Чаро он дар кишвар рушд намекунад?

Ман дар ин андешаам ва ҳам бар он мутмаинам, ки ҳеҷ сарвари давлат мисли Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи фарҳанг, хосса мусиқии касбӣ бо дастгирӣ ва ғамхории зиёд диққати махсус зоҳир намекунад. Дастовардҳои беназири соҳа дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ташаббусҳои бевоситаи ӯ иртибот дорад. Таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, таъмири ду театри академӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ аз ин ҷумла аст. Инчунин, бунёди Театри миллӣ идома дорад.
Бояд махсус зикр кард, ки пурра гардонидани ҳайати оркестри симфонии театр, сифатан беҳтар намудани оркестри созҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои фаъолияти пурсамари мутахассисону ҳунарпешагон махсусан дар рӯзгори баъдиҷангӣ ҳаргиз осон набуд. Ва ҳам дар ҳоле, ки бархе мавҷудияту фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро нозарур мешумурданд.
Дар Туркманистон низ саргарми ин гуна андешаҳо фаъолияти Театри опера ва балеташонро дар оғози замони истиқлоли кишварашон қатъ карданд. Чун бар хатои худ баъд воқиф шуданд, хостанд онро эҳё бикунанд, вале то ба ҳол, бо он ки ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам меоваранд ва ҳам мутахассисонро аз хориҷи кишвар ҷалб месозанд, муваффақ намегарданд. Сарвари давлати мо рушди мусиқии касбиро дар кишвар на танҳо хостор буданд, балки барои он тамоми шароитҳоро фароҳам меоварданд ва масъулонро вазифадор месохтанд.
Боиси ифтихори ҳар кадоми мо бояд бошад, ки дар назди Президенти мамлакат оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар бо ташаббуси бевоситаи ӯ таъсис ёфт. Чанд сол пештар бошад, ягона арғунуни кишвар бо маблағи калон ва ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ таъмир гардид. Ҳамчунин, дар хориҷи кишвар бо дастуру раҳнамоиву дастгирии Пешвои миллат садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, ба камол расиданд. Ҳеҷ мумкин нест ба хотир наоварем, ки тахминан 12 сол пеш имкони нестшавии балети тоҷик ба вуҷуд омада буд. Дар тарбияи насли нав барои соҳа боз Президенти мамлакат саҳми асосиро гирифт ва дар шаҳри Перми Русия онҳо ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. Хушбахтона, имрӯз дастовардҳои соҳаро дигар наметавон бо ангушт шумурд. Аммо масъулон то ба кай бояд интизори ташаббусҳои Сарвари давлат биншинанд? Чаро ин гуна иқдомҳои шоистаро Вазорати фарҳанг, ки вазифаи асосии он аст, ба миён намегузораду баҳри амалӣ гардиданашон сари вақт тадбирҳои заруриро намеандешанд? Ин гумону пиндор бар ман ғолиб меоянд, ки вазорат ҳатто панҷоҳ дарсади амру супоришу дастурҳои Пешвои миллатро махсусан дар соҳаи мусиқии касбӣ иҷро мекард, ба яқин, он бештару беҳтар рушту густариш меёфт.
Тибқи иттилооти Вазорати фарҳанг, ҳолиё 3274 ё худ 37,6 дарсади кормандон бо маълумоти миёна фаъолият мекунанд. Ба ҷуз ин, 600 бинои муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ таъмирталабанд ва 105-тои он дар ҳолати садамавианд. Албатта, таъсири бади ин ба рушду нумуи соҳа сол ба сол меафзояд ва ҳалли ин мушкилот танҳо бо нерӯву маблағҳои зиёдтар бояд даст бидиҳад. Бо дарку шинохти ин ҳолату вазъи ногувор, махсусан ба хотири рушди мусиқии касбӣ ҳамчун мутахассис зарур мешуморам, ки хомӯш набошам ва ибрози андеша намоям. Президенти мамлакат барҳақ иброз дошт, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Ин таъкид ба он хотир мебошад, ки мо барои ҳастии миллатамон тамоми донишу нерӯямонро сарф бинамоем.
Оё аз худ боре пурсидаем, ки дар ин самт чӣ кори некро бо шинохти рисолати шаҳрвандӣ, инсонӣ ва касбӣ ба фарҷом расонидаем? Афсӯс, посухҳои мусбатро ками дар кам меёбему мешунавем. Ҷойи таассуфи бештар он аст, ки агар дар ин хусус барои рафъи мушкилот, пешрафти соҳа садо баланд бикунӣ, на танҳо онро хуш намепазиранд, балки ба ғараз дармеёбанд. Инчунин, барои минбаъд хомӯш шудани кас аз тамоми воситаҳо истифода мекунанд. Чаро мумкин нест, ки масъулони Вазорати фарҳанг пешниҳодҳои муфидро бипазиранд, аз танқидҳо хулосаҳои зарурӣ бибароранд ва сари ҳалли мушкилоти мавҷуда дуруст биандешанд? Ҳол он ки, ногузир баъдҳо баъзе аз ин пешниҳодҳоро бо тақозои давр қабул мекунанд. Ин ҳақиқати бебаҳсро ҳамаи масъулон медонанд, ки пасиниён ба фаъолияти мо баҳои сазоворро медиҳанду дар назди таърих барои ҳар амали носавоб ҷавобгар мешавем. Ба яқин, ки навад дарсади мушкилоти асосӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ ба кадрҳо ё мутахассисон иртибот мегирад. Махсусан бояд ду оркестри симфонӣ – оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони асил, ҳунарпешаҳое, ки сатҳи касбиашон баланд аст, созҳои ҷавобгӯи талаботи ин оркестрҳо пурра ва муккамал бошанд. Дар ин хусус, яъне ҳалли ин мушкилот ваъдаҳои зиёд медиҳанд, аммо дар иҷрояшон камтар эҳсоси масъулият доранд. Мушоҳида мешавад ва ҳам аз рӯи маълумоти оморӣ маълум мегардад, ки чанд соли охир миқдори ками мутахассисон муассисаҳои соҳавиро хатм мекунанд ва ба кор ҷалб мешаванду ҷавобгӯи талабот дар оркестрҳои симфонӣ фаъолият намуда метавонанд.
Борҳо гуфтаему мегӯем, ки ягона Консерваторияи миллии мо бояд ба мусиқии касбии ҷаҳонӣ низ бештар диққати асосиро равона бисозад ва дар ин самт мутахассисону ҳунарпешаҳоро тарбия намояд. Ҳамасола, агар барои мисол бигӯем, 50 нафар ба ин муассиса барои таҳсил қабул бигардад, ҳатман бояд даҳ нафари он дар соҳаи мусиқии касбии ҷаҳонӣ бошад ва дуруст тарбия биёбаду ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ ҳунар биёмӯзаду сайқали маҳорат бикунад. Барои пайдо намудани ин даҳ нафари дорандагони истеъдод масъулонро зарур аст, ки онҳоро ҷустуҷӯ намоянд ва барои таҳсил дар ин ришта ҷалб бисозанд. Бегумон, бархе аз муҳассилини коллеҷҳои мусиқиву санъат, ки истеъдод доранд, баъди хатми ин муассисаҳо намехоҳанд таҳсилро идома бидиҳанд. Чаро? Чунки мусиқии касбӣ як соҳаи бисёр душвор аст ва барои пеш бурдани зиндагии шоиста низ номувофиқ. Аз ин рӯ, онҳо рӯ ба дигар соҳаҳо меоранд.
То ҷое, ки ман огоҳам, дар Вазорати фарҳанг умуман ягон нақшаи чорабинӣ, як консепсияи махсус барои тайёр кардани ҳунармандону мутахассисони мусиқии касбии ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Зимни суҳбатҳо бархе аз масъулони он иброз медоранд, ки ду ё се нафарро барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Шахсияти ин нафарҳо номуайянанд. Маълум нест, ки онҳо оё инро мехоҳанд ё не. Ба ҷуз ин бояд муайян кард, ки истеъдод доранд ва ё аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба мусиқии касбӣ ин нафаронро, дар баробари ин ҳама, зарур аст, ки дилбастагӣ бояд дошта бошанд. Бе муҳаббату дилбастагӣ ва худфидоӣ наметавон ба мақсуд расид. Мусиқии касбӣ мушкилтарин соҳаи санъат маҳсуб мешавад. На ҳар кас ба он меҳр мебандаду фаро мегирадаш. Масъулони соҳаи вазорат набояд интизор бишаванд, ки баъди ин дастуру супоришҳои ҷиддиву махсус соҳибистедодон худ меоянду хоҳиш менамоянд, то онҳоро барои таҳсил ба хориҷи кишвар бифиристанд. Бояд аз ин ҳақиқат чашм напӯшему эътироф бикунем, ки аксар мутахассисон, ҳунарпешагони соҳа ҷавобгӯи талаботи давр ва соҳа нестанд. Сатҳи ҳунарнамоӣ, навозишро бояд хеле баланд бурд.
Маврид ба таъкид аст, ки ному сифати оркестрҳо симфонӣ аст. Вобаста ба ин, навад дарсади барномаҳои ҳунарии онҳо бояд симфония бошад, аммо чунин нест. Симфонияро худфаъолон навиштаву иҷро карда наметавонанд. Бо истифода аз эҷоди композиторони машҳури ҷаҳонӣ, хоса Ғарб барномасозӣ бояд намуд. Ба оркестр ҷавонони бисёр болаёқатро бояд ҷалб сохт. Аз шароиту имкониятҳое, ки Сарвари давлат дар ин бахш фароҳам овардааст, дилсӯзона ва пурсамар бояд истифода бурд. Аз имрӯз зарур аст, ки ғами фардоро хӯрд, ки чун ба фардо бирасем, дер мешавад ва ҷуброни ғафлату бепарвоӣ ба осонӣ даст намедиҳад. Масалан, барои дарёфту интихоби 4-5 навозандаи созҳои нафасии мисин 40-50 нафар дар ин ришта бояд дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил бикунанд. На ҳамаи ин 40-50 нафар ҷавобгӯи талаботи оркестри симфонӣ навохта метавонанд. Аксар баъди хатм танҳо ин имконро пайдо мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимии соҳа омӯзгор бишаванд. Дар оркестри симфонӣ навозандагоне, ки бисёр заруранд, намерасанд, ба монанди фагот, трамбон, валторна, кларнет ва карнет, туба, алт, виолончел, рожоки англисиву габой. Арфа, ки сози мусиқии шоҳона ё худ шоҳи сози мусиқӣ дар оркестр маҳсуб мешавад. Аз рӯзи таъсиси оркестри симфонӣ сози мазкур ва навозандаи он бояд ҳатман бошад. Ҷойи таассуф аст, ки алҳол ин соз ва навозандаи он дар сатҳи баланди касбӣ вуҷуд надорад. Вазорати фарҳанг бошад, дар ин хусус чораандешӣ намекунад. Дар ин ҳол наметавон умед баст, ки навозандаи онро меёбем ва ё онро аз кишваре барои фаъолият ҷалб месозанд.
Албатта, ҳар қадаре, ки мо барои созҳои зарурӣ ё худ асосии оркестри симфонӣ мутахассисонро тайёр ҳам бикунем, аммо бе даъвати мутахассисони хориҷӣ ба мақсуд ноил гардида наметавонем.
То ба имрӯз як барномаи махсуси оркестри симфонӣ таҳия нагардидааст, то ҳайати эҷодӣ аз рӯи он фаъолияташро дурусту самарабахш пеш бибарад. Табиист, ки аз асарҳои композиторони тоҷик дар ин барнома бояд ворид карда шавад. Аммо бе асарҳои композиторони Ғарб ин барнома мукаммал маҳсуб намешавад. Бо ворид сохтани ин асарҳо сатҳи иҷроиш ё худ навозиши ҳайати навозандагон боло меравад. Яъне ин гуна асарҳо барои сайқали маҳорати ҳайати навозандагон мусоидат мекунанд. Дар ин сурат оркестр ҷавобгӯи талаботи асосии касбӣ ва давр мегардад. Оркестри навтаъсис бояд ҳатман бо иҷрои барномаи мукаммал дар сатҳи баланд муаррифӣ (презентатсия) бишавад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг масъул гардида буд, ки ҳайати онро пурра бисозад ва оркестр бо нахустнамоиш муаррифӣ гардад. Аз муддати таъсиси он агарчи якуним сол гузашта бошад ҳам, ягон хабари муждадиҳандаро дар ин хусус намехонему намешунавем. Дархосту хоҳиши ин ҷониб он аст, ки оркестри мазкур дар бисёр чорабиниҳои давлатӣ, ҳукуматӣ бо барномаи рангин баромад кунад. Ғайр аз ин, оркестр барномаи махсуси ҳунарии худро бояд дошта бошад ва тибқи нақшаи муайян ҳар моҳ он як консерт пешкаш бисозад. Барномаҳо набояд такрор бошанд. Ба ин хотир, оркестрро зарур аст, ки пайваста машқ бикунад ва тайёрии ҷиддӣ бигирад. Бо оркестр ақаллан ду-се сол роҳбар, мутахассис (Маэстро), ҳунарпешаи сатҳи ҷаҳонидошта бояд кор бикунад. Вазорати фарҳанг дар ин хусус вазифдор карда шуда буд, аммо онро ба инобат нагирифт.
Умуман, дар ҷумҳурӣ мусиқии миллӣ, махсусан фолклорӣ ривоҷу равнақ ёфта истодааст, аммо ба сатҳи худфаъолӣ. Мусиқии фолклорӣ ҳам бояд дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда шавад. Пештар пешниҳод намуда будем, ки дар кишвар як гуруҳи ҳунарии вертуозӣ таъсис биёбад. Бо ҳисоби 5 нафар – найнавоз, рубобнавоз, доиранавоз, ғижжакнавоз ва қонуннавоз дар назди гуруҳи ҳунарии «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ин гуна гуруҳро таъсис доданд. Мутаассифона, барои онҳо ягон композитор асаре эҷод намекунад. Онҳо худашон бо ҳамон андозаи фаҳмиши мусиқии касбиашон асар эҷод менамоянд. Ин, албатта, барои беҳбудии фаъолият, рушду нумуи мусиқии касбӣ, махсусан вертуозӣ ҷавобгӯ буда наметавонад.
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мутамаддину пешрафта ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ аз эҷоди мелодистон, мусиқии миллӣ истифода мебаранд, аммо дар баробари ин ҳатман дар барномаҳои ҳунариашон асарҳои композиторони маъруфи ҷаҳониро ҷой медиҳанд. Асарҳои мазкур ба талаботи иҷроиши сатҳи касбӣ ҷавобгӯянд. Масалан, консерти барои скрипка ва оркестри симфонӣ навиштаи композитори машҳури ҷаҳонӣ Арам Хачатурян, ки дорои техникаи иҷроиши вертуозӣ мебошад. Дар ин ҳол, яъне иҷроиши он зарурат ба вуҷуд меояд, ки бисёр ва пайваста, бо эҳсоси масъулияти бузург аз ҷиҳати техникӣ низ машқу тамрин намоянд. Чунин асарҳо барои навозандагони мо ҳам зарур аст, ки маҳорати худро сайқал бидиҳанд ва сатҳи навохтанашонро боло бибаранд. Пас аз он имкон фароҳам меояд, ки навозандагон асарҳои мусиқии миллиро дар сатҳи баланди касбӣ ба осонӣ ва ҷавобгӯи талабот иҷро бикунанд. Шунаванда ҳам дар ин сурат онро хуш мепазирад ва сатҳи завқ, фаҳмишаш боло меравад.
Дар Вазорати фарҳанг худи мутахассисон ба ин масъала бояд ошноӣ дошта бошанду барои ҳалли он тадбирҳои заруриро биандешанд. Мутаассифона, ягон корманди ин ниҳод мутахассиси соҳаи мусиқии касбӣ нест. Пас чӣ гуна мушкилоти мавҷуда ҳалли худро ёфта метавонад? Бе ин гуна мутахассис чӣ тавр метавон барномаҳои таълими ҳунариро ба хотири рушди мусиқии касбӣ дар кишвар баррасиву тарҳрезӣ намуд? Хоҳ – нохоҳ ба ин ҳол мусиқии касбӣ рушду нумуъ ва густариш намеёбад.
Яке аз мушкилот ё худ проблемаи соҳа кам будани композиторон аст. Оре, мо Иттифоқи композиторон дорем, аммо ба он шахсе сарварӣ мекунад, ки умуман ба соҳаи композиторӣ иртибот надорад, ягон асаре барои сози мусиқӣ, ё сарояндаву гуруҳи ҳунарӣ, оркестр эҷод накардааст. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6 композитор дорем. Аз онҳо ҳамагӣ 4 нафарашон фаъолияти эҷодӣ доранду халос. Ин ҳам бошад, Қудратулло Яҳёев, Амирбек Мусоев, Абдураҳмон Тошматов ва Қудратулло Ҳикматов ҳастанд. Зиёда аз 100 нафаре, ки аъзои ин иттифоқ маҳсуб мешаванд, композитор нестанд, балки мелодистанд. Онҳо мусиқии якранг, яковоза эҷод кардаанд ва ҳам барои худашон. Ин овозхонҳо мелодия эҷод карда ва онро навиштаву нависонда чоп намуда, узви иттифоқ шудаанд. Пештар як сохтори хеле ҳам муносиб барои ин гуруҳи оҳангсозон мавҷуд буд ва фаъолияти чашмрас ҳам дошт – Хонаи эҷодиёти халқ. Акнун фурсате фаро расидааст, ки Иттифоқи композиторонро Хонаи эҷодиёти халқ номгузорӣ бикунем. Барои 4 композитор мавҷудияту фаъолияти иттифоқи махсус зарур нест. Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳамеша дар кохҳову дигар ҷойҳои фароғатӣ ягон ҳайати касбӣ баромад намекунанд. Фикр мекунам, ки як гуруҳи кам ҳам бошад, ба шунидани мусиқии касбӣ мароқ доранд. Ба ҷуз ин, дар чунин ҷойҳо завқи мардумро бояд ба мусиқии касбӣ бедор намоему биафзоем.
Ҷойи таассуф аст, ки ба ин масъала на танҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намекунанд, балки гуруҳҳои ҳунарии касбиро барҳам дода истодаанд. Як хори хеле хуби камеравӣ дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев фаъолият дошт. Маълум нест, ки бо кадом сабаб Вазорати фарҳанг онро аз миён бурд. Оркестри симфонии ҷаз дар назди гуруҳи ҳунарии «Базморо»-ро низ барҳам дод. Барои таъсиси ҳайату гуруҳи ҳунарии нав аз миён бурдани ҳайату гуруҳи мавҷуда чӣ маънӣ дорад? Фикр мекунам, ба ин пурсиш танҳо Вазорати фарҳанг посух дода метавонад. Дуруст аст, ки фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ чашмрас аст, вале бо ин як театр наметавонем мусиқии касбии ҷаҳониро дар кишвар рушду нумуъ бубахшем. Озмунҳои мусиқии касбӣ умуман баргузор карда намешаванд. Баъзе аз озмунҳо, ҳатто озмунҳои байналмилалиеро, ки пештар мавҷуд буданд, Вазорати фарҳанг дигар доир нанамуд. Барои мисол метавон озмуни байналмилалии ба номи Малика Собироваро дар соҳаи балет ном бурд. Бо чӣ мушкилиҳо ин озмунро масъулони вақт созмон дода буданд. Ҳоло он дигар вуҷуд надорад. Борҳо пешниҳод карда будем, ки озмуни сарояндагони касбиро ба номи шодравон Аҳмад Бобоқулов таъсис бидиҳанд, аммо ҳеҷ натиҷа надод. Озмуни навозандагони созҳои мусиқӣ нест. Аз ин рӯ, пешравӣ дар соҳаи навозандагӣ дида намешавад ва барои сайқали маҳорати касбӣ камтар саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тавре гуфтем, вертуозҳо пайдо намешаванд. Тавре мебинем, ба мактабҳои мусиқӣ вазорат таъсири мусбат надорад. Пештар ба ин мактабҳо ниҳоди мазкур дастурҳо пешниҳод менамуд. Мутахассисонро барои назорат ва ҳидояти дуруст мефиристод. Ҳолиё ин мактабҳо ба ихтиёри шуъбаҳои маорифу фарҳанги ноҳияҳо вогузошта шудааст. Барои ҷашнҳои миллӣ гузаронидани озмуни хорсароёни худфаъоли ҷумҳурӣ, борҳо пешниҳод шуда буд. Гӯё, ба посухи мутасаддиёни Вазорати фарҳанг, ҳамсароӣ (хор) барои миллати мо бегона бошад. Бори дигар ёдовар мешавем ва таъкид мекунем, тамоми имкону шароит аз ҷониби Сарвари давлат барои пешрафти мусиқии касбӣ фароҳам оварда шудааст, аммо масъулони вазорат дар ин ҷода кам эҳсоси масъулият мекунанд.
Пешрафти ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар соҳаи мусиқии касбӣ, мо – миллати куҳанбунёду мутамаддинро водор менамояд, ки бештару беҳтар аз пештар рушду нумуъ бикунем. Он гуна, ки ҷаҳон аз адабиёти ғании классикии мо дурусту пурманфиат истифода мебарад, мо низ бояд ҳамин тавр аз мусиқии касбии классикии ҷаҳонӣ истифода бикунем ва миллатро дар сатҳи баланд муаррифӣ бинмоем.
Боварии комил дорам, ки мо – тоҷикон аз уҳдаи иҷрои ин рисолати бузурги касбӣ ва ҳунарӣ ба хубӣ баромада метавонем. Фақат масъулон бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва шаҳрвандӣ ба ин масъала бо дилсӯзиву ғамхорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Холаҳмад МАҶИДОВ,
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь