Баъд аз намоиши филми ҳунарии ДОВ дар Хонаи синамогарони шаҳри Москва ба ифтихори Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия санаи 17.10.2022 ва дар кинотеатри Ватани шаҳри Душанбе санаи 28.10.2022 филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар дар таърихи 01.11.2022 дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Дар нахустнамоиши филми мазкур дар вилоят киношиносон, ҳунарпешаҳо, зиёиён, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва алоқмандони синамои миллӣ иштирок доштанд. Филми ҳунарии ДОВ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст. Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, аз қабили Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд. Филми ДОВ нахустин филми коргардон, Муҳиддини Музаффар нест, ӯ ҳангоми фаъолияти коргардонияш филмҳои “12-соли интизорӣ”, “Тангно”, “Паймон” ва чанд филмҳои ҳунарии дигарро рӯи кор овардааст. Мо дар робита ба нахустнамоиши филми ДОВ андешаҳои чанде аз хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро низ гирифтем, ки бардоштҳои хешро аз филми ҳунурии ДОВ чунин иброз доштанд: Муҳаббат Муродова, журналисти варзидаи телевизиони СМ1 бар он назар аст, филми ДОВ ва дигар филмҳое, ки коргардони касби Муҳиддини Музаффар меофарад, ба андешаи ман ин музаффарияти синамои муосири тоҷик аст! Бе шубҳа Муҳиддин барои синамои миллӣ мисли гавҳарест, ки будани ӯ бо ин қадар донишу маҳорату касбият, бурду ифтихори мост! Ҳар як филме, ки меофарад бо дараҷҷаи баланди касбӣ иҷро мешавад! Сенария олӣ, ҳунармандони олӣ, коргардонии олӣ! Рости баъди дидани анонси филм алакай мафтуни он шуда, бесаброна намоиши онро интизор будам. Насибам будаст, ки нахустнамоиши онро, паҳлуи хунармандоне, ки дар филм нақшофарӣ карданд, нишаста тамошо кунам! Дар як қатор бо актёрон нишастан бароям хушхолии зиёдтаре бахшид. Филм гузаштаи начандон дури таърихро бозгу мекунад. Ғояи он дӯстии ҷонии ду тан ҷавонмард аст, ки новобаста аз мушкилиҳои пешомада абадӣ монд. Баробари дидани кино ба солҳои чавониям баргаштам. Бори дигар дидани саҳнаи дар навбат истодан барои нон пеши назарам омад. Лаҳзаҳои воқеие дар кино буданд, ки бинандаро механдонд, мегирёнд, ба торҳои нозуки эҳсосоти инсони нохун мезад. Филмбардории хеле баланд, диданӣ, тавсия медиҳам то дигарон ба дидани филми мазкур ба толорҳои синамо оянд. Аз ҳама таассуроти ,баландро писарчаи 11 солаам бардошт, ки ҳамроҳи ман киноро тамош кард. Раҳо раҳ то хона омадан аз ман гаштаву баргашта тақдири каҳрамонҳои филмро мепурсид. Аз таассуроти бардоштааш то поси шаб бо ман гуфтугӯ кард. Ба падараш нақл намуд. Аз наздик дидани каҳрамонҳои зиндаи филм ӯро ором нагузошт. Хоҳиши бори дигар тамошои ДОВ-ро кард. Ин аст фазосозӣ! Мо вазифадорем, ки синамои миллиро дастгири кунем! Насли имрӯзро дар ҳамин руҳия тарбия кунем! Ба Муассисаи Давлатии Суғдсинамо муваффақият! Илҳомҷон Ҳошимов сармуҳаррири телевизиони СМ1 филми ДОВ-ро воқеан диданӣ мехонад ва зикр мекунад, ки дар филмофарӣ диди нав, саҳнаҳои зинда ва чеҳраҳои самимӣ дида мешавад. Дар интихоби ҳунармандон кори шоистаеро анҷом додааст. Ғояи филм тараннуми дӯстии ҳақиқӣ мебошад, ки орӣ аз муҳите, ки доим дар халал аст….. Ман дар бораи филм зиёд намегӯям, зеро он “мушкест, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд”. Толор пур набуд, аммо бинандаи дилсӯз ба ояндаи синамо он ҷо ҷамъ омада буд. То фурсати намоиш хабарнигори хушсалиқае аз ман мусоҳиба гирифт ва интизориямро пурсид. Гуфтам, ки ин ҳузури одамон сохтани фазои минбаъдаи синамо дар вилоят ва дар маҷмуъ дар кишвар аст. Муассисаи давлатии “Сугдсинамо” фаъолияти шоиста дорад, аммо дастгирии давлатӣ мебояд! Ман барои худам аз филм маънии дигарро низ гирифтам. Агар ман низ қудрати фазосозӣ дошта бошам, пас канори Муҳиддини Музаффар ва тими кории ӯ бошам. Дар фаъолияти худ ин соҳаро ба бинанда тарғиб ва талқин кунам.

Хушрӯз Ҷамолиен:

Он вақт рисолати ДӮСТ будан иҷро мешавад! Ба тими эҷодиву техникии “Суғдсинамо” ва ҳамаи онҳо, ки дар офаридану рӯи намоиш омадани ин асари синамоӣ хидматгузор шуданд, сипос ва табрик мегӯям! Баъди тамошои филми ДОВ шоир ва рӯзноманигори ҷавон Файзулло Обидов ба чунин андеша омадааст, ки дӯстӣ ҳамеша арзиши баланд дорад. Молу сарват пеши дӯстию рафоқат чизе нест. Дӯстони ҳақиқӣ ҳеҷ вақт дилозори ҳамдигар нестанд. Дуздӣ ҳама вақт дӯздӣ аст, сарфи назар аз вазъият. Дилхоҳ масъала роҳи ҳал ва анҷоми нек дорад, ба ҷуз дуздӣ. Волидон бо орузи имрӯзу дирӯз ва фардои зебои фарзандон зиндаанд. Вақте фарзанд роҳи нодурусти ҳаётро интихоб мекунад, на ҳама вақт волидайн айбдоранд. Одамӣ розҳои зиндагиро ҳамеша дер дарк мекунад. Субҳиддин Қодиров рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр медорад, ки алорағми ҳама ноҷӯриҳо Муҳиддини Музаффар талош кард, то филме офарад, ки дар сатҳи ҷаҳон моро муаррифӣ созад. Дов-ро ба Корея ва ФР бурд, намоиш дод, баҳои баланд гирифт… Дар Хуҷанд ҳам нахустнамоиши филм баргузор гардид. Мо бояд дар рушди синамо саҳм гузорем! Бояд равем филм бубинем. Новобаста аз он, ки филмро кӣ рӯйи навор овардааст, муҳим филми МИЛЛӢ бошад! Умеда Абдурашидова устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бардоштҳои хешро аз филми ДОВ баён медорад, ки барои инсон ДОВ-и беҳтарин ин дӯсти ҳақиқӣ доштан ва машғулият бо истеъдоди худодод аст! Дар таҳияи филмҳои Суғдсинамо аз наврасон то калонсолон нақш мебозанд, ин иқдоми хуб аст….инсон барои номи нек гузоштан бояд дорои хислатҳои ҳамида бошад, аз ҳама муҳим агар истеьдоду қобилияти худро дарёбад хушбахттарин инсон шуда метавонад…. дар ҳолатҳои мушкили зиндагӣ меҳру муҳаббати самимӣ бо якдигар беҳтарин роҳи ҳалли муаммо маҳсуб меёбад. Филми “ДОВ” воқеан диданӣ аст мегӯяд Шаҳноз Тоҳирӣ, устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Ҳамчунин андеша дорад, ки филми ДОВ бинандаро барои андеша кардан, барои бори дигар ба самимияти дӯсту атрофиён аз наздик назар андохтан водор менамояд. Хулоса ҳамин аст, ки пас аз марги мо ҳам танҳо меҳру муҳаббат боқӣ мемонад: напулу мол, на зану фарзанд, на мақому мансаб, на мушкилиҳои зиндагӣ ва муҳим аз ҳама на суханони фитнаангези бархе аз “дӯстнамоҳо” наметонад садди дӯстии беғаразии инсонҳо бошад. Аз дунё чӣ мемонад: меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ! Барои филмофарон ташаккури зиёд! Филми мазкур воқеан ҳам як падидаи нав дар рушди синамои тоҷик аст. Акнун бо эътимод ва боварӣ гуфта метавонем, ки Муҳиддини Музаффар тавонист, ки ба соҳаи кинои кишвар саҳми арзандаи хешро гузорад. Дигар ӯ набояд дар ин роҳ таваққуф, иштибоҳ ва сарфи назари баъзе корҳоро кунад. Кунун ӯ бояд донад, ки дигар ӯ навкор нест ва бахшида намешавад. Акнун ӯро месазад, ки заҳмат кашад ва барои насли ояндаи миллат қаҳрамони соҳаи филмофарӣ гардад. Бигзор ҷавонон роҳи ӯро пайравӣ намоянд. Воқеан дар филми ДОВ, Д-алерӣ О-рият, В-афодорӣ ба назар мерасид. Пас бояд ин далериву орият ва вафодориро дид. Барои тамошои синамои миллӣ ОЕД, зеро Шумо бо ташрифи хеш ба рушди кинои тоҷик саҳм мегузоред! Дуруд ба синамои тоҷик!

 Хушрӯзи Ҷамолиён, (ФАРАЖ)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь