Гардише дар гулшани шеъри Абдулқодири Раҳим

Илоҳо хонаи душман насӯзад,

Ки ман ҳам дар бари ӯ хона дорам.

Замири поку қалби наҳифи шоирро дар ҳамин ду мисраъ ба равшанӣ дидан мумкин аст. Шоир то ҳадде дилсӯзу ғамхӯр аст, ки аз Худо насӯхтани хонаи душманашро мехоҳад. Нек медонад, ки алангаи оташи хонаи адӯ дер ё зуд ба домони хонаи ӯ ҳам панҷа мезанад. Мисраъҳо обу ранг ва таъму бӯ аз шеъри Саъдии бузургвор гирифтаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ дар як мақола бо хушнудӣ ашъори Абдулқодири Раҳимро намуна оварда, дар адабиёти муосир қавӣ ва тоза будани онро тазаккур медиҳад.

Ашъораш саршор аз ногуфтаҳо ва муаммост. Барои дарки он ба ҷавоне чун ман, ки дӯстдори шеъру таронаам, майнаро об кардан лозим меояд. Ва чи орифона гуфта:

Имшаб чароғ мурд,

Афсона гул накард,

Андӯҳ пушти хотира биншаст то ба рӯз,

Ҳамроҳи созу сӯз,

Маҳтоб ҷилваҳои нигори маро фурӯхт

Дар назми классикӣ дӯстдори ашъори Мавлоноам ва чӣ гуворост, мутолиаи шеъре, ки рангу бӯ аз абёти  Мавлоно ва Бедил гирифта.

Ба ҷуз аз ин, бароям зиндагиномаи Абдулқодири Раҳим намунаи ибрат аст. Бо вуҷуди он ки дар кӯдакӣ аз модар ятим монд, шаш бародари худро аз даст дод, ранҷу кулфат кашид, вале ҳамоно неруву матонатро аз даст надод, ноумед нагашт ва зиндагиро бо кулли мушкилоташ ба содагӣ ва табассум пешвоз гирифт.

Вақте тадриҷан бо ҳолномаи пурранҷи устод Абдулқодир ошно шудам, як саволи муҳим дар зеҳнам чарх зад: «Ҷавонам, ҳама чиз дорам, тансиҳату солимақлам, пас чаро талош баҳри расидан ба орзуҳои хеш накарда, дар кунҷе сукут намоям?!».

Эҳсос дар замири инсон гавҳари ноёб буда, касе онро нодида мегирад, бадбахт аст. Вақте ҷону дили одам дар хилвати худ зебоӣ, танҳоӣ, руъё ва муҳаббатро мепарварад, олами атрофро бо кулли ҷузъиёти он барои хеш зебо мебинад ва зебо тасвир менамояд. Ба ин ҷумлаҳо бингаред ва лаҳзае ба олами зебои ҳунарӣ саёҳат равед: «Ҳама тирезаҳои иҷораам аз тарафи Ғарб буд, тарафи офтобнишин. Мекушодам ва нишастани офтобро медидам. Гулро дӯст медоштам. Дукони гулфурӯш, дукони духтараки гулфурӯш рӯ ба рӯи хонаи ман буд, хонаи иҷораи ман. Не, рӯ ба рӯи тирезаи хона. Дастагули хонаи ман аз ин рӯ на ранг дошту на бӯ. Ман вақте тирезаро мекушодам ӯ дари дуконро мебаст ва мерафт. Ин ҳангоми ғуруб буд».

Вожаҳо ифодагари олами ботини инсонанд. Ин ҷумлаҳо ба умқи дил мераванд ва мағзи сарро ба чархиш вомедоранд. Гап сари ду ғуруб меравад, яке ғуруби ростини офтоб, дигаре ғуруби висоли гулфурӯш, ки бо бастани дари дуконаш оғоз мешавад.

Қисса мекунанд, ки боре дар як базми шавқ, ки бо номи Мавлавихонӣ дар шаҳри Душанбе мегузашт, овозхоне ғазали Абдулқодирро бо ҳаяҷони баланд месуруд. Садри маҷлис, ки як нафари солхӯрдаи тануманд ва босалобат буд, он ғазалро бо хости дили худаш шарҳ дода, моли Мавлонои Балхӣ гуфт. Ҳамагон даст бар дуо бардоштанду ба руҳи поки Мавлоно дуо карданд. Баъди маҳфил он ҷониб назди садри маҷлис рафту гуфт: он ғазал моли як шогирди Мавлоно – Абдулқодири Раҳим мебошад. Ҳарчанд ғазалро ба такрор хонд, ки моли Мавлоно нест, моли Абдулқодир аст, аз ҷониби касе дастгирӣ наёфт.

Ман омадам, ман омадам, ёрон, ғазалхонӣ кунед,

Ман омадам, ман омадам, як базми раббонӣ кунед.

Як базми раббонӣ кунед, аз хеш пинҳонӣ кунед,

Деви ҳавову нафсро з ин роҳ зиндонӣ кунед.

Воқеан, ҷои шодмонист, ки шеъратро ҳамсанги бузургон донанд ва туро ношинохта дар водии камол дарёбанд.

Таронаҳои шоир ҳам саршори шеърҳои мансуранд, муъҷазу кӯтоҳ, аммо ифодагари сӯзу гудоз ва рози қалби ошиқанд, ҳар каломи нависанда хеле пургудоз ва самимӣ рӯи авроқ омадаанд. Таронаҳои “Гиряи ман мисли гиряи баҳор нест, зеро баъди гиряи ман хуршед намехандад”, “Замоне, ки бо ҳам видоъ кардем, гуфт: “Бароят бахт мехоҳам”. Пас аз он ашк рехт ва рафт. Ман дар ҳама умр бори аввал буд, ки бахтро медидам, аммо афсӯс, гирёну равон…” ҳатман дилҳоро ба ваҷд меоранд. Тасаввур кардани бахте, ки аз нашъаи гиряи ошиқ сарчашма мегирад, нотакрор аст. Яъне, ту дарк мекунӣ, ки барои касе даркорӣ ва ӯ барои аз даст додани ту ашк мерезад. Чунин эҳсоси ҳаяҷонбахшу беназирро танҳо шоире ба мисли Абдулқодири Раҳим мушоҳида карда метавонад.

Абдулқодири Раҳим мегӯяд: шеърро дар танҳоӣ мегӯям, шеърро дар танҳоӣ мехонам. Ба хотири сарват шеър намегӯям, ба хотири шуҳрат шеър намегӯям. Мехоҳам баъди худ дар дунё як нақшаке бигузорам, то ҳар кӣ бихонад, дуои некеро дар ҳаққам дареғ надорад. Охир, руҳи ман баъди ман намози шом ғарибона ба ҳар хона меравад ва дуо металабад.

Ва ман мегӯям: ӯ орифона мехонад, шоирона месарояд, ошиқона менависад ва ғарибонаву ғоибона дӯсташ дорем. Ҳавас дорем ба зиндагии ӯ, ки бо шеър ороставу перостааст:

Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,

Зиндагӣ бо шеъри худ оростанд.

То замоне ки “Назаргоҳи аҳди дил” ба дастам наафтоду бо ҳаёту зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва олами ботини шоир, нависанда ва журналисти маҳбуб Абдулқодири Раҳим ошно нагаштам, ӯро ҳамчун рӯзноманигор ва як ҳамкори боиззати идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» мешинохтам. Сипос ба нигорандагону муаллифони китоб, ки тавассути “Назаргоҳи аҳди дил” диду назари маро ба як шахсияти барозанда кушоданд. Китоби мазкур, бешубҳа, чароғе раҳнамост: имшаб чароғ ҳаст, афсона гул намуд, андӯҳ пушти хотира бархост то ба рӯз!

Оламбегими НЕКҚАДАМ,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь