Аҳмадшоҳ Улфатшоев аз ҳунарпешагони маъруфи театр ва синамои тоҷик мебошад, ки фаъолияти ҳунарии худро баъди хатми Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар Театри халқии шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод, баъдан Кофарниҳон) оғоз бахшидааст. Бо андӯхтани таҷрибаи кофии эҷодӣ ва доштани собиқаи хуби корӣ дар соҳаи санъат ӯ барои такмили истеъдод ва касбияти ҳунар ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил шуда, баъди хатми он (соли 1975) маҳорату малакаи актёрии хешро дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳӯтӣ паҳно бахшидааст.
Ӯ ҳамчун намояндаи насли чоруми ҳунармандони театр дар саҳнаи он бо пайравии сабку услуби бозигарии ҳунармандони бузурги тоҷик, асосгузорону шаҳсутунҳои театри касбии миллӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов ва дигарон нақшҳои марказиву хотирмонеро ба мисли Дохунда (“Дохунда”-и Ҷ.Икромӣ), Рӯдакӣ (“Рӯдакӣ”- и Улуғзода), Рустам (“Рустам ва Сӯҳроб”-и Ғ.Абдулло), Баҳроми Чӯбина (“Баҳроми Чӯбина”- Т.Аҳмадхонов), Сомонхудот (“Сомонхудот”-и С.Аюбӣ), Шоҳ Парвиз (“Борбад”-и Ч.Қуддус), Амир Абдулаҳад (“Алломаи Адҳам”- и С. Улуғзода), Егей (“Медея”-и Софокл), Чжоу Пу (“Раъду барқ”-и Тсао Юй) Шоҳ Масъуди Ғазнавӣ («Чархи гардон»-и Н.Табаров), Берия(“Ориёӣ”-и С.Аюбӣ), Раис (“Чодари найранг”-и Т.Аҳмадхонов), Раиси Мақомоти бехатарӣ («Аёдат»-и Ҳ.Раҳмат»), Сипаҳсолор («Рӯдакӣ»-таҳияи Ҳ.Гадоев), Корманди мақомоти бехатарӣ «Зиндагинома»-и А.Абдуҷаббор, Падар («Ишқи нобино»-и М.Салим) ва ғ. Бозидааст.
Тавре, ки аз саҳифаҳои рангини ҳаёти эҷодии ӯ ба мушоҳида мерасад, коргардонҳо ба ӯ бештар нақшҳои асосиро дар намоишҳо пешниҳод кардаанд. Сабаби асосии он аз як ҷониб маҳорату истеъдод, садои қавию марғуладор ва қаду қомати баланду саҳназебаш бошад, аз ҷониби дигар садоқату сарсупурдагии ӯ ба касбу ҳунар ва интизоми қавию эҳсоси баланди масъулиятшиносияш ба кори эҷод маҳсуб мешавад.
Ман Аҳмадшоҳ Улфатшоевро ҳанӯз солҳои донишҷӯиям мешинохтам. Бо таъсис ёфтани Донишкадаи санъат мо донишҷӯи соли аввал будему гуруҳи онҳо хатмкунанда буданд. Дар он гуруҳ Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Толиб Бобоев. Султонмурод Бобомуродов, Сония Наврӯзова, Асрор Камолиддинов ва дигарон таҳсил мекарданд, ки имрӯз чун ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик азизу маҳбуби мардуманд.
Баъдан вақте, ки ман ба Театри Лоҳутӣ ба кор омадам, Аҳмадшоҳ Улфатшоев аз лиҳози мақому обрӯ аллакай дар радифи ҳунармандони машҳуру собиқадори театр қарор дошт, дар корҳои ҷамъиятиву маъмурӣ хеле фаъол буд. Ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнвораҳои бузурги шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзид. Солҳои 1984-1987 сарварии театрро ба уҳда дошт ва дар пешрафти фаъолияти эҷодӣ, таҳияи намоишҳои дорои арзишҳои баланди бадеӣ, касбияти волои аҳли ҳӯнар ва гиромидошти унвони академии театр баҳри ғановати маънавии ҷомеа хидматҳои босазое кардааст.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев тавре, ки дар боло ишора кардам ба ҳунар ва касбу пешаи худ меҳру муҳаббати хоса дошт, дар тамринҳо басо фаъол буд, мекӯшид, ки ба коргардон ва ҳампешагону ҳамбозиҳои худ барои такмили нақшҳо ва образҳо, рангу ҷилои бештари саҳнаҳо ва дар маҷмӯъ бо арзишҳои волои саҳнавӣ таҳия шудани намоиш ҳамаҷониба кӯмак мекард. Аз ин рӯ бо ӯ ҳамбозӣ (партнёр) ва шарикбозӣ (дублёр) будан басо хушу гуворо буд.
Ман хушбахтона, бо ин марди ҳунар дар бисёр намоишҳо ҳамбозӣ будам ва маҳорату ҳарорати истеъдоду ҳунари ӯро дар саҳна борҳо мушоҳида кардаам.
Дар намоиши мазҳакавии “Кафшҳои Абдулқосим” (Т.Аҳмадхонов таҳияи У. Раҷабов) Аҳмадшоҳ нақши Қозиро мебозиду ману Нурулло Абдуллоев ноибони қозиро. Чунон бо шавқу завқ ва шухиву зарофат бозӣ мекардем, ки барои худамон чӣ қадар лаззату кайфият ва шодиву сурур мебахшид. Нақшҳои мо (Қозикалон ва ноибонаш) аз нақшҳои лаҳзавӣ ба сатҳу дараҷаи нақшҳои асосӣ расида буданд. Албатта, манбаву сарчашмаи илҳому шавқи мо пеш аз ҳама акаи Аҳмадшоҳ буд. Барои иҷрои нақши ноиби қозӣ дар намоиши “Кафшҳои Абдулқосим” директори вақти театр Қошқарӣ Мирзоев маоши маро 20-рубл зиёд кард, ки дар он бешак саҳми Аҳмадшоҳ Улфатшоев ҳам буд. (20-рубли шӯравӣ он замон қадру қиммати баланд дошт).
Баъдан ҳамкориҳои эҷодии мо бо акаи Аҳмадшоҳ дар намоиши“Раъду барқ”-и адиби Чин Тсао Юй дар таҳияи коргардони шӯҳратёри театри Шӯравӣ Хушназар Майбалиев хеле пурсамару хотирмон ҷараён ёфт. Намоиши мазкур соли 1958-уми қарни гузашта аз ҷониби коргардони бузурги шӯравӣ Э.И.Мителман таҳия шуда буд, ки дар он Тӯҳфа Фозилова, Абулхайр Қосимов, Гурминҷ Завқибеков, Маҳкам Ҳоҷиқулов, София Тӯйбоева, Мукарама Шамсиддинова, Ҳалима Насибулина ва бисёр ҳунармандони шинохтаи театри тоҷик нақш бозӣ мекарданд. Хушназар Майбалиев ба поси хотир ва гиромидошти номи онҳо намоиши “Раъду барқ”- ро бо тарҳу нигоҳи нав таҳия намуд. Асоси ғоявии намоишро ахлоқ ва сарнавишти инсон дар маҷрои рӯзгори нобасомону пурҳаводис, паёмади бисёр талхи иштибоҳу хатоҳои айёми ҷавониҳо ташкил медод.
Раванди ҳодисаву моҷароҳо ва анҷоми фоҷиабори он хеле ғамангезу таъсирбахш буд. Аз ин рӯ баъди анҷоми ҳар як намоиш ҳам дар толори театр ва ҳам дар сафарҳои ҳунарӣ мардум бо чашмони пурашк ва бо самимияти хоса ба истиқболи ҳунармандони дӯстдоштаи худ дуру дароз кафкӯбӣ мекарданд.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар намоиш нақши падари хонадони сарватманд Чжоу Пу, ман нақши писари калонии ӯ Чжоу Пинро бозӣ мекардам.
Дар намоиш Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова, Саодат Азизова, Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзоалиев, ҳунарпешагони ҷавон Насриддин Асадуллоев ва Дилрабо Паллаева нақшҳои худро басо ҷаззобу самимӣ мебозиданд. Бо намоиши “Раъду барқ”ва бо ин ансамбли қавию ҳамдилу ҳамсадои ҳунармандон мо қариб дар тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилояти Суғд, қисмати вахшонзамини вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Нурободу Тавилдара, Ғарму Тоҷикободу Лахш ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарҳои ҳунарӣ доштем. Дар ҳамаи он сафарҳо роҳбар ва раҳнамои мо Акаи Аҳмадшоҳ буд. Дар муваффақият ва самараи неки маънавию моддии ин сафару вохӯриҳо акаи Аҳмадшоҳ нақши муҳим мебозид. ( Дар ҳама ҷо шиносону дӯстоне дошт, ки хидмату эҳтиромашро самимона ба ҷо меоварданд).
Сафарҳои ҳунарии мо бо намоиши фоҷеаи “Раъду барқ” ба деҳоту музофоти дурдасти кишвар назару тасаввуроти мардумони кӯҳистонро нисбат ба театр ва ҳунари асил дигаргун месохт, зеро бисёр гурӯҳҳои масхарабози кӯчагӣ бо саҳнаҳои бемаъниву беодобонаи худ завқу фаҳмиши мардумро нисбат ба мақому ҷойгоҳи ҳунар, театру рисолати маърифатзои он коста буданд.
Хусусан сафари ҳӯнарие, ки тобистони соли 2014 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доштем, бо роҳбарии ӯ хеле хотирмону пурсамар сурат гирифт. Сафари ҳунарӣ ва вохӯриҳои эҷодии мо бо мардуми заҳматқарин ва хонандагону донишҷӯёни макотиби миёнаву олии вилоят ба гиромидошту ёдбуди ду фарзандони фарзонаи миллат, зодагони ин минтақа Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев ва Гурминҷ Завқибеков (аввалин иҷрокунандаи нақши Чжоу Пин) бахшида шуда буд.
Истиқболу пазироии бисёр гарму самимии мардум дар навоҳии Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Рошқалъаву Ишкошим ва шаҳри Хоруғ илҳому шавқи моро афзун мегардонд ва дурии роҳҳову ранҷу заҳмати онро сабук менамуд. Боз ҳам таҷрибаи хуби роҳбарӣ ва обрӯву эътибори Аҳмадшоҳ Улфатшоев сабаби воқеии муваффақияту натиҷаҳои хубу дилхоҳ ба бор овардани сафари ҳунарии мо гардида буд.
Ба хотири мақому обрӯ ва дарёдиливу ҷавонмардии Аҳмадшоҳ Улфатшоев ҳар як намоиши мо бо иштироки шахсони аввали шаҳру ноҳияҳо ва дастурҳои хосаи роҳбарияти вилоят дар сатҳи баланди ташкилӣ ва низому фарҳанги баланди тамошогарони бадахшонӣ доир мегаштанд.
Дар ҳар ноҳияву хоҷагиҳо дар назди ҳар як қасри фарҳангу клубҳои деҳот моро бо суруду мусиқӣ, садои дафу доира, рубоби бадахшиву дигар созҳои миллӣ пешвоз мегирифтанд.
Чӣ мардумони софдилу хайрхоҳу меҳмондӯстдоранд, кӯҳистониёни мо!
Зиндадилӣ, шӯхиву зарофатҳои намакини акаи Аҳмадшоҳ ранҷу душвориҳои сафарро рафъ мекард. Мо бо рӯҳи болидаву хотироти басо рангину гуворо аз Бадахшон ба Душанбе баргаштем.
Ҳам дар рафтан ва ҳам дар бозгашт дар деҳаи зебои Кеврони Дарвоз, дар зодгоҳи акаи Аҳмадшоҳ, дар ҳавлии падарии ӯ меҳмони бародарону пайвандонаш шудем. Меҳмонавозии кӯҳистониён он қадар пурмеҳру самимист, ки назираш дар ҷаҳон нест ва он яке аз ҷанбаҳои қавии ифтихороти миллии мост.
Зимни ин сафар акаи Аҳмадшоҳ аз сафари соли 1995 анҷомдодаи худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони бо барномаи консертӣ дар ҳайати гурӯҳи Одина Ҳошим ва Хуршед Алидодов, ҳунарпешагони театр Шералӣ Абдулқайсов, Асалбек Назриев ва Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров ёдовар шуд. Он солҳо ин иқдоми театр бо ташаббус ва роҳбарии Аҳмадшоҳ Улфатшоев воқеан ҳам як худфидоӣ ва қаҳрамонӣ буд.
Дар он айёми басо ҳассосу даҳшатбор дар ҳақиқат сафар кардан ба минтақае, ки силоҳбадастони гурӯҳҳои мухолиф дар ҳар қадам ба ҷони мардум таҳдид мекарданд, басо хавфнок буд, аммо Аҳмадшоҳ бо такя бар нуфузу эътибори худ бо эътимоду боварии қавӣ ба ин сафари пурхатар иқдом мениҳад.” Ӽадафамон ба мардуми вилоят расонидани паёми сулҳу оромӣ, паёми ваҳдату дӯстӣ буд”- мегуфт акаи Аҳмадшоҳ.
Дар роҳи амалӣ намудани ин нияти хайр онҳо ба бисёр мушкилиҳо дучор мегарданд, ҳатто ба гаравгонии қумандоне гирифтор шуда, бо тадбиру дилёбии Аҳмадшоҳ Улфатшоев ва иҷрои барномае бо сурудҳои гурӯҳӣ Одина Ҳошим ва Хуршед Алидодов аз чанги силоҳбадастон раҳоӣ меёбанд. Барнома аз суруду оҳангҳои ҷаззоби Раҳматуллоҳ ва Абдулхайр Ҳошимовҳо, Хуршед Алидодов ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар иҷрои Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Асалбек Назриев ва Шералӣ Абдулқайсов мураттаб гардида буд.
Ин сафар, барномаи ҳунарии гуруҳ ва иқдому ҷасорати Аҳмадшоҳ Улфатшоев барои тазаккур додани мақому натиҷаи сулҳу оштӣ, ваҳдату дӯстӣ барин мафҳумҳои муқаддас дар он айёми ҳассосу тақдирсоз барои мардумони кӯҳистони Бадахшон аҳамияти беандоза дошт…
Ҳамкории дигари эҷодие, ки бо Аҳмадшоҳ Улфатшоев анҷом дода будем дар раванди таҳияи намоиши “Чархи гардон”-и Н. Табаров аз рӯи “Таърихи Байҳақӣ” дар таҳияи Ӽунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев ҷараён гирифт ва барҳақ яке аз сабабҳои асосии муваффақияти асар нақши Султон Масъуд (писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ) дар иҷрои Аҳмадшоҳ Улфатшоев буд. Ҳунарпеша салобату шаҳомати давлату давлатдорӣ, сиёсат ва нерӯву қудрати сулолаи Ғазнавиёнро дар симои қаҳрамони худ бо ҳарорату драматизми баланд таҷассум менамуд. Хусусан саҳнаи ошкор гаштани фитнаву хиёнати сипаҳсолор Абӯсаҳли Завзанӣ дар қатли вазир Ҳасанак набарду муҳорибаи шеронаеро мемонд, ки сайди маккори худро бо тадбиру зӯрӣ ба чанг оварда ба марг маҳкум мекунад. Ин саҳнаро тамошогарон бо ҳаяҷону ҳиссиёти баланд тамошо мекарданд.
Намоиши «Чархи гардон»-ро бо ҷанбаҳои қавии тарбиявию таърихияш ва ансамбли хуби ҳунарпешагони маъруф Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Носир Ҳасанов, Исо Абдурашидов, Қиёмиддин Чақалов, Асалбек Назриев, Муҳаммадӣ Мирзоалиев ва дигарон дар шаҳрҳои Хӯҷанду Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) тамошогарони доираҳои васеъ, хусусан ходимони дину масоҷиди ду вилояти бузурги кишвар тамошо карда баҳои баланд доданд.
Давлат Убайдуллоев Аҳмадшоҳро «акаи қиёматӣ»-гӯён муроҷиат мекард. Насли баъдиву ҷавонон ҳама ӯро акаи Аҳмадшоҳ меномиданд.
Ҳамкориҳои эҷодии мо бо Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар намоишҳои «Рӯдакӣ» (таҳияи Ҳ.Гадоев), «Аёдат», «Зиндагинома» (таҳияи Д.Убайдуллоев), «Ориёӣ» (таҳияи Х.Майбалиев) ва ғ. саршор аз хотираҳои неку шавқангезе буданд, ки зикри ҳамаи он дар як мақола аз имкон берун аст…
Бо акаи Аҳмадшоҳ дар таҳияи намоиши “Чодари найранг”-и Т. Аҳмадхонов низ ҳамкории басо босамари эҷодӣ анҷом додем. Дар ин мазҳака ӯ нақши Раиси ширкатро ба зарофату мутоиба ва ҳазлу шӯхиҳои намакин бозӣ мекард. Паҳнои ҳунару истеъдоди ӯ барои иҷрои нақшҳо дар жанрҳои мухталифи асарҳои саҳнавӣ -фоҷиа, драма ва мазҳака хеле созгор буд.
Дар санъати мусиқӣ низ истеъдоди хоса дошт. “Қалъабандӣ”-и Акашариф Ҷӯраев аз сурудҳои дӯстдоштаи акаи Аҳмадшоҳ буд, ки пайваста дар маҳфилу нишастҳои хоса замзама мекард ва аҳли нишастро низ ба ҳамовозӣ ҷалб менамуд.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев бо андӯхтани таҷрибаи корӣ ҳунари худро дар ҷодаи коргардонӣ ҳам санҷида муваффақ гардид. Нахустин ва мутаассифона охирин кори коргардонии ӯ таҳияи мазҳакаи Тӯрахон Аҳмадхонов “Қиссаи ғамгину рангин” буд.
Ин намоиш бо ансамбли хуби актёрон, ороиши хубу ҷаззоби мусиқӣ ва ҳазлу зарофати нишонрас дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба доираи васеи тамошобинон фараҳу шодмонӣ бахшидааст.
Акаи Аҳмадшоҳ табиатан марди шӯху зиндадил, улфату сӯҳбаторо буд. Ӽарчанд, ки дар зиндагӣ мушкиливу ғаму мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронд, боз ҳам қавирӯҳу зиндадилу устувор боқӣ монд. Баъди бемориву ҷарроҳиҳои вазнин ҳам ӯ боз ба театр, ба саҳнаи ҳунар майлу талош мекард. Дар саҳна, дар сафарҳои ҳӯнарӣ, дар мулоқоту вохӯриҳо бо мухлисону ҳаводорони худ шифои комили худро медиду ҳеҷ гоҳ ба хастагиву беморӣ тан намедод. Вале марги писари ягонааш Шоҳрух қомати болову саҳназеби падарро хам намуду дили наҷибашро гирифтори дарду ғам кард. Оқибат дар синни 75-солагӣ ин дили пурмеҳру пуршӯр аз таппиш бозмонд…
Марги Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев барои санъати театрӣ ва синамои тоҷик талафоти гароне буд…
Ёди некаш, талошу ҷонбозиҳояш барои рушди фарҳангу ҳунар, нақшу образҳои офаридааш дар хотираҳо ва наворҳои синамову телевизион ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.
Руҳаш шоду охираташ обод бод!
Ортиқ Қодир,
ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон