Ҳамеша дунё бо ду тоифаи одамӣ равиш дошта ва пеш мерафта. Дар ҳар ҷода пай ба ин моҳияти зиндагӣ мебарем. Равиши зисти аҳли эҷод ва ҳунар ҳам аз аввал чунин риштабандӣ шудааст: Тоифае аз дунё розиянд, ба дунё бо ҳама неку бадаш, бо ҳама каму зиёдаш хуш назар доранд, ба касе баста ё пойбанд нестанд, роҳу корашонро бо ҳама мушкилу муаммо ва новобаста ба қасду нияти касони дигар дар нисбати худашон пеш мебаранд, ҳамеша байни мардум барои ёфтани мақом кор мекунанд. Аз ҳама муҳим, инҳо аз пушти шуҳрати сохтаву пардохта ва унвону ҷоизаи баланд нестанд, ҳар атои Худоро ба худ беҳтарин ҷоиза медонанд. Хотирашон ҳамеша ҷамъ аст, байни мардум маҳбубанд, обрӯву эътиборашон зиёд. Даъво ҳам надорам, ки инҳо комилан бемушкиланд, одамӣ ҳаргиз чунин нест, бо вуҷуди ин мушкилро аз миён хеле босабр ва равишмандона мебардоранд. Фикр мекунед, аз аввал ба пешонии инон чунин мантиқи ҳаёт навишта шудааст…

Тоифаи дувумро банда шартан аҳли нола – тоифаи норозиву ноландаву нолишгар медонам, инҳо ҳам дар раҳи тақдир бо он ки, дар назари аввал, ба Худованд такя доранд, аммо боз эҳсос мекунед, ки пешомади кору зиндагиро аз Худо намедонанд, хаёл мекунанд, онҳо соҳиби истеъдоданд, кори зиёд аз дасташон меояд, аммо дар ҷомеа ба қадри истеъдоду ҳунари онон нарасида, пеши пояшонро ҳар каси зӯртар, ки дар ҷомеа пуштибон дорад, гирифтааст. Ҳол он ки ҳамон зӯр ҳам бо он ҳама зӯрияш ва пуштибон доштанаш то куҷо расида ва то ба кай пеши роҳи касеро мегирад?! Аз сӯйи дигар, агар истеъдод ва қобилият баланд бошаду барои онро ҷомеият бахшидану мардумият додан мактаб ва ё роҳу равиш дар миён набошад, дар ҷомеа эътибор ёфтан ҳеч гоҳ имкон надорад ва ҳаргиз ба домани мақсуд расидан мумкин нест. Албатта даъвояшон шояд то ҷое дуруст аст, аммо ин тоифа магарам ҳаргиз ба дараҷаи сабру бардошти тоифаи аввал нахоҳанд расид. Агар чунин тоифа ба ҷоизаву унвон нарасанд ҳам, ҳатман худашонро аз дарун хоҳанд ранҷ дод…

Андеша дар даргузашти ҳофизи бисёр болои мардумии бе ҷоизаву унвони баланд Носирҷон Раҳимов ин нуктаро равшан ба исбот расонид. Носирҷон-ҳофиз дар чашми мо чеҳраи пурбардошти ҳунар, чеҳраи ҳамеша қаноатманду розӣ аз будану ҳузураш дар ҷомеа, чеҳрае хоксору бекарру фару бедоду войи зиёди ҳунарӣ байни мардум мондааст. Аз ӯ фақат роҳу равиши хуби зиндагӣ, некназарӣ ва суруди хуши мардумӣ ва мардумгароёна монду халос.

Аз чӣ сабаб бошад, ки банда ба чеҳраи ин ҳунарманд ва маҳбубияташ дар байни мардум назар мекардаму ба натиҷае мерасидам, ки ӯ ҳаргиз аз чизе ва аз касе норизо набуду нест. Зоҳиран ба ӯ басанда буда, ки дар ҷомеа номаш ҳаст, нонаш ҳаст, хонаводааш хуб, шунавандааш зиёд, пас эътибораш ҳаст, аз пушти ҳунару касбаш осуда зиндагӣ мекунад, рӯзгору хонаву дари нағз ва фарзандони нек бо ӯст, хоса, писар Нозимҷон айнан нусхаи поки Носирҷон аст, ин ду нозиму носир доди маърака медиҳанд, ин ду ҳам ба гашту ҳам ба лаҳну ҳам ба сабку ҳам ба дид ба гуфтаи устод Лоиқ “ҳамқимати қомати расо”-янд, падар аз ризомандияш “майлаш-дия-е” гуфта овоз сар дода ё доди овоз медод, писар “не нагӯ”-гӯён ба эҳсоси зарофати мардум аҷаб шӯру ҳол мебахшид. Ин аҷаб пайванде ҷолиб дар зарофатшиносии ин ду тоифаи ҳунар аст…

Шояд касе аз мусиқипарварон ва ихлосмандони Носирҷон-ҳофиз бар ин натиҷа ва эҳсос расида набошад, ки ин ҳунарманд дар зиндагӣ заррае пайи даводави шуҳрат ва рекламаҳои беҳудуд рафта бошад. Аз чеҳрааш ҳам эҳсос мешавад, мароми ӯ дар роҳи расидан ба шаъну шукуҳ ва шуҳрат ба ҳар роҳу кӯча давидан нест, шуҳраташ соф Худодода, мардумӣ, табиӣ ва худбаромад аст, сохтаву пардохта нест. Ин ҳунарманд дар сатҳи чорабиниҳои гуногуни ҳунарии кишвар ширкати фаъол дошт ва аммо, шояд хато накунем агар гӯем, ки маркази асливу асосии бо қобилияти баланд дар миёни мардум ҷойгоҳ ёфтани ӯ танҳо ва танҳо тӯйҳои мардумӣ бошад…

Лаҳни сароиши ин ҳунарманди маҳбуби покизаҷавҳар дар дилу дидаи мо – ҷавонони ҷонпайванди ишқи сухан дар миёнаҳои солҳои 80-уми садаи гузашта бо маҳсули гиро, ҳунари пӯё ва бо руҳи матини ҳунар хеле хуш боқӣ мондааст. Бемуболиға гӯям, ки Носирҷон Раҳимов баробари чандин ҳофизи он солҳо ҷавони тоҷик дар дилу дидаи рангини ҷавони мо бисёр бапарвоз ҷои нишаст ва ошёни баланд ёфта, монанди ҳунармандон Афзалшоҳ Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Исроил Файзиддин, Абдуаҳад Ризоев, Муҳиддин Ғозиев ва дигарон барои обишхӯри расои зеҳни суханпарварди насли мо, амиқрафти эҳсоси зебоишиносиву шеърпарварии мо нақши зарҳалӣ дорад.

Ду намунаи арзандаи суруде, ки аз Носирҷон он солҳо ба мо ба воситаи Телевизиони Тоҷикистон ё аудиокассетаҳои магнитофон мерасид, ҳарду ҳам дар тагбастҳои шуури шӯрида ва зеҳни шайдои онсолии мо равшан ҷойгоҳ ёфтаанд. Ҳарду аз ғазалҳои устод Лоиқ Шералиянд, яке ғазали модар аст ва ба оҳанги бисёр марғуб даромада ва ҳоло Шумо пиндоред, ки ман ин ҷо аввал матни онро бо рубоб хондам ва сипас онро ин ҷо гузоштам. Шумо ҳам бо оҳангаш бипазиред, навопарварони навосанҷи гиромӣ:

Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам,

Шуълае аз оташи оташпарастон, модарам.

Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,

Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.

Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил,

Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.

Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,

Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.

Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,

Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.

Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,

Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,

Сӯйи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,

Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам…

Хусусан дар сари “кӯчахандон”-у “хонагирён”-и устод Лоиқу тараннуми Носирҷон-ҳофиз чӣ қадар лаззат бурда, маъниву моҳияташро бо ҳамдарсони донишгоҳ Баротбою Шарафҷону Баҳодуру Алишер зимни бо рубоб навохта хондан ба таври худ борҳо шарҳу тафсир медодем. Носирҷон ва ҳофизони ҳамнасли ӯ ҳам пайванди беминнати ману мо бо адабиёт ва сухану шеър аст, агарчанде пайванде номустақим аст, аммо пайвандзане хеле гиро ва корсозу чорасоз…

Дигар, лаҳни муассири ин суруди Носирҷонро бар матни устод Лоиқ низ ҳаргиз аз зеҳнам шуста наметавонам ва ҳоло ҳам вақти навиштани ин матлаб тараннум кардам ва дилам бар он замона хеле гум зад:

Чу кушоӣ дари ман, бому дарам месӯзад,

Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад.

Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,

Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад.

То туро дар назар орам, ки хуморам шиканад,

Дили соҳибназарам дар назарам месӯзад.

Аҷаб ин аст, ки андар талаби дидорат

Бесарупояму по то ба сарам месӯзад.

Аз дигар сурдаҳояш наменависам, ҳоло киро вақту ёрои он ҳаст, ки ба ҷойи сӯхтан ба даргузашти Носирҷон-ҳофиз чанд сухани парокандаи маро бихонад. Фақат бояд дар охир гӯям: Носирҷон Раҳимов танҳо ҳофизи як гӯша ва кунҷи Унҷӣ нест. Ба ҷойгоҳи ӯ чун ҳофизи хушмартабаи гӯшаву канорҳои Тоҷикистон бояд баҳо диҳем, ки маъвогаҳи аслаш ҳамин як Унҷӣ буду халос.

Шояд қариб чаҳоряк аср пеш “Оби чашмам шуд равон аз ҳоли зорат падарам” гуфта хонда буд, имрӯз ин суруд марҳами дарди писараш шуд, ки як дунё дарди дигар бар ӯ монд…

Руҳи ҳунарманд шод бод!…

Ба пайвандонаш Яздони беминнат бардошт диҳадо!…

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь