Ба ҷойи памфлет

Ман рӯзноманигори касбӣ нестам, нависандаи соҳибқалам низ. Маҳсули эҷодам, ки танҳо аз рӯйи ҳавас аст, баъзан дар рӯзномаҳои даврӣ чоп мешаванд. Дар синни ман, ки аз 60 боло аст, кам-кам ба эҷод машғул шудан табиист. Не, дурӯғ набуд агар гӯям, ки хеле ҷавон будам, ки ба эҷод пардохтам, вале завқи маро дар қалбам хомӯш карданд. Хайр, ҳеҷ гап не, ин тамоман мавзӯи дигар аст.

Акнун сару садою воқеаҳоеро, ки баъди аз чоп баромадани мақолаҳоям ба сарам омаданд, нақл карданиам. Аҳли қалам нағз медонанд, ки рӯзномаву маҷалаҳои давлатӣ дар даврони шӯравӣ ба муаллифон ҳаққи қалам медоданд. Дигаронро намедонам, аммо ба ман як дирам ҳам ҳаққи қалам напардохтаанд. Баръакс, баъди аз чоп баромадани ҳар як мақолаам чунон маблағ харҷ менамоям, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Баъди нашр гардидани мақолаи якумам зуд 7 нафар дӯстон ҷамъ шуданду дар тарабхона он мақоларо “шустем”. Бар замми зиёфат, ба ҳар яки онҳо яктоӣ газета харидам. Илова бар ин, ҳамсояҳо бо навбат барои мақолаи навам табрик намуданд. “Саломи дӯст бе тамаъ намешавад” гуён, бегоҳии рӯзи дигар барои дӯстони наздик ва ҳамсояҳо дар доираи 40 нафар зиёфат оростем.

Ҳамин тавр, ҳангомаи мақолаи якум тамом шуд.

Ба ҳар ҳол хурсанд гаштам, ки мақолаам чоп шуд. Аз ин “шерак” гашта, зуд як қисса аз хотироти ҷанги Афғонистон навиштам. Қисса ба ҳайати нашрияи рӯзнома писанд омад ва зуд ба чоп рафт. Ин дафъа зиёфати ҳангуфт наоростаму дар хона 10-12 нафар ҷамъ шуданду халос. Ман, ки хислати онҳоро медонистам, пешакӣ яктоӣ рӯзнома харида тайёр карда мондам. Яқин буд, ки баъди зиёфату нӯшидани шароб баъзеи онҳо парвои мақола ҳам надоштанд. Аз дӯстону ҳамсояҳо ку як бало карда халос шудам, акнун ҳамхизматонам аз давраи хизмат дар Афғонистон ба занг задан оғоз карданд. Ногуфта намонад, ки бо аксари ҳамхизматон робитаи телефонӣ дорем. Ҳамин тавр, Нуралии Восегӣ занг зада, баъди салому алек гуфт: “Ай бача, қиссаи афғонӣ навиштаӣ меган, бачаҳо гуфтан хеле бомаҳорат навиштай.” “Ҳа, он қадар ҳам нею ба ҳар ҳол. Чӣ хизмат намоям.” – гуфтам ман. Аз ҷойи истиқомати ӯ дур будани дӯконҳои газетафурӯширо баҳона оварда, фиристодани 5-дона газетаро хоҳиш кард. Ман низ чунин кардам. Ба назди таксиҳои Кӯлоб рафта мақсадамро гуфтам, як кирокаш, ки чашмони калон-калону лаби кашол дошт, “майлаш, ман мебараму ҳаққи бурданамро кӣ медиҳад” гуфт. “Худаш медодагист” гуфтам каме ошуфта шуда. Баъд гуфт: “Шумо асабӣ нашавед, ака, ман шуморо медонам. 20 сомон мешаваду барои шумо 15 сомонӣ.” Ман бошам, “не” гуфта, назди таксии дигар рафтан мехостам, ки он лабкашол аз 10 сомонии муфт намонам мабодо гуфта, аз қафоям дод зад, ки “биёр газетаҳота, сӯхтем сӯхтемда, мебарам ба 10 сомонӣ.”

Баъди ин ҳодиса Нуралии Восеъгӣ боз занг зада гуфт: “Ҳой Шарипув, ҳикояат хеле олиҷаноб. Медонӣ чӣ? Бачаҳои фархорӣ занг зада гуфтанд, ки гап занша, ай ҳаму газеташ ба мо ҳам равон кунад.”

Ҳамхизматони фархорӣ ҳам бисёр не 6 нафар буданд. Ба Нуралӣ гуфтам, ки агар газетаҳоро хонда шуда бошад, ба онҳо равон кунед. Ӯ бошад баҳона кард, ки он газетаҳо барояш ҳамчун хотира мемонанд. “Ҳайфи ҳамун хотира” гуфтам худ ба худ.

Баъди чанде сари навиштани маводи навбатӣ нишаста будам, ки соатҳои 12-и шаб ногаҳон занги телефон баланд шуд. Ин Зокири Ғармӣ буд. Ӯ дар яке аз ошхонаҳои сари роҳи Ғарм кор мекард. Ҳамин ки кори ошхонаро ба сомон мерасонид, гоҳ-гоҳ нисфишабӣ занг зада, даҳ-дувоздаҳ дақиқа чақ-чақ мекард. Фикр кардам чун ҳарвақта аз мақола бехабар аст. Аммо гумонам тир хӯрд. Баробари бардоштани гӯшӣ оғоз кард: “Меган шоир шудаӣ…” Зокири бечора як умр дар ошхона кораш пиёзу сабзӣ пӯсткунӣ буд, ба гуфти Акои Ҳокималӣ, ба вай фарқ надошт, ки носир кисту нозим кӣ. Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки бисёр не, як чор достон навиштам. “Меган дар достони охиронат маро хеле таъриф кардай.” – давом дод Зокир. Гарчанде медонистам мақсадаш чист, аз муддаояш пурсон шудам. Ӯ низ хоҳиш кард, ки барояш як даҳто газета фиристам. “Ту ин қадар газетаро чӣ кор мекунӣ, 1 ё 2 донааш бас нест магар?” гуфтам ба ҳайрат афтода. Ӯ бошад мегуфт, ки ба хешу табору ҳаққу ҳамсоя тақсим мекунам, охир дар достонат аз мо ҳам ёд кардаӣ, дар таърих мемонем. “Офарин ба таърих” гуфтам ман. Таърих куҷою Зокири ошпаз куҷо.

Чун аз ӯ пурсидам, ки газетаро чӣ тавр равон кунам, гуфт, ба дилхоҳ мусофиркаши ин хатсайр диҳам, бурда мерасонад, зеро ҳама аз ошхонаи ӯ хӯрок мехӯрдаанд. Розӣ шудам, вале дилам гувоҳӣ медод, ки моҷарои пешина такрор хоҳад шуд. Аз мағозаи газетфурӯшӣ 4 дона рӯзнома харида, ҷое, ки таксиҳои Рашт меистоданд, рафтам. Мусофиркашон чун фаҳмиданд, ки ман пайғом дорам, маро гирд карданд. Вале чун фаҳмиданд, ки ман барои Зокир чизе мефиристам, якбора ҳама пароканда шуданд, ба ҷуз аз се-чор нафар, ки аз рӯйи кунҷковӣ истода буданд. Якеаш гуфт, ки агар барад, чанд сомон медиҳам. Ман сухани Зокирро такрор кардам. Таксирон бошад, “девона шудаӣ, Зокир аз ним коса шӯрбо 30-сомонӣ кашида мегираду мо бори вая бе пул мебарем? Хулоса, арзиши бурдани борат 20 сомон, агар барои Зокир бошад, 30 сомон” гуфт. Ман асабӣ шуда, хостам баргардам, вале сарфи ин қадар вақту хароҷот ба хотирам омаду ба Зокир занг зада моҷароро гуфтам. Ӯ хост бо таксирон гап занад ва яке аз онҳо гӯширо гирифта, “боратро ба 30 сомонӣ мебарем, вассалом” гуфт. Зокир ба ман гуфт, ки роҳкироро биё панҷоҳ ба панҷоҳ кунем, ҳаққи ҳамхизматӣ. Ман низ илоҷ надоштам ва розӣ шудам. Як кирокаш, ки андаке нармдилтар будааст, гуфт, хайр 10 сомонию як газета диҳӣ, мебарам. Ҳамин тавр, аз моҷарои мақолаи дуюмам низ халос шудам.

Ин дафъа дар бораи директори мактаби деҳа, ки ҳамзамон раиси комитети маҳалла низ буд, иқдом намудам маводе рӯйи чоп орам. Ин нафар гарчанде кору амали шоёне накарда бошад ҳам, дар байни мардуми деҳа обрӯ дошт. Мақола ҳам тайёр шуд ва онро бояд пеш аз чоп дар назди қаҳрамон мехондам, то қаҳрамон огоҳ бошад дар чӣ хусус гуфтаем. Ба муаллим занг задаму бегоҳӣ ба хонааш таклиф намуд. Баъди як пиёла чой ман маводро хондам. Мақола ба ӯ писанд омад ва ин аз чеҳраи сурхаш, ки боз ҳам сурхтар шуда буду даҳони пуртабассумашро ҷамъ карда наметавонист, маълум буд. Ҳарчанд маълум буд, ки рафтуомад ба нашрия ва ба шакли чопӣ даровардани мавод харҷ мехоҳад,  қаҳрамон фаросат намекард. Баъде он ки гуфт, чӣ хидмат намоям, вазъиятро ночор фаҳмонидам. Ӯ ба наздам як бистсомона гузошт, ман ҳам хомӯшона пулро гирифтам. Гарчанде ин маблағ ҳатто ба роҳкиро намерасид, мардиро аз даст надода, як кор карда мақоларо ба чоп супоридам. Баъди аз чоп баромадани мақола дар рӯзнома, ки санаашро муаллим медонист, худаш занг зада миннатдорӣ намуд ва гуфт, барои эҳтиёт ду-се нусха гирифтам.

Хайрият гуфтам, ки худаш рӯзномаро харидааст. Як ҳафта пас дар як маърака нишаста будем, ки ногоҳ Эшонбобо, ки дар мактаб ҳам кор мекунад, бадоҳатан гуфт: “Ҳоҷиҷон, мақолатона дар бораи муаллим хондам, хеле пурмазмун, лекин муаллима чунон таъриф кардаӣ, ки гумон кардам гап дар бораи Маҳмадуллоҷони худамон бошад ё дигар кас.”

“Канӣ канӣ, ин сӯ гир Эшонбобо, кадом мақола, кӣ навиштагӣ?” гуфт амакам. Эшонбобо  ҳамаи қазияро ба онҳо гуфт. Дар ок маърака ду устоди собиқ ва як ду хеши дигарам низ буданд. Онҳо ҳам бисёр хоҳони хондани ин мақола гаштанд. Хайрият 2 дона ёфта додам, азбаски аз чоп як ҳафта гузашта буд, аз чанд ҷо суроғ кардам, дигар наёфтам. Ин ҳам гузашт.

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, ба ман аллакай одат шуда буд, то чизе нависам. Хеле фикр кардам. Дар деҳа собиқ полковники хизматчиии амният, ки нафақахӯр буд, зиндагӣ мекард. Шахси хеле хизматнишондода. Собиқ корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. Кирои навиштан. Аммо бало занад, боз ҳамон масрафҳои пулӣ. Ба ҳар ҳол акнун, ки дастам рост шуда буд, даст ба кор задам. Дар андак муддат мавод омода шуд. Албатта, инро аз пеши назари полковник гузаронидан лозим, масъалаи амният кори бозӣ не. Хонааш рафтам ва полковник гуфт пагоҳ соати 8 дар фалон тарабхона шишта, сари як пиёла чой маводро муҳокима менамоем. Фардо ҳамин хел ҳам кардем, пеш аз таом ман маводро хондам. Ӯ ба баъзе ҷойҳо илова ворид кард, яъне таърифро мукаммалтар кард.

Дар вақти таомхӯрӣ ногоҳ телефони полковник занг зад. Пас аз садои аз он тарафи гӯшак омада полковник суроғаи маконеро, ки мо нишаса будем, гуфт. Ягон 20-25 дақиқаи баъди занг ногоҳ дар утоқе, ки мо шишта будем, аввал як шиками калон намудор шуд, баъд бинии дарози теғадор ва баъд шляпа. Ин тасвир дар якҷоягӣ як ҷуссаи азими одамӣ буд. Баробари ворид шудани ҷусса полковник парида аз ҷой хеста, ба ӯ часпид, онҳо зуд якдигарро ба оғӯш гирифта, ҳолпурсӣ карданд. Полковник, ки аллакай ду-се ҷуръа шароб нӯшида буд, дӯсташро кашола карда ба нишастан даъват мекард, аммо ӯ ба ин эътибор надода, сӯи ман як каҷнигоҳ карду ба полковник “канӣ, пеш даро, ҳама туро интизор” гуфт.

Полковник, ки маътали ҳамин ишора буд, бо ман ҳатто хайрухуш накарда, аз қафои он ландаҳур баромада рафт. Ман лол монда будам, ки баъди чанд лаҳза пешхизмат коғазчаи нархномаро ба ман дароз кард. Ман нархномаро хонда, гоҳ ба пешхизмат менигаристаму гоҳ ба “порс”-ҳои якуми дуюми рӯи миз. Охир дар он нархнома маблағе буд, ки бо он ман бо аҳли оилаам як ҳафта хӯрок мехӯрдам. Дилам аз мақола ҳам монду аз полковник ҳам. Баъди се рӯзи ин воқеа полковник худаш занг зад. Гӯё ман аз ӯ муттаҳам бошам, якбора “Ҳоҷӣ, масъалаи мақола чӣ шуд?” гуфт. “Ҳеҷ” гуфтам ман. “Охир, чаро корро кашол медиҳӣ? Супор-дия.” гуфт. Хостам гӯям, ки редаксия язнаи ман не, боз истиҳола кардам. Оромона гуфтам, ки як каме хароҷот мехоҳад. Гӯё ба ман супориш медода бошад, “чӣ қадар” гуфт. Ман тахминан суммаро гуфтам. Вай гуфт, “хайр аз худат деҳ, муҳаррираш шинос, ман бо ту баъд яклухт ҳисобӣ мекунам.” Бо ҳар азоб ин мақола ҳам аз чоп баромад. Ман ба полковник занг задам, аммо гӯширо занаш, ки муаллимаи мактаб буд, бардошт. Ман дар бораи матлаб гуфтам, муаллима хеле миннатдорӣ карда гуфт, ки ду-се нусхаҳак аз ҳамон рӯзнома биёрам, пулашро медиҳад…

Шукри Худо, ҳар се фарзандам дар муҳоҷират ҳастанду барои масрафи ҳамаи ин эҳтиёҷот бе чунучаро барзиёд маблағ равон мекунанд. Аз ҳамаи ин корҳои ман завҷаам бохабар гашту рӯзе ҷасорат карда гуфт, ки мебинам, баъди чопи ҳар мақола ба ҷойи он ки фоидае ба даст орӣ, ба бачаҳо занг зада, маблағ мепурсӣ. “Эй занаки гаранг, охир мошин вайрон меша, барои ҳамин дия” гуфта ҷавоб додам. “Аз чӣ бошад мошин тез-тез вайрон мешавад” гуфта киноя зад ӯ.

Насиб бошад қиссаи навбатиам ба наздикӣ чоп мешавад. Намедонам ба занак чӣ дурӯғ гӯяму ба бачаҳо чӣ гуфта занг занам. Ба ҳар ҳол, ба ҳамааш шукр.

Ба ҷойи охирсухан:

Ростӣ, мехостам ин навиштаро ба охир расонида, дар назди фарзандон хонда, баъд ба чоп супорам. Аммо рӯзе, ки ин корро кардан мехостам, шоҳиди ходисае шудам. Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Султонмуроди Одина ҳамон рӯз яке аз асарҳои бузургашро, ки нав аз чоп баромада буд, ба ҳамкорону дӯстон як китобӣ тӯҳфа мекард. Албатта, ман ҳам аз ин тӯҳфа бенасиб намондам. Устод китобро бо чеҳраи кушоду табассуми ба худаш зебанда ба дӯстон тақдим мекард ва ман бо ҳайрат ин манзараро назора менамудам, гӯё ин аз ҳисоби ман бошад. Ба устод офарин мегуфтам. Ва андешидам, ки 4-5-то аз чунин китоби гаронбаҳо баробари масрафи умумии ман аст. Ба ҳар ҳол аз раъйам нагаштам.

Шарипов НАЗАРАЛӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь