 1953 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола ва дар соли таҳсили 1956-1957 ба таҳсили панҷсолаи ҳамгиро гузашта, дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 40 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олиро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор додааст. Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб мақоми донишгоҳӣ дода шуда, 24-уми июли соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдили ном кард ва аз 24-уми апрели соли 2009 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Дар муддати 73 соли фаъолияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист теъдоди донишҷӯёнро аз 48 нафар то ба 11 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 635 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба 130 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 29 расонад. Алъон доктори илми физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло ректори донишгоҳ мебошанд.
Шумораи устодон ва донишҷӯён
Феълан дар 28 кафедраи донишгоҳ (23 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ), зиёда аз 635 кормандони илмӣ ва омӯзгорон, аз ҷумла 10 нафар докторони илму профессорон ва 85 нафар номзадҳои илм, 358 нафар ассистентон фаъолият мекунанд.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ дар соли таҳсили 2018-2019-ум 9658 нафар, аз ҷумла дар таълими рӯзона 5745 ва дар таълими ғоибона 3913 нафарро ташкил медиҳад (буҷавӣ 2741 нафар, шартномавӣ 6362 нафар). Ҳоло донишгоҳ дорои 9 факулта буда, таълим ва тадрис дар 7 бинои таълимӣ ва ду баст сурат мегирад. Дар донишгоҳ 426 нафар (аз ҷумла 280 духтар) донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ бо хобгоҳ ва идрорпулии ҳармоҳа таъмин мебошанд.
Дар донишгоҳ 15 нафар донишҷӯ барандагони стипендияҳои (идрорпулиҳои) номӣ мебошанд, аз ҷумла 5 нафар гирандаи идрорпулии Президентӣ, 5 нафар гирандаи идрорпулии раиси вилояти Хатлон, 1 нафар гирандаи идрорпулии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар нафар гирандаи идрорпулии ректори донишгоҳ, 2 нафар гирандаи идрорпулии раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар гирандаи идрорпулии раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон. Дар соли 2018 гирандагони стипендияи вилоятӣ аз ҳисоби олимони донишгоҳ 11 нафарро ташкил медиҳад.
Факултетҳо ва ихтисосҳо
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб факултаҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, филологияи хориҷӣ, таърих, хуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, химия-биология ва география, физика-математика ва информатика, омӯзгорӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, молиявию иқтисодӣ ва 28 кафедра амал мекунад, ки кафедраҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогика, психология, забонҳои хориҷӣ, тарбияи ҷисмонӣ, забони русӣ ба кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар кафедраҳо марбути факултаҳо мебошанд.
Дар донишгоҳ 51 ихтисоси амалкунанда мавҷуд аст, 48 ихтисос дар таълими рӯзона, 25 ихтисос дар таълими ғоибона, аз ҷумла фосилавӣ, 24 ихтисос дар зинаи магистратура, 5 ихтисос дар зинаи аспирантура, 11 ихтисос дар зинаи докторантураи PhD.
Дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва таълими ғоибонаи донишгоҳ 36 ихтисос – забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, забон ва адабиёти рус (дар мактабҳои миллӣ), забони англисӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисоси иловагӣ, таҳсилоти ибтидоӣ – санъати мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, дефектология, логопедия, сурдопедагогика, олигфренопедагогика, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, химия-биология, химия-экология, биология-экология, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, география, таърих, таърих ва ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, физика-математика, технология (аз рӯи самтҳо), математика, математикаи амалӣ (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), информатика, менеҷменти иҷтимоӣ, маркетинг, иқтисодиёт ва идора дар корхона, фаъолияти бонкӣ, молия ва қарз, менеҷменти инвеститсионӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассиаҳои буҷетӣ ва илмӣ амал менамоянд.
Таҳсилоти фосилавӣ
Ҷиҳати ба роҳ мондани таҳсили фосилавӣ дар донишгоҳ сомонаи низоми таҳсилоти фосилавӣ “MOODLE” таъсис дода шуда, дар шабакаи Интернет бо суроғаи fosilavi.kgu.tj аз аввали соли таҳсили 2017-2018 фаъолият карда истодааст. Зиёда аз 380 нафар донишҷӯи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва 54 нафар омӯзгори донишгоҳ сомонаи мазкурро фаъолона истифода мебаранд. Маводҳои дарсии мултимедиявӣ, тестҳо, сабти видеоӣ ва дигар маводҳои таълимии электронӣ дар сомона аз тарафи омӯзгорон ҷой карда шудаанд.
Пояи моддӣ-техникии донишгоҳ
Пояи моддӣ-техникии донишгоҳ давра ба давра мустаҳкам гардида, яке аз асосҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Донишгоҳ ба шабакаи Интернет пайваст буда, омӯзгорону донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Китобхонаҳо ва толорҳои хониши донишгоҳ ҳамеша дар хизмати донишҷӯёну омӯзгорон буда, дорои беш аз 473507 адад адабиёти илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, бадеӣ аст. Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ ҳамаи синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо ва лабораторияҳо бо воситаҳои техникию таълимӣ ва дигар таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, 7 лабораторияи компютерӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Ҳамзамон, толори бузурги фарҳангӣ, толорҳои хурди маҷлисӣ дар шафати толори фарҳангӣ, дафтарҳои кории шуъбаҳо, толори варзишии клуби «Ҷасорат», боғи фароғатии «Дониш», майдончаи варзишии тобистона, толори шӯрои олимон, Маркази омӯзиши забонҳо (англисӣ ва русӣ) бо синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои муосири комютерӣ дар факултаи филологияи хориҷӣ, толори маҷлисӣ бо 120 ҷои нишаст дар факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, осоишгоҳи табобатии донишгоҳ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳарротӣ дар хизмати донишҷӯёну устодон қарор дорад.
Муносибатҳои байналмилалӣ
Донишгоҳ бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Федератсияи Русия, Олмон, Испания, Чехия, Белгия, Италия, Англия, ИМА, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Украина, Австрия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи 5 лоиҳаи байналмилалӣ, ки ба онҳо донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шомиланд, бомуваффақият ширкат дорад. Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият ва баланд бардоштани нақши донишгоҳ дар сатҳи байналхалқӣ, тайёр намудани ҳарчи бештари мутахассисони донишгоҳ дар хориҷи кишвар тавассути ҳамкориҳои дуҷонибаи мустақим бо созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ дар тайёр намудани мутахассисон ва гузаронидани пажуҳишҳо шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо барномаҳои Фонди Аврупо Темпус ва Эрасмус Мундус (акнун ЭРАСМУС+), як қатор донишгоҳҳои Федератсияи Русия, донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Осиёи Миёна, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, Сафорати Ҷумҳурии Чин дар Душанбе ҳамкорӣ дорад.
Айни замон дар доираи барномаи аврупоии ERASMUS Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ду лоиҳаро амалӣ карда истодааст. Лоиҳаи Erasmus + PAWER (“Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ ва таъмини дастрасӣ ба аҳамиятнокӣ, сифатнокӣ ва баробарҳуқуқӣ”).
Мақсади асосии барномаи Аврупоии ERASMUS+ PAWER – “Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ ва таъмини дастрасӣ ба аҳамиятнокӣ, сифатнокӣ ва баробарҳуқуқӣ” – ин зиёд намудани шумораи донишҷӯёне мебошад, ки ба донишгоҳҳои минтақавӣ ва хориҷи кишвар ба воситаи барномаҳои табодули донишҷӯён равон карда мешаванд.
Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои аврупоии “Excellence in Engineering Education through Teacher Training and New Pedagogic Approaches in Russia and Tajikistan / EXTEND” низ ба роҳ монда шудааст.
Сертификат ва Ҷоизаи байналмилалии сифати Аврупо
Бо Қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шветсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби иҷозатнома (литсензия ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.
Ин иҷозатнома ва Ҷоиза бар пояи саҳми назарраси донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ва ширкати кормандон дар лоиҳаҳои таълимӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар дода шуда, мавқеъ, нуфуз ва рейтинги донишгоҳро боз ҳам балантар мегардонад.
Раёсати илм ва инноватсия
Раёсати илм ва инноватсия яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ буда, бо мақсади фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва нашрии профессорону устодон ва донишҷӯён ташкил карда шудааст. Дар донишгоҳ муҳаққиқон аз рӯи 24 равия, 28 масъала ва 32 мавзуи илмӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои илмҳои мухталиф, аз ҷумла илмҳои дақиқ, гуманитарӣ ва табиатшиносӣ кор бурда истодаанд. Аз 28 кафедраи амалкунанда кормандони 26-тои онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Дар донишгоҳ 323 нафар, аз ҷумла 18 нафар доктори илм, 2 академики Академияи байналмилалии педагогӣ, 1 академики АМ ФР ва Арбоби илму техникаи ҶТ, 1 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АИП, 10 нафар профессор, 85 нафар номзадҳои илм (35 нафарашон дотсент), 33 нафар аспирант (10 нафар аспиранти таҳсилоти рӯзона ва 23 нафар аспиранти таҳсилоти ғоибона), 76 нафар унвонҷӯ ба пажуҳиши илмӣ шуғл доранд.
Самти дигари фаъолияти олимони донишгоҳ тайёр кардани мутахассисон тавассути магистратура, аспирантура, докторантура мебошад.
Дар донишгоҳ ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият дорад. Беҳтарин олимони ҷавон ва донишҷӯ дар ҷамъомадҳои он ширкат ва маърӯзаҳо карда, натиҷаи маърӯзаҳои илмии онҳо бо ифтихорномаю дипломҳо қадр карда шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар муддати як соли таҳсили 2018-2019-ум 277 таълифоти илмӣ, 21 монография, 5 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ, 19 тавсияи методӣ нашр намудаанд ва 14 таклифи навоварӣ пешниҳод карда, соҳиби 2 патент шудаанд. Раёсати илм ва инноватсия дар ҳайати худ сохторҳои зеринро дорад: Рӯзномаи «Анвори дониш», маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, Маркази истеъдодҳои ҷавон, Маркази рушди касбият ва инноватсия, Китобхонаи донишгоҳ ва Парки технологӣ.
Бояд қайд намуд, ки нашрияи донишгоҳ – рӯзномаи “Анвори дониш” яке аз рӯзномаҳои хонданбоб дар минтақа буда, бо теъдоди 5000 нусха дар як моҳ ду маротиба чоп мешавад.
Озмоишгоҳҳо
Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд.
Дар таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ воситаҳои нави техникӣ васеъ истифода мешаванд. Озмоишгоҳҳои оптика ва раидоэлектроника, биология, химия, лингофонӣ, кабинети воситаҳои техникӣ, маркази омӯзиш, 4 синфхонаи компютерӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шуданд.
Китобхона
Фонди китобхонаи донишгоҳ 473507 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 24462 адад китобҳои тахассусӣ, 112540 адад китобҳои таълимӣ, 11000 адад китобҳои методӣ, 11002 адад китобҳои сиёсӣ, 14221 адад китобҳои бадеӣ ва 10015 адад дастурҳои таълимиянд.
Аз шумораи умумии китобҳо 20250 адад бо забони тоҷикӣ, 159583 адад бо забони русӣ ва 3407 адад бо дигар забонҳо мебошанд. Гардиши китобҳо аз 60% то 74,9%-ро ташкил мекунад.
Дар “Китобхонаи электронӣ” зиёда аз 190000 (як саду навад ҳазор) нусха китобҳои электронӣ вобаста ба факултаҳо – ихтисосҳо вуҷуд доранд. Инчунин, дар толори хониши китобхонаи электронӣ теъдоди 25 адад ноутбук ба шабакаи глобалии (шабакаи умумиҷаҳонӣ) интернет низ пайваст мебошанд.
Дарсҳои таҷрибавӣ
Парки технологии донишгоҳ дорои сехи коркарди оҳан, коркарди регу шағал, коркарди чӯбу тахта, таъмири радиотехникӣ, дӯзандагӣ, ошхона, сартарошхона ва лагери истироҳатӣ-фароғатии “Истиқлол” буда, таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва саҳроии донишҷӯён дар ҳамин лагер сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки Истироҳатгоҳи истеҳсолӣ – таҷрибавии «Истиқлол» ҳамчун сохтори «Парки технологӣ» дар маркази диққати маъмурияти донишгоҳ қарор дорад ва ба яке аз ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шудааст. Соли 2018-ум 50 нафар фарзандони омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар фароғатгоҳ ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Бо ташаббуси роҳбарият ва иттифоқҳои касабаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ осоишгоҳи табобатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, ба кормандони донишгоҳ ва мизоҷон хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳамчунин, дафтари кории шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷик ва журналистика бо воситаҳои техникии ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, донишҷӯён аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Ташкили ҷамъиятҳо ва маҳфилҳо
Дар донишгоҳ як силсила ҷамъиятҳои илмӣ ва маҳфилҳо амал мекунанд, ки нақши онҳо дар баланд бардоштани сатҳи равшанандешони донишгоҳӣ чашмгир аст. Ба ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) 110 нафар донишҷӯёни ба пажуҳишҳои илмӣ рағбатдошта гирд омада, ҳар моҳ ду бор конференсияҳои илмӣ – амалӣ доир менамоянд. Мавзуҳои мавриди муҳокима қарордодаи ҶИД таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии шаҳр ва ҷумҳуриро ба худ ҷалб карда, пиромуни онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ маводи иттилоотӣ интишор гардидаанд. ҶИД дар муҳокимаи мавзуҳои баҳсбарангез ва барои солимии ҷомеа зарур донишҷӯёни хоҳишмандеро, ки аъзои ҷамъият нестанд, даъват менамояд. Аз ҷумла, дар муҳокимаи мавзуҳои “Бонкҳо ва аҳамияти онҳо ба ҷомеа”, “Маҳсулоти қарзии бонкҳо”, “Зуҳуроти номатлуби ҷомеа – терроризм ва экстремизми динӣ”, “Ҳадафи аслии ифротгароён терроризм ва қатлу куштор аст”, “Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим”, “Зансолории аврупоиён дар муқоиса бо тоҷикон ва эронитаборони Бостон”, “Ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҷомеа” ва ғайра донишҷӯён ва устодони зиёде ширкат варзида, соли ҷорӣ 5 нафар аз аъзои фаъоли ҶИД ба докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гаштаанд. 6 нафар аъзои ҶИД пас аз хатми донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғул гаштаанд.
Дар донишгоҳ соли дуюм аст, ки маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Дӯшизагон», «Ҷавонмардон», «(Конуни) Пурсишу посух» амал мекунанд. Аъзои ин маҳфилҳо дар баробари гуфтугӯву пурсишҳо аз мавзуҳои «Шоҳнома», ба баланд бардоштани одоби муошират, ахлоқи ҳамида, ойини ҷавонмардӣ, ойини оиладорӣ, фарҳанги меҳмонпазирӣ ва монанди он таваҷҷуҳи вижа зоҳир мекунанд.
Ректори донишгоҳ дар аксари конференсияҳои ҶИД шахсан ҳамчун шунаванда иштирок менамояд.
Кӯмакпулиҳо, идрорпулиҳо ва мукофтотпулиҳо
Дар донишгоҳ барои дастгирии ҳаматарафа ва ҳавасмандгардонии устодон ва донишҷӯён мукофотпулиҳо ва кӯмакпулиҳои гуногун амал мекунанд, аз ҷумла, идрорпулии иҷтимоӣ ба ятимони кулл, идрорпулии иҷтимоӣ ба донишҷӯёни камбизоат, ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон. Инчунин, мукофотпулиҳо барои иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бахшида ба Иди модарон, озмуни «Маликаи донишгоҳ», бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, бахшида ба спартакиадаҳои ҷумҳуриявӣ, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, бахшида ба Иди Сайиди фитр ва иди Ваҳдати миллӣ амал мекунанд.
Ғайр аз ин, донишгоҳ баҳри дастгирии олимони ҷавон барои ҳимояи рисолаи номзадӣ бо маблағи 3000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 5000 сомонӣ ба онҳо кӯмаки яквақтаина мерасонад. Ба донишҷӯёне, ки дар маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла маҳфили “Зарифон”, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд, барои ҳавсмандгардонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Масалан, Сорбон Латифов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳон (шаҳри Сочӣ) дар вазни 62 кило дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карда, сазовори ҷойи 3-юм ва барандаи медали биринҷӣ гардида буд, 3000 сомонӣ, ба донишҷӯи соли 3-юми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Раҳимов Биноӣ, ки дар мусобиқаи байналмилалии варзишие, ки миёни давлатҳои Осиё дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, аз риштаи варзиши Тхэквондо иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид, 3000 сомонӣ ва ба донишҷӯи соли 2-юми факултаи молиявию иқтисодӣ Муродов Фазлиддин, ки дар вазни 73 кило дар мусобиқаи байналмилалӣ ҷои аввал ва медали тиллоро насиб гашт, 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Кӯдакистони “Ситора”
Кӯдакистон “Ситора” ҳамчун муассисисаи томактабӣ дар назди донишгоҳ фаъолият намуда, 150 нафар кӯдакро фаро гирифтааст. Кӯдакистон асосан барои кӯдакони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавии наздидонишгоҳӣ барои донишҷӯёни факултаи омӯзгорӣ, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд.
Маркази таълимии касбомӯзӣ
Дар назди донишгоҳ Маркази таълимии касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминобод фаъолият менамояд, ки дар он гуруҳҳои синни 15-24-сола ба касбҳои дӯзандагӣ, муҳосиб бо донистани компютер, бофанда, гулдӯз, фурӯшанда-ташкилотчӣ, қаннод, инчунин гуруҳҳои синни 24-49-сола дар гуруҳҳои технологияи истеҳсоли консерва, дӯзанда, қаннод ва гулдӯз фаъолият менамоянд.
Ба ҷои хулоса
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҷумлаи беҳтарин ва бузургтарин муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо интихоби ихтисосҳои мавҷуда хоҳишмандон метавонанд соҳиби маълумоти олӣ дар равияҳои филологию фарҳангӣ, рӯзноманигорӣ, омӯзгорию равоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, риёзию табиӣ, молиявию иқтисодӣ, варзишӣ, менеҷменту сайёҳат, китобхонашиносию таҳсилоти фарогир гардида, донишу маҳорат ва малакаҳои тахассусии хешро бо Стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ созанд. Рамзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ММТ 111 мебошад.
Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ равзанаи фардои дурахшони ҳар як интихобкунанда хоҳад буд.
МТЖТ