Ин вохӯрии тасодуфӣ санаи 4-уми марти соли 2015 дар оромгоҳи Лучоб рух дода буд. Баъди иштирок дар ҷашни хонадоршавии яке аз дӯстонамон, ки дар мавзеи «Воданасос» баргузор шуда буд, азм кардем, ба оромгоҳи Лучоб, ба зиёрати мазори бузургонамон равем.
Нахуст мазори устод Мирзо Турсунзодаро зиёрат кардем. Сипас, ба баландие, ки он ҷо дигар шоирону нависандагон ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ хуфтаанд, роҳ гирифтем. Он ҷо касе набуд, ба ҷуз ду нафар, ки сари мазори устод Лоиқ Шералӣ истода буданд. Аз рафиқон касе гуфт:
– Яке аз онҳо Бозор Собир аст.
Наздиктар рафтем. Дар ҳақиқат, устод Бозор Собир ва Саидқул Билолов буданд он ҷо. Устод Бозор Собир катибаи санги мазорро, ки бо хати шикастаи форсӣ ҳаккокӣ шуда буд, бо овозе, ки шунида мешуд, канда-канда (шояд бо сабаби набудани айнакаш) мехонд: «Ин харобазамин диёри ман аст»… Чун онро бо диққати тамом мехонд, расидани моро наздики худ ҳис накард. Мо, ки он ғазалро азёд медонистем, баробари устод хондан гирифтем:
Ин харобазамин диёри ман аст,
Марзи хунини ёдгори ман аст.
Чун мазори умедҳом ин ҷост,
Охируламр ҳам мазори ман аст…
Устод рӯ ба сӯи мо кард, каме ҳайратзада ҳам шуд. Нахустин суоле, ки ба мо дод, ин буд:
– Шумо ҷавонҳо ҳам ба ҳамин хел ҷойҳо меоед?
Мо ба ин суоли дардноки устод ҷавобе дода натавонистем, ба ҷуз табассуми ноҷо, ки кардем. Сипас, устод боз пурсид:
– Киву чикора ҳастед?
Мо гуфтем, ки донишҷӯ ҳастем ва гоҳ-гоҳе ба зиёрати гузаштагон меоем.
Чунон ҳаяҷонзада будем, ки наметавонистем бо устод озод сухан бикунем, зеро ин вохӯрии тасодуфӣ бо устод на дар андешаамон буду на интизораш будем. Шахсияти устодро хуб медонистем, китобҳояшро хондаву омӯхта будем, аз ҳама муҳимаш, медонистем, ки шоирест дар арсаи адабиёти муосири тоҷик номвар. Ҳамаи ин донистаҳову шинохтҳо моро бештар ҳаяҷонзада мекард. Вақте бо устод суҳбат мекардем, ҳарфҳо гулӯгирамон мекарданд. Устод бо каме хушҳолӣ гуфт:
– Хеле хуб. Яъне ҳоло умед ҳаст ба ҷавонҳои мо, ки бузургони худро бишносанду ба зиёраташон оянд.
Баъд ба устод Саидқул Билолов муроҷиат намуд:
– Саидқул, як оят бихон, ба руҳи гузаштаҳо бибахшем.
Вале мо хуб дарк карда будем, ки устод оятро ба вижа ба руҳи дӯсти ҷавониҳояш Лоиқ бахшиданист. Чунки соате зиёдтар дар сари мазори ӯ менишаст, вале орому бесухан. Шояд ӯ ба ёди ҳама он хотираҳо ва нишастҳову базмҳои шеъре, ки бо Лоиқ дошт, бо санги мазораш гуфтугӯ мекард. Ду шоире буданд, ки дар адабиёти тоҷик сухан аз ҳувияти миллӣ, шинохти миллӣ ва ояндаи миллат мегуфтанду даъват ба амал меоварданд. Шояд бо фарёди бесухан ба сӯи санги мазори устод Лоиқ мегуфт, ки ту хуб медонистаӣ, ки гуфта будӣ:
Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем,
Оқибат дар кунҷи девори сухан…
Ҳарчанд ин тахминҳоро ҳолиё мегӯем, вале дақиқ намедонистем, ки Бозори сухан бо Лоиқи сухан чӣ мегуфтанду чӣ мешуниданд.
Оятро устод Саидқул тамом кард ва ба сӯи устод Бозор ишора намуд, ки дуоро бигӯяд. Вақте ишораро устод дид, кафи дастонашро ба ҳам оварду боз ҳам бесадо, чашм сӯи санги мазори Лоиқ намуда, чанд дақиқае чизе гуфт, ки мо нашунидем. Пас аз дуо устод Бозор аз ҷойи худ баланд шуд. Ҳис карда мешуд, ки дақиқа ба дақиқа ғамгинтару маҳзунтар мешавад. Мо ҳоли устодро дида андаке музтариб ҳам шудем, аммо хомӯш, касе чизе намегуфт, ҳама дар андеша ғӯттавар…
Ногоҳ садои устод Бозор ин хомӯшии сангинро барҳам зад:
– Оҳ! Оҳ, Лоиқе, Лоиқ…
Баъди ин сухани устод Бозор як лаҳзаи дигар боз хомӯшӣ моро фаро гирифт, лек ин дафъа хомӯширо як рафиқи мо шикаст. Вай рӯй сӯи устод Бозор намуда, гуфт:
Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман!
Ин байти баланд, аммо маҳзункунандаро устод Бозор чунон хуш қабул кард, ки садои гирову дарднокаш баланд шуд:
– Баҳ! Баҳ! Чӣ зебо гуфтӣ. Дар ҳақикат чунин аст!
Ҳарчанд пас аз ин шеърхонии рафиқамон устод худро хушҳол вонамуд мекард, вале симояш хуш будани ӯро инкор мекард, ки ин бармало буд. Ҳоли устодро Саидқул Билолов дида, гуфт:
– Устод, биё рафтем.
Вале устод Бозор бо ишора ба тарафи мазори афроде, ки ба истилоҳ, на он қадар шуҳратёр ҳастанд, изҳор дошт:
– На! Он ғарибаконро ҳам зиёрат мекунем, пасон меравем.
Инро гуфт ва бо мо хайрухуш намуда, сӯи мазори «ғарибакон» рафт…
Мо сари мазори устод Сотим Улуғзода рафтем ва дар ин ҷо хеле нишастем. Аз таъсири дидори устод Бозор ҳаяҷонзада будем. Дар ҳамин аснои дар худ гумшуданҳо яке аз ҳамраҳон бо тааҷҷуб гуфт:
– Ман дар ҳайрат афтодам, вақте Бозор Собирро дар ин ҷо дидам…
Ҳамон шабу рӯз гирди номи устод Бозор зиёд ҳангомаҳову баҳсҳо ва дигар ҳарфҳо буданд. Сабаби ҳайрати рафиқи мо ҳам ҳамин буд.
Мо сари дар он авохир гуфтаҳои устод Бозор ва ҳамчунин бархӯрди диндорон баҳс оғоз кардем. Ҳар кадомамон андешаи худро мегуфтем ва баҳсамон ба ҳадде оромона буд, ки баъдҳо ҳаваси ин гуна баҳсро мехӯрдем. Воқеияти пиндорро бигӯем, мо низ мисли дигарон баъди хондан ва шунидани чанд шеъри «тунде», ки устод гуфта буд, назар ва андешаамонро нисбаташ дигар карда будем, вале вақте ӯро дар оромгоҳ дидем, ҳама он шинохти эҳсосотиамонро ботил донистем ва ба андеша фурӯ рафтем…
Яке мегуфт, ки чи тур метавонад нафаре, ки чунон ҳарфҳоро гуфтааст, ин ҷо ояд? Дигаре мегуфт, ки воқеан бузургонро дарк кардан мушкил аст. Бубинед, ки Ҳофиз чӣ мегӯяд:
Агар имоми ҷамоат талаб кунад имрӯз,
Хабар диҳед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард.
Агар Ҳофиз имрӯз зинда мебуд ва дар ҳамин замон ин ҳарфҳоро мегуфт, бегумон «кофир»-гӯӣ як сӯ, ӯро сангсор мекардем.
Ва боз рафиқи дигар гуфт, аз ҳама коре, ки бояд моро ба андеша водорад, ин аст, ки устод Бозор фотиҳа хонда, дуо кард. Чи тавр метавон ҳама инро диду боз нисбати чунин нафар ҳар гуна ҳукм бароварду сухани бадро раво донист?
Дар ҳақиқат, маро низ вақте устод арза дошт, ки «фотиҳа бихон», дар ҳайрат гузошта буд.
Чун рафиқон саргарми радду бадали афкори худ буданд, маро хаёл ба қаъри торих бурд. Мо аҷаб миллати содаву содашуморем, ки аз як лағзиши ҳамнажоди худ чун бегонаҳои кинадӯз бар ӯ ҳуҷумҳо мекунем. Бадбахтона, ҳама кору пайкори мо дар доираи боварҳову эътиқод маҳдуд шуда, ки мабодо агар касе аз ин доира гоме фаротар гузошт, аз пеши худ ба ӯ ҳукм мебарорем, ӯро ба зӯр маҳкум мекунем: «дӯзахӣ», «муртад», «кофиршуда» ва… Ғофил аз он ҳастем, ки эътиқоду боварӣ амали фитрӣ ва фардии ҳар кадомест ва каси дигаре ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки ӯро тақозо намояд «тибқи фармудаи ман амал намо». Гоҳ-гоҳе дар хиҷолат мешавам, ки шахсиятҳоеро чун Сино, Берунӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ… маҳкум ба бидъату куфр кардаем. Дигар ба ману мо чи ҷойи гилаву гузор кардан мондааст, ки то имрӯз заррае тағйир наёфтаем, ки наёфтем. На аз панди торих ибрате мегирему на аз коми ин сияҳчол кӯшиши раҳидан мекунем.
Доманаи андешаам чунон фаро рафта буд, ки намедонистам ҳамраҳон сари чи чизе суҳбат мекарданд. Ин ҳоламро пай бурда, гуфтанд чаро ту чизе намегӯӣ? Аз банди андешаҳо раҳо гардидам. Гуфтам, ҳар чӣ мегӯед, мешунавам, вале сухане надорам, ки бигӯям.
Гуфтугӯи мо дар сари мазори устод Сотим Улуғзода идома дошт, ки чашмамон ба устод Бозор афтод, аз ҷониби мазори «ғарибакон» меомад. Таваҷҷуҳи мо ба устод шуд. Омаду назди мазори Муҳаммадҷон Шакурӣ ва онҳое, ки дар паҳлуяш буданд, қарор гирифту биншаст. Мо аз дуртар назора мекардем. Лаҳзаи пас, садои хондани оят ба гӯшамон расид. Маълум гардид, ки сари мазори эшон фотиҳа мехонанд. Фотиҳа хотима ёфт, боз ҳам устод Бозор дуо кард. Баъд аз ҷо баланд шуд, ба гӯрҳо назар афканд, назараш маъмулӣ набуд. Назаре, ки оҳу афсӯс дошт ва гила аз чархи каҷрафтор. Нигоҳи маҳзунонааш хеле тӯл кашид. Бармало буд, ки чашмаш ба ҳар мазоре дӯхта шавад, бо он нафар чӣ хотироти ширин доштааст, ки онро ба ёд меорад. Охир, аксарияти хуфтагони ин оромгоҳ ҳамовардаш буданду дар маҳфилҳову кунгураҳо борҳо бо эшон нишасту хез кардааст. Намедонем чи хотироте устод Бозорро сахт андуҳгин намуд, ки истодан дигар тоқатфарсо шуд барояш. Бо як ҷаҳон андуҳ бори охир ҷониби мазори Лоиқ чашм дӯхту рафт.
Зоҳири САЙФУЛЛО