Рушди соҳаи маориф – ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҳар миллат аст. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, фарогирии саросарии наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ ва тарбияи босифати мутахассисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ, танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Паёми раҳнамо
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ таъкид намуданд, ки: “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб Олимов Абдуқаюм Қодирович низ иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Абдуқаюм Олимов дар идомаи суҳбат афзуд, ки Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад, инчунин, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба роҳ монда, ҷиҳати беҳгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои оморӣ
Тибқи маълумоти оморӣ, феълан дар ноҳия 65 муассисаи таълимӣ фаъолияти пурсамари худро пеш мебаранд, ки аз онҳо 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва наздимактабӣ, ҳамчунин, интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва нимятим (муассисаи таълимии №55)-ро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили ҷорӣ дар маҳаллаи навбунёди Гулбоғ-2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 таъсис ёфт, ки хонандагони ин маҳали зебоманзари диёрро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Қобили тазаккур аст, ки ҳоло дар таълимгоҳҳои ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020-ум 17825 нафар хонанда, аз ҷумла 8553 нафар духтарон таҳсил менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2017-2018-ум 697 нафар зиёд мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба омӯзиши ин наврасони боғи дониш 1327 нафар омӯзгорон (аз ҷумла 710 нафар занон) бо дараҷаи таҳсилоти олӣ (974 нафар), олии нопурра (132 нафар) ва миёнаи махсус (221 нафар) ҷалб гардидаанд.
Тибқи маълумоти омории пешниҳодгардида, айни замон 54 адад муассисаҳои таълимии ноҳия бо синфхонаҳои компютерӣ таъмин гардида, омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ пурра ба роҳ монда шудааст.
Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб Абдуқаюм Олимов, то имрӯз дар таълимгоҳҳои ноҳия 762 нафар ноболиғони нимятим ва 22 нафар ноболиғони ятими кулл таҳсил менамоянд. Дар интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳия 31 нафари онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ҳамчунин, ба 15 нафар кӯдакони маъюб бо усули таълими хонагӣ дарс дода мешавад.
Дар соли таҳсили 2019-2020 аз 1075 нафар хатмкунандагони синфи 11 зиёда аз 935 нафарашон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, аз ин миён 836 нафар ба тақсимот роҳ ёфтаанд, ки 89,4% иштирокчиёнро дар бар мегирад.
Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ноҳия 20 ҷой ҷудо карда мешавад. Дар соли таҳсили ҷорӣ 20 нафар довталабони болаёқат сазовори номи донишҷӯ гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия танҳо як муассисаи томактабӣ барои 40 нафар кӯдакон амал мекунад. Дар соли таҳсили ҷорӣ бошад, дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 ҷой оғоз гардидааст.
Дурахши истеъдодҳо
Тавре Абдуқаюм Олимов иброз намуд, ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шудааст, ки дар дарёфт ва омода намудани хонандагони фаъол ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат карда истодааст. Ин аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои минтақавӣ бо омодагии ҷиддӣ ширкат варзида, аз ин миён 36 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, 1 нафар – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №6 Раҷабзода Аюбҷон ба гирифтани медали нуқра шарафёб шудааст. Дар соли таҳсили 2019-2020 бошад, дар даври дуюми олимпиадаи ноҳиявӣ 1060 нафар хонандагони синфҳои 9-11 ширкат варзида, аз байни онҳо 180 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд.
– Ҳамзамон, зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Нуралиева Дилафрӯз дар озмуни “Муаллими сол” миёни омӯзгорони ноҳияҳои тобеи марказ сазовори ҷойи 3-юм ва ҳамчунин, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2019, таҳти №4265 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Нурзода Таҳмина барои гирифтани ҷойи якум дар ҷумҳурӣ сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло гардиданд, ки албатта, ин дастовардҳо мо – маорифчиёни ноҳияро руҳбаланд месозанд,- зикр намуд А. Олимов.
Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат дар ноҳия озмуни стипендияи Президентӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузаронида шудааст, ки аз 12 нафар иштирокчиён 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори гирифтани ин унвон дар соли таҳсили 2019-2020 гардидаанд.
Бояд гуфт, ки дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд, ки 282 нафар кӯдаконро дар 15 гуруҳ ба оғӯши тарбия гирифтаанд.
Номбардорони Варзоб
Моҳи октябри соли 2019 байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти унвони «Футбол шоҳи варзиш аст» озмуни «Тӯби чармин» бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Дар озмуни мазкур 856 нафар хонандагон дар 67 гуруҳ иштирок намудаанд. Ҳамзамон дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” гузаронида шудааст.
Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» гузаронида шуда, чор нафар ғолибони ноҳиявӣ ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври минтақавии озмун, ки санаи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор доир гардидааст, ду нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – Ҷалилова Фараҳноз ва Нигораи Наврӯз, ҳамчунин як нафар хатмкардаи Гимназияи №1 – Маликшоева Шоҳбегим сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Боиси хушнудист, ки хатмкардаи Гимназияи №1 Маликшоева Шоҳбегим дар номгӯйи “Адабиёти ҷаҳон” дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардидааст.
Дар моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2019 байни китобхонаҳои муассисаҳои таълимии зерҳадафи лоиҳа дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмуни “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” баргузор гардидааст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Варзоб дар ин озмун сазовори ҷойи дуюм гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст.
Хишти аввали тарбия
Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати доимии кормандони раёсати маориф қарор дорад. Рафти амалӣ гардидани он пайваста дар шӯроҳои раёсати маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад.
Дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳал, падару модарон ва шахсони масъулиятноки деҳа ҷамъомадҳо доир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуҳои пешгирии ноболиғон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон пайваста суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ талош ба он карда мешавад, то пеши роҳи фарзандон аз тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ ва зӯроваридошта, иштироки фарзандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ҷалби фарзандони ноболиғ ба меҳнати маҷбурӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш гирифта шавад.
Маҳфилҳои фарҳангӣ
Дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои «Ҷавонони сулҳпарвар», вохӯрии шоирону адибони тоҷик бо хонандагон, озмунҳои “Рассоми беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзуҳои Рӯзи Модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва бозиҳои варзишии футбол, волейбол, шоҳмот байни духтарон, бозии шавқовари «Офарин» ва “Ҳафтаи китоби бачагона” гузаронида мешаванд.
Чун ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия «Ҳафтаи забони тоҷикӣ» баргузор шуда, бахшида ба ин ҷашн озмуни қироати шеър ва навиштани иншои беҳтарин бо забони давлатӣ доир гардида, дар он хонандагон иштироки фаъолона доштаанд.
Дар 65 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 89 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 81 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ кор мекунанд. Ҷиҳати амалӣ гардидани Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 03.07.2014 таҳти №427 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои бандҳои он давра ба давра амалӣ гашта истодааст.
Дастони моҳир
Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар пешрафти соҳа як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ муассиса дар 23 маҳфилҳои гуногун 712 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро фаро гирифтааст. Маҳсули дастони аъзои маҳфилҳои муассиса борҳо дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, аз шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» пешкаши тамошобинон гардидааст. Ҳунару маҳорати онҳо дар озмуну намоишҳои сатҳи ноҳиявӣ, фестивали ҳунарҳои мардумӣ, фестивали “Сад ранги чакан”, “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла, озмуни “Дастони моҳир”, “Ҳунар беҳ аз зар бувад”, озмуни “Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулол”, озмуни “Табиатдӯстони ҷавон” ба маъраз гузошта шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои «Шоҳмот», «Химикони ҷавон», «Математикони ҷавон», «Физикони ҷавон», “Адрасбофӣ” ва дигар маҳфилҳои гуногун таъсис дода шудааст, ки дар сайқал додани қобилияти зеҳнии хонандагон нақши назаррас мебозад.
Таҳсилу кор бо истироҳаташ хуш аст
Дар асоси нақшаи курсҳои такмили ихтисос 221 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шудаанд, ки ин 107%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бо мақсади ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар давраи таътили тобистона 240 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ бо додани хӯроки гарми яквақта ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Инчунин, бо дастгирии Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 17 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати №55 тариқи роҳхат дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» истироҳат намудаанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин муддат ба 35 нафар омӯзгорон барои барқарор намудани саломатиашон ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ роҳхат дода шуда, дар баробари ин, 19 нафар омӯзгорони ниёзманд ба маблағи 4550 сомонӣ ёрии моддӣ ва 10 нафар омӯзгор ба маблағи 2620 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд.
Идомаи бунёдкориҳо
Дар ноҳия сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 дар деҳаи Арақчин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №31 дар деҳаи Шаршара, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №37 дар деҳаи Фанфароқ бо дарназардошти 800 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохтмони муассисаи умумии асосии №62 дар деҳаи Косатароши поён аз ҳисоби соҳибкорон бомаром идома дошта, сохтмони муассисаи таълимии нав дар мавзеи Гулбоғ-2 ба анҷом расида, мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дорад. Инчунин, ду синфхонаи иловагӣ дар Рӯзи дониш ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон, маҳаллаҳои навбунёди Дашти Ринҷон, Работ, Дашти Хорзор, Қулписта-2, Обқул ба бунёди муассисаҳои таълимӣ ва 14 муассисаи таълимии дигари ноҳия ба азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд, ки мутмаинем, бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳуриву ноҳия, сохторҳои марбута ва соҳибкорону саховатмандони меҳандӯсти диёр ин мушкилот роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Умед ба фардои нек
Бо пешниҳоди маълумоти фавқ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб Абдуқаюм Олимов бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо – кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло Умарро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.
МТЖТ