Ҷамшеди Хушнуд, марди тақрибан 40- 45 сола, дар лаби кӯрпачаи сари дастархон сари ду зону нишаста, бозии футболро дар телевизион бо шавқ ва ҳарос тамошо мекард. Зеро дастаи яккачини футболбозони кишвараш дар сафар бо футболбозони кишвари Малайзия бозӣ доштанд. Ҳамин бозӣ тақдири онҳоро ҳал мекард. Агар аз ин бозӣ ғолиб оянд, дастаи онҳо аз бозии Ҷоми Осиё ба бозии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ меёфт. Дар ҳолати мусовӣ шудан ҳам, ба фоидаи дастаи онҳо буд. Зеро дастаи яккачини футболбозони тоҷик соҳиби панҷ хол мешуданд, ҳарифони онҳо бошанд, соҳиби чор хол.

Ин лаҳза садои телефони дастӣ баланд шуд. Ҷамшед онро дар гӯшаш гузошт:

– Лаббай!

– Мана нашинохтӣ?

– Не, нашинохтам.

– Садои ман чизеро ба хотират наовард?

– Садотон андаке шинос мутобаду аммо…

– Алаф… Шояд ба хотират чизеро мерасонад?

– Не, чизе ба хотирам намерасад.

– Хайр, ба ту муҳлат медиҳам, баъд занг мезанам. Мебинам, то кадом дараҷа бо мо муҳаббат дорӣ.

Мард телефонро хомӯш кард. Бозии футбол бошад, идома дошт. Ҳар ду даста мусовӣ буданд, яъне 1 бар 1. Ҷамшед чандин бор мушоҳида намуда буд, ки футболбозони дастаи кишвараш бозиро хуб оғоз намуда, бо кӯмаки ҳамдигар ба назди дарвозаи ҳариф мерасиданд. Ҳамин ки гол заданӣ мешуданд ё тӯбро аз даст медоданд ё нишонашон хато мерафт. Маълум, ки дар бозии байни дастаҳои худ дар кишвар ба чунин нуқтаи олӣ мураббияашон кам таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Футболбозон дар назди дарвозаи рақиб вазъиятро кам эҳсос мекарданд ва дар ҷои даркорӣ ҳозир намешуданд.

Ҷамшеди Хушнуд хаёлашро як лаҳза аз бозӣ дур намуда, бар сари “алаф” андеша кард. Як рӯз ӯ бо ҳамроҳи дӯсташ Ҳофиз дар пайраҳаи назди корхонаи “Бофанда” қадам мезаданд. Боғбон бо мошини хурд алафи майдончаи истироҳатиро медаравид. Алафи навдаравида бӯи хуше дошт. Ҷамшед дар назди дӯсташ нафасе чуқур гирифта, “аҳ, чӣ бӯи дилкаше!”- гуфта буд. Агар дӯсташ Ҳофиз мешуд, Ҷамшед вайро аз садояш мешинохт. Баъдан Ҳофиз куҷову бӯи хуши алаф куҷо? Ҳофиз нисбати табиати атроф чандон завқ надорад.

Боз занги телефон баланд шуд:

– Лаббай!- гуфт Ҷамшед.

– Боз ҳам нашинохтӣ?

– Ҳамин қадар фикр мекунам…

– Аҳа, маълум, ки шаҳрӣ шудаӣ. Хуб, боз як ишораи дигар мекунам, шояд дарахти хотираатро он такон диҳад: асп…

– Асп?..

Мард зуд телефонашро хомӯш намуд. Ҳисоби бозии футбол бошад, ҳанӯз тағйир наёфта буд. Қувваҳо баробар буданд. “Асп”, боз бар сари гуфтаи мард ба андеша рафт Ҷамшед.

Хонаи Ҷамшед ба боғи Наврӯзгоҳ наздик буд. Гоҳ- гоҳ дар он ҷо дави асп мегузашт. Ҷамшед пойгаи аспҳоро аз дур тамошо мекард. Аммо нафареро намешинохт, ки соҳиби асп бошад.

Бо телефон ҳамсӯҳбаташ аввал “алаф”, баъд калимаи “асп”- ро ёдрас шуд.  Ҳарду вожа барои Ҷамшед муаммо метофтанд.

Тафаккури Ҷамшедро боз бозӣ бар худ кашид. Зеро бозингарони дастаи кишвараш ба ҳуҷум гузашта буданд. Онҳо бо як маҳорати хуб аҳлона ба дарвозаи рақиб наздик мешуданд. Ҷамшед аз ҷояш нимхез шуда, саропо гӯшу ҳуш мешуд ва задани голро интизор буд. Эҳ, боз нашуд, тӯб хато рафт.

Боз телефон.

– Лаббай!- гуфт Ҷамшед.

– Шинохтӣ?

– Шинохтан як тараф истад, ҳатто ҷавоби муаммои шуморо пайдо карда натавонистам.

– Ай, вазифа гирифтам гуфта, аз худ рафтаӣ ку! Наход, ки шахсони наздикатро нашиносӣ? Хайр, боз камтараки дигар мӯҳлат медиҳам ва номи маро аз даҳони худат шунидан мехоҳам. Боз барои ба ҷумбиш овардани хотираат калимеро ёдрас мешавам: дучарха…

– Дучарха?- ҳайратзада пурсид Ҷамшед

Телефони муқобил боз хомӯш шуд.

Шинохт ӯро Ҷамшеди Хушнуд. Ҳамдеҳааш Маҳмуди Мирзо буд. Солҳост, ки ӯро фаромӯш намуда буд. Рақами телефони Ҷамшедро аз куҷо пайдо намудааст. Шояд дар деҳа аз бародараш гирифта бошад. Боз ҳам кӣ медонад?

Се моҳ қабл Ҷамшед раиси донишгоҳ интихоб шуда буд. Ин хабар ба гӯши Маҳмуди Мирзо ҳам расидааст. Синну соли фарзандони Маҳмуд аллакай ба ҷое расидаанд. Шояд набераҳояшро ба донишгоҳ қабул кардан мехоҳад. Зеро ӯ бе тамаъ ба ягон ҷо занг намезанад.

Ҷамшеди Хушнуд аз давраи наврасӣ Маҳмуди Мирзоро хуб мешинохт. Ҷамшед синфи ҳафт мехонд. Рӯзе падараш хоҳиш кард, ки дар боғи марказии колхоз алафи лаб- лаби ҷӯро даравида, ба хона биёрад. Вай аз раиси колхоз иҷозат гирифтааст. Ҷамшед баъди нисфирӯзӣ халтаву досро бо худ гирифта савори дучарха ба боғ мерасад. Дар замини кишти колхоз ҷувориҳо қатор- қатор қад афрохта, одамро нопадид мекарданд. Дар саргаҳи замини кишт ҷӯйбори калоне мегузашт. Сабзаҳои лаби ҷӯй аллакай расида буданд. Ҷамшед хам шуда, ба даравидани алаф оғоз кард.

– Ҳеъ- ъ- эй!- садои қаравули боғ Маҳмуди Мирзо дар байни қатораҳои ҷуворимакка баланд шуд. Ҷамшед, ки ҷоҳилии Маҳмуди Мирзоро медонист, халтаву досро партофта, савори велосипед гурехт. Маҳмуди Мирзо савори асп аз қафо сур мекард. Ҷамшед бо дучарха мегурехт, аммо қаравул бо асп ба вай наздик мешуд. Роҳи ҳамвор пушти сар шуду баландӣ рӯ ба рӯ омад. Дар баландӣ дучарха рондани Ҷамшед мушкил буд. Оқибат Маҳмуди Мирзо расид. Ӯ дучархаро хобонда бо пошнаи мӯзааш бар чархи қафо ду- се бор зад ва чанд тори сим канда шуд.

Бародари Ҷамшед дар деҳа хабар дода буд, ки Маҳмуди Мирзо вақтҳои охир зуд- зуд ба назди падарашон меояд. Дар ҳама тӯю маъракаҳо ҳамеша тайёр. Худро дӯсти наздики хонадон шуморида, дар пешгаҳи хона каҷпаҳлӯ мезад.

Андешаи Ҷамшедро боз бозии футбол  бар худ кашид. Зеро дақиқаҳои охирини он монда буд. Ҷамшед умед дошт, ки бозӣ мусовӣ анҷом меёбад ва бо ин умед дилашро таскин медод. Аммо дар сонияҳои охири дақиқаҳои иловагӣ  футболбозони дастаи муқобил ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо ба дарвоза наздик мешуданд. Ҷамшед ҷаста аз ҷо хест, гӯё ба дастаи футболбозонаш кӯмак мекунад ба назди телевизион рафт. Ҳамин лаҳза ба дарвозаи ҳамватанонаш тӯб ворид шуд ва Ҷамшед худро ба замин партофт.

Занги телефон баланд шуд.

– Лаббай!- гуфт Ҷамшед

– Ху- уб, шинохтӣ?

– Ҳа- а, шинохтам. Касофати шумо дар ҳамин ҷо ҳам ба мо расид. Аз бозӣ бой додем.

– Чи- ӣ?..

Ҷамшед телефонашро хомӯш кард.

Ҳамроҳи Авлиёпур

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь