Детектив
(Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахси воқеӣ тасодуфӣ аст. Сужаҳо бофтаи тахайюли муаллиф ҳастанд).
Мӯйсафед барвақт мурда буд. Ба ин натанҳо кӯлмаки хуни шахшудаи гирди ҷасад, балки чашмони нимбози беҳаракат ба сӯйи само дӯхта, шаҳодат медод. Аз нигоҳи аввал ӯ тахминан шастсола менамуд, вале аз чеҳраи пажмурдааш ҳадс задан мумкин буд, ки дар зиндагӣ азияти зиёд кашидааст. Ба ин ожангҳои чуқури пешониаш, риши сафеди кайҳо боз нагирифтааш ва чанд захми кӯҳнаи чиркгирифтааш, гувоҳӣ медод.
Муфаттиш Амонов ҷасадро сар-сарӣ нигоҳ андохта, пурсид:
– Бечора кадом бехонаи дарбадар… Маст шуда афтодааст? Акнун суроғаи ӯро аз куҷо муайян мекунем?
– Не, рафиқ муфаттиш. Ба фикрам, шахси одӣ нест ва ҳам ӯро бо кадом чизи тез зада куштаанд, – ба сӯйи муфаттиш ҳуҷҷатеро дароз карда гуфт яке аз се милитсионероне, ки аввалин шуда ҷасадро пайдо карда буданд.
– Шараф Насимзода, узви иттифоқи нависандагон, – хонд муфаттиш ва зери лаб гуфт:
– “Боз бе Ҷамшед намешавад” ва амр дод:
– Омадани табибонро интизор шавед! Бигзор ҷасадро ва ҷойи ҳодисаро ташхис кунанд. Ман расида меравам.
***
Рӯзноманигор ба сӯйи дӯсташ, муфаттиш Амонов заҳрханде карду пурсид:
– Боз бо хабари марги кӣ ё мушкили кӣ омадӣ?
– Шараф Насимзода, нависанда будааст. Ҷасадашро дар маркази шаҳр пайдо кардаанд.
– Ҳммм… Мӯйсафед солиёни охир беозор буд-ку… Чизе наменавишт, ки ӯро дар маркази шаҳр кушанд. Ҳарчанд нақл мекарданд, ки замоне бо як навиштааш чанд нафарро ба паси панҷара мебурд. Вай нависанда не, бештар рӯзноманигор буд. Кам менавишт, вале тунду нишонрас менавишт. Солҳои охир ғайб зад. Мегӯянд, ки хилватнишин шудааст ва доираи ононе, ки бо онҳо менишаст, ҳамагӣ чанд нафар буданд. Аслан дар бӯстонсарои берун аз шаҳр мезист. Ба шаҳр кам меомад, ва майли бо касе сӯҳбат кардан надошт. Чанд бор ҳатто даъват карданд, то омада ба донишҷӯён дарс диҳад, рад кард. Бо ман шахсан ошно набуд, назараш мо барин журналистчаҳоро намегирифт. Дигар чизе дар борааш намедонам, – Ҷамшед инро гуфту чун одат сигори нимсӯхтаашро ба хокистардон пахш карду дубора ба саҳифаи кушодаи компутараш чашм андохт. Муфаттиш ҳис кард, ки Ҷамшед дигар гуфтание надорад, бархост:
– Ман рафта бинам канӣ экспертиза чӣ мегӯяд. Агар маълумоти наве пайдо шуд, занг мезанам.
– Бечора мӯйсафед… Мегӯянд, ки ба ҳаде дилаш аз зиндагӣ сард шуда буд, ки ҳамеша дар бораи худкушӣ меандешиду мегуфт. Чӣ ғами бузурге дар сина дошт, аммо ба касе намегуфт- бархост рӯзноманигор ва бо нишони хайрбод дасти Амоновро фишурд.
***
Чун ҳамеша қатли Насимзода дар маркази шаҳр мавзӯи аввали шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбарони интернет ҳар кадоме гӯиё мусобиқа мекарда бошанд, саросемавор ҳарчи перомуни вай медонистанд, менавиштанд. Муфаттиш аввал хулосаи экспертизаи тиббиро гирифт. Чизи наве набуд. Ҳамон тавре тахмин мекарданд, Насимзода аз зарбаи кадом чизи тезе ба сараш ҳалок шуда буд. Хулосаро сӯе гузошту дафтареро кушод, то қайдҳояшро ба он нависад ва ба мутолиаи навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишаст.
Хотираҳо… хотираҳо… Он як нуктаи аҷиб дорад, ки ҳангоми хондан бояд ба инобат гирифт: Чун он нафаре, ки дар борааш менависӣ ва ба ту посух гуфта наметавонад, касе ҳам намедонад, ки рост мегӯӣ, ё дурӯғ, дар он ҳолат ҳарчи дилат хост, менависӣ. Амонов баъди як соати мутолиа он қадаре ба зиндагию фаъолияти эҷодии нависанда ворид шуд, ки гӯиё ӯро сад сол боз мешинохт. Замоне ба соат нигарист, ки ҳис кард гурусна шудааст. Лаҳзае андешиду баъд ба рӯзноманигор Ҷамшеди Ҳабиб занг зад.
– Бовар дорам ҳанӯз ба хӯроки нисфирӯзӣ нарафтаӣ…
– Фаромӯш кардаам, – хандид Ҷамшед.
– Меравем? Ман генерал Шоҳин Азизовро ҳам даъват мекунам. Агар бекор бошад, ба мо ҳамраҳ мешавад.
– Агар хато накунам, мавзӯи сӯҳбат қатли Насимзода мешавад… Ман ҳам баъзе далелҳо пайдо кардам. Харҷи як хӯроки нисфирӯзиро мепӯшонад, – боз ҳам садои хандаи Ҷамшед аз он сӯи гӯшӣ садо дод.
***
– Афсӯс, имрӯз сешанбе, рӯзи нашри шумора аст. Агар не, сӯҳбат гарм мешуд, – гуфт Ҷамшед баъди он ки хӯрокро тановул кардаву чой фармуданд. Ӯ маънидорона ба сӯйи муфаттиш Амонов нигаристу вай оромона чойро ба пиёлаҳо рехт ва ба сухан оғоз кард:
– Хулосаи экспетиза чуноне баромад, ки мо тахмин мекардем. Насимзода бар асари зарба бо чизи тезе ба баногӯши чапаш кушта шудааст. Ҷасадро баъди се соати кушта шуданаш пайдо кардаанд. Марг якбора фаро мерасад ва қотил аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Дар атрофи ҷасад мо фақат пайи кадом туфлии занонаро пайдо кардем, дигар чизе нест.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин қадар хулоса метавон кард, ки вай замоне дӯстону мухлисони зиёде дошт. Бисёр фаъол буд. Вале муддати чанд соли охир ҳамаро партофту гӯшанишин шуд ва тақрибан чизе наменавишт. Дар ҷое кор намекард. Чанд пешниҳоди корро рад карда буд. Фақат ду-се ҳамсоғар дошту бас!
– Ман шахсан Насимзодаро мешинохтам. Мухлиси навиштаҳояш будам. Рост, ки вай аз навиштану баёни андеша якбора даст кашид. Вале гоҳо дар саҳифааш ягон масал ё гуфтаи дигаронро мегузошт, ки ҳамаи он бӯйи навмедию зиндагибезорӣ мекарданд. Дар хонааш медонистанд, ки дар дача мезияд. Баъди хонадор кардани фарзандонаш, шарт мемонад, ки вақти навиштанаш расидаасту ба дача мекӯчад. Ба ӯ халал нарасонанд. Аммо фарзандонаш мегӯянд, ки ҳар моҳ барои онҳо маблағе мерасонид, ки ба хароҷоти онҳо мерасид. Бо дӯстонаш сӯҳбат кардам. Мегӯянд, ки воқеан ҷонашро халос кард, чун ҳаваси зистан надошт. Ҳамеша норизо аз зиндагӣ буд ва ҳарфи шикоят аз замонаю аз насли нав мекард. Чизе наменавишт. Вақти бекорӣ танҳо филм тамошо мекард ва ё дар атроф сайругашт мекард. Агар касе хоҳиши вохӯрӣ бо ӯ дошта бошад, бо дили нохоҳам қабул мекард. Аз куҷо будани маблағ ҳам маълум шуд. Онро бонавбат се нафар аз шогирдони собиқаш, ки дар хориҷа мезиянд ва зиндагии хуб доранд, мефиристодаанд. Ҳарсе тоҷиранд ва аз адабиёту сиёсат дур.
– Албатта, Шумо аввал ин масъаларо тафтиш намудед. Бо умеди он ки маблағгузорӣ шудани боз як эҷодкореро аз ҷониби “душманони беруна” маълум кунед. Вале афсӯс… тиратон хок хӯрд, кадом шогирдони бовиҷдони пулдоре ба устоди мӯйсафедаш хайр мекардаанд, – писханд зад Ҷамшед ва бо оҳанги оромтар идома дод:
– Мӯйсафед дар дами пирӣ ба духтаре дил бохта буд. Ин ишқи онҳо солҳои тӯлонӣ идома дошт ва миёни ҳамкорону ҳамсолони ҳарду ҳангомае барпо карда буд. Бо гузашти солҳо вақте мӯйсафед ҳис кард, ки наметавонад дигар талаботи ӯро дар ҷойгаҳ қонеъ кунад ва баъди баромадан ба нафақа ӯро аз назари моддӣ таъмин намояд, дар ин маврид ошкоро ба духтар иқрор шуд. То ҷое хабар ёфтам, духтар вайро бовар мекунонад, ки ин масъала барои ӯ муҳим нест. Чунки мӯйсафедро дӯст медорад ва барояш ҷон медиҳад. Насимзода ба ин гуфта бовар мекунад ва достони ошиқӣ чанд соли дигар давом мекунад. Аммо… беҳтар аз ман медонед, ки талаботи шаҳвониро инсон бисёр ҳолат наметавонад идора кунад. Мӯйсафед рӯзе духтарро бо як ҷавон дастгир мекунад ва якбора аз вай буридаву тамоми фаъолияти корию эҷодиашро қатъ карда, ба бӯстонсаро меравад. Аммо ҳамоно он духтарро дӯст медорад ва мегӯянд, ки гоҳ-гоҳ он духтарро дар тарабхонаю марказҳои дилхушӣ пайгирӣ мекард. Духтар ҳам фурсати ҷавониашро аз даст намедод. Баъди мӯйсафед харидоронаш беҳисоб буданд… Он бегоҳ ҷасадро дар наздикии як маркази дилхушӣ пайдо карданд. Фикр мекунам, агар сабти камераҳои онро бинед, шояд духтарро дар он ҷо пайдо кунед, ки бо кӣ буду кай рафт. Ин шояд ба дасти Шумо риштае диҳад. Воқеан он духтарро Ширин Ҷасурзода меноманд. Дар хадамоти алоқа кор мекунад, – Ҷамшед бархост:
– Агар навори камераҳои назоратиро пайдо кунед, маро даъват кунед. Ман аксҳои он духтарро дидаам ва ӯро мешиносам.
***
Пайдо кардани навори камераҳои назоратӣ душворӣ пеш наовард. Шинохтани духтар ҳам. Амонов баъди он ки ба Ҷамшед наворро нишон доду боварӣ ҳосил кард, ки дар шинохти вай хатое накардааст, гуфт:
– Бо ман ба шӯъба меравӣ? Духтарро дар он ҷой бозпурсӣ кунем?
– Не. Беҳтар аст ӯро ба редаксия биёрӣ. Бе ин ҳам гоҳ-гоҳ ба ту кӯмак кардани ман дар доираҳои рӯзноманигорон ҳар гуна маънидод мешавад.
Баъди соате Ширин аллакай рӯ ба рӯйи ҳардуи онҳо дар идораи рӯзнома меистод. Пурсуҷӯи расмиро Амонов анҷом доду ба Ҷамшед нигарист. Рӯзноманигор ки то ин дам ба сару тани духтар мувоҷеҳ буд, якбора пурсид:
– Он ҷавон аз сафорати кишвари Муғулистон дар Душанбе, ки туро дар тарафбхона ҳамроҳӣ мекард, дар бораи ишқи гузаштаи ту, дар бораи Шараф Насимзода чизе медонист?
Духтарро гӯиё барқ зад. Ба худ ларзид ва чашмони зебояшро сӯе гурезонида, бо овози канда-канда гуфт:
– Не. Ман ба Яҳё чизе нагуфта будам. Мо шарт гузошта будем, ки ба гузаштаи ҳамдигар кордор намешавем.
– Ту бо Яҳё даҳ дақиқа пеш аз қатли мӯйсафед аз тарабхона баромада будед. Наход дар роҳ ӯро надидед? Ё шояд шоҳиди куштори вай будед? Шумо то хона бо чӣ рафтед?
– Мо… – духтар тамоман худро аз даст дод.
– Не. Мо касеро надидаем, ба чизе шоҳид набудем. Баробари баромадан ба такси нишастем.
– Дурӯғ мегӯяд, – оромона ба сӯйи Амонов нигарист рӯзноманигор.
– Аниқ кардани ин осон аст, таксиҳои назди тарабхонаро пурсед.
– Рост гуфтӣ, Ҷамшед… Ин ҳарду пиёда то роҳи калон рафтаанд ва ғайричашмдошт Яҳё бо кадом сабабе ба такси мешинаду меравад. Духтар бошад, ба сӯйи мавзеи қатли нависанда меравад. Ҳамагӣ се дақиқа пас аз ҷудошавии онҳо мӯйсафед кушта мешавад.
– Ширин! Ин акси ту дар тарабхона. Ман мехоҳам ҳамаи чизеро, ки он шом ба бар доштӣ, ба экспертиза супорӣ.
– Фақат… фақат… – духтар забон хойид. Ман занҷираи гарданамро гум кардам, туфлиам бошад, канда шуд, ман онро партофтам.
– Амонов, ман ки ситорача намегирам. Мавзӯи ҷолибе ҳам нест, то онро ман ба қолаби детектив дарорам. Қотил ин худобехабари бевиҷдон аст, – бо ангушташ ба сӯйи Ширин ишора кард рӯзноманигор.
– Туфлии хунолудашро, ки бо он ба баногӯши мӯйсафед куфтааст, пайдо кунед. Онро бо нақши туфлие, ки дар атрофи ҷасад пайдо кардаед, муқоиса кунед. Навори камераҳои назоратии роҳи асосиро бардоред, бояд дар он саҳнаи ҷанҷол бошад. Дар либосҳояш ҳам бояд пайи дастони мӯйсафед бошад. Яҳёро ҳам ба шӯъба биёред, аз тарси аз даст додани ҷои кор ҳамаро қисса мекунад. Гир, бар ин худобехабарро! – Ҷамшед бархост.
***
– Туфлии хунолуд аз партовгоҳи паҳлӯи хонаи Ширин пайдо шуд. Нақши туфли бо нақши туфлие, ки дар паҳлӯи ҷасад буд, мувофиқ афтод. Занҷираи кандашударо ҳам пайдо карданд ва нақши дастони мӯйсафедро дар он пайдо карданд. Яҳё иқрор шуд, ки чандест бо Ширин ишқварзӣ дорад, аммо ният доштааст, ки ӯро мепартояд, чун ҳамсару чанд фаврзанд доштааст. Бо хоҳиши вай ягона коре кардааст, навори камераҳои назоратиро бо хоҳиши Ширин харидааст, вале нобуд накардааст. Чунки бовар доштааст, ки аз ӯ вақте ҷудо шудан мехоҳад, ҳатман духтар барояш моҷаро месозад ва ин сабт ӯро эмин нигоҳ медорад. Аз сабт маълум буд, ки мӯйсафед думболи Ширинро мегирад ва чизе мегӯяд. Духтар бошад, хам шуда, туфлиашро мекашаду бо он ба баногӯши мӯйсафед мефарорад.
– Ҳарфи охирини мӯйсафед чӣ буд? – вақте ба дасти духтар завлона заданд, пурсид генерал Азизов.
– Садқаи номи Ширин шавӣ, – оромона посух дод духтар.
– Чаро?
– Ӯ ҳарчи менавишт, барои ман менавишт. Хоҳ дар образи мусбат, хоҳ манфӣ. Ва маро дар он навиштаҳо “Ширинам” хитоб мекард. Замоне мо воқеан ҳамдигарро дӯст медоштем. Замоне, ки сода будему мушкили воқеии зиндагиро нодида мегирифтем. Аммо ӯ ҳамоне нашуд, ки ман мехостам. Синну сол кори худро кард. Ба тезӣ ба як муфлису беиродаю инҷиқу бадрашку мӯйсафед бадал шуд. Аз дасташ на як сомонӣ ба ман додан меомад, на хуфту хоб кардан. Аммо ҳамоно рашк мекарду думболагирам буд. Акнун ӯ ҳатто баъди марг водор мекунад, то ман ба ёди он рӯзҳои ошиқӣ хуни дил хӯрам, – заҳрханд зад духтар.
12-13 декабри соли 2020, Душанбе