Нақлу нақди қиёсии рӯзгори фарҳангию сиёсии ду шоири маъруфи ҷумҳурӣ Лоиқи Шералӣ ва Бозори Собир.

Ҳар ду ҳамнасл буданд, ҳар ду дар ҷунбишҳойи миллию мадании солҳойи 60-80-ум фаъолона ширкат варзиданд. Мо, муосирон, онҳоро ҳамчун рамзи бедории таърихию сиёсиамон мешинохтем. «Забони модарӣ», «Оли Сомон», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Кӯч мебандам» ва дигар манзумаҳойи ин ду сухансаройи зодсарв вирди забон буданд. Лекин минбаъд, хусусан ҳангоми бархӯрдҳойи солҳойи 90-ум, Лоиқ ва Бозор роҳҳойи гуногунро пеш гирифтанд…

Бозор ба наҳзати демократҳойи навбаромад пайваста, дар ҷумла маъракаҳойи зиддиҳукуматӣ – аз гуруснанишинҳо гирифта, то марафони гирдиҳамойиҳо – фаъолона иштирок кард. Лоиқ бошад, аз минбару сангарҳо дурӣ ҷуст, вале вақте ки хатари бархӯрди хунини майдонҳойи «Шаҳидон» ва «Озодӣ» пеш омад, то тавонист нирӯҳойи даргирро ба муросо оварданӣ шуд.

Охир, ҳар ду аз кори кардаашон пушаймон шуданд. Чӣ Лоиқ ва чӣ Бозор ба некӣ дарк намуданд, ки ба истилоҳ рӯшанфикрон сабабгори асосии фоҷиайи миллиамон набошанд ҳам, яке аз омилҳойи тазоҳуроте буданд, ки охир ба ҷанги ҳамватанӣ оварда расонд. Бозор на фақат парламони ҷумҳуриро тарк гуфт, балки аз сафи Ҳизби Демократ ҳам баромада, ношукриҳойи таърихии ҳамҳизбони инқилобгарояшро мазаммату маҳкум кард. Лоиқ бошад, вақте бо чашми худ диду ба гӯши худ шунид, ки чорчӯби «Ҳукумати Муросойи Миллӣ», ки яке аз муассисонаш буд, ба арсайи муборизайи нопок баройи ба зӯрию бо зорӣ гирифтани қудрати сиёсӣ табдил ёфт, ба пеши ман омада, қатъӣ гуфт: «Миёнҷигариҳоямон тамом шуд. Мақсади мо бархӯрди ду майдонро пешгирӣ кардан буд. Ун тарафаш ҳирсу ози мансабталошиҳост. Баройи ману ту миёни чанд мурда шаҳид будан чандон ифтихоре нест!». (Як рӯз пеш дар майдони назди идорайи Қозиёт инқилобиюни навхеста ӯро дар воқеъ ҳам «шаҳид» карданӣ буданд. Фақат бо ёрии ҷондори Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо мошин гурехта, халос шудем!).

Сонитар Лоиқ шеъри ҳасратомезе навишта, зимнан гуфт: «Равшангаромон ноаҳлу кӯранд». Бозор бо оҳанги аз ин ҳам сахттар навишта: «Эшон айни сияҳгӯшон пасмондайи шерону шербачаҳои ҳукуматро хӯрда-хӯрда одат кардаанд. Ба ҳамин ғараз гоҳе дум-думу гоҳе пеш-пеши роҳбарон давида қиғу чиғ мекунанд. Гӯё ки расулон бошанд, на сарқутхӯрон»!

Шоирони борикбини мо маҳз киҳоро дар назар доштанд? Албатта, аҳли саводро. Лекин кадом қисм ё қишри онро? Зоҳиран, дар мадди назарашон аҳли қалам, боз мушаххастар гӯям, шоиру нависандагон буданд, ки онвақт фаъолтарин бахши ба истилоҳ “интеллигентсияи эҷодкор” ба шумор мерафтанд. Лоиқу Бозор миёни онҳо ҳам тафовут дида, фардҳоеро алоҳида ҷудо кардаанд, ки дар баробари “кори эҷодашон” вазифайи нӯкарони идеологию сиёсии режимро ба уҳда доштанд. Бозор дар шарҳи мушоҳидаҳояш афзуда, ки Ҳокимияти Шӯравӣ “аз подабону қассобу самоворчӣ интеллигент месохт”. Албатта, ҳукмаш як навъ иғроқи шоирона буд. Чаро ки на худаш ва на Лоиқ аз ҷумлайи интеллигентсияи тазвирӣ буданд; ду тоҷикписари деҳотӣ қад-қади пайраҳайи баргузидаашон мустақилона роҳ паймуда, ба фарти зеҳну закойи худододе, ки доштанд, ду қуллайи силсилакуҳи назми Аҷамро фатҳ карда тавонистанд.

Лекин дигар воқеияти даврайи Шӯравӣ низ бармалост: “Партия ва Ҳукумати ҷоноҷон” дар баробари дидаю дониста костани обрӯю эътибори иҷтимоии аҳли фазлу дониш (аз ҷумла, бо роҳи қасдан наафзудани шуморайи онҳо дар сафи хизби камунист) адади ангуштшумори «интеллигентсияи эчодкор»-ро ба унвони муште, ки аслан намунайи хирвор набуд, аз рӯйи «баромади иҷтимойӣ» ва аз ҷиҳати «садоқати синфӣ» сарачин карда гирифта ва ба сойири оламиён муаррифӣ намуда, эшонро баройи вусъат додани таблиғоти идеологиаш (хусусан, дар “Ҷаҳони Сейум”) ғаразмандона истифода бурд. Пас, чӣ ҷойи ҳайронист, ки баъзе шоирони аз тарафи давлат қадршуда, яъне унвони “хизматнишондода” гирифтагиҳо, хонанда надоштанду академикҳойи ордендору мукофотонидашударо (фаразан, дорандагони ҷойизайи Абӯалии Синоро) ҳамкасбонашон ҳамчун олим эътироф намекарданд!

Хулоса, мақсади Лоиқу Бозор наҳ задани тамоми “интеллигентсияи шӯравӣ” набуд. Зеро нағз медонистанд, ки аҳли фазлу дониши он давра ба ҷуз тақлидкорони сиёсию эҷодкорони сохтаном донишмандони асил, муҳандисони кордон ва муаллимони пуртаҷрибаро низ дарбар мегирифт, ки бо сиёсат умуман кордор набуданд, магар ин ки ҳангоми ба истилоҳ интихобот ба хотири иҷро кардани “қарзи шаҳрвандашон” ба депутатшавандайи пешакӣ ва боло баргузида “овоз медоданд”. Хусусан, ки Лоиқу Бозор низ ба унвони аҳли қалам дар сафи худи ҳамон интелллигентсия ба камол расида ва аз тарафи давлат қадр ёфта буданд. Ва зимнан, агар ҳамовозиашонро бо ҳаёҳуйи ҳайкалшиканон ба назар нагирем, ба ҷомеайи шӯравӣ намакандешона шукр ҳам гуфтаанд.

Муносибатҳойи Лоиқ ва Бозор ба воқеаҳойи пасошӯравӣ низ яксон набуданд… Бозор фаъолияти диссидентиашро давом дода, дар зимн ҳатто нисбат ба халқу ватанаш тамоман мавқейи интиқодиро ишғол кард. Чунончӣ, дар ашъори “пасоинқилобии” ӯ байтҳойи зерин ҳастанд:

Аз шаҳри ман ба ғайри сафедии пахтааш,

Дар ёди ман сафедии дигар намондааст.

Ҳар одамаш мусаввадайи одам асту бас,

Як одами сафед ба хотир намондааст…

Ин сатрҳойи манзумро ҳамчун ифодайи ҳисси бадбинӣ ё бадхоҳӣ нисбат ба тоҷику Тоҷикистон таъбир кардан нашояд ва набояд. Хусусан ки чунин мотиви лирикӣ дар ашъори Лоиқ ҳам вомехӯрад: «Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст». Лоиқ мисли Бозор ба беруни кишвар муҳоҷир нашуда бошад ҳам, дар муҳоҷирати дарунӣ буд:

Дар ин ватан чун беватан бечораам, бечораам,

Бо дарду доғи дилшикан дилхораам, дилхораам.

Оворагии сад ҷаҳон ин сон набошад дилгусил,

Ман андаруни хештан овораам, овораам.

Дар воқеъ, солҳойи ҷанги ҳамватанӣ, замоне, ки ситорасӯхтагони диёри хуршедиаш дар хирмани худсӯхтаашон дар ҳоли мурғи посӯхта буданд, худи ӯ “ду лаби дӯхта” дошт. Аммо, чунон ки маҷмӯайи ашъори охиринаш “Фарёди бефарёдрас”далели гӯёст, дар айёми сахтию тангӣ Лоиқ дар Ҳаҷлайи Оҷ пинҳон нашуда буд. Вай ба некӣ дарк мекард, ки дар ҷодайи ҳарбу зарби инсон баройи зиндадорию зиндагисозӣ, ки бозтобе аз разми ҳамешагии зишту зебо, ҳаққу ботил ва хайру шар мебошад, бурротарин шамшери шоири дилсӯзу худогогоҳ – теғи забон аст. Лоиқ дар охирҳойи умри ҷисман бебақою маънан ҷовидаш қуввати ҳамин силоҳро ҳунармандона кор фармуда, бо ҷаҳолат ва хиёнат, нодидагию ғафлатзадагӣ, маҳалбозию бутсозӣ қаҳрамонсифатона ҷангид.

Бозори Собир ҳам ба ин асолату рисолати адабу ҳунари воло вафодор монд. Ӯ дар баробари Мӯъмини Қаноат ва Лоиқи Шералӣ аз сутунҳойи назми эҳёиест, ки солҳойи шастӯму ҳафтодӯм ҷунбиши фарҳангиро оғозида, минбаъд қуввати маънавӣ бахшида буд. Ин худаш як хидмати назарраси иҷтимоию фарҳангист. Аз Бозор ашъори латифаш мемонад, на «симхорҳояш», ки соддалавҳона миёни тоҷикони ду тарафи ағба ва ё дар байни мардумони ҳамзабонони Варорӯду Эрону Афғонистон кашиданӣ шудаст. Дар ёди таърихии бародарони эрониамон низ ҳамон гуфтори манзуми «Меҳроби намози ман» нақш хоҳад баст, ки Бозор самимона суруда буд. Чунон ки худи ӯ боре иқрор кардааст, замоне мӯҳрайи меҳри Эронро дар бозуяш чунон сахт баста буд, ки «дигарбора ҳаргиз нашавад боз ӯ». Ва агар акнун Бозор ҳамон меҳрашро аз ёду хотираш зудуданӣ бошад, ба яқини комил ба амри муҳол даст мезанад! Чаро ки сайргоҳи меҳри ориёӣ (ё, ба истилоҳи илми ҳозира гӯям, менталитети ҳиндуурупойӣ) шуур нест; вай аз жарфи таҳтушшуури ҳар як тоҷику эронӣ нурпошӣ мекунад!

Ба қадри Лоиқ, чунон ки бояду шояд, расидем (дар даврони Шӯравӣ), вале аз ҳама муҳиммаш ӯро эҳтиёт накардем (замони пасошӯравӣ). Бароям муаммойи тамом аст, ки шоир вақти даргузашти худро аз дунё дар ғояти аниқӣ се сол пеш аз марги фоҷианокаш пешгӯйӣ карда буд:

Ало, эй қарни бисту як, аҷаб нест,

Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ.

Лоиқ дар ғояти рӯҳафтодагӣ «на танҳо дар дилам уммедҳойи инҷаҳонӣ мурд, накӯтар бингарам, дар пеши чашмам зиндагонӣ мурд» гуфтааст – якинан аз рӯзгоре дилаш монда буд, ки ба кавли худаш аввал ӯро тоҷи сари худ хонду сонӣ ба хоки тар биншонд! Ва аммо… ба ёд оварем рӯзгори ҳамдиёри Лоиқ устод Рӯдакиро, ки дар айёми пирӣ бо вуҷуди дар холигоҳи байни «қазойи Яздон» ва «нафси Кайвон» тахтакулоҳ шуданаш, ба нирӯйи фарҳодии тахайюл аз деҳайи сағираш ба Кайҳони Кабир роҳ кушода ба гирдгардиши ҷаҳон умед баста буд. Лоиқ ҳам аз пастии Қаряйи Боло ба қуллаҳойи барфпӯши Варзоб нигариста бар хилофи ҳосидонаш, ки мегуфтанд «ҳар фарозеро нишеб ояд», нек медонист, ки охир ҳар нишеберо фароз ояд.

Ва бо Буроқи каломи мухайял дар Коиноти тасаввуру тааммул сайр мекарду Ҳофизвор худро тасаллӣ медод: “сухан бигӯй, ки бар сафҳайи ҷаҳон ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр ”…

Акбари Турсон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь