Шурӯъ аз солҳои сиюми асри гузашта, баъзе донишмандони тоҷик, аз қабили А. Мирзоев (4), Ш. Ҳусейнзода (8), Х. Мирзозода (5) ва дигарон, махсусан Б. Сирус ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои назарии адабиёти классикӣ ва замони шӯравии тоҷик амсоли чистии шеър, вазн, қофия, шахсияти эҷодии шоир, нақди шеър аз назари суханшиносони салаф ва монанди инҳо оҳиста-оҳиста шурӯъ намуданд. Чунончи, Б. Сирус китоби “Қофия дар назми тоҷик”-ро таълиф кард (6). Баъдан асари алоҳидае ба табъ расонид, бо номи “Арӯзи тоҷикӣ” (7). Бояд гуфт, ки дар миёни ин муҳаққиқони насли калонсол устод Тӯрақул Зеҳнӣ (1892-1983) ҷойгоҳи хосеро ишғол намудааст.

Зеҳнӣ аввалин суханшиносест, ки ба ҷолибтарин масъалаи назарияи адабиёт – тарзи образофаринӣ таваҷҷуҳ кард ва илми бадеъи классикиро бо забони сода ва тоҷикии барои хонандагони замони нав дастрасу фаҳмо пешниҳод намуд. Ин кори Зеҳнӣ аввал соли 1960 дар шакли китоби ҷудогона таҳти унвони “Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ” дар таҳрири М. Шакурӣ чоп шуд (1). Ҳарчанд қисми дуюми китоб ба мухтасари арӯзи тоҷикӣ бахшида шуда буд, таваҷҷуҳи хонандагонро қисми якум ва асосии он, ки марбути санъатҳои бадеъиянд, бештар ҷалб намуд. Сабабаш тозагии он дар илми бадеъи тоҷик бо фарогирии адабиёти замони нав дар пешниҳоди муаллиф низ мебошад. Китоб аз тарафи хонандагони тоҷик истиқболи гарм ёфт ва минбаъд чандин маротиба (1970, 1979, 1990, 2007) бо таҳрирҳои нав ба табъ расид. Гуфтан лозим аст, ки китоби мавриди назар  борҳо аз тарафи олимон ва дӯстдорони адабиёт дар шакли тақриз ва китобиёт мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифтааст.

Дар миёни тақризҳои ба миёномада пураҳаммияттарини онҳо тақризи муфассал ва олимонаи устоди зиндаёд Саъдоншоҳ Имронов мебошад, ки дар соли 1961 дар маҷаллаи “Шарқи сурх” чоп шудааст (3). Ин тақризи С. Имронов ба нашри нахустини китоби мавриди назар анҷом дода шудааст. Устод С. Имронов дар ин мақолаи худ роҷеъ ба арзишу аҳаммияти китоби мазкур сухан ронда таъкид мекунад, ки “ба сабаби мавҷуд набудани ягон асари назарӣ оид ба қонуну қоидаҳои назми классикӣ ва советии тоҷик таълим додани ин фан барои муаллимони мактабҳои олӣ ва миёнаи кишвар душвориҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад, бинобар он, нашри ин китоб барои мо ва шогирдон туҳфаи хубест” (3:144).  С. Имронов дар баробари арҷ гузоштан ба заҳматҳои зиёди Т.Зеҳнӣ якчанд камбудиву норасоиҳои онро низ нишон дода буд. Аксари он нуқсҳои зикрнамудаи муқарриз минбаъд дар нашрҳои баъдии китоб аз тарафи муаллиф ислоҳ ва такмил карда шуданд. Аз ҷумла, китоб дар нашрҳои баъдӣ “Санъати сухан” номида шуд ва чанде аз санъатҳо низ, ки дар нашри аввал дида намешуданд, илова карда шуданд.

Дар ҳақиқат, китоби “Санъати сухан”-и Зеҳнӣ холигоҳи намоёнеро, ки дар омӯхтани моҳияти аслии адабиёти бадеӣ дида мешуд, то андозае пур кард. Ин китоб дар ҳоле падид омад, ки то он вақт ягон асари назарии асримиёнагие, мисли “Тарҷумон-ул-балоға”, “Ҳадоиқ-ус-сеҳр” , “Ал-муъҷам” ва ғайра ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп нашуда буд. Аз чоп баромадани китоби “Санъати сухан” дар воқеъ мушкилоти омӯзиш ва таълими донишҳои адабиро дар таълимгоҳҳо то андозае ба ифоқа овард.

Устод Зеҳнӣ аз ҷумлаи касонест, ки дар Самарқанд мадраса хонда буд ва донишҳои адабиро ба хатти арабиасоси тоҷикӣ фаро гирифтаву шахси дастхатхон буд. Биноан, худи муаллиф дар дебочаи китобаш қайд кардааст, ки асараш дар заминаи афкори назарии суханшиносони асримиёнагӣ ва ҳамчунин мушоҳидаву мулоҳизаҳои шахсии ӯ фароҳам карда шудааст. Дар дебочаи китоби худ муаллиф доир ба аҳаммияти омӯзиши санъатҳои бадеъӣ барои адибони ҷавон, донишҷӯён ва шавқмандони адабиёт сухан карда, пеш аз ҳама, бадеиятро яке аз хусусиятҳои асосии осори адабӣ шинохтааст. Ҳамин бадеиятро шаклгароёни рус дар оғози қарни бист “адабият” (литературность) номида буданд (9:194) ва онро аз мушаххасоти зотии осори адабӣ меҳисобиданд. Зеҳнӣ низ таъкид бар он мекард, ки асари адабӣ бидуни перояи бадеият наметавонад арзи ҳастӣ намояд. Яъне, Зеҳнӣ ҳам мисли шаклгароён фарқи сухани ҳунарӣ ва бадеиро аз сухани одии рӯзмарра дар ҳамин вижагӣ дидааст. Ҳамин тавр мо дар миёни ақидаи шаклгароёни рус ва Зеҳнӣ як навъ таворудеро мебинем, ки хеле ҷолиб аст. Ӯ яке аз аввалинҳост, ки дар бораи зебоии шеър, таъсири лаззатбахши асари воқеан адабӣ ва ҳайронкунанда будани он сухан рондааст ва таъкид бар он дошта, ки бе санъатҳои бадеӣ ҳосили чунин натиҷа муҳол аст.

Вақте дебочаи “Санъати сухан”-и Зеҳниро бодиққат мехонем, мебинем, ки ӯ боҷуръатона дар бораи “забони шеър”, “аҳаммияти эстетикӣ”-и он, “қонуниятҳои эҷоди бадеӣ”, “нақдушшеър” “шеъри мансур”, “муносибати мазмуну шакл” ва ҳамзамон нуктасанҷу  мӯшикоф будани шоирони аҳди классикӣ ва барои дуруст фаҳмидани шеъри онҳо ҳамчунин зарур будани нуктасанҷию мӯшикофии хонандагони имрӯза мулоҳиза ронда, дар мавриди зарурати истифодаи потенсиали муқтадири адабиёти классикӣ масъала гузоштааст. Барои ҳалли ин масъала  омӯхтани тазкираҳо, осори худи адибон ва махсусан рисолаҳои марбути назариёти адабӣ, аз ҷумла арӯз, қофия, бадеъ ва илми балоғати классикӣ, яъне баёну маониро муҳим мешуморад. Ҳамин тартиб, Зеҳнӣ таҳлили матни адабиро аз дидгоҳи худи адабиёт ба миён гузошта  ва дар ин амр худ хуб аз уҳда баромадааст.

Баъдан, ин муҳаққиқи жарфнигар рисолаҳои дар илми бадеъ таълифшудаи асримиёнагии тоҷикро як-як бо риояи тартиби замонӣ баррасӣ намуда, дар мавриди мабонии зуҳури онҳо, мушаххасоту муҳтавояшон сухан кардааст ва ҷойгоҳи ҳар кадоми онҳоро дар таърихи  афкори  назарии адабиёти форсии тоҷикӣ таъйин намуда, дар ин росто “Ал-муъҷам”-и Шамси Қайси Розиро аз ҳама муҳим  ва арзишманд шинохтааст. Бинобар ин, ақидаи Шамси Қайсро, ки дар бораи вазифаҳои нақди адабӣ ва ноқидон иброз намудааст, дар китобаш оварда, ба вазифаҳои танқиди адабии замони мо мувофиқ будани онҳоро таъкид кардааст. Сипас, асарҳои назарии бархе аз олимони асримиёнагӣ аз қабили Насируддини Тӯсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Сайфии Бухороӣ, Ваҳиди Табрезӣ, Шарафуддини Ромӣ ва дигаронро зикр ва арзёбӣ намудааст.

Зеҳнӣ дар хилоли баррасиҳояш, ки натиҷаи мутолиаи маводди фаровони назарӣ ва амалии адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад, вазифаи худро хеле хоксорона чунин таъйин мекунад: “Мо асосҳои илмии  воситаҳои тасвироти бадеъиро баён карданӣ нестем. Аз ҷиҳати илмӣ муайян кардани моҳияти санъатҳои гуногуни бадеӣ низ вазифаест, ки ҳалли онро ба оянда мавқуф бояд гузошт. Мо фақат таърифи мухтасари санъатҳои бадеъии анъанавиро медиҳем ва барои ҳар як санъат аз саромадони сухан чанд мисол зикр мекунем” (2:19).

Аммо ба назари мо устоди равоншод Зеҳнӣ кори хеле муҳим ва дархури замонро  ба сомон расонидааст. Дар зимни таърифи санъатҳо, овардани мисолҳо ва таҳлили онҳо мутолиа ва омӯзиши пайваста ва заҳмату ранҷҳои фаровони муаллиф ниҳон аст.

Дар таърихи адабиётшиносии тоҷик аввалин суханшиноси касбист, ки таърифҳои аз тарафи суханшиносони асримиёнагии тоҷик нисбат ба санъатҳои бадеъӣ додашударо бо баёни нисбатан содаи адабии тоҷикӣ ифода кардааст. Яъне, забони он таърифҳоро, ки калимаву таркибҳои номаънуси арабии зиёд дошта, барои дарки доираи васеи хонандагони тоҷик мактуманд, гӯё кардааст. Аммо бояд гуфт, ки дар ин равиш Зеҳниро муқаллиди назарияпардозони адабиёти замони гузашта унвон кардан аз инсоф дур аст. Зеҳнӣ на фақат воситаҳои тасвир ва баёни бадеъиро ва махсусан санъатҳои бадеии маънавиро барои хонандаи имрӯзаи тоҷик фаҳмо ироа мекунад, балки мисолҳои бисёре аз эҷодиёти адибони давраи классикӣ ва муосири тоҷик оварда, ҳар яки онҳоро таҷзияву таҳлил намудааст ва ҷойгоҳи ҳар санъатро аз нигоҳи зебоишиносии адабӣ хеле дақиқ нишон додааст. Яъне мавсуф ба аҳаммияти эстетикии санъатҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҳҳои чӣ гуна ба вуҷуд омадани тасвирҳои бадеиро оварда ва бад-ин васила барои соири муҳаққиқин тарзи таҳлили матни адабиро нишон додааст.

Аз муҳаққиқони тоҷик бори аввал Зеҳнӣ дар китоби “Санъати сухан” асоси ҳамаи санъатҳои бадеӣ ва тахайюли шоиронаро таносуби сухан шинохта, ин мақуларо шарҳу баст намудааст. Муаллиф дуруст қайд карда, ки ҳамаи калимаҳои дар ҳар байт корфармудаи шоир бояд ба ҳам таносуби қавии мантиқӣ дошта бошанд ва маънану шаклан  якдигарро такмил намоянд. Муаллиф барои талқини ин ақидаи дурусти худ аз эҷодиёти шоирони классик намунаҳои бисёре оварда, онҳоро аз нигоҳи таносуб таҳлил мекунад.

Маълум аст, ки дар назму насри классикӣ ва муосири тоҷик ташбеҳ ва маҷоз ҷойгоҳи муҳимтарин доранд. Бинобар ин, муаллиф моҳияти ин санъатҳоро барои хонанда ошкор намуда, навъҳо ва фарқҳои байниҳамдигарии онҳоро низ ба таври муфассал нишон дода, бо мисолҳои муносиб шарҳу тавзеҳ кардааст.

Яке аз вежагиҳои муҳимми кори Зеҳнӣ дар он аст, ки ӯ доир ба меъёрҳои амалан истифода шудани санъатҳои бадеъӣ, аз қабили ташбеҳ, муболиға, истиора ва ғайра мулоҳизаҳои танқидии худро баён намуда, мавридҳои ғайритабиӣ омадани онҳоро бо мисолҳои равшан аз эҷодиёти адибони классик ва муосири тоҷик нишон додааст.

Маълум аст, ки яке аз санъатҳои бадеъии қадимӣ таҷнис аст. Ҳама донандагони илми бадеи классикӣ таҷнис ва анвои онро дар бахши саноеи лафзӣ шарҳу маънӣ кардаанд. Аммо Зеҳнӣ аз миёни анвои таҷнисот навъи таҷниси маънавиро ҷудо намуда навиштааст: “Адабиётшиносони классикии форсу тоҷик иҳомро бо таҷниси маънавӣ, ки ду ва ё зиёда аз он маънои баробарҳуқуқро ифода намояд, як донистаанд ва дар таҳти унвони иҳом эзоҳ мекарданд. Вале мо ҳамин асосро ба назар мегирем, ки таҷниси лафзӣ дар як байт ду ва ё якчанд калимаи ҳамшакли алоҳидамаъноро мефаҳмонад, лекин таҷниси маънавӣ дар як байт омадани як калима ва ё чанд калимаи дорои чанд маънои баробарҳуқуқ мебошад. Аммо иҳом ду маъно ба худ гирифтани калима аст, ки яке аз он маъноҳо наздик ва дигаре маънои дур мебошад. Бинобар ин, дар миёни таҷниси маънавӣ ва иҳом, албатта, фарқ гузоштан лозим аст” (2:125). Баъдан, Зеҳнӣ ин фикри худро бо мисолҳо ба таври қонеъкунанда шарҳ додааст. Дар нашри дуюми “Санъати сухан” ибҳом, тавҷеҳ ва таврия низ ба ҳайси анвои таҷниси маънавӣ маънидод карда шудаанд. Ин ҳолат диди мустақилонаи Зеҳнӣ мебошад, ки мақбулу мафҳум ва ҷолиби диққат ба назар мерасад.

Дар қисмати санъатҳои лафзӣ муаллиф муҳимтарин санъатҳои лафзиро шарҳу баст намудааст. Аммо қабл аз маънӣ кардани онҳо Зеҳнӣ боҷуръатона ва ба таври дақиқ ва мубарҳан баён медорад, ки ба санъатҳои лафзӣ, ки “онҳоро тафаннунот ва тафреҳоти шеърӣ меноманд, ба чашми беэътиноӣ назар кардан чандон дуруст нест. Барои фаҳмидани адабиёти гузашта, аз он ҷумла эҷодиёти классикон донистани ин санъатҳо низ лозим аст… Онҳо боиси ба ҷӯшу хурӯш овардани завқи бадеӣ, тақвияти фаъолияти димоғӣ гашта, барои инкишофи зеҳн, тарбияи бадеии ҳаваскорони шеъру шоирӣ хизмат мекунад” (2:127). Зеҳнӣ дар адабиёти классикӣ ба ҳодисаи зимни санъатҳои лафзӣ ба вуҷуд омадани услуби олӣ таваҷҷуҳ намуда, аҳаммияти онро низ зикр кардааст. Чунин фармудаҳои комилан дурусти муаллиф водор мекунанд, ки муҳаққиқони мо услуби осори адибони гузашта ва ҳозираро аз ин мавқеъ  омӯзанду таҳқиқ намоянд.

Мушоҳидаҳо ва мулоҳизоти танқидии Зеҳнӣ доир ба баъзе падидаҳои номатлуби адабӣ аз қабили танофури ҳуруф, ҳашви қабеҳ, хилофи қиёс, таъқидоти лафзию маънавӣ, заъфи таълиф, сирқоти шеър ва ғайра, ки дар назариёти адабии асримиёнагӣ низ дар бораи онҳо сухан рафтааст, барои хонандаи имрӯзи тоҷик хеле дастрас ва фаҳмо ба баён омадаанд. Гузашта аз ин, муаллифи китоб нақсу камбудиҳои шеъри шоирони замони шӯравии тоҷик, махсусан шоирони ҷавонро нишон медиҳад ва барои онҳо маслиҳатҳои муфид ироа мекунад.

Ҷиҳати ҷолиби дигари кори Зеҳнӣ дар он бояд дониста шавад, ки ӯ бори нахуст баъзе истилоҳоти илми бадеъи классикиро, ки бо калимаву таркибҳои арабии номаънус адо шудаанд, ба забони барои ҳама фаҳмои тоҷикӣ ифода намудааст. Чунончи, ташбеҳулмарҷӯъ (ташбеҳи баргашта), тансиқуссифот (сифатчинӣ), сиёқатулаъдод (шумор), радд-ул-аҷуз ила-с-садр (баргардониш) ва ғайра.

Дар охир мегӯем, ки китоби “Санъати сухан”-и Зеҳнӣ дар тайи солиёни зиёд дар адабиётшиносии тоҷик алтернатива надошт. Дар солҳои охири асри XX ва оғози асри нав ҳарчанд чанд китоби суханшиносони дигар доир ба илми бадеъ ба нашр расиданд, аммо ҳеч кадоми онҳо, аз ҷиҳати истиқболи умум, ҷои “Санъати сухан”-и Зеҳниро гирифта натавонистанд. Сабаби ин ҳолат дар донишу малакаи густардаи Зеҳнӣ дар балоғати суннатӣ ва содаву дастрас будани забони ӯ дар баёни ин донишҳо мебошад.

Бадриддин МАҚСУДОВ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь