“Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин мероси хаттии башарият маҳсуб гардида, мисли “Маҳабҳарата”, “Ригведо”, “Авасто” ва дигар асарҳои бостонии ориёӣ ба таърихи халқиятҳо ва давлатдории ин нажод бахшида шудааст. Ин шоҳасар дар миёни мардуми тоҷик аз маъруфтарин ва хонотарин асарҳо буда, бисёр паҳлуҳои адабии ин асар аз ҷониби пажуҳишгарони тоҷик мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифту роҷеъ ба он як силсила мақолаву рисолаҳо эҷод гардидаанд. Яке аз масъалаҳои муҳими омӯзиши “Шоҳнома” таъйин намудани ҷуғрофиёи он маҳсуб мегардад, ки мутаассифона, дар кишвари мо ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.

Вале таъйин намудани ҷуғрофиёи таърихии “Шоҳнома” яке аз ҷанбаҳои муҳими ин шоҳасар ба шумор рафта, ҷиҳати ошкор гардидани воқеияти таърихии рӯйдодҳо ва шахсиятҳои ин асар мусоидати комил мекунад. Ҳоло аксар муҳаққиқон баъзе шоҳону паҳлавонон ва рӯйдодҳои, хусусан давраи сулолаи Пешдодиёни “Шоҳнома”-ро афсонаву асотир медонанд. Ба коми афсонаву асотир кашидани рӯйдодҳои “Шоҳнома” моҳияту шаҳомати ин шоҳасарро аз байн мебарад, қимати ифтихори ватандориву арзишҳои миллии онро коҳиш медиҳад.

Ҳаким Фирдавсӣ ба воқеияти таърихии рӯйдодҳои “Шоҳнома” бовари том дошт ва дар саропои асараш ин боварашро таъйид ва таъкид кардааст.

Ту инро дурӯғу фасона махон,

Ба як сон равиш дар замона мадон,

Аз ӯ ҳар чи андархурад аз хирад,

Дигар бо раҳи рамз маънӣ барад.

Тавре худи Ҳаким Фирдавсӣ изҳор доштааст, ӯ «Шоҳнома»-ро дар асоси номаҳои куҳани насрӣ, ки дар миёни қиссаҳояшон ҳеҷ гуна рабту пайванд вуҷуд надошт, эҷод кардааст. Аз ҳамин лиҳоз, худ шоир гусастагиҳои қиссаҳоро пайванд намудааст.

Яке нома дидам пур аз достон,

Суханҳои он пурманиш ростон.

Фасона куҳан буду мансур буд,

Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд.

Набурдӣ ба пайванди ӯ кас гумон,

Пурандеша гашт ин дили шодмон.

Гузашта бар ӯ солиён ду ҳазор,

Гар эдун ки бартар наёяд шумор.

Гирифтам ба гӯянда бар офарин,

Ки пайвандро роҳ дод андар ин.

Агарчи напайваст ҷуз андаке,

Зи базму зи разм аз ҳазорон яке.

Ҳам ӯ буд гӯяндаро роҳбар,

Ки шохе нишонид бар гоҳ бар.

Инак мебинем, ки он чи ки донишмандони таърихи ориёӣ дар мавриди замони зиндагии ориёиҳо ибрози назар кардаанд, ҳама дар доираи ин гуфтаи назари Ҳаким Фирдавсист. Дар замони Ҳаким Фирдавсӣ маводе, ки ӯ дар даст дошт, «гузашта бар ӯ солиён ду ҳазор», буд, ки ин ҳамон охири ҳазораи II ва оғози ҳазораи I то солшуморист. Яъне, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар асоси номаҳои таърихии дар замони ӯ мавҷудбуда иншо гардидааст.

Мутаассифона, он номаҳое, ки Ҳаким Фирдавсӣ ҳангоми эҷоди «Шоҳнома» истифода намудааст, баъдҳо аз байн рафтаанд.

Яке нома буд, аз гаҳи бостон,

Фаровон ба-д-ӯ андарун достон…

Пажуҳандаи рӯзгори нахуст

Гузашта суханҳо ҳама бозҷуст.

Зи ҳар кишваре мубаде солхвард,

Биёвард, к-ин номаро гирд кард.

Ба таъйиди Ҳаким Фирдавсӣ як дӯсташ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки:

Набишта ман ин номаи паҳлавӣ,

Ба пеши ту орам, магар нағнавӣ.

Ту ин номаи хусравон боз гӯй,

Ба-д-ин ҷӯй назди меҳон обрӯй.

Ва Ҳаким Фирдавсӣ аз қавли «Пажуҳандаи номаи бостон» «Шоҳнома»-ро ба назм даровардааст. Ҳоло, албатта, гуфтан душвор аст, ки агар Дақиқӣ «Шоҳнома»-ашро ба итмом мерасонд, он чи гуна буд, вале бо итминон гуфтан мумкин аст, ки аксари рӯйдодҳои он низ ҳамон гуна мебуд, ки дар «Шоднома»-и Фирдавсӣ зикр шудаанд. Зеро ҳар ду муаллиф дар замони худ аз он «достонҳои куҳан» қариб як хел мавод дар даст доштанд. Аммо Ҳаким Фирдавсӣ на танҳо баназмдароварандаи достонҳои насрии «Шоҳнома», балки муҳаққиқи таъриху ҷуғрофияи ориёирониҳо низ буд. Ӯ борҳо ба шарқи Хуросон ва дигар минтақаҳо сафар карда, бо шахсиятҳое, ки дар бораи Рустам қиссаву достоне дар даст доштанд ва ё дар бораи ӯ чизе медонистанд, мулоқот намуда будааст. Озодсарви марвӣ низ яке аз чунин шахсиятҳо будааст.

Яке пир буд, номаш Озодсарв,

Ки бо Аҳмади Саҳл будб ба Марв.

Куҷо номаи Хусравон доштӣ,

Тану пайкари пазлавон доштӣ.

Диле пур зи дониш, саре пур сухан,

Забон пур зи гуфторҳои куҳан.

Ба Соми Наримон кашидаш нажод,

Басе доштӣ разми Рустам ба ёд.

Бигӯям сухан, он чи з-ӯ ёфтам,

Суханро як андар дигар бофтам.

Олимони Эрону Афғонистон ва баъзе кишварҳои аврупоӣ дар бораи ҷуғрофиёи “Авесто”-ву “Шоҳнома” бисёр рисолаву мақолаҳо навиштаанд, ки дар онҳо нисбати ин ҷуғрофиё ҳамназарии комил мушоҳида намешавад. Зеро чандин хусусиёти омӯзиши ҷуғрофиёи “Шоҳнома” дар он пажуҳишҳо ба эътибор гирифта нашуд. Омӯзиши саҳеҳу воқеии ҷуғрофиёи “Шоҳнома” танҳо дар асоси ин чанд нуктаи муҳим метавонад ба таври воқеӣ амалӣ гардад:

  1. Муҳоҷирати ориёиҳо аз Шарқи Осиёи Миёна ба минтақаҳои Ҳинди кунунӣ ва Эрони кунунӣ бояд ба назар гирифта шавад. Яъне, муайян гардад, ки номҳо ва воҳидҳои ҷуғрофии сукунатгоҳҳои ориёиҳо дар “Шоҳнома” ва дигар асарҳо пеш аз муҳоҷиратианд ё баъд аз муҳоҷиратӣ.
  2. Иртиботи ҷуғрофиёи “Шоҳнома” бо “Авесто”, “Бундаҳишн”, бахшҳои алоҳидаи “Динкарт”, “Ёдгори Зарирон” ва ғайра муқаррар карда шавад.
  3. Ҷуғрофиёи “Шоҳнома” бо ҷуғрофиёи асарҳои ҳиндуориёӣ -“Маҳабҳарата”, “Ригведо”, “Рамаяна”, «Шримад Бҳагаватам», «Стхананг Сутра…» ва ғайра дар муқоиса омӯхта шавад.
  4. Иртиботи ҷуғрофиёи “Шоҳнома” бо қиссаву афсона ва асотири чиноӣ, муғулӣ, тибетӣ, буддоӣ, ҷайнӣ, шумерӣ, русӣ, ойрату қалмиқ, олтойӣ ва ғайра мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.

Тавре дар илми ориёишиносӣ тасдиқ гардидааст, ориёиҳо чанд давраи муҳоҷиратро аз сар гузаронидаанд, ки аз ҷумла муҳоҷирати нимаҳои ҳазораи II то солшуморӣ ҳамчун муҳоҷирати ориёиҳиндуҳо ва муҳоҷирати аввали ҳазораи I то солшуморӣ ҳамчун муҳоҷирати ориёэрониҳо эътироф шудаанд. Ва оё ин муҳоҷиратҳо ба ҷуғрофиёи сукунати ориёиҳо ва инъикоси ин ҷуғрофиё дар асарҳои меросии ориёиҳо ҷой дорад ё не? Албатта, муҳоҷиратҳо ва инъикоси онҳо дар асарҳои ориёӣ нақши муҳим дошт, ки мо ҳоло онро дар мисоли муҳоҷирати, ба истилоҳ ориёэрониҳо ба мушоҳида мегирем. Мутаассифона, ҳангоми омӯзиши ҷуғрофиёи “Шоҳнома” муҳоҷирати ориёиҳо ба инобат гирифта нашуд. Ва аз ҳамин сабаб дар пажуҳишҳои муҳаққиқон дар ҷуғрофиёи “Шоҳнома” номувофиқатии ҷойгиршавии кишварҳо, таҳрифи рӯйдодҳои воқеӣ, устуравӣ қаламдод шудани рӯйдодҳои воқеӣ ва шахсиятҳои таърихии “Шоҳнома” ба амал омадааст.

Ҳоло аксар донишмандони таърихи ориёиҳо сулолаи Пешдодиёнро устуравӣ ва сулолаи Каёниёнро таърихӣ мешуморанд. Вале вақте зодгоҳи як шоҳи сулолаи Пешдодӣ, ҷуғрофиёи гардиш, пойтахти кишвар ва дигар ҷузъиёти зиндагии ӯ ошкор мешаванд, оё ӯро устуравӣ номидан равост? Дар зиндагии чандҳазорсолаи ориёиҳо шоҳону паҳлавонони воқеӣ он қадар зиёд будаанд, ки танҳо қисмати хурде аз номҳои онҳо дар “Шоҳнома” ва дигар асарҳо зикр шудаанду халос. Аз ин рӯ, ориёиҳо ба бофтану сохтани шоҳону паҳлавонони устуравӣ ҳеҷ ниёзе надоштанд. Албатта, дар зиндагиву кору пайкори онҳо муболиғаву иғроқ баъзан ҷой дошт.

Дар “Шоҳнома” тақрибан 330 номи ҷуғрофӣ, ки шаҳру кишвар, дашту кӯҳ, руду дарё, чашмаву кӯл, дижу теппа дар он шуморанд, зикр шудааст. Аксар пажуҳишгарон ҷуғрофиёи ин асарро ба ду қисм ҷудо кардаанд, яъне ҷуғрофиёи сарзаминҳои эронӣ ва ҷуғрофиёи сарзаминҳои тӯронӣ. Ва ҳамин тариқ, бо сабаби ношинохта мондани сарзаминҳои воқеии Эрони бостон ва Турон дар таъйини ҷуғрофиёи “Шоҳнома” иштибоҳҳои дигар ба вуҷуд омад.

Масъалае, ки хатти сурхи ҷуғрофии “Шоҳнома”-ро ташкил медиҳад, масъалаи Эрону Турон аст. Аммо Эрону Турон баъди тақсими сарзкаминҳои Эрони умумӣ аз ҷониби Фаридун ба фарзандонаш Салму Тур ва Эраҷ ба вуҷуд омад. То ҷудошавии Турон аз Эрони бостони умумӣ ҳафт кишвари ориёӣ дар маҷмуъ Эрон ва Эронзамин номида мешуд. Дар “Шоҳнома” бори нахуст истилоҳи Эронзамин вақте истифода бурда мешавад, ки мардум аз шоҳ Ҷамшед норозӣ шуда, сӯи Заҳҳок мераванд ва ӯро барои подшоҳи Эронзамин шудан даъват мекунанд. Баъдан модари Фаридун барои пинҳон доштани фарзандаш ӯро ба Ҳиндустон, ба Албурзкӯҳ мебарад. Дар он ҷо ӯ марди обидеро дида, мегӯяд, ки ман аз Эронзаминам ва аз шарри Заҳҳок гурехтаам. Тибқи таъйиноти мо зодгоҳи Фаридун, яъне Варан, ки дар асарҳои асримиёнагӣ “Ҳудуд-ул-олам” , “Сурат-ул-арз” ва ғайра ба шакли Фаран ва Фаранкат ва дар асарҳои ориёҳиндуӣ Варуна ном бурда шуда, дар ҳудудҳои ғарбии Иссиқкӯл, дар Қирғизистони имрӯза ҷой доштааст.

Истилоҳи ҳафт кишвар нахустин бор ҳангоми подшоҳии Ҳушанг истифода гардидааст. Баъд Заҳҳоку Ҷамшед ва Фаридун шоҳи ҳафт кишвар номида мешаванд. Фаридун ҳафт кишварро, ки дар онҳо панҷ тоифаи ориёӣ, тибқи тазаккуроти “Авесто”, бо номҳои аиря, туря, саена, даҳя ва саирма зиндагӣ мекарданд, дар миёни се писараш тақсим кард. Баъди рӯйдодҳои миёни фарзандони Фаридун сарзаминҳои ягонаи Эронзамин ба ду қисм – Эрону Турон ҷудо мешаванд, ҷангҳо миёни бародарҳо ба муддати тӯлонӣ давом намуда, сабабгори муҳоҷирати қисмати ориёиҳое мегардад, ки дар сарзаминҳои ба Эраҷ додашуда, яъне Эрони бостон сукунат доштанд.

Дар “Шоҳнома” дар даврони ҳукмронии Ҷамшеду Заҳҳок истилоҳҳои Эрон ва Эронзамин вуҷуд дорад, аммо ин ном фарогири минтақаҳое ҳам буд, ки баъдҳо Турон номида шуданд. 7 кишвари ориёӣ – Аризаҳ (Хуросон), Саваҳ (Шом ё Ховар), Воврубарашт ва Вовруҷарашт (Руму Бохтар), Видадафш ва Фрададафш (Нимрӯз) ва Хванирас (Эроншаҳр) ё Эронзамин номида мешуданд.

Баъди ҷангҳои миёни бародарон сарзаминҳои Салму Тур якҷоя бо номи Турон ва сарзаминҳои Эраҷ бо номи Эрон муаррифӣ мешуданд. Ҳоло баъзе пажуҳишгарони таърихи ориёиҳо ҳудудҳои ин ҳафт кишварро аз Хутан то Мисру Ямани кунунӣ кашондаву айният доданд, ки чунин ҷуғрофиё аз воқеияти таърихӣ дур буда, сабабгори ношинохта мондани ҷуғрофиёи аслии сарзаминҳои Эрони бостон ва Турон гардидааст. Дар асл ҳудудҳои ин 7 кишвар дар шарқ пушти қаторкӯҳҳои Фарғона ва Сарикӯл, шимоли қаторкӯҳи Тёншон дар водии Фарғона, дар ҷануб соҳилҳои руди Омӯ ва дар ғарб хатти Тирмиз – Тошканди кунуниро ташкил медод. Дар баъзе лаҳзаҳо аз баҳри Каспӣ (Хазар) низ ёд мешавад, ки дар “Авесто” дарёи Пудиг ном дорад. Сарзаминҳои ба Эраҷ додашуда миёни рудҳои Сир ва Панҷи кунунӣ, сарзаминҳои ба Салм додашуда – шимоли руди Сир то ҳудудҳои кӯли Балхаш (Камруд), сарзаминҳои Тур – аз қаторкӯҳи Фарғона то ҳудуди Хутанро фаро мегирифтанд. Ҳангоми ҷангҳои миёни бародарон сарзаминҳои Салм низ бо сарзаминҳои Тур бо номи Турон якҷо шуданд.

Сарзаминҳои туронӣ як қисми сарзамининҳои умумии Эронзамини нахустинро ташкил медоданд ва баъди ҷангҳои миёни фарзандони Фаридун аз тобеияти Эрон баромаданд ва қисмати дигари ин сарзаминҳо, яъне миёнарудони Панҷ ва Сирдарё бо номи Эрон боқӣ монданд. Яъне, агар ҷангҳо миёни писарони Фаридун ба амал намеомаду сохти давлативу ҷомеавиашон мисли пешина идома мекард, имкони пайдо шудани кишваре бо номи Турон вуҷуд намедошт ва тамоми минтақаҳое, ки баъдан Турон номида шуданд, бо номи Эрон боқӣ мемонданд. Яъне, Фаридун дар Эрони бостони умумӣ ба дунё омад, давлатдорӣ кард, вале дунёро дар Эроне тарк кард, ки як қисмати он акнун ҳамчун Турон номида шудаву аз Эрони умумӣ ҷудо гардида буд. Баъди муҳоҷирати ориёиҳо аз миёнарудони Панҷу Сир турониҳо сарзаминҳои онҳоро ба тасарруф дароварданд ва бо ҳамин номи Эрони бостон аз ин сарзаминҳо ва хотираҳо зудуда шуд. Ва он сарзаминҳое, ки дар даврони куҳан Эрон номида шудаву ба Эраҷ бахш гардида буданд, баъди тасарруфи турониён то имрӯз бо номи сарзаминҳои туронӣ муаррифӣ мешаванд.

Дар илми ориёишиносии имрӯз сарзаминҳои Эронӣ дар ҷануби рӯди Омӯ ва сарзаминҳои туронӣ дар шимоли ин рӯд дониста мешаванд. Ин назар тақрибан се ҳазор сол, баъди муҳоҷирати ориёиҳо ба самти ҷанубу ғарб, дар навиштаҳо навишта шуда ва дар зеҳнҳо нишастааст, ки тағйир додани он хеле мушкил аст. Аммо воқеият он аст, ки дар “Шоҳнома” рӯйдодҳо ва сарзаминҳо ва дигар воҳидҳои ҷуғрофӣ аз даврони Каюмарс, яъне аз оғоз то подшоҳии Ҳумой дар минтақаҳои шарқи Осиёи Миёна ва аз подшоҳии Дороб то анҷом дар Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷавори он ба амал омадаанд. Мутаассифона, ҷуғрофиёи томуҳоҷиратӣ ва баъдимуҳоҷиратии ориёиҳо аз ҷониби аксар олимон ба эътибор гирифта нашуд ва ин ҳол боиси иштибоҳот дар шинохти ҷуғрофияи Эрони бостону Турон гардид. Дар андаруни сандуқ аз ҷониби модар ба об андохта шудани Дороб як пайвандест, ки аз ҷониби Фирдавсӣ моҳирона истифода шуда, ҳамчун рамзи муҳоҷирати ориёиҳо зоҳир мегардад. Тавре зикр шуд, Фирдавсӣ гусастагиҳои рӯйдодҳои “Шоҳнома”-ро огоҳона пайванд кардааст.

Дар қисмати дуввуми ин шоҳасар зикри як силсила номҳои ҷуғрофӣ қатъ гардида, баракс, зикри як силсила номҳои нави ҷуғрофӣ ба амал меояд. Вале як силсилаи дигари номҳои қисмати дуввуми “Шоҳнома” бо ҳамон номҳои воҳидҳои ҷуғрофии қисмати аввал дар дигар минтақа ба амал меоянд, ки сабабашро поёнтар зикр хоҳем кард.

Ориёиҳои Эрони бостон аз қисмати болоии миёнарудони Панҷ ва Сир ба сарзаминҳои Эрони ғарбӣ муҳоҷират карда, чандин муддат аз назари таърих нопадид монданд. Яъне, онҳо агар дар охири ҳазораи II то солшуморӣ ва оғози ҳазораи I то солшуморӣ муҳоҷират карда бошанд, то замони подшоҳии Куруши Кабир, тақрибан 350 сол аз онҳо дараке нест. Танҳо дар замони Куруши Кабир ва Доро мубадони зардуштӣ ба дарбор роҳ ёфтаву динашон ҳамчун дини давлатӣ нуфуз намуд. Дар аҳди ин шоҳон дини зардуштӣ хеле густариш ёфт, номҳои муқаддаси Эрони бостон, ки дар сарзаминҳои аз ҷониби турониён забтшуда монда буданд, дар минтақаҳои гуногуни Эрони кунунӣ дубора номгузорӣ гардиданд. Аксари ин номҳо бо назардошти мавқеияти ҷуғрофиёи нахустинашон, ки дар “Авесто” ва дигар китобҳои мубадони зардуштӣ зикр гардида буданд, дар Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷаворашон дубора номгузорӣ шуданд.

Ва инак тақрибан се ҳазор сол аст, ки чунин номгузории баъдӣ ё дуввумӣ – ин ҷуғрофиёи дур аз воқеияти таърихӣ дар аксари асарҳои ба ин мавзуъ бахшидашуда, иштибоҳан ҷуғрофиёи воқеӣ шуморида мешавад.

Як назари сатҳӣ ба “Шоҳнома” ошкор мегардонад, ки ҷуғрофиёи ин шоҳасар аз оғоз то Ҳумой ва аз Дороб то охир хеле тафовут мекунад. Бо анҷом ёфтани қисмати дувуми “Шоҳнома”, яъне бо подшоҳии хонаводаи Гуштосп ҳокимияти сулолаи Каёниён ба анҷом мерасад. Ҷуғрофиёи рӯйдодҳои “Шоҳнома” ноайён тағйир меёбад. Чунин тағйирёбии ноайён нишон ва далели он аст, ки бо ҳамин рӯйдодҳои давраи аввали “Шоҳнома” ба охир мерасанд…

Дар қисмати дуввуми ин шоҳасар як силсила номҳои ҷуғрофӣ дигар зикр намешаванд, баракс зикри як силсила номҳои нави ҷуғрофӣ ба амал меояд. Вале як силсилаи дигари рӯйдодҳои қисмати дуввуми “Шоҳнома” бо ҳамон номҳои воҳидҳои ҷуғрофии қисмати аввал дар дигар минтақа ба амал меоянд.

Азбаски дар “Шоҳнома” гусастагии муҳоҷирати ориёиҳо, ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ, пайванд карда шудааст, хоси ду минтақа будани як ном, яъне минтақаи пешазмуҳоҷиратӣ ва баъдимуҳоҷиратӣ, зоҳир намегардад. Хонанда мавҷуд будани ду Порсу Зобул, Исфаҳону (аслан Испана) Бағдод, Кобулу Систон ва дигар номҳоро, ки ҳам дар қисмати аввал ва ҳам дар қисмати дуввуми “Шоҳнома” зикр мешаванд, дарк намекунад. Вобаста ба муҳоҷират дар “Шоҳнома” ин номҳо дар ду мавқеият зикр мешаванд: яке дар мавқеияти пешазмуҳоҷиратӣ ва дигаре дар баъдимуҳоҷиратӣ. Вале аз ҷониби олимони муҳаққиқи таърихи ориёиҳо ин ҳол ношинохта монд ва дар ошкор гардидани ҷуғрофияи ориёҳо мушкилот ба бор овард. Воқеан ҳам дар “Шоҳнома” шинохт ва ошкор намудани ин нозукӣ хеле муҳим аст.

Баъди ҷудо шудани Эронзамини умумӣ ба қисматҳои Эрон ва Турон дар нахуст марзи онҳоро рӯди Аранг (Сир) ташкил медод. Гузаштан аз ин рӯд ба ин сӯву он сӯ маънои ба Эрони бостону Турон гузаштанро дошт. Ин рӯд дар “Шоҳнома” Арванд номида шуда, ба Даҷла айният дода шудааст. “Агар паҳлавонӣ надонӣ забон, Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон”.

Баъди муҳоҷирати ориёиҳо аз сукунатгоҳҳои доимиашон ба ҳудудҳои Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷаворашон вазифаи марзии рӯди Аранг ба дӯши рӯди Ому ё Ҷайҳун гузашт. Яъне Эрони бостон дар ҳудуди Турон “ҳал” шуд. Акнун тамоми он сарзаминҳое, дар нахуст Эронзамин ё Эрон номида мешуданд,бо номи Турон муаррифӣ мешуданд. Ва то замони Ҳаким Фирдавсӣ, яъне тақрибан ду ҳазор сол Ҷайҳун ҳамчун марзи миёни Эрону Турон дониста мешуд. Ва баъди Ҳаким Фирдасӣ инак зиёда аз се ҳазор сол аст, ки ин назар идома дорад… Аз ин лиҳоз, дар “Шоҳнома” нишонии асосии сарҳади миёни Эрону Турон рӯди Ҷайҳун дониста шуд. Ин рӯд чанд дафъа Ому низ номида шудааст. Бояд донист, ки дар қисмати аввали рӯйдодҳои “Шоҳнома” ҳар ҷо ки Ому ва ё Ҷайҳун аст, онро рӯди Сир бояд донист ва дар қисмати дуввум Ому ё Ҷайҳун дигар ба ҷойи худ корбурд шудааст.

Бояд гуфт, ки номҳои ориёии Сир (Дар “Авесто”) Аранг ва номи Ому Веҳрӯд буда ва ин рӯдҳо дар замони Сосониён ношинохта монда буданд ва аз ин лиҳоз чунин як иштибоҳ дар илм ва авзои замони Ҳаким Фирдавсӣ ҷорӣ буд.

Умуман, дар “Шоҳнома” 37 номи об – рӯду дарё ва чашма истифода шудааст. Дарёи Даҷла, ки Арванд номида шудааст, мувофиқи ҷуғрофиёи “Шоҳнома” ҳангоми убур намудани Фаридун ва Кайхусрав ба дарёи Сир – Сайҳуни кунунӣ нисбат ёфта, баъди подшоҳии Дороб ба Даҷлаи Ироқ тааллуқ мегирад. Дар ин миён рӯди Фурот, дарёи Порс ва чашмаи Сӯ, ки ин чашма ношинохта мондааст, ба мавқеияти Эрону Ироқи кунунӣ нисбат мегиранд. 18 рӯду дарёи дигар бо 20 ном ба сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна ва қисмати ғарбии кунунии Хитой мутааллиқ буда, дар шумори рӯду дарёҳои асосии “Шоҳнома” қарор доранд. Инҳо рӯди рӯди Ҷайҳун – Омӯй, дарёи Шаҳд (рӯди Торим), дарёи Об (дарёи Торим), Марврӯд (Мурғоб), рӯди Гулзарриюн (Чирчиқ), Косарӯд (Гёздарё, дар Сарикӯл), рӯди Синд (яке аз шохобҳои Торим), Алмосрӯд (яке аз шохобҳои Торим), рӯди Тарак (воқеъ дар сарзаминҳои назди Балхаш), дарёи Чин (баҳре дар қисмати ғарбии Чин, ҳоло боқӣ намондааст) дарёи Гелон (Қашқадарё), рӯди Арванд (Сирдарё), дарёи Буст (эҳтимолан Вахш, аммо на дар Зобули кунунӣ), дарёи Ганг (Чирчиқ), дарёи Каймок (аслан Кимок, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон), Оби Зиреҳ-1 (дарёи Торим), дарёи Зиреҳ -2 (Сурхондарё), дарёи Қаннуҷ (яке аз шохобҳои Торим) ном дошта, ин рӯдҳо дар ғарб Қашқадарёи кунунӣ, дар шимол рӯди Каймок, дар ҷануб рӯди Ҷайҳун ва дар шарқ рӯди Торимро фаро мегиранд.

Сабаби дигари ношинохта мондани сарзаминҳои воқеии Эрони бостон – ношинохта мондани марзҳои ҳафт кишвар аст, ки дар боло зикри номашон рафт. Ҳудудҳои ин ҳафт кишвар дар “Бундаҳишн” таъйин шудаанд, ки дар бораи мавқеияти онҳо мо дар “Эрони гумшуда” тафсилот додаем. Аз ин ҳафт кишвар, калонтаринашон дар “Авесто” Хванирас ва дар паҳлавӣ Эроншаҳр буда, тамоми шаҳру кишварҳое, ки шомили ин кишвар буданд, эронӣ ва шаҳру кишварҳои дар атрофи он ҷойгиршуда ғайриэронӣ ё туронӣ номида мешуданд. Мутобиқи таъйиноти мо (ниг. М. Ҳотам “Эрони гумшуда”, Душанбе, 2012) чаҳорчӯбаи миёнаи кӯҳҳои Тёншон – нуқтаи ҷанубии Сарикӯл – минтақаи Тирмиз – нуқтаи ҷанубии қаторкӯҳи Қурама кишвари Хванирас ва ё Эроншаҳрро (Эронзамин) фаро мегирифт. Қисмати ҷанубии ин кишвар Нимрӯз, бахши шимолии он Руму Бохтар, самти ғарбияш Шом ва шарқи он Хуросон номида мешуд. Дар “Шоҳнома” ин кишварҳо низ ба ҳамин номҳо ифода шудаанд. Масалан, дар байти зерин ҷуғрофиёе нуҳуфтааст, ки манзури назари моро ошкор мекунад. Вақте Афросиёб аз Канги Чоч (Тошканд), ки дар шумори мулкҳои Турон аст, қасди Эрон (сарзаминҳои соҳилҳои чапи Сир) мекунад, ҳаракаташ аз Бохтар сӯи рӯди Ганг аст, ки номи дигари ин рӯд Гулзарриюн буда, ба рӯди кунунии Чирчиқ айният мегирад.

Шуд аз Бохтар сӯи дарёи Ганг,

Диле пур зи кина, саре пур зи ҷанг.

Агарчи бо тасарруф шудани сарзаминҳои Эрони бостон аз ҷониби турониён аксари номҳои эронибостонӣ дар ин минтақа аз байн рафтанд, аммо ин ҷову он ҷо ҳанӯз ҳам нишониҳое аз он номҳои нахустин боқӣ мондаанд. Масалан, номҳои Канобад ба шакли Конибодом, Райбад ба гунаи Работ, Сиёҳкӯҳ ҳамчун Сиёҳкӯҳ, ки дар достони 12 рух зикр шуда, разми он дар майдони назди Конибодом сурат гирифта буд дар он шуморанд. Ё ки номи Қаротегин дар навиштаҳои муаррихони даврони ҳуҷуми Искандар Паретакен ифода шуда, дар адабиёти чиноӣ ба шакли Боси, ки дар ин адабиёт маънои Порсро дорад, омадааст. Ба қавли Бобоҷон Ғафуров (Ғафуров Б. «Тоҷикон», с.385) қаторкӯҳи Қаротегин дар адабиёти чинӣ Боси, яъне қаторкӯҳи Порс номида шудааст. Дар асарҳои Бичурин ин минтақа борҳо Бос, яъне Порс номида мешавад. Косарӯд ҳоло ба шакли Гоздарё дар Сарикӯл вуҷуд дорад. Зобул номи сарзамини ҳиндуориёист, ки дар адабиёти тибети Замбул, дар асотири муғулӣ Замбулинг ва дар асотири чинӣ Жому номида шуда, ба Помири кунунӣ айният мегирад. Сист, гунаи танҳои Систон ҳоло низ дар Помир мавҷуд аст. Академикҳо Бобоҷон Ғафуров ва В.В. Бартолд зикр кардаанд, ки Хоразми кунунӣ на Хоразми авестоӣ будааст, ки он Хоразм қадаре шарқтар мавқеъ доштааст. Тибқи таҳқиқоти мо Саразми кунунӣ ба Хоразми “Авесто” ва “Шоҳнома” айният мегирад. Маркази кишвари Ҷамшед Боб, зодгоҳи Фаридун Фаран, маркази кишвараш Тамоша, шаҳре, ки Фаридун пеш аз саркӯб кардани Заҳҳок ба он меояд — Бағдод, Сурӣ, пойтахти Гуштосп – Балх (Балхи дуввум, Балхи кунунӣ Балхи сеюм аст) дар водии Фарғона боқистанд. Аз Дашти Тозиён дар самти шарқии қаторкӯҳи Фарғона ҷой дошт, номи Тоҷикондарё (Тошкондарё) ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ин ҳамон Тозиён аст, ки Фаридун аз Албурзу Ҳинд (Помир) аз он ҷо гузашта барои саркӯб кардани Заҳҳок раҳсипор мешавад.

Расиданд бар Тозиёни наванд,

Ба ҷое, ки яздонпарастон буданд.

Ва ин ҳамон Тозиён аст, ки ба қавли “Таърихи Табарӣ”, дар самти шарқии Эрони бостон (!) воқеъ буда, Заҳҳок аз он ҷо ба Эрони бостон рафта буд: «Аз канораи подшоҳии ӯ (яъне Ҷамшед – М.Ҳ.) аз ҳудуди Машриқ марде бархост ва номи ӯ Беваросб… Яъне, Заҳҳок аз машриқи Эрони бостон, аз Дашти Тозиён (самти шарқии қаторкӯҳи Фарғона – М.Ҳ.) омад ва дар пойтахти Эрони бостон – Боб ба тахт нишаст.

Дар асарҳои асримиёнагӣ (Ҳудуд-ул-олам, Сурат-ул-арз ва ғ.) Ҳомоварон дар водии Ҳисор, Нисо дар водии Фарғона,Табаристон дар назди кӯли Балхаш, Гелон дар водии Қашқадарё зикр шудаанд. Мутаассифона, баъзе пажуҳишгарон Ҳомоваронро ҳамчун Ҳумайр дар Ямани кунунӣ шинохта, Яманро низ Ямани кунунӣ донистаанд. Чин дар “Шоҳнома” на ба маънои Хитой, балки ба маънои яке аз панҷ сарзамини ориёӣ Саена зикр шудааст, ки дар ҳудудҳои кунунии Чин, дар самти ҷанубии қаторкӯҳи Тёншони миёна воқеъ гашта буд. Ва номи кӯҳи Упаири Саена (Абарсин) бар фарози кишвари Саена – Чин (баъзе муҳаққиқон “баландтар аз парвози уқобон” гуфтаанд) маъно мешавад. Ямани “Шоҳнома” дар водии Сарикӯл, дар адабиёти ҳиндуориёӣ Самямани (мақари Ямараҷа) ном дошта, ҳоло низ яке аз номи дарёи ин водӣ Яманяр аст.

Дар “Шоҳнома” рӯде бо номҳои Оби Зереҳ, Оби Шаҳд зикр шуда, дар чандин маврид ҳамчун дарёи Об омадааст, ки ин рӯд низ аз ҷониби муҳаққиқон чандон шинохта нашудааст. Дар «Ригведо» ва дигар адабиёти ҳиндуориёӣ рӯде (дарёе) бо номи Сарасвати зикр мешавад, ки олимони Ҳинд ва дигар кишварҳо онро ба рӯдҳои воқеъ дар Ҳиндустон – Свати, Сатлеҷ ва ғайра айният дода, ҳамчунин баъзе онро рӯди ривоятӣ ва осмонӣ низ номидаанд. Дар матнҳои куҳани ведоӣ аз мавҷудияти рӯди ривоятии Сарасватӣ сухан меравад, ки гӯё 8000 сол пеш обҳои худро, ки 7 км. паҳно доштанд, ба уқёнус мерасондааст. Дар «Ригведо» Сарасвати рӯди муқаддас дониста шуда, борҳо мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ин рӯд бо ифодаҳои «беҳтарини модарон, беҳтарини рӯдҳо, беҳтарини эзадбонувон” («Ambitame naditame devitame sarasvati» ll 41/16.) ситоиш карда мешавад. Ва мутобиқи пажуҳишҳои мо ин рӯд ба рӯди Торим воқеъ дар ғарби Ҷумҳурии мардумии Чин айният мегирад. (Дар ин бора муфассал ниг. М. Ҳотам “Ҳинди гумшуда” Душанбе: Илм, 2015. – 784 с.) Дар замони рӯйдодҳои «Шоҳнома» дар ҷойи ҳозираи биёбони Такла Макон баҳре воқеъ буд, ки ҳоло боқӣ намондааст. Ин баҳр ҳамон баҳре буд, ки дар баробари дарёи Об, Оби Зиреҳ низ ном доштаву Кайхусрав аз он ба таъқиби Афросиёб бо кишти шино карда буд. Гаршосп низ аз ҳамин об гузашта, аҷоиботи бисёреро дида буд. Қобили зикр аст, ки номи Сарасвати аз ду қисмат – «сара» – ҷараён ва «вати» – об (баъзан Сара Сват) иборат буда, оби тезҷараён ва ё оби ҷорӣ маъно мешавад. Номи ин рӯдро Ҳаким Фирдавсӣ бо се шакл ифода намудааст. Қисмати «сара»-ро ба шакли зиреҳ истифода намуда, нисбати ду рӯд (дарёи Тарим инчунин Сурхондарёи кунунӣ) Оби Зиреҳро истифода намудааст.

В-аз он пас бар оби Зиреҳ бугзарам,

Агар покяздон бувад ёварам.

Аз қисмати «сват» номи рӯд Шаҳд (бо баргашти овозӣ) тасмия шуда, дар «Шоҳнома» ҳам рӯд ё дарёи Шаҳд ба истифода рафтааст.

Зи Кашмир то пеши дарёи Шаҳд

Дурафшу сипоҳ асту пилону маҳд.

Тавре дар мақолаи мо “Хосон қавми фаромӯшшудаи тоҷик” зикр шудааст, Кашмир (аслан Космир) дар водии Сарикӯл воқеъ буд, аз ин лиҳоз ифодаи “Зи Кашмир то пеши дарёи Шаҳд” истифода шудааст. Тавре маълум аст, дар забонҳои бостон вожаи «ват» «вата» ҳам ба маънои об ҳам ба маънои бод истифода шудаанд. Шояд ориёиҳои Хутан бо мурури замон Сарасватиро ба ифодаи дарёи Об тарҷума ва ё истифода намудаанд, ки маънояш «Оби ҷорӣ» аст. Ва Ҳаким Фирдавсӣ ифодаи «дарёи Об»-ро аз ҳамин вожа ба маънии баҳри Об, истифода намудааст. Ва ҳоло тахмин кардан мумкин аст, ки номҳои тоҷикии минтақаи Сибир, аз ҷумла номи дарёи Об номи кӯчидаи ҳамин дарёи Об аст, ки дар “Шоҳнома” зикр шудааст.

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Афросиёб

Суи Гангдиж шуд ба дарёи Об.

Дар ин ҷо Кангдижи Афросиёб дар Хутан дар назар аст, ки ҳангоми ҳаракат аз Чоч (Тошканд) ва убур аз кӯҳҳои Тёншон аз ҳудуди Қирғизистони кунунӣ барои ба Хутан расидан бояд аз дарёи (баҳри) Об гузашта шавад.

Ин гуна мисолҳоро беохир овардан имкон дорад.

Далелҳои муфассали мо дар асарҳои сегонаи мо “Эрони гумшуда”, “Ҳинди гумшуда” ва “Помир: таърихи гумшуда” оварда шудаанд. Дар “Шоҳнома” сурати аслии сарзаминҳои Эрони бостон дар мавқеияти миёни рӯдҳои Панҷу Сирдарё хеле барҷаста боқӣ мондааст. Вале аз рӯи ин сурат бояд парда бардошта шавад.

Ин аст воқеияти шинохти сарзаминҳои Эрони бостон ва Турон, ки дар миёни олимону ҳаводорони ин бахш солҳост баҳсҳои зиёдеро барангехтааст. Аксари ҷавонон суол мекунанд, ки мо эронием ё туронӣ. Агар эронием, пас чаро сарзаминҳои сукунати мо дар шумори сарзаминҳои туронӣ воқеъ гаштааст? Ё агар туронием, пас чаро Кайхусраву Гуштоспу Рустаму Исфандиёрро, ки ба муқобили турониён мубориза бурда буданд, гузаштагони худ медонем?

Аслан эрониёну турониён аз як нажоди ориёӣ буда, бо сабабҳои ҷангу ҷидолҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Аммо бояд воқеияти ҳоли таърихиро омӯзему дарк кунем. Имрӯз мо меросбари арзишҳои таърихиву фарҳангии ҳам эрониён ҳам турониён ҳастем. Бо сабабҳои он ки чанд гоҳе турониёнро бегона шумурдем, Турон ва турониён соҳиб пайдо карданд, ки ба ҳамагон маълум аст. Ҳамагон медонанд, ки турон бо турк ҳеҷ рабте надорад. Афросиёби туронӣ писари Тур ва набераи Фаридуни ориёӣ буд. Мероси адабии ба истилоҳ ҳиндуориёиҳо — “Ригведо”, “Маҳабҳарта”, “Рамаяна” “Пуронҳо” ва як силсилаи бузурги дигар эҷоди ориёиҳое ҳастанд, ки дар заминҳои умумии Эрони бостону Турон сукунат доштанд. Ҷуғрофиёи сукунат ва зиндагии ориёиҳо нахустмеҳани онҳо дар сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна, қисмати ғарбии Чин ва минтақаҳои ҳамҷаворашон бояд шинохта шудаву ба дигарон шиносонда шаванд.

Барои ин омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи асарҳои ориёӣ – “Ригведо”, “Маҳабҳарта”, “Авесто”, “Шоҳнома”, “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ, аз ҷумла асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” хеле зарур аст. Зеро ба қавли Пешвои миллат “Агар кас гузаштаи халқи худро надонад, инсони комил нест!”

Ва гузаштаи халқи мо, таърихи халқи мо, ки хеле қадим, хеле тамаддунгустар аст, то ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Ҳанӯз ҷуғрофиёи “Авесто”-ву “Шоҳнома”-ро пурра наомӯхтаем.

Албатта, Конфронси имрӯз дар шинохти ҷуғрофиёи “Шоҳнома” ва таҳқиқу омӯзиши ин шоҳасар дар оянда хеле мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, дар оянда ташкил кардани конфронсҳои байналмилалӣ дар мавзуъҳои “Ҷойгоҳи ҷуғрофии Эронвиҷ”, “Ҷуғрофиёи “Авесто”, инчунин ҷуғрофиёи “Маҳабҳарата”, “Ригведо” ва дигар мавзуъҳои таърихӣ воҷибу зарур аст.

Ба назари мо бояд масъалаҳои зерин мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор ёфта ҷиҳати ҳаллашон чораандешӣ карда шавад:

  1. Масъалаи таъйин намудани ҳудудҳои ҳафт кишвари Эрони бостон дар асоси таҳқиқот ва пешниҳоди мо мавриди баррасӣ қарор гирад.
  2. Масъалаи дар миёнарӯдони Панҷу Сир воқеъ будани Эрони бостон ва Ориёно ё Эронвиҷ мавриди баррасӣ қарор ёбад.
  3. Ҳудудҳои Турони аввалия ва васеъ шудани сарзаминҳои он аз ҳисоби Эрони бостон пажӯҳиш карда шавад.
  4. Масъалаи дар баробари муҳоҷирати ориёиҳо вуҷуд доштани муҳоҷирати номҳои сарзаминҳои онҳо ба минтақаҳои Эрони ғарбӣ таҳқиқ карда шавад.
  5. Масъалаи тозӣ ва Тозиён ҳамчун тоҷикон, мавҷудияти номҳои Яман, Бағдод, Боб(ул), Сурӣ, Ҳомоварон ва ғайра дар шарқи Осиёи Миёна дар қисмати томуҳоҷиратии “Шоҳнома” ва тозӣ ва тозиён ҳамчун арабҳо дар қисмати баъдимуҳоҷиратии ин асар таҳқиқ ва равшан карда шавад.
  6. Бо сабаби пайдо нашудани ҷойгоҳи се минтақа – Ориёно, Хуросон ва Хоразм ба ин номҳо афрӯзаи бузургро ҳамроҳ карда, Ориёнои бузург, Хуросони бузург ва Хоразми бузург номидаанд, ба воқеияти таърихиашон созгор нест. Дар асоси навиштаҳои мо (Эрони гумшуда) ҷойгоҳи воқеии ин се сарзамин таҳқиқ карда шавад.
  7. Дар оянда ҷиҳати ошкор намудани ҷуғрофиёи “Шоҳнома” чораҳои мушаххас, масалан ташкили гурӯҳе ё шуъбае дар пажуҳишгоҳҳои марбута ташкил карда шавад.
  8. Нақшаи ҷуғрофии кишварҳои “Шоҳнома” таҳия гардад.

Муҳтарам Ҳотам

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь