Марсия ба ҷои мусоҳибаи нотамом 

 Дафтари аввал:

Мулоқоти нахуст

Оё нашунидаӣ, ки одаме замин мекофт, вале ганҷи азимеро ёфт?

                Ҷуброн Халил

 

…Ӯро дар ҳуҷраи кориаш, рӯ ба рӯи мағозаи марказӣ намеёбаму баъди лаҳзае андеша, тугмаи занги дари ҳамсояро пахш мекунам. Пиразани русе дарро мекушояд.

– Мебахшед, Муҳиддини Олимпур куҷо бошад?

-Субҳ дар утоқаш буд, ҳатто барои нон ба манн пул дод, чеҳраи пиразан

Аз ифтихор мешукуфад. Ӯ қарор надорад, гоҳ ин ҷо, гоҳ дигар ҷо.

-Бубахшед…-лаҳзае пас. Номаяке ба дасти пиразан медиҳам:

-«Ба устод Муҳиддини Олимпур! Мехоҳам бо Шумо мусоҳибае ороям, вале рӯзи саввум аст, ки Шуморо намеёбам… Субҳи дигар меоям. Мухбири ҳафтаномаи «Посух»…

…Субҳи рӯзи якшанбе. Ҳавои боронӣ. Тугмаи занги дари ҳуҷраи кори ӯро пахш мекунам… Чароғ фурӯзон. Изтиробе фаро мегирад маро.

-Худоё, имрӯз якшанбе буд. Рӯзи истироҳат… Нороҳаташ кардам. Дари чармбаста кушода мешавад:

-Салому алейкум! Дина ман як номаяке барои Шумо монда будам, ки…

-Субҳ ба хайр! Биё, Хуршед!

Дарро калон мекушояд ва ба утоқи ӯ ворид мешавам.

-Бишин!

Лаҳзае таваққуф. Ман дар дунёи аксҳои зебои утоқи ӯ ғақ мегардам. Садое ба худ меорадам:

-Чой ё қаҳва?

-Ҳар чӣ майл доред устод!…

Қаҳваи гарм вуҷудамро гарм мекунад. Ӯ ғарқит андеша, нигоҳаш ба дуриҳо рӯ ба рӯи манн менишинад.

– Мехостам аз фаъолияту зиндагии Шумо чизе нависам…

Мутаҳайирона ба манн менигарад. Сипас даст ба пешонаи фарохаш мебараду панҷа ба мӯйҳояш мезанад ва рост ба чашмони манн менигарад:

-Ту … Олимпурро мешиносӣ?

Лаҳзае худро гум мекунам.

-Медонам, маълумот дорӣ аз рӯи хондаҳову гуфтаҳо, вале барои чизе навиштан аввал мусоҳибро шинохтан лозим, аз нигоҳи хеш, бо андешаҳои хеш…

Сокит мемонам. Ба аксҳо менигарам…Аҳмад Зоҳир, Шаҷариён, Гугуш, Саттор, Лоиқ, бозор, Муҳаммадҷон Шукуров, Нодирпур, Ахавони Солис…

Нигоҳи маро пай мебараду аз аксҳо ҳарф мезанад, аз зиндагиномаи эшон, аз фаъолияти эшон. Ҳар якеро мешиносонад.

-Ҳамон дафтарро дидан мехостам.

Ӯ намепурсад, ки «кадом дафтар». Дафтари ӯ яке буд, ҳамеша ҳамроҳу ҳамсафараш…

-Дафтари ёдҳо, хотираҳо…

-Дафтаре, ки бузургони олам он ҷо чанд сатре нигоштаанд.

-Дафтаре, ки ҳама нигоштаҳоро метавон бо як сатр ҷамъбаст намуд:

-«Мо аз чеҳраи Олимпур, андешаҳои ӯ Тоҷикистонро шинохтаем!»

-Дафтаре оддӣ, камее фарсуда.

Ман дар сӯҳбати ӯ, дар олами зебои андешаҳои ӯ ғарқ мешавам…

-Ин ҷо садои тир набуд…

-Ин ҷо хиёбонҳо арғувонӣ набуд…

-Ин ҷо ҳарфи бедодиву зулм набуд…

-Ин ҷо Душанбе, Тоҷикитстони соли 1994 набуд…

-Ин ҷо олами дигар, олами зебоиву покӣ, олами як нафар марди танҳову падрахте ҳукм меронд.

-Ин ҷо ҷаҳони розу ниёз, ҷаҳони адлу дод, ҷаҳони орзуву армон буд.

-Ин ҷо дунёи суруду тарона, шеъри ошиқона буд.

-Ин ҷо дунёи Муҳиддин Олимпур буд!!!

 

Дафтари дуввум:

Муҳиддин Олимпур

Ман бод нестам,

Аммо ҳамеша ташнаи фарёд будаам.

Девор нестам,

Аммо асири панҷаи бедод будаам.

Нодири Нодирпур

Ӯ марди раҳ буд.

Ба ҳар куҷое рафт пайғомаш суруд буду тарона. Аз кадом сафаре омад, раҳоврдаш суруд буду тарона.

Ӯ ускудор буд.

Таронаҳои Аҳмад Зоҳиру Гугуш, армони Фӯрруғи Фаррухзоду Аҳмади Шомлу овард, шеъри Нодирпуру Ахавони Солис овард, Сатторро ба Душанбе овард, дунёи фарҳангу таронаро ба Тоҷикистон овард.

Қиссаҳо аз ин сангистон бо номи Тоҷикистон ба дунё бурд. Аз Амрико то Лос- Анҷелес бурд., ба Эрону Афғонистон бурд.

Бо номи Муҳиддин Олимпур тоҷикони ҷаҳон Тоҷикистонро шинохтанд!

Таввасути барномаи телевизионии «Ситораи Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва Санъат» Шарқро ба тоҷикистониён шиносонд.

Тавассути бахши форсии «БИ-БИ-СИ» Тоҷикистонро ба олам ошно намуд.

Хунёгари овозадор Саттор аз саҳнаи баланд аз тоҷикистониён  илтиҷо кард:

«-Ифтихор кунед, ки Муҳиддин Олимпур доред! Ӯро эҳтиёт кунед!»

Вале ӯро тири бадрашку ҳасуд кушт, номарду ҷоҳил кушт

Марди раҳро дар раҳ кушт

Соҳибномро баҳри ном кушт

Ошиқи зебоиро баҳри қотили зебоӣ кушт

Ошиқи таронаро душмани тарона кушт

Ӯро аз даҳонаш паронданд, то дигар аз зебоӣ нагӯяд,

Аз мусиқӣ нагӯяд, аз Тоҷикистон нагӯяд!

Ӯ монанд ба дигарон набуд ва монанд набудан Марг аст дар ин айём:

Бо ин ду- се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷомеа аз фарти харист

Ҳар к-ӯ на хар аст кофираш мехонанд.

…Вале «оё марг поёни ҳама чиз аст?»

Оё метавон ҷои Муҳиддин Олимпурро бо тиру хун гирифт?

Ҳампою ҳамвазни ӯ набуд дар Тоҷикистон ва нӮҳ со ласт, ки кассе натавонист пой ба пойи ӯ гузорад!

Дафтари саввум:

Гули ишқ ва зодаи ашк

Бигзор дар қаламрави зулмат садои манн,

Хуршедҳои гумшударо ҷустуҷӯ кунад.

Фарзона

…Кунун, баъди мулоқоти нахуст, тез-тез ба Олимпур занг мезадам, ба утоқи кориаш мерафтам. Соатҳо сӯҳбат мекардам ва баъди ҳар сӯҳбат манн боз чизи наве дар ӯ меёфтам ва мусоҳиба нотамом мемонд. Баъди чоп шудани китоби «Ишқ фарёд кунад»-перомуни зиндагиву фаъолияти ҳунарии Гугуш бо ӯ мусоҳибаи радиёие ташкил намудам. Як суол ва як посух ёдам монда:

– Гугуш барои Олимпур кист?

-Бисёриҳо гумон доранд, ки манн ошиқи ин зани зебо ҳастам. Шояд ҳамин тур ҳам бошад, воқеан манн ошиқи ҳунари волои ин хонум ҳастам. Ман бо садои Гугущ нафас мекашам.

Дар поении сӯҳбат ӯ ба шунавандагон мужда расонд, ки ба наздикиӣ овозхони маъруфи афғон Фарҳоди Дарё меҳмони тоҷикистониён хоҳад шуд, вале…

…Перомуни Фурӯғи Фаррухзод барномаи радиёие омода намудани будам. Зуд ба назди устод шитофтам. Кунун утоқи кори ӯ дар паси мағозаи «Ҳазору як майда -чӯйда» ҷойгир буд. Дарро ба рӯям кушоду бо рӯҳи болида пешвоз гирифт.

-Дар вақташ омадӣ. Ҳозир ҳикояҳои туро хонда бо ту ҷанг мекардам. Дар сини ҷавонӣ ин қадар навмедӣ?

Устод нахусткитоби манн «Зиндони зиндагӣ»-ро, ки рӯи миз кушода буд, ба даст гирифт. Ман сукут кардам. Пас аз лаҳзае ӯ хаёломез, гӯё худ ба худ гуфт:

-Ҳа вуҷуди эҷодкор мӯҳтоҷи ғӯсса мегӯянд. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Вале ҳоло айёми шӯру исёни ҷавонӣ аст, бисёртар омӯз, навис. Ман бовар дорам, ки ояндаи нек дорӣ, агар аз раншаққат наҳаросӣ! Ӯ дӯстона ба китфи манн зад…

…Ҳини гусел устод сабти овози Фурӯғи Фаррухзодро ба манн доду манн ёд аз мусоҳибаи нотамом кардам. Ба чеҳаи манн нигариста, ногаҳон пурсид:

-Ду сол пеш манн ба ту гуфта будам, ки бояд аввал мусоҳибро бишносӣ. Хайр ба андешаи ту Муҳиддин Олимпур кист?

Ман бея гон таваққуф посух додам:

-Гули ишқ ва зодаи ашк.

Ӯ лаҳзае ба ман ҳайрон нигаристу баъд баланд хандида суол кард:

-Аз Нимо Юшиҷ?

Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбондаму устод ваъда дод, ки дафъаи дигар сӯҳбат хоҳем намуд.

Дафтари чаҳорум:

Фарёде аз беёдиҳо

Оҳ афсона!

Як ҷуғзи ғамнок!

Нимо Юшиҷ

Гоҳо хумори сӯҳбати устод мегирад. Даст ба гӯшии тилфун мебараму рақам мечинам, то садои ошноро бишнавам:

-Ман Муҳиддин Олимпур, мухбири «БИ-БИ-СИ» дар Тоҷикистон.

Ё ҳарфҳои дигаре ба гӯш бирасад:

-«Ин Ҷо утоқи кори Муҳиддин Олимпур аст!»…

Вале…дареғ…ҳар лола, ки пажмурд, нахоҳад шукуфт!

Дафтари панҷум:

Мулоқоти вопасин

…Ҳанӯз парда такон мехӯрад зи бозии бод,

Вале дареғ, ки дар пушти тиреза нест кассе.

Дар он утоқи куҳан оташе намесӯзад,

Дар он утоқи кӯҳан пар намезанад магасе.

Нодири Нодирпур

Ман сабти Фурӯғро бозгашт ба устод овардам ва мувофиқи ваъда мо бояд сӯҳбат мекардем. Вале ӯ ба дараҷае парешон буд, ки манн ҳатто ҷуръати хотирнишон кардани ваъда надоштам. Олимпур ғайриодат сукут мекард. Ман хостам, то ӯро бо андешаҳояш танҳо гузорам, аммо ӯ зуд ба худ омад:

-Бишин ками дигар, то омадани нон ба радиё (мо он замонҳои гушнагӣ аз радио ҳар се рӯз нон мегирифтем) ҳоло вақт ҳаст.

Баъди ин, сӯҳбати мо хеле тӯл кашид. Дар андешаҳои ӯ, гуфтори ӯ як навъ хастагӣ, навмедӣ эҳсос мешуд. Ниҳоят, манн бархестаму  сӯи дар қадам бардоштам. Устод китоберо, ки манн оварда будам, аз рӯи миз бардошту манн андешаеро, ки баробари ворид шудан ба утоқи ӯ пайдо мешуд, баён кардам:

-Устод, ҳангоми ба утоқи Шумо ворид шудан кас худро дар дунёи дигар эҳсос мекунад, берун аз дунёи Душанбе. Вале… манн лаХае сукут кардам, ҷуръат надоштам, ки суханамро давом диҳам, лек нигоҳи тезу озмоишкоронаи Олимпур маро водор намуданд, то андешаамро баён кунам

-Вале Душанбе имрӯз истеъдодкуш аст. Камон дар дасти ҷоҳилу аблаҳ аст ва куштани ҳунарманду соҳибистеъдод қаҳрамонӣ ҳисоб меёбад.

Ман наметавонам ҳолати онлаҳзаинаи Олимпурро баъди шунидани ин сухан фаромӯш созам, тасвир кунам. Ман ӯро тӯли ду соли шиносоӣ бори аввал(ва маълум шуд, ки бори охирин!) дар ин ҳол медидам. Ӯ сар хам кард, садояш ларзид мисли як каси гунаҳкор дар назди ҳалқаи дор, дар як лаҳза тамоман оҷизу нотавон шуд, сарашро ба теғаи дари бози ҷевон гузошту бе он ки ба сӯйи манн нигарад, овози хастааш сукутро шикаст:

-Мефаҳмам. Аммо…манн Душанберо дӯст медорам!

Он рӯз кӯчаи марказии пойтахт камодам буд. Устод ба гусели манн берун баромаду хайёлолуд, пас аз хайрбод, худ ба худ гуфт:

-Дар тамоми шаҳр чароғе нест!

Ин охирин ҷумлаи ӯ буд, манн шунидам. Сатре аз Аҳмади Шомлу. Ин вопасин дидор буд, дар охирҳои моҳи дар авали моҳи декабри соли 1995.

Дафтари шашум:

???

.Агар аз лолаҳо борут мехезад,

Агар аз буттаҳо, аз хорҳо занҷир мебофанд.

Агар бар кундаи сабзи дарахтон аз хутути ошиқона ёдгоре нест,

Агар ҳар кӯча торик аст

Ҳало, эй қумриёни хаставу дилсард,

Дар ин танги ғуруби ҷангалу дарё.

Чӣ бояд гуфт?

Чӣ бояд кард?

Алибобои Чоҳӣ

…Ҳоло хабари марги ӯро нашунида,(13 декабри соли 1995), ба иттиҳодияи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ рафтам. Он рӯзи сиёҳ ба манн ҳуҷҷати узвияти иттиҳодияро доданд. Дар он варақаи аъзогии Олимпур, сурати хурдакакаш ва хабари даҳшатнокро шунидам. Бовар намекардам!…

-Бовар намекардам, ки Разолат бар Адолат, Ҷаҳолат бар Хирад, Фисқ бар Покӣ, Зиштӣ бар Зебоӣ ғолиб омадааст.

Бовар намекардам, зеро то они лаҳзае таронаву шеър дар даре суруди «Алла» мехонад, ин рӯбаҳакони панҷакӯтоҳи сияҳимонро дуои модар мекушад, аллаи модар мекушад, наҷвои пешазмаргии Олимпур мекушад.

Бовар намекардам, ки ин марди раҳнаварди олами еҳр, оламеро тай кардаву аз дасти нохудогоҳи дилсияҳе, орому осуда дар сангистони Шамтуҷ мехобад.

Бовар намекардам… ки мусоҳибаи ман нотамом мемонад.

Кунун дар шабистони хаёли мазори хотираҳо пораҳои суҳбатро бо Олимпур ҷамъ меорам.

Бовар намекардам…

Бовар намекунам…

Хуршед Атовулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь