Публитсистика навъи фаъолиятест, ки ба раванди ҳаёти иҷтимоӣ ҳамқадам буда, ба масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ва мутахассисони касбу кори гуногун алоқамандии ногусастанӣ дорад. Аммо дар ин соҳаи эҷод бештар онҳое сари кор гирифта метавонанд, ки масъалаҳои марбут ба касбу корашонро бо руҳияи ҷомеа, тамоюли рушд ва дурнамои он тавъманд намуда, бо нигоштаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ҷалб месозанд ва ба ин васила дар ташакули афкори омма саҳм мегиранд.

Пажуҳишгари фолклори тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ аз зумраи чунин эҷодкоронест, ки дар баробари ба касби омӯзгорӣ ва пажуҳиши илмӣ машғул будан бо васоити ахбори оммавӣ, хосса матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дорад ва тавассути ин минбар нигоштаҳои публитсистии худро пешкаши доираи зиёди хонандагон мегардонад.

Ӯ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар деҳааш гирифта, пас аз хатми мактаб соли 1972 ба шаҳри Душанбе меояд ва бо супоридани имтиҳоноти қабул донишҷӯи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) мегардад. Чун ҳанӯз дар овони талабагӣ ба кори рӯзноманигорӣ завқ пайдо карда буд, дар солҳои аввали донишҷӯӣ бо радио Тоҷикистон ва нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ намуда, бо таҳияи хабару гузоришот ва лавҳаҳо аз ҳаёти мактабиён қобилияти нигорандагии худро месанҷад, балки инкишоф медиҳад. Ин ҳамкорӣ сабаб мегардад, ки пас аз хатми донишгоҳ бо роҳхати Кумитаи радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон ба ин муассиса ба кор меояд ва солҳои 1977-1978 ба сифати муҳаррири хурд фаъолияти эҷодиашро давом медиҳад.

Соли 1978 ба хотири пажуҳиши илмӣ ба ДДТ баргашта, солҳои 1978-1981 дар факултети филологияи тоҷик ба ҳайси мудири кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ фаъолият мекунад. Фаъолият дар кабинети методӣ, аз як тараф, ӯро ба адабиёти илмиву методии ихтисосӣ шинос ва, аз сӯи дигар, ба таҷриба ва маҳорати омӯзгории устодонаш амиқтар ошно ва солисан, самти пажуҳиши минбаъдаашро яқин мегардонад.

16-уми марти соли 1981 аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Афғонистон фиристонида мешавад, ки то 27-уми августи соли 1985 дар Донишгоҳи Кобул ҳамчун тарҷумон кор мекунад. Ӯ дар ин донишгоҳ баробари иҷрои вазифаи асосии худ- тарҷумонӣ бо фурсати вақт ва имкон корҳои дигареро низ ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ дар донишгоҳи мазкур фанни фолклоршиносӣ ҷорӣ гардида, китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров бо ҳамкории таърихшинос профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ аз алифбои крилӣ ба алифбои форсӣ баргардон карда мешавад. Ҳамзамон ӯ аз байни ҳамзабонони афғонистонӣ бо ёрии донишҷӯён наздик ба 20 ҳазор саҳифаи дафтар ва бештар аз сад касет маводи фолклорӣ гирд оварда, намунаҳои онро дар се ҷилд зери унвони «Намунаҳои фолклори дарӣ» (Кобул, 1984) ба нашр расонидааст.

Пас аз баргаштан ба Тоҷикистон боз ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул гардид. Фаъолияти минбаъдаи ӯ дар чунин муассисаву вазифаҳо ҷараён гирифтааст. Омӯзгори ДДТ (1985-1986), аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии Лабороторияи бостоншиносӣ, этнография ва фолклори ДМТ (1990), муаллими калони Кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (1991-1993), дотсенти ДМТ (1993), докторанти ДМТ (1993-1997). Аз соли 1997 ҳамчун дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (1997-2001) ва профессори ҳамин кафедра (аз 2000- то имрӯз) мебошад. Аз соли 2006 дар баробари устоди донишгоҳ буданаш ҳамзамон сардабири маҷаллаи созмони байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд»-ро ба уҳда дорад.

Ӯ солҳои 1992-2005 раиси Пажӯҳишкадаи «Мардумшиносӣ» бунёдгузор ва солҳои 1993-2003 сардабири нахустин гоҳномаи фарҳанги мардум «Мардумгиёҳ» буд.

Равшан Раҳмонӣ наздик ба 40 сол аст, ки ба фаъолияти эҷодӣ машғул мебошад ва аз ин 36 солаш ба ДМТ иртибот дорад. Ӯ дар факултаҳои филология, журналистика ва таърихи ДМТ аз фолклоршиносӣ, поэтикаи фолклор, фолклори Шарғу Ғарб, поэтикаи фолклор, фарҳанги тоҷикон, мардумшиносӣ, адабиёти тоҷик, этикаи касбӣ дарс медиҳад. Аспирантҳо ва унвонҷӯйҳои зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар зери назари ӯ рисолаҳои номзадӣ навиштаву бомуваффақият дифоъ намудаанд….

Фаъолияти эҷодии ӯ доманадор ва гуногунпаҳлу аст, ки омӯзгориву пажуҳишгарӣ ва рӯзноманигорӣ аз ҷумлаи он мебошад. Самти асосии фаъолияти ӯро пажуҳиши фолклор, адабиёт, таърихи гуфторӣ, этнографияи тоҷикон ва форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон ташкил медиҳад. Доир ба ин масъалаҳо 45 китоб ва бештар аз 520 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ таҳия намудааст, ки аз ин ҷумла 15 китоб ва беш аз 60 мақолаи илмӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст, ки намунаҳояш инҳоянд: «Простонародная литература современного Афганистана (дар 2 ҷилд, Москва, 1994); «Афсонаҳои дарӣ» (Теҳрон, 1994, 1998); «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Душанбе, 1996); «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Душанбе, 1999); «Проблемы устной поэзии и прозы в творчестве персоязычных народов» (Москва, 2000); «Афсонаҳои нодир» (Пешовар, 2003, 2005); «Тамаддуни ориёӣ (маҷмӯаи гуфтугӯҳо)» (Душанбе, 2006); «Фиристодаи доно ва тавоно» (Душанбе, 2006), «Достони Барзу дар гуфтори Ҷӯра Камол» (Душанбе, 2007), «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Душанбе, 2008), «Роҳнамои гирдоварии фолклори тоҷик» (Душанбе, 2009, 2010), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013). Дар ин ва дигар пажӯҳишҳояи Р. Раҳмонӣ фарҳанг ва фолклори тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитабор ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Тавре ишора намудем, фаъолияти рӯзноманигории Равшан Раҳмонӣ (Раҳмонов Равшан Қаҳҳорович) аз давраи донишҷӯйӣ шуруъ шудааст. Ӯ аз охири солҳои 1970 бо матбуоти даврӣ ҳамкориро оғоз намудааст. Аввалин нигоштаҳояш дар шакли хабару ҳисобот, мақолаву тақриз, лавҳаву очерк дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудаанд. Ҳамчунин ӯ доир ба масъалаҳои гуногун ва муҳимму мубрами фолклору ҳунар бо ховаршиносон мусоҳибаҳои зиёде ба анҷом расонидааст, ки муҳтавои ағлаби онҳо то имрӯз куҳна нашудаанд.

«Ёвон» (Тоҷикистони советӣ, 1976,13 ноябр), «Ишқ, муҳаббат, оила» (Тоҷикистони советӣ, 1976, 23 декабр), «Мушкилкушо» (Ҳақиқати Ӯзбекистон, 1977, 24 март), «Дӯст он бошад, ки…» (Комсомоли Тоҷикистон, 1977, 15 июн), «Хадича» (Ҳақиқати Ӯзбекистон, 1978, 16 январ) Хоби Ширин (Комсомоли Тоҷикистон, 1978, 22 март), «Орзую мақсад, ишқу садоқат, бахту саодат…» (Ҳақиқати Ӯзбекистон, 1978, 8 июл) аз нигоштаҳои аввалини публитсистии Равшан Раҳмонӣ мебошанд, ки бештар дар қолаби лавҳа иншо гардидаанд.

Лавҳаҳои ӯ ҳарчанд шогирдона ва боэҳсос иншо шудаанд, аммо аз ҷиҳати интихоби мавзуъ, тарзи тасвир ва проблемагузорӣ хусусияти хос доранд. Дар онҳо тасвири воқеа хушку холӣ нест, балки бо тахайюли рангини муаллиф зебу зиннат ёфтаанд. Чунончи, дар яке аз аввалин лаваҳаҳои ӯ «Ишқ, муҳаббат, оила» лаҳзаҳои зиндагии шахсе ба тасвир кашида шудааст, ки ишқи самимиро мефаҳмад, барои расидан ба он кӯшиш мекунад ва ба мақсад мерасад, пойдории оиларо дар дӯстдории самимӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ медонад.

Баъдар бо пурра ба кори илмӣ ва пажуҳишӣ гузаштан фаъолияти публитсистии ӯ ба фаъолияти илмиаш пайванд гардида, масъалаҳои фолклор, расму оинҳои гуногуни мардумӣ, адабиёт, таърихи эҷодиёти шифоҳӣ ва амсоли ин ташкил медиҳад. Доир ба ин масъалаҳо ӯ дар матбуоти даврии Тоҷикистону Афғонистон маколаҳои зиёдеро интишор намудааст, ки «Илм чароғи ақл аст» (Анис, 1361, 29 мизон), «Восифи ҳақиқии зиндагӣ» (Анис, 1980), «Ду ахтари тобони осмони ҳунари тоҷик» (Ҳийвод, 1981), «Симои зани фидокор дар достони “Бежан ва Манижа” (Занони Афғонистон 1363, (1984), № 8), «Фарҳанги мардумро меҷӯем» (Ҳақиқати Ленинобод, 1990. – 31 август), «Ба умеди наҷоти фарҳанги мардум» (Омӯзгор, 1990, 25 сентябр), «Дар мулоқоти ҳокими Бухоро» (Адабиёт ва санъат, 1990, 30 апрел), «Нарди сабзи куҳантут» (Садои мардум, 1993, 28 май), «Чашмаи хушкнашаванда» (1993), «Қалъаи Ҳисоршукӯҳи тоза мегирад» (1999), «Рашт водии меҳру муҳаббат аст» (2002), «Забони рисолаҳои илмӣ бояд тоҷикӣ бошад» (2008) намунае аз онҳост.

Нигоштаҳои пубитсистии Р. Раҳмонӣ аз нигоҳи жанр метавон ба хабарҳо, мусоҳибаҳо, мақолаҳо, лавҳаҳо ва очеркҳо ҷудо намуд. Агар дар ибтидои фаъолияти эҷодӣ ӯ ба навиштани хабару лавҳаҳо аз ҳаёти мактабиён ва лаҳзаҳои ҷудогонаи инсонҳои наҷиб рағбат пайдо карда, дар нашрияҳои кӯдакон ва ҷавонон чоп кунонида бошад, баъдтар бо сайқали маҳорат ба нигоштани очеркгунаҳо аз рӯзгор ва осори олимону донишмандон даст задааст. Шуғли доимӣ қарор гирифтани пажуҳиши илмӣ боиси эҷоди мақолаҳои илмиву оммавӣ ва мусоҳибаҳо бо беш аз 100 шахсиятҳои шинохтаи кишварҳои гуногуни олам гардидааст, ки аксарият ба равиши таърихи гуфторӣ сурат гирифтааст. Сафарҳои зиёди хидматӣ, шиносоӣ бо шахсиятҳои муътабари соҳаи фарҳангу адаб, аз як тараф, доманаи нигоштаҳои Р. Раҳмониро густурдатар намуда бошад, аз сӯи дигар, ҳудуди интишори онҳоро фаромилӣ ва ҷаҳонӣ намудааст.

Ӯ тавассути сафарҳо, суханрониҳо дар симпозиум, конгресс, семинар ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар Австралия (1998), Қирғизистон (1999), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983, 1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Италия (2006), Корея (2009, 2010), Маҷористон (2002), Миср (2009), Муғулистон (2010), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010, 2010), Русия (1988, 2000; 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008, 2014), Туркия (2007), Фронса (2006), Шведсия (2008, 2011), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2011, 2014), Ӯзбекистон, (1993, 1994, 1999, 2002, 2003) ва ғайра баргузор гардидаанд, фаҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ҳамчунин дар ин сафарҳо бо ховаршиносон гуфтугӯ карда, бахше аз онҳоро дар шакли матолиби публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ба нашр расонидааст.

Сафарҳо ба мамолики дунё, иштирок дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ имкон додааст, ки Равшан Раҳмонӣ бо муҳаққиқони шинохтаи кишварҳои хориҷӣ аз қабили Улриш Марзулф (Олмон), Маргарет Миллс (Амрико), Гарник Асатирян (Арманистон), Владимир Кляус (Русия), Фил Ким (Корея), Габриелла ван ден Берг (Ҳоланд) ва дигарон ошноии наздик пайдо кунад, ҳамкории илмӣ намояд ва бо ҳаммуалифии эшон китобҳо ба табъ расонад. Аз ҷумла бо профессори амрикоӣ Маргарет Миллс роҷеъ ба як гӯяндаи фолклори тоҷик китобе таҳия кардааст, ки он ба забони англисӣ таҳти унвони «Conversations with Dauvlat Khalav. Oral narratives from Tajikistan» (2000) нашр шудааст.

Хамзамон дар заминаи боздидҳо ва ҳамкориҳои илмӣ бо як қатор олимони хориҷӣ оид ба шахсиятҳои маъруфи миллати тоҷик ва масъалаҳом фарҳанг ва адаби тоҷикон мусоҳибаҳо ташкил намуда, дар шакли китобгунаҳо интишон намудааст, ки Фарёди бесадо» (Гуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Душанбе, 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Душанбе, 2012) намунаи онҳост.

Баъзе аз матолиби публитсистии ӯ дар китобҳои «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013) чоп шудааст. Р. Раҳмонӣ тавассути ВАО ба таври мунтазам дастовардҳои фарҳангии кишвар ва миллатамонро тарғиб мекунад.

Имрӯзҳо Равшан Раҳмонӣ дар остонаи 70-умини умр қарор дорад. Ин синни муборакро таҳният намуда, барояш саломативу тансиҳатӣ ва мувафаққиятҳои боз ҳам нишонраси эҷодиро таманно дорем.

Эй он ки дар канори ин дунёи бекарон,

Раҳҷӯи бекаронаӣ умрат дароз бод.

 Мурод МУРОДӢ, Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, устодони ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь