16-уми сентябр рӯзи даргузашти фарҳангсолори барҷастаи тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ мебошад. Хизматҳои беназири ин шахсияти зуфунун дар рушди забоншиносӣ, адабпажӯҳӣ, таърихнигорӣ, ҷомеашиносӣ ва дар умум баланд бардоштани маънавиёти мардуми тоҷик бениҳоят бузург аст. Махсусан, саҳми устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар айнишиносӣ беқиёс мебошад.
Эшон, соли 1954 дар мавзуъи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ (қисми 1 ва 2)” рисолаи номзадӣ таълиф карда, то охири умр ба таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни рӯзгор ва осори устод Айнӣ машғул шудаанд. Самараи ҷустуҷӯҳои эшон даҳҳо мақола ва 3 китоб мебошад – “Садриддини Айнӣ” (1978. 332 саҳ. ба ҳуруфи форсӣ), “Садриддини Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон” (2001, 104 саҳ.), “Равшангари бузург” (2006, 340 саҳ.). Хизмати дигари устод Муҳаммадҷон Шакурӣ иштирок дар таҳияи осорномаи устод Садриддин Айнӣ дар 2 ҷилд мебошад.
Ҷилди аввали “Феҳрасти асарҳои Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ” (то охири соли 1961) аз ҷониби Ҷумъабой Азизқулов ва Закия Муллоҷонова соли 1963 ва ҷилди дуюми он (то соли 1977) аз тарафи Закия Муллоҷонова ва Неъматҷон Файзуллоев бо таҳрир ва иштироки М. Шукуров (яъне Муҳаммадҷон Шакурӣ) соли 1978 ба табъ расидааст. То ин давра ду феҳристи мухтасари осори устод Айнӣ аз тарафи ходимони Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ Қ.Ҷамолов ва Р.О. Талман тартиб дода шуда, ба чоп расида буд, вале вазифаи онҳо маҳдуд – “ба коркунони сершумори китобхонаҳои республика дар хусуси тарғиби эҷодиёти устод дастур додан буд”. Аммо Феҳрасти дуҷиладе, ки ходимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тартиб додаанд “хусусияти илмӣ” дошта “то ҳадди имкон мукамммал” маҳсуб меёбад. Ин феҳраст “асарҳои устодро, адабиёт доир ба ӯро ва ҳатто ҳар хабари матбуотро, ки ба С.Айнӣ нисбате дорад, ба қадри имкон пурратар дар бар” гирифтааст. Аз муқаддимаи ҷилди аввали феҳраст бармеояд, ки то соли 1961 осори устод Айнӣ бо 34 забони халқҳои олам 273 маротиба ба табъ расидааст. Танҳо ба забони халқҳои шӯравӣ асарҳои устод ба миқдори 3 222 390 нусха нашр шудааст. Фақат “Ёддоштҳо” то соли 1961 бо 22 забон тарҷумаву нашр гардидааст.
Вале мутаассифона, пас аз нашри ин дуҷилда феҳрастнигории осори устод Садриддин Айнӣ идома наёфт. Мо имрӯз мушаххасан намедонем, ки осори устод Садриддин Айнӣ дар кадом кишварҳо бо чӣ теъдод нашр шуда, айнишиносӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардидааст.
Банда бо пажӯҳандаи осори устод Айнӣ ва феҳрастнигори маъруф Закия Муллоҷонова дар ҳамоиши байналмилаии АИ Тоҷикистон бахшида ба 140-солагии устод Айнӣ (апрели соли 2018) мулоқот карда, баъдан бо эшон мусоҳибае доштам, ки афсӯс то ба ҳол нашр нашудааст. Муаллима дар ҳамон ҳамоиш аз аҳли таҳқиқ ва масъулон хоҳишу илтиҷо карданд, ки идомаи ҳамон феҳраст падид ояд ва бо ҳамин синну солашон солормандона ваъда ҳам доданд, ки ҳар касе ин кори неку савобро анҷом медиҳад, ёрмандиашонро дареғ нахоҳанд дошт. Вале афсӯс, ки масъулин ба ин масъалаи ҷиддӣ хунукназарӣ карданд. Дере нагузашта Закия Муллоҷонова ҳам аз олам даргузаштанд. Вале ин мавзуъи суҳбати дигар аст…
…Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Феҳрасти асарҳои Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ”-ро фармоиш додам. Ба банда гуфтанд, ки ҷилди аввали ин китоб фақат дар толори кормандони илм мавҷуд аст. Вақте дар он шуъба китобро фармоиш додам, бароям нусхаеро оварданд, ки дар он муҳри “Осорхонаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ” зада шуда, ҳамчунин имзои “М.Шакурӣ” -ро дошт. Китобро варақ зада, боварӣ ҳосил кардам, ки он китоби шахсӣ ва кории устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аст. Тавре ҳамагон огоҳанд, пас аз марги устод Шакурӣ ҳамсарашон Дилафрӯз Икромӣ китобхонаи эшонро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳвил дод. Ин “Феҳраст…” низ аз ганҷинаи устод Шакурӣ буд.
Феҳрастро варақ зада банда дар саҳифаҳои он ба қайдҳои устод Муҳаммадҷон Шакурӣ во хӯрдам. Ин қайдҳо асосан асарҳои берунуфтода аз феҳраст буданд, ки бо далели дастрас набуданашон ё фаромӯш шуданашон вориди китоб нашудаанд. Мисол дар саҳифаи 263 дар бахши адабиёт бо забони украинӣ устод чунин қайд гузоштаанд: “Никитин Б. Поэзiя таджикiв, “Литературна газета, 1932, №23-24. Ё дар саҳифаи 240 дар бахши “Материалҳои иловагӣ даоир ба тарҷимаи ҳоли нависанда” дар соли 1934 устод қайд кардаанд: “Сорок боевых лет, «Литературный Ленинград», №1934, №43. Ҳамчунин, баъди соли 1937: Беседа с писателем, «Лит.газ», 1937, №44. Дар саҳ 220: Лапин Б. Хацравин Б. Рождения тадж. лит-ры. С.Айни и его «Похождения бедняка таджика», Лит.газ, 1929, №23; Рутинштейн И… Лит.газ, 1930, №35»; Л. Славин Адинэ таджикская повесть. «Вечерная Москва», 1928 4 апреля. Дар сахифаи 175: Садриддин Айнӣ, “Тоҷикистони сурх” “1931, №44 ва ғ. Ҳамин тавр дар ин китоб беш аз 20 қайди устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мавҷуд аст, ки баъди нашри феҳраст илова шудааст. Вақте ҷилди дуюми феҳрастро варақ задам, маълум шуд, ки иловаҳои устод Муҳаммадҷон Шакуриро дар бахши алоҳида ҷой додаанд.
Аз ин қайдҳо маълум мешавад, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ на танҳо тартибдиҳандагони феҳрастро роҳнамоӣ, балки дар кори таҳияи он бевосита иштиро мекарданд. Дигар ин, ки устод бисёр ҳалолкор будаанд ва бо тартибу интизоми муайян ба ҳар кор машғул мешудаанд, ки як далели он қайдҳои ҳошияи феҳрасти зикршуда аст.
Равони устод шод бошад!
Одил Нозир