Имрӯз яке аз устодони эстрадаи тоҷик Лайло Шарифова дур аз Тоҷикистон дар синни 94 солагӣ аз олам даргузашт. Банда дар бораи ин сароянда чанд мақола навиштаам, ки солҳои гузашта нашр шудаанд. Зимни ковишҳо таваҷҷуҳи бандаро як саҳифаи норавшани ҳаёти ин сароянда ҷалб кард, ки дар бораи он мақола навиштам. Ин мақола аввал дар ҳафтаномаи “Оила” соли 2014 нашр шуда, баъдан онро такмил додам, ки вориди китоби “Орифшо Орифов – ташаккул ва рушди санъати мусиқии эстрадаи тоҷик: дирӯз ва имрӯз” (мураттиб профессор Аскаралӣ Раҷабов, Душанбе, 2013) гардид. Ин навиштаро манзури шумо мекунам.

Аз таърихи аввалин ансамбли эстрадии тоҷик

Солҳои 50-уми асри гузашта дар санъати тоҷик ҷараёни наве пайдо шуда, рушд кард, ки он эстрада ном дошт. Санъати эстрада зери таъсири Маскав дар Тоҷикистон пайдо шуд. Он замон сурудҳои эстрадӣ ва романсҳои сарояндагони Русия, ки тариқи радио ва баъдан телевизион пахш мешуданд, дар Тоҷикистон мухлисони зиёде пайдо карда буд, махсусан ҷавонон ба сурудҳои эстрадӣ майл доштанд. Сафари ҳунармандони рус ва кишварҳои назди Балтика низ барои ривоҷи эстрада дар Осиёи Марказӣ мусоидат кард. Санъати эстрадаи Шӯравӣ бо таъсири Ғарб пайдо шуда, рушд мекард. Дар Осиёи Марказӣ низ аввалин сарояндагон ва гуруҳҳои эстрадӣ маҳз дар солҳои 50-ум арзи вуҷуд карданд [10, 10].

Доир ба таърихи эстрадаи тоҷик хеле кам навиштаанд. Таҳқиқоти алоҳида ва муфассал дар Тоҷикистон имрӯз вуҷуд надорад, ки решаҳои пайдоиши эстради тоҷик ва давраҳои такомули онро омӯхта бошад. Бинобар ин, вақте мо доир ба санъати эстрада навиштанӣ мешавем, ба саҳифаҳои матбуот муроҷиат мекунем.

Вақте банда низ ба омӯзиши таърихи Оркестри эстрадии “Гулшан” машғул шудам ва бастаи матбуоти солҳои 50 ва 60-и асри мозиро варақ задам ба далели ҷолиби таърихӣ во хӯрдам. Маълум мешавад, ки аввалин гуруҳи эстрадии тоҷик Оркестри эстрадии “Гулшан” нест, балки “Бигзор ҳамеша суруд бошад” аст.

“Бигзор ҳамеша суруд бошад” аввалин ансамбли эстрадии тоҷик аст. Имрӯзҳо дар бораи ин ансамбл ба ҷуз чанд нафар мутахассисони соҳаи мусиқӣ ва таърихи санъат касе чизе намедонад. Мутасссифона, дар бораи фаъолияти ин ансамбл таҳқиқоти муфассал ва мақолаи мукаммале ҳам нашр нашудааст.

“Бигзор ҳамеша суруд бошад” бо саъю талоши Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди рақс ва Арбоби ҳунари кишвар Ғаффор Валаматзода таъсис ёфта буд. Ин устоди рақс ва аввалин балерони тоҷик дар санъати тоҷик ҷуз ҳунари волои худаш бо корҳои беназири ташкилиаш низ мондагор аст. Номбурда чандин лоиҳаҳои муҳими фарҳангӣ ва муассисаҳои маданиро роҳбарӣ намуда, барои рушди санъати тоҷик низ талошҳои зиёде кардааст. “Бигзор ҳамеша суруд” бошад, ҳам самари идеяҳои ҷолиби эшон аст [1, 34].

Ансамбли мазкур аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ба халқ писанд омад. Мардумро ҳунари волои сарояндагоне ба мисли Лайло Шарифова, Аҳмад Бобоқулов, Мулук Баҳор ва ишваву ғамзаҳои раққосаи мумтоз Зуҳро Каримова мафтун карда буд.

Аввалин консерти ин ансамбл дар бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ пешкаши алоқамандон шуд ва тамошобин онро бо кафкӯбиҳо қабул кард [6].

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, санъатшинос Малика Ҷӯрабекова, ки худаш бевосита дар консерти ин ансамбл ширкат карда буд, менависад, ки “он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад”. Малика Ҳалимбековна менависад:

“Ба саҳна зани бисёр зебои чашмкабуд, бо лабони суп-сурх, мӯйсари тиллоранг дар либоси хоси саҳнавӣ баромада, бо овози мафтункунанда суруди «Эй ёри тоҷикам»-и Юрий Тер-Осиповро хонд. Ӯ Лайло Шарифова буд. Ин як муъҷиза буд. Ҳолати толорро тасвир кардан имконнопазир аст. Дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо ин як рӯшноӣ, гӯё як шуълаи офтоб дар торикӣ буд. Зиёиён дар он солҳо ба кино, консертҳо ва театрҳо тез-тез мерафтанд. Аз ин рӯ, тамошобин ниҳоят ботарбия ва ман гуфта метавонам, ки сертакаллуф буд. Аммо нишон надодани эҳсосот ва кайфияти худ дар он маврид номумкин буд, зеро он чизе, ки онҳо дар саҳна медиданд, ниҳоят таъсиркунанда буд ва ба дили ҳама ҷо мегирифт» [1, 40].

Аслан шукӯҳи бештари ансамбли “Бигзор ҳамеша суруд бошад” ба Лайло Шарифова вобаста аст. Маҳз таронаҳои зебои ӯ репертуари ин ансамблро ғанӣ гардонида буданд. Сурудҳои ӯ «Ҷонона», «Моҳпайкари ман», «Эй шохи гул», «Чашми сиёҳ», «Дар хаёли ту», «Куҷоӣ», «Марямҷон», «Бевафоӣ», «Шоҳи парӣ», «Саҳаргоҳон», «Як шабе», «Райҳон», «Биё, эй ёр» дар репертуари ансамбли навтаъсис буданд. Ин ансамбл зуд шуҳратёр гашта, ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад [7].

Малика Ҷӯрабекова менависад: «Аввалин ансамбли эстрадаи тоҷикӣ «Бигзор ҳамеша суруд бошад» як падидае дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва бадеии Тоҷикистон, туҳфаи ҳақиқӣ барои дӯстдорони санъати мусиқии  жанри эстрада гардид. Мардум гурӯҳи ҷавон ва боистеъдодро ҳамоно хуш қабул кард ва дӯст дошт. Сафари аввалини ҳунарии онҳо ба ҷумҳуриҳои СССР (собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) нишон дод, ки гурӯҳи мазкур сатҳи кифояи баланди касбӣ ва бадеӣ дорад. Овози мафтункунанда, иҷрои устодонаи сурудҳои халқии Тоҷикистон ва Шарқ, ба замми ин, қаду қомати зебо ва мафтункунандаи Лайло Шарифова, ки бахши аввали барномаи консертиро анҷом мебахшид, як тайёрии бадеӣ ва эстетикии олиҷаноб барои бахши дуюм буд. Сафари ҳунарӣ дуру дароз ва бомуваффақият анҷом ёфт” [1, 49].

Дигар чеҳраи дурахшони ин ансамбл Аҳмад Бобоқулов буд. Ӯ бо маҳорати баланд ва овози гиро сурудҳои «Мавҷигул», «Кабӯтари сафеди ман», «Маро надида меравӣ», «Гулноз» (шеърҳои М. Бахтӣ, оҳангсоз Д. Дӯстмуҳаммадов), чанд суруди бастакор А. Бобоев, сурудҳои мардумии тоҷикӣ дар такмили бастакорон Ю. Тер-Осипов, М. Муравин, С. Ҳамроев ва дигаронро дар ҳамон солҳои сароид. Мухлисони санъат ӯро то ин вақт ҳамчун сарояндаи опера медонистанд, вале ӯ ба сифати як сарояндаи номвари эстрада зуҳур кард [9].

Солисти дигари ин ансамбл операсарои тоҷик Мулук Баҳор буд. Бастакор Юрий Тер-Осипов барои овози махмалини ӯ сурудҳои хос менавишт.

Ҳамин тавр, ансамби “Бигзор ҳамеша суруд бошад” миёни мухлисон маҳбуб шуд. Сафарҳои ҳунарии онҳо хеле зиёд буданд. Барои мардум эстрада эҳсоси нав буд. Манбаъҳо ба он ишора мекунанд, ки ансамбл дар  дар як рӯз то чор консерт намоиш медоданд, дар толорҳои пур аз тамошобин ва бомуваффақият мегузаштанд. Ин сафари ҳунарӣ ба эстрадаи тоҷик шуҳрати сазовор овард. Лекин сафарҳои дурудароз боиси барҳам хӯрдани оркестр мегардад.

Санъатшинос Малика Ҷӯрабекова менависад: “Аз сафари ҳунарӣ ҳунармандон қаноатмандона баргаштанд, пули нағз кор карданд, лекин бисёр монда шуда буданд. Байни хонумон номувофиқатии психологӣ ба миён омад ва баъди чанде дар ансамбл ҷудоӣ пайдо шуд. Лайло Шарифова қарор дод, ки аз ансамбл меравад. Дар ин давра роҳбари бадеии ансамбл устоди ҳунар  Аҳмад Бобоқулов буд. Муноқишаи байни бонувон ва сафарҳои ҳунарии тӯлонӣ ӯро  хаста ва то як андоза безор карда буд. Вақте Лайло Шарифова аризаи аз ансамбл рафтанашро ба ӯ пешниҳод мекунад, Бобоқулов ба ҷойи муросо ва ислоҳ, аз ин гуна ранг гирифтани кор дар ғазаб шуда мегӯяд: “-Роҳи сафед, чор тарафаш қибла! Ҳозир санга партоӣ, ба артистка мезанад, ивазнашавандаҳо нестанд!…” Ва Лайло Шарифова – қаноти асосии ансамбли “Бигзор ҳамеша суруд бошад” аз кор рафт…” [1, 52].

Бо рафтани Лайло Шарифова кори ансамбл заиф мешавад.  «Ҷуфти раққосон бо барномаи рақсҳои халқҳои ҷаҳон даъват шуданд, дар барнома боз якчанд навовариҳо ворид карданд, лекин бо рафтани Лайло Шарифова чизи аз ҳама муҳим ва баланд-бадеият аз байн рафт. Аҳмад Бобоқулов ва Лайло Шарифова дар ансамбл ҳамчун ду тарафи як медали беҳамто буданд. Афсӯс, ки қувваи сеюме ёфт нашуд, то бо гузаронидани суҳбату гуфтугӯҳо асоси ин нофаҳмиҳоро аз байн барад»-хулоса мекунад, Малика Ҷӯрабекова [1, 55].

Ҳамин тавр, ансамбли “Бигзор ҳамеша суруд бошад” аз байн меравад. Вале фаъолияти ин ансамбл, гарчанде умри тӯлонӣ надида бошад ҳам, дар санъати тоҷик роҳи навро боз кард. Ин роҳ роҳи эстрада буд. Таъсиси Оркести эстрадии “Гулшан” ҳам ба ин ансамбл иртиботи қавӣ дорад. Зеро “Гулшан” -ро низ Лайло Шарифова таъсис медиҳад. Бо таъсиси “Гулшан” муносибати Аҳмад Бобоқулов бо Лайло Шарифова хуб мешавад ва онҳо дар ин ансамбл низ якҷоя фаъолият мекунанд [5].

Албатта, дар ин нигоштаи кӯтоҳ таърихи мукаммали “Бигзор ҳамеша суруд бошад” -ро наметавон фаро гирифт. Ин навишта як навъ замина аст, барои омӯхтани ҳар чи амиқтари таърихи эстрадаи тоҷик.

АДАБИЁТ:

  1. Ҷӯрабекова М. Шоҳини ҳунар. – Душанбе: Адиб, 2006. – 256 с.
  2. Боймуҳаммадов У. Ғаффор Валаматзода. – Душанбе, 1976.
  3. Гейзер Э. Забытая мелодия. – Берлин, 2009
  4. Композитор Юрий Тер–Осипов. Автор и составител Т.Шахиди. –Душанбе 2003.
  5. Комсомоли Тоҷикистон, 25 феврали соли 1957
  6. Тоҷикистони советӣ, 14 июли соли 1959
  7. Маориф ва маданият, 17 сентябри соли 1982
  8. Адабиёт ва санъат, №35, 2008
  9. Фараж, 25 январи соли 2001
  10. Юнусов Л.А. Основные этапы становления и развития узбекской музыкальной эстрады. Автореферат диссертации по искусствоведению. – Москва 1990.

Одил НОЗИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь